Дар чанд ҷумла
Бортников: Афғонистон ба маркази таҷаммӯъи ҷангиёни ДИИШ табдил мешавад
Раҳбари Идораи федеролии амнияти Русия мегӯяд, ки баъди суқути терроризми байналмилалӣ дар Сурия ва Ироқ, Афғонистон ба маркази таҷаммӯъи ҷангиён табдил шуд. Александр Бортников ин изҳоротро дар ҷараёни нишасти Шӯрои раҳбарони сохторҳои амнияти кишварҳои ҳамсуд рӯзи 19 декабр эълон кард. Дар ин бора "Интерфакс" хабар дод.
Бортников Афғонистонро маркази аслии таҷаммӯъи бондитҳои гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" номид ва гуфт, ки ДИИШ дар қаламрави он кишвар ҷойи по ёфтааст.
Ба гуфтаи нашрияи "Коммерсант" раҳбари Идораи федеролии амнияти Русия ҳамчунин аз хунсо шудани як қатор амалҳои террористӣ дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод ва гуфт, ки аз талоши ҳамла ба намояндагиҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд дар хориҷ ҷилавгирӣ шуд. Бортников нагуфт, ки ин талошҳо кай ва дар куҷо хунсо шудаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Эътирози журналистон ва блогерон дар Покистон
Дар Покистон қонуни нав қабул шуд, ки барои нашри хабарҳои нодуруст ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.
Мақомот гуфтанд, ки қонуни нав барои мубориза бо нашри хабарҳои дурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ равона шудааст, вале мунаққидон гуфтанд, ки ин қонун барои саркӯби дигарандешон қабул шудааст, чун солҳои охир матбуоти Покистон бо сензураву фишори ҳарчи бештар рӯбарӯ мешавад.
Қонунро президент 29 январ имзо кард ва баъди ин дар саросари Покистон эътирози журналистон шурӯъ шуд. Мунизай Ҷаҳонгир, хабарнигори телевизион дар Исломобод гуфт, ки ин қогун “саркӯби комили озодии баён ва ҳуқуқ барои мурофиаҳои одилона мебошад”.
Бар асоси қонун, ҳазорҳо хабарнигорону блогерон дар Покистон мавриди ҳадаф қарор мегиранд.
Қонун барои блогерон. Як идораи зертобеи президент таҷрибаи дигар кишварҳоро омӯхтааст
Намояндагони як ниҳоди зертобеи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯянд, таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар бораи танзими фаъолияти блогеронро омӯхтаанд.
Иззатулло Саидзода, роҳбари Маркази қонунгузории назди президент 31-уми январ дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи чигуна танзим кардани фаъолияти блогерон чанд таҳлил ҳам гузаронданд. Аммо Саидзода ҷузъиёти ин таҳлилҳоро фош накард ва ҳам нагуфт, ки таҷрибаи кадом кишварҳоро дар бораи танзими кори блогерон омӯхтаанд.
Роҳбари Маркази миллии қонунгузорӣ афзуд, феълан барои назорати кори блогерон ягон лоиҳаи алоҳидаи қонун таҳия нашудааст.
“Агар аз мақомотҳои болоӣ, яъне ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президент ҳаминхел супориш ворид шавад, мо омода ҳастем, ки ҳаминхел лоиҳаи санади меъёрӣ-ҳуқуқиро таҳия кунем. Лекин айни ҳол таҳияи чунин лоиҳаи қонун доир ба танзими фаъолияти блогерон мавҷуд нест,”-афзуд Иззатулло Саидзода.
Даъватҳо барои танзими кори блогерон дар доираи қонуни алоҳида чанд сол аст, ки аз ҷониби тарафдорони ҳукумат садо медиҳад. Дар ин замина баъзе талошҳое ҳам анҷом шуд.
Аз ҷумла, соли 2023 Манучеҳр Ҳамидзод, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рудакӣ ва корманди собиқи Маркази қонунгузории Тоҷикистон, тарҳи қонун “Дар бораи фаъолияти блогерӣ”-ро тариқи Фейсбук пешниҳод карда буд. Ташаббускоронаш гуфтанд, мақсад таҳияи заминаҳои ҳуқуқии кори шаҳрвандон дар шабакаҳои иҷтимоист ва сензураи давлатии кори блогерон "ва таъқиби онҳо барои танқид манъ аст". Бархе блогерҳо, ки бо матни тарҳи қонун ошно шудаанд, онро фишанге барои саркӯб аз сӯи мақомот номиданд.
Рӯзи 27-уми январи имсол Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам дар нишасти хабарӣ гуфт, талош доранд, ки фаъолияти блогеронро дар доираи қонун танзим кунанд.
