Дар чанд ҷумла
Рустами Эмомалӣ милисаҳоро ба мактабу донишгоҳҳо фиристод
Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори Душанбе – дастур додааст, ки кормандони милисаи пойтахт ба мактабҳо рафта, аз ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ҷилавгирӣ кунанд.
Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, сухангӯи Идораи умури дохилии Душанбе, рӯзи 28-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то охири имсол кормандони милиса ҳар панҷшанбе ба донишгоҳу мактабҳои миёна рафта, бо муҳассилин суҳбат мекунанд. Ба қавли манбаъ, ба ҳар мактаб ва донишгоҳ то 4 маъмури милиса хоҳанд рафт.
“Кормандони корҳои дохилӣ дар бораи одоби шаҳрдорӣ, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва нашъамандӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон суҳбат мекунанд”, - таъкид кард сухангӯи Идораи умури дохилии Душанбе.
Шаҳрдори Душанбе дар ҳоле милисаҳоро ба мактабҳо мефиристад, ки қаблан мақомот гуфта буданд, муноқишаҳо ва бахусус муштзании гурӯҳӣ дар байни ноболиғон якбора афзуда ва мақомотро ба ташвиш андохтааст.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини вазири умури дохилӣ, охири ҳафтаи гузашта дар ҳузури вакилони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, дар се моҳи гузаштаи имсол “ҳуқуқвайронкунии ҷавонон дар кишвар, асосан муштзании гурӯҳӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 40 фоиз афзудааст. Ин ҳама андешидани чораҳои заруриро тақозо менамояд.”
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Изҳороти Қолинбоф оид ба нақшаи эҳтимолии Амрико ба амалиёти заминӣ
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорон, рӯзи якшанбе зимни як суханронӣ гуфт, ки Амрико “ба таври ошкоро барои музокирот паём мефиристад ва пинҳонӣ барои ҳамлаи заминӣ нақша мекашад”.
Ӯ таҳдид кард, ки :"Мардони мо интизори вуруди заминии нерӯҳои амрикоӣ ҳастанд." Қолибоф ҳамчунин ҳушдор додааст, ки қарор аст, нерӯҳои Эрон “шарикони минтақавияшонро танбеҳ диҳанд”.
Ин изҳороти Қолибоф дар посух ба гузоришҳо дар бораи омодагии артиши Амрико ба амалиёти заминӣ, бо ҳадафи боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз дар хоки Эрон, садо дод.
Ҷанг дар Эрон беш аз чор ҳафта боз идома дорад ва Ҷумҳурии Исломӣ то кунун як бахши қобили таваҷҷуҳи нерӯи мушакӣ ва дарёии худро аз даст дода, бисёре аз фармондеҳони олирутбаи Сипоҳи Посдорон дар пайи ҳамлаҳои Исроил кушта шудаанд.
Бо ин ҳама, Эрон бо истифода аз мавқеи худ дар шимоли Халиҷи Форс ва наздикӣ ба гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки 20 дарсад аз нафту гази ҷаҳон аз тариқи он убур мекунад, тавонистааст, бар бозори энержӣ дар саросари ҷаҳон ва аз ин роҳ ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба таври чашмрас таъсир расонад.
Дар як моҳе, ки ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба хоки Эрон идома дорад, ҳукумати Эрон тақрибан ҳар рӯз ва ҳар шаб тарафдорони худро ҳатто зери бомбборон ва дар авҷи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хиёбонҳо мебароранд. Иқдоме, ки сабаби марги мардуми ғайринизомӣ дар ин таҷаммуъҳо шудааст.
Шарҳи мақомоти Қазоқистон дар бораи занозании муҳоҷирон
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон муноқиша бо ширкати зодагони ин кишварро дар минтақаи Ленингради Русия шарҳ дод.
Ерлан Жетибаев, намояндаи вазорат гуфт, "дар муноқишаи рӯзи 26-уми март дар шаҳраки Уст-Лугаи вилояти Ленинград, шаҳрвандони Қазоқистон ҳам ширкат доштанд".
Вай гуфт, консули генералии Қазоқистон дар Русия аз маҳалли ҳодиса дидан карда, "ба шаҳрвандони Қазоқистон кӯмаки зарурии ҳуқуқӣ расонида мешавад”. Ӯ илова кард, ки вазъ таҳти назорати ниҳодҳои масъул қарор дорад.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, дар ин ҳодиса касе аз шаҳрвандони ин кишвар осеби ҷиддӣ надидаанд.
