Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури Хадамоти алоқа: Интернетро танҳо аз ШҶТМ бигиред


Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мухобиротӣ дар кишвар дастур додааст, ки аз ин ба баъд Интернетро танҳо аз “Шабакаи ҷумҳуриявии таҳвили маълумот” ё ШҶТМ бихаранд. Ин шабака тоза таъсис шуда, мутааллиқ ба “Тоҷиктелеком” гуфта мешавад. То кунун баъзе аз ширкатҳои мухобиротӣ Интернетро аз Қирғизистон ва кишварҳои дигар мегирифтанд.

Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, аз иқдоми ахири Хадамоти алоқа изҳори норозигӣ намуд. Ӯ гуфт, “ин тасмим хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилалӣ аст”

Ширкатҳои мухобиротӣ дастури нави Хадамоти алоқаро оғози ҳафта дастрас намудаанд. Дар ин дастур гуфта шудааст: “Ба Шумо дастур дода мешавад, ки минбаъд харидории траффики Интернетро танҳо ба воситаи ШҶТМ - филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” ба роҳ монед. Ин иқдом ба хотири амният гирифта шудааст”.

Ширкатҳои мобилӣ изҳори норозигӣ мекунанд, ки онҳо аз берун интернетро бо нархи арзонтар ворид мекарданд, вале акнун танҳо вобастаи як сохтор хоҳанд буд.

Як сармутахассиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки бо хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми январ бо шарти ифшо нашудани номаш ҳузурӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ин иқдом ба хотири амният гирифта шудааст ва ШҶТМ аллакай чаҳор хатти интернетиро аз хориҷ ворид кардаааст. Ба гуфтаи ин корманди Хадамоти алоқа, ки нахост номаш ифшо шавад, чанд ширкати мобилӣ аз ҳамин шабака интернет мегиранд.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, “Тоҷиктелеком” - провайдери миллии “Тоҷнет” ва бархе ширкатҳои дигар аллакай ба ин шабака шомил шудаанд, вале аз бурдани номи ширкатҳои дигар худдорӣ кард. Ин корманди масъули Хадамоти алоқа гуфт, барои онки ҳарчӣ зудтар ҳамаи ширкатҳои мобилӣ шомили ин шабака шаванд, Хадамоти алоқа дар авоили ҳамин ҳафта бо ирсоли як нома ба ҳамаи раҳбарони ширкатҳои мухобиротӣ дар бораи дастури худ хабар додааст.

Хадамоти алоқа дар чанд соли ахир бо чандин тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод.

Мақомот аз дер боз мегӯянд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротишавии ҷомеа, назорат ва таъмини субот бояд фаъолиятҳои мухобиротии мардум, аз ҷумла, фаъолияти шаҳрвандон дар интернет, мазмуни мукотибаву сӯҳбатҳои телефонии онҳо назорат шавад. Вале бархе аз мунтақидон бовар доранд, дар асл пушти чунин тасмимҳо ҳадафҳои иқтисодӣ қарор дорад, ки ба Хадамоти алоқа имкон медиҳад танзимкунандаи даромад аз тамоми хадамоти мухобиротӣ дар кишвар бошад.

Тасмими нави Хадамоти алоқа ширкатҳои фароҳамкунандаи интернетро нигарон кард. Вобастагӣ аз як манбаи дастраскунандаи интернет пеш аз ҳама ба озодии кору интихоби онҳо зарба мезанад. Дар натиҷа, эҳтимол дар дорад оянда нархи ин хидматрасонӣ гарон шавад ва ҳам дар сурати садама ё хароб шудани хатти ин марказ аҳолӣ бе интернет монад.

Ғафур Иркаев
Ғафур Иркаев

Коршиносони соҳа ин ҳолатро “монополияи интернет” меноманд, ки тамоми тасмими марбут ба тарзи ихтисоси он, нархгузорӣ, суръати кору дигар ҷузъиёти муҳими марбут ба фаъолияти он аз як ниҳоди давлатӣ вобаста мешавад. Ғафур Иркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, аз иқдоми ахири Хадамоти алоқа изҳори норозигӣ намуд. Ӯ гуфт, “ин тасмим хилофи қонунҳои Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилалӣ аст” ва афзуд, ин масъаларо дар шӯрои ширкатҳои мобилӣ дар миён хоҳад гузошт.

Мақомот дар Тоҷикистон соли 2016 дар назди “Тоҷиктелеком” Маркази ягонаи коммутатсиониро ҳам ба роҳ монданд. Ин марказ бо арзиши 50 миллион доллар бунёд шуд ва он замон ҳам мақомот гуфтанд, ҳадаф кумак дар таъмини амнияти миллӣ дар амри мубориза бо терроризму экстремизм аст.

Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон

Хадамоти алоқа дар чанд соли ахир бо чандин тасмими баҳсбарангези худ шароити дастрасӣ ба мухобиротро тағйир дод. Соли 2017 муҷаввизи почтаҳои зудраси байналмилалие ба мисли DHL масдуд шуда, арзиши телефонҳои мустақим бо хориҷа боло бурда шуд. Бо дастури ин ниҳод сӯҳбатҳои телефонӣ аз тариқи системаи NGN маҳдуд шуда, хатари масдуд шудани дастрасӣ ба паёмрасонҳои интернетии “Вайбер” ва “Вотсапп” пеш омад.

XS
SM
MD
LG