Омори дақиқи блогерон дар Тоҷикистон маълум нест. Тибқи иттилои ахири Кумитаи андоз, дар ин идора 91 блогер сабти ном шудаанд.
NYT: Бо сабаби талафоти азим сарбозони кореягиро аз вилояти Курск берун оварданд
Нашрияи The New York Times бо такя ба мақомоти украинӣ ва амрикоӣ навишт, ки низомиёни Кореяи Шимолиро, ки дар ҷабҳаи пеши артиши Русия дар вилояти Курск меҷангиданд, баъди талафоти зиёд ба ақиб кашиданд.
Мусоҳибони ин нашрия гуфтаанд, ки ду ҳафтаи ахир ҳеҷ як сарбози кореягӣ дар ҷабҳаи пеш дида нашудааст. Як мақомдори украинӣ гуфт, сабаби талафоти зиёд дар миёни сарбозони Кореяи Шимолӣ беназмӣ дар сафи ин нирӯҳо ва ҳам набуди ҳамоҳангии амал бо воҳидҳои низомии Русия мебошад.
Як мусоҳиби украинии нашрияи The New York Times гуфтааст, ки аз замони ба ҷанг сафарбар шудани сарбозони кореягӣ, онҳо дар ихтиёри худ гузошта шуда буданд ва бо муҳимоти низомии бисёр маҳдуде ҳаракат карда гоҳо барои гурӯҳбандиҳои нав танаффус мекарданд.
Мақомдорони амрикоии ҳамсӯҳбати The New York Times гуфтанд, ки берункашии сарбозони кореягӣ аз ҷабҳа метавонад як амали муваққатӣ бошад ва баъди омодагии дубора ва ҳам роҳҳалҳое аз ҷониби артиши Русия эҳтимолан ба сафи пеши ҷанг баргардонида шаванд.
Бино ба маълумоти иктишофии ғарбӣ, барои иштирок дар ҷанги зидди Украина бо дархости Русия тахминан 10 ҳазор сарбоз аз Кореяи Шимолӣ сафарбар гардид. Мақомот дар Маскав ё Пхенян ҳеҷ гоҳ ин хабарро рад ё тасдиқ накардаанд.
Шумори талафот дар миёни сарбозони кореягиро садҳо нафар арзёбӣ мекунанд. Миёнаҳои моҳи январ президенти Украина Владимир Зеленский гуфт, ки бори аввал дар ҷангҳои вилояти Курск сарбозони кореягӣ дастгир шуданд. Яке аз ин сарбозон дар бозпурсиҳо гуфтааст, ки ба онҳо пеш аз сафар ба Русия гуфтаанд, ки онҳо на дар ҷанг, балки дар машқҳо иштирок хоҳанд кард.
Ҳамлаи паҳподҳо ба корхонаи нафти Волгоград
Шаби 31 январ паҳподҳои украинӣ як маҳаллаи саноатӣ дар шаҳри Волгогради Русияро ҳадаф қарор доданд, ки дар ҳудуди он корхонаи коркарди нафти ширкати ЛУКОЙЛ, истгоҳи барқи бухорӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ ҷойгир мебошанд.
Дар бораи таркишу сӯхтор дар канораҳои шаҳри Волгоград давоми шаб сокинони маҳаллӣ хабарҳо чоп кардаанд.
Субҳ волии Волгоград Андрей Бочаров ҳамлаи паҳподҳоро ба ин муассисаҳо тасдиқ кард, вале мисли гузаштаҳо гуфт, ки ба ҳудуди корхона фақат пораҳои паҳподҳои нобудшуда афтоданд. Раиси вилоят гуфт, сӯхтори баамаломадаро зуд хомӯш карданд ва як нафари ҷароҳатбардошта ба беморхона интиқол дода шудааст.
Дар гузашта ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ҳадди аққал дар се ҳолат талош карданд корхонаҳои коркарди нафти ширкати "ЛУКОЙЛ Волгограднефтепереработка"-ро ҳадаф қарор диҳанд.
Ҳамдардии Раҳмон ба Трамп
Дар ИМА тафтиши ҳодисаи бархӯрди чархболи ҳарбӣ ва ҳавопаймои мусофирбаре идома дорад, ки дар натиҷаи он 67 нафар, аз ҷумла чанд варзишгари маъруфи зодаи Русия ҷон додаанд.
Рӯзи 30 январ мақомот аз пайдо кардани қуттиҳои сиёҳи дохили ҳавопаймо хабар доданд, ки метавонад ҷузъиёти рӯй додани фоҷеаи шаби 29 январро ошкор кунад.