Рӯзи 27-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори занозании гурӯҳе дар як сохтмони Русия нашр шуд. Ҳодиса рӯзи 26-уми март дар шаҳраки Уст-Лугаи вилояти Ленинград рух додааст. Дар он, аз ҷумла шаҳрвандони Қазоқистон низ иштирок доштанд.
Бино ба навиштаи хабаргузориҳои Русия, сабаби сар задани ҷанҷол муноқишаи коргарони қазоқистоние будааст, ки барои сохтмони терминали маҷмааи коркарди газ ҷалб шуда буданд. Ба маҳалли ҳодиса нерӯҳои Росгвардия ва ОМОН ҳозир шуда, иштирокчиёни занозаниро боздошт кардаанд.
Расонаҳо: Пентагон ба амалиёти заминӣ дар Эрон омодагӣ мебинад
Рӯзномаи "Вашингтон Пост" бо истинод ба манбаҳои худ дар Амрико гузориш додааст, ки Пентагон ё вазорати дифои ин кишвар тарҳеро барои анҷоми як амалиёти заминии чандҳафтаина дар хоки Эрон омода мекунад.
Кохи Сафед дар вокуниш ба ин хабар гуфт, ки ин гуна омодагиҳо танҳо як бахше аз "нақшаҳои эҳтимолӣ" мебошанд.
Бар асоси ин гузориш, амалиёти мазкур мумкин аст дар доираи ҳамлаи нерӯҳои вижа ва заминӣ ба аҳдофе мисли ҷазираи Хорг ва минтақаҳои соҳилии наздик ба гулӯгоҳи Ҳурмуз бошад, аммо ба гуфтаи манобеъ, ин ба маънои таҳоҷуми густурда нахоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки Вашингтон метавонад “бидуни истифода аз нерӯҳои заминӣ” ҳам ба ҳадафҳои худ даст ёбад.
Қаблан чанд расонаи Амрико бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буданд, ки президент Доналд Трамп дар фикри фиристодани ҳазорҳо нерӯи заминӣ ба Ховари Миёна аст. Худи ӯ рӯзи 19-уми март нақшаи ҷобаҷо кардани нерӯҳои бештарро дар минтақа рад кард, вале ҳамзамон ишора кард, ки ҳама “дарҳо боз мемонанд”.
Хабаргузории Reuters бо такя ба се манбаъ хабар дода буд, ки маъмурияти Амрико имкони истиқрори нерӯҳои заминиро дар ҷазираи Хорги Эрон баррасӣ дорад. Нуқтае, ки 90% аз нафти Эрон аз онҷо содирот мешавад.
Бо идомаи ҷанг бо Эрон, Амрико ҳузури низомии худро дар минтақа афзоиш дода ва киштии ҷангии "Триполи" -ро бо тақрибан 3500 нерӯҳои дарёӣ ба Ховари Миёна интиқол додааст. Ҳамзамон, як гурӯҳи обиву хушкии дигар бо ҳудуди 2500 нерӯ дар роҳ ба ин минтақа аст.
Бино ба гузоришҳо Пентагон ҳамчунин нақшаи сафарбарсозии то 10 ҳазор нерӯи иловагии дигарро дорад.
"Табъиз манъ аст." Дар Тоҷикистон қонуни меҳнатро ислоҳ карданд
Дар Тоҷикистон Кодекси меҳнатро ислоҳ карданд ва акнун бар асоси он табъиз дар ҷойи кор манъ шудааст.
Аз ҷумла, корфармо ҳақ надорад шахсро барои маъюб буданаш ё гирифторӣ ба бемории норасоии масуният ё СПИД аз кор маҳрум кунад. То ин вақт дар Кодекси меҳнат чунин нукта вуҷуд надошт.
Илова бар ин, қонуни нав ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар ҳолати ба табъиз ё дискриминатсия дучор шудан дар ҷойи кор, барои ҷуброни зарар ба мақомот муроҷиат кунанд. Қонун ҳамчунин корфарморо вазифадор мекунад, ки ҳангоми муқаррар кардани маош ба табъиз роҳ надиҳанд, яъне барои мардону занон маоши гуногунро дар назар нагиранд.
Ба назар мерасад, ин дигаргунӣ бо талаби созмонҳои ҳомии ҳуқуқ қабул шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз 194 навъи кор, аз ҷумла дар бахши истихроҷи маъдан, кафшергарӣ ва нақбканӣ барои занон манъ аст.
Дар тағйироти нав ба Кодекси меҳнат мушаххас ба рӯйхати корҳои мамнуъ барои занон таъкид нашудааст. Аммо ишора шудааст, ки маҳдуд кардани ҳаққи кор барои баъзе гуруҳҳо, аз ҷумла аз рӯйи ҷинс, табъиз ё пастзанӣ ҳисобида намешавад. Баръакс манъ будани кор дар баъзе бахшҳо аз рӯи ҷинсият ҳамчун ғамхории махсуси давлат номида шудааст.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳуқуқ, аз ҷумла Созмони Милал борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кардаанд, ки онро бекор кунад. Мақомоти Тоҷикистон дар посух ба ин танқидҳо гуфтаанд, шароитҳое ҳаст, ки дар онҷо кор кардани занон зараровар аст.
Бино ба як гузориши Созмони Милал аз соли 2023, занон дар муқоиса бо мардон дар иқтисоду бозори кор ба монеаҳои ҷиддӣ ва фаровоне рӯ ба рӯ мешаванд. Аз лаҳзаи қабул ба кор то таъйини маошу имтиёзҳои дигар.
Ҳусиҳои Яман ба сӯи Исроил мушак партоб кардаанд
Ҳусиҳои Яман эълон карданд, ки рӯзи шанбеи 28-уми март аввалин мушаки худро дар ҳимоят аз Эрон ба сӯи Исроил партоб кардаанд.
Пеш аз ин артиши Исроил аз шиносоии як мушаки партобшуда аз Яман хабар дода буд.
Ҳусиҳо гуруҳи таҳти ҳимояти Ҷумҳурии исломӣ мебошанд, ки як қисмати Яман, аз ҷумла пойтахт шаҳри Санъоро зери назорат доранд.
Яҳё Сареъ, сухангӯи ҳусиҳо бо пахши наворе дар шабакаи иҷтимоии X гуфт, ин гуруҳ ба сӯи шаҳрҳои Исроил чанд мушаки баллистикӣ партофтааст.
Давоми як моҳи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, гуруҳҳои тарафдори Ҷумҳурии исломӣ дар Лубнон ва Ироқ ба пуштибонӣ аз Теҳрон садо баланд карданд. Аммо ҳусиҳо давоми як моҳи ҷанг хомӯш буданд.
Рубио: силоҳи барои Украина пешбинишуда шояд ба Ховари Миёна фиристода шавад
Котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, дар сурати сахтар шудани ҷанг бо Эрон мумкин аст, ки силоҳҳои барои Украини пешбинишуда ба Ховари Миёна фиристода шаванд.
Марко Рубио 27-уми март баъди нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳафт кишвари бузурги ҷаҳон ё G7 дар Фаронса гуфт, Иёлоти Муттаҳида силоҳҳоро дар асоси афзалиятҳои худ идора мекунад.
Пойгоҳи Bloomberg аз қавли Марко Рубио навиштааст, "агар барои Амрико чизе лозим бошад ва он таҷҳизот амрикоӣ бошад, мо онро дар навбати аввал барои Амрико нигоҳ медорем. Феълан ин ҳолат пеш наомадааст".
Бар асоси созише, ки соли 2025 ба даст омад, силоҳҳои зарурӣ барои Украинаро кишварҳои аврупоӣ аз Амрико харида, дар ихтиёри Киев мегузоранд.
Ба гузориши Politico, мақомоти амриикоӣ аллакай ба муттаҳидонашон хабар додаанд, ки интиқоли силоҳ дар моҳҳои наздик шояд ба таъхир афтад ё аслан қатъ шавад. Аз ҷумла мумкин аст, ки интиқоли мушакҳои дифои ҳавоӣ барои низоми "Пэтриот" ба Украина ба таъхир афтад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Душанбе ҷонибдори ҳалли низоъ бо роҳи сиёсист
Раисҷумҳури Тоҷикистон бе овардани номи ягон кишвар гуфт, ки Душанбе ҷонибдори "ҳалли ҳама гуна низоъ ва ихтилофот танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ" мебошад.
Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 26-уми март дар Узбекистон ва дар ҷараёни мулоқоташ бо президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев садо дод.
Дар ҳоли ҳозир ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва ҳампаймонҳои Иёлоти Муттаҳида дар Халиҷи Форс идома дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ва як ҳайати ҳукумати Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март дар Узбекистон қарор дошта, як баста санадҳои ҳамкориро дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ имзо карданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафараш ба шаҳри Бухоро рафта, Қалъаи Бухоро, оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз” ва оромгоҳи Исмоили Сомониро зиёрат кардааст. Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон дар маркази шаҳри Душанбе қомат афрохтааст.
Тоҷикистону Узбекистон то соли 2016, дар замони раҳбарии Ислом Каримов, муносибати сард доштанд. Каримовро барои ҷорӣ кардани виза, маҳдуд кардани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сиёсӣ бо Тоҷикистон интиқод мекунанд.
Ҳоло низоми виза барои шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон бекор ва рафтуомади миллионҳо нафар аз ҳарду тарафи марз осон гардида, шароит барои кору тиҷорати сокинони ду кишвар фароҳам омадааст.
Дар айни замон ҳарду кишвар барои поймоли озодиҳои бунёдии шаҳрвандон танқид мешаванд.
Марко Рубио ба нишасти ҳамтоёнаш аз G7 ба Фаронса рафт
Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 27-уми март ба Фаронса рафтааст.
Ӯ дар нишасти вазирони корҳои хориҷии G7 (ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон) иштирок мекунад. Ҷаласа дар пасманзари танишҳои вобаста ба Эрон, Украина ва ноамниҳои ҷаҳонӣ баргузор мешавад.
Пас аз шурӯи ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар охири моҳи феврал, ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи Рубио бо ҳампаймонҳои калидӣ мебошад.
Дар ҷаласа дипломатҳои баландпояи Бритониё, Фаронса, Олмон, Итолиё, Канада ва Иттиҳоди Аврупову Ҷопон ва ҳамчунин Украина иштирок мекунанд.
Марко Рубио 26-уми март дар остонаи сафараш ба Порис (Париж) гуфт, як паёми марказие, ки ӯ ба ҳампаймонҳо дорад, талаби бозкушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз аст. Ин роҳи муҳими обиро Эрон баста нигоҳ медорад.
Рубио дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, “ин ба манфиати онҳо аст, ки ёрӣ расонанд.”
Исроил аз кушта шудани ду сарбозаш дар Лубнон хабар дод
Артиши Исроил кушта шудани сарбозаш дар Лубнонро тасдиқ кард.
Шаби гузашта артиши Исроил аз кушта шудани як сарбози 21-сола хабар дод. Чанд соат қабл ҳам кушта шудани як сарбози дигари 21-сола тасдиқ шуда буд.
Ба ин тартиб, бар асоси омори нашршуда аз сӯи артиши Исроил, аз оғози даври нави даргириҳо бо "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки тақрибан ҳамзамон бо ҷанги Эрон, ҳудуди як моҳ пеш шурӯъ шуд, 4 сарбози исроилӣ дар Лубнон кушта шудаанд.
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, яке аз ду сарбозе, ки рӯзи 26 март кушта шуданд, бар асари партоби мушаки "Ҳизбуллоҳ" ҷони худро аз даст додааст. Сарбози дигар дар ҷараёни тирандозӣ бо ниманизомиёни "Ҳизбуллоҳ" кушта шудааст.
"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон як созмони динии шиъӣ аст, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад. Исроилу Амрико ва чанд кишвари дигар онро созмони террористӣ медонанд.
Гурӯҳе аз кишварҳо, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо ҳам шохаи низомии ин созмонро террористӣ медонанд. Шохаи сисёсии "Ҳизбуллоҳ" дар порлумони Лубнон чанд курсӣ дар ихтиёр дорад.
Кушта шудани боз як фармондеҳи баландпояи Сипоҳи посдорон
Фармондеҳии марказии Амрико тасдиқ кард, ки Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон дар ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шудааст.
Фармондеҳӣ дар шабакаи иҷтимоии X (Твиттер) навишт, кушта шудани Тангсирӣ "минтақаро оромтар мекунад".
Дар ин баёния омадааст, Сипоҳи посдорон баъди аз даст додани роҳбари деринаи худ "дар роҳи баргаштнопазир қарор гирифтааст".
Дар бораи кушта шудани ин фармондеҳи Сипоҳи посдорон нахуст Исроил хабар дода буд.
Мақомоти эронӣ то ҳол кушта шудани Тангсириро тасдиқ ё инкор накардаанд.
Вазорати хазонадории Амрико соли 2019 Алиризо Тангсириро таҳрим карда буд.
Фармондеҳии марказии Амрико таъкид кардааст, ки ҳамлаҳои низомии Иёлоти Муттаҳида алайҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон идома хоҳад кард.
Дар ҷараёни ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон дар як моҳи охир чандин мақоми баландпояи Ҷумҳурии Исломӣ, аз ҷумла роҳбари олии он кишвар Алии Хоманаӣ ва фармондеҳи Сипоҳ кушта шуданд.
Бӯҳрон дар Ховари Миёна ва таъсири он ба рушди иқтисоди кишварҳои Осиё
Бонки Осиёии Рушд пешбинӣ кардааст, ки даргирӣ дар Ховари Миёна боиси суст гаштани суръати рушди иқтисоди кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором хоҳад шуд.
Ин бонк 26-уми март дар хабарномае навишт, бо сар задани низоъ дар Ховари Миёна, суръати рушди иқтисоди кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором дар солҳои 2026-2027 метавонад то 1,3 дарсад коҳиш шавад.
Ҳамчунин тибқи ин пешбинӣ, агар мушкили интиқоли сӯзишворӣ аз як сол зиёд давом кунад, нархҳо 3,2 дарсад боло мераванд.
"Низоъ ба иқтисоди кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором фишор меорад ва ин ҳолат боиси болоравии нархи маводи сӯхт, халалдор шудани занҷираҳои таъминот ва савдо, инчунин сахт шудани шароити молӣ мегардад. Ҳамчунин соҳаҳои сайёҳӣ ва интиқоли пул метавонанд аз ин ҳолат зарар бинанд",-омадааст дар гузориши Бонки Осиёии Рушд.
Ин ниҳоди молии минтақаӣ се сенарияи хатарро пешбинӣ карда, гуфтааст, дар ҳолати кӯтоҳ будани даргириҳо, фишор ба бозори маводи сӯхт низ камтар хоҳад шуд.
Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон, мақомоти эронӣ тақрибан танга ё гулӯгоҳи Ҳурмузро бастанд. Бастани ин оброҳа, ки масири гузаштани тақрибан 20 дарсад аз нафти дунё аст, боиси боло рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд.
Бонки Осиёии Рушд се сенарияро барои нархи нафт пешбинӣ кардааст, ки дар вазъияти бадтарин нархи ҳар барел ё бушкаи нафт метавонад то 155 доллар зиёд шавад.
Тоҷикистону Узбекистон додугирифтро то $2 млрд расондан мехоҳанд
Тоҷикистону Узбекистон мехоҳанд, ки дар чор соли оянда додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд.
Ин тарҳ рӯзи 26-уми март дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Узбекистон имзо шуд. Феълан додугирифти Душанбеву Тошканд ҳудуди як миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ба иттилои "Ховар", хабаргузории давлатии Тоҷикистон, "барномаи то 2 миллиард доллар" расондани гардиши мол то соли 2030 дар назар аст. Ҷузъиёти бештари ин барнома ва роҳҳои афзун кардани додугирифти Тоҷикистон ва Узбекистон феълан маълум нест.
Дар хабарномаи дафтари матбуоти президенти Узбекистон омадааст, ҳоло дар ин кишвар зиёда аз 500 ширкати муштарак бо Тоҷикистон кор мекунанд.
Моҳи январи имсол Оҷонси омори Узбекистон эълон карда буд, ки дар ин кишвар 410 корхона бо сармояи соҳибкорони тоҷикистонӣ кор мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷараёни сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон миёни Душанбе ва Тошканд чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун имзо шудааст.
Равобити Тоҷикистону Узбекистон, ки дар гузашта ба далели баҳси роҳу обу нерӯгоҳ ба сардӣ печида буд, баъд аз марги Ислом Каримов ва ба қудрат омадани Шавкат Мирзиёев беҳтар шуд.
Ҳар ду кишвари Осиёи Марказӣ пайваста аз сӯйи созмону кишварҳои ғарбӣ барои поймоли озодиҳои бунёдии сокинон танқид мешаванд.
Боздошти як афсари амрикоӣ бо "миёнравӣ"-и муҳоҷири тоҷик
Додситонии кулли Амрико аз боздошти як афсари пешини Оҷонси муҳоҷират дар шаҳри Вудлини аёлати Пенсилвания хабар дод. Умар Дукулии 44-сола ба ришвагирӣ гумонзад аст.
Ба гузориши баъзе аз расонаҳои Амрико, Дукули хабар надошт, ки марди ба ном "террорист" як хабаррасони пинҳонии муфаттишон буда, ҷараёни порадиҳиро сабт мекард. Ӯ як шаҳрванди Тоҷикистон будааст, аммо дар борааш маълумот нест.
Бино ба изҳороти Вазорати адлияи Амрико аз 25-уми март, додситон Дэвид Меткалф гуфтааст, Умар Дукули аз соли 2015 то замони ҳабс (июни 2025) бо истифода аз мақомаш аз шахсони алоҳида ришва гирифта, ба онҳо дар ҳалли мушкилоти муҳоҷираташон ваъдаҳо додааст.
Ба иттилои манбаъ, Дукули 4-уми апрели соли 2025 аз як марде 6 ҳазор доллар гирифта, ба ӯ ваъда додааст, ки номашро аз рӯйхати “шахсони гумонбар ба терроризм” пок мекунад.
Қарор аст, ҳукми додгоҳ 14-уми июл содир шавад ва ба Умар Дукули то 15 сол ҳабс таҳдид мекунад.
Амрико макони кору зиндагии ҳазорҳо нафар аз Тоҷикистон ҳаст ва дар миёни онҳо муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳам кам нестанд.
Баъди ба қудрат баргаштани Доналд Трамп дар саросари Амрико муборизаи шадиди зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба роҳ монда шуд ва дар давоми як соли гузашта даҳҳо тоҷикистонӣ ҳам аз ин кишвар ихроҷ шуданд.
Путин бурдани пули нақд ва тилоро ба чанд кишвар маҳдуд кард
Президенти Русия Владимир Путин қарореро қабул кард, ки бар асоси он баровардани пули нақд ва тило ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё манъ аст.
Сар аз якуми апрел шахсони воқеӣ иҷоза нахоҳанд дошт, ки аз Русия ба Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҳаҷми баробар бо 100 ҳазор доллар рубл баранд.
Танҳо мавридҳое истисно хоҳанд буд, ки интиқоли маблағ тавассути нуқтаҳои гумрукии фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва бо пешниҳоди маълумотнома аз бонк сурат мегирад.
Ҳамчунин аз 1-уми май барои берун бурдани тило дар шакли унс ва дар ҳаҷми беш аз 100 грамм ҳам маҳдудият ҷорӣ мешавад. Барои баровардани он иҷозатномаи махсус лозим хоҳад шуд.
Ин маҳдудият ба ҳама, чӣ шахсони воқеӣ ва чӣ соҳибкорон рабт дорад. Мақомот мегӯянд, “сабаб ҳифзи амният ва манофеи миллӣ аст.”
"Ҷасадҳоро баъди ду рӯз ёфтанд." Марги 4 узви як оила дар Муъминобод
Чор узви як оила дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон аз дуд заҳролуд шуда, ҷон бохтаанд.
Ҳодиса шаби 22-юми март рух дода, ҳамсояҳо танҳо баъди ду рӯз хабардор шудаанд.
Ду манбаи Радиои Озодӣ дар Шуъбаи корҳои дохилии Муъминобод гуфтанд, ки Кароматулло Мирзоев 33 сол дошт. Ҳамсараш Гулафзо Азизова 28-сола ва ду фарзандаш 5 ва 6-сола буданд.
Мусоҳибони мо бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ҳодиса аз бухории барқӣ сар задааст. Як манбаъ дар Идораи оташнишонии Хатлон низ гуфта буд, ки дар манзили Кароматулло Мирзоев "сими барқ сӯхтааст".
"Бухориро дар барқ монда, хоб рафтаанд. Болопӯш ба бухорӣ часпида, аз дуди ғализи он аъзои хонавода ба ҳалокат расиданд. Оташ аланга намегирад, аммо дуд хонаро фаро мегирад,” -- гуфт яке аз манбаъҳо.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, ҳамсояҳо баъд аз ду рӯз аз ҳодиса дарак ёфтаанд: “Онҳо барои табрики ид ба хонаи Кароматулло рафта, аз ҳодиса хабардор мешаванд. Дар як хона ҷасадҳо хобида, дар хонаи дигар дасторхони идона ороста будааст."
Санҷиши тиббӣ ҳам маълум кардааст, ки ин хонавода "ҳангоми хоб будан аз дуди ғализи ашё, ба мисли кӯрпаву қолин, ба ҳалокат расидаанд".
Ҷасади чор нафарро рӯзи 25-уми март дар зодгоҳашон дафн карданд.
Яке аз ҳамдеҳаҳои Кароматулло Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ятими кул буд ва ба наздикӣ хона сохт.
Соли гузашта марги чанд сокини Тоҷикистон, аз ҷумла ду наврас дар ноҳияи Восеъ ва як зану шавҳари ҷавон дар ноҳияи Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуд расонаӣ гашта буд.