Дар робита бо ин фоҷеа бисёр раҳбарони давлатҳои хориҷӣ ба президенти Амрико Доналд Трамп изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 31 январ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба номи Трамп навишт, ки хабари «талафоти зиёди ҷонӣ бар асари садама ва суқути ҳавопаймои мусофирбар ва чархболи низомӣ дар фазои Вашингтон боиси андӯҳи амиқ» аст.
Раҳмон ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Кумитаи дин таҳсили онлайнии диниро барои занон роҳандозӣ мекунад
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон мехоҳад барои таҳсили диниии занону бонувон омӯзишҳои онлайниро ба роҳ монад.
Сулаймон Давлатзода, раиси ин ниҳод рӯзи 31-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки омӯзишҳои онлайнии исломӣ дар фазои маҷозӣ аз сӯи гурӯҳҳои гуногун бисёр шудааст.
"Мо ин мавзуъро омӯхта истодаем ва ба ҳукумат пешниҳод мекунем, ки ин омӯзишҳоро бо назардошти муҳити худамон ба роҳ монем. Омӯзишҳои онлайнии берунӣ, ҳадафҳои гуногун доранд",-афзуд ӯ.
Дар Тоҷикистон ҳоло занону бонувон танҳо метавонанд дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон таҳсили олии динӣ бигиранд. Аммо барои гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи динӣ, ҳеч муассиса ва мактабе вуҷуд надорад.
Мувофиқи қонунгузорӣ, занону духтарон танҳо метавонанд дар хонаводаи худашон аз падару модар ё ҳамсаронашон дониши динӣ биомӯзанд.
Ҳоло дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 15 донишҷӯйи зан таҳсил мекунад, ки ҳамаи инҳо дар бахши таҳсили ғоибона ва маълумоти дуюм мебошанд.
Тоҷикистон виза бо як кишвари амрикоиро бекор кард
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика барои аз байн бурдани раводид созишнома имзо кардаанд.
Иттиҳоди Доминика як кишвари ҷазиравӣ дар Амрикои Шимолӣ аст.
Дар созишнома миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Доминика омадааст, ду тараф барои дорандагони шиносномаи дипломатӣ, хизматӣ ва одӣ сафари бидуни раводидро ба мӯҳлати то 90 рӯз иҷозат медиҳанд.
Дар санад баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла, ду кишвар метавонанд "воридшавӣ ё будубоши шаҳрвандони тарафи дигарро бо сабабҳои амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё саломатии аҳолӣ, рад намояд".
Моҳи майи соли 2024 Тоҷикистон дар қатори 25 кишвар ба шаҳрвандони Иттиҳоди Доминика иҷозат дода буд, ки то 30 рӯз бидуни раводид ё виза ба Тоҷикистон сафар кунанд.
149 тоҷикистониро аз Амрико ихроҷ мекунанд
Номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати онҳое ворид шудааст, ки бояд аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ихроҷ ё депорт шаванд.
Ин санадро шабакаи "Fox News" бо такя ба Хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико нашр кардааст. Дар санад ному насаби шаҳрвандони Тоҷикистон наомадааст, танҳо зикр шудааст, ки 149 тоҷикистонӣ бояд аз Амрико ихроҷ шаванд.
Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин рӯйхат аз ҳама зиёд теъдоди шаҳрвандони Узбекистон аст, ки шумораашон ба 975 кас мерасад. Баъди он 369 қазоқистонӣ, 319 табааи Қирғизистон ва 40 туркманистонӣ бояд ИМА-ро тарк кунанд. Ин афрод дар боздошт нестанд, аммо қарори ронданашон аз Амрико ниҳоӣ шудааст.
Солона садҳо нафар аз кишварҳои ҷаҳон азҷумла аз Осиёи Марказӣ талош мекунанд бо ҳар роҳе худро ба Амрико расонанд. Баъзе онҳо аз роҳҳои ғайриқонунӣ азҷумла, аз тариқи Мексика вориди Амрико мешаванд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико баъди бозгашт ба Кохи Сафед ваъда дод, ки мубориза бо муҳоҷирони ғайриқонуниро зиёд мекунад.
Ғазза. Раҳоии 8 гаравгони дигар бар ивази озодии 110 фаластинӣ
Намояндагони гурӯҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 30-юми январ ҳашт гаравгон, аз ҷумла як сарбози бистсолаи артиши Исроил ва панҷ шаҳрванди Тайландро озод кардаанд.
Ҳамаи онҳо рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлаи “Ҳамос” ба Исроил дастгир шуда буданд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гурӯҳи фаластиниро созмони террористӣ медонанд.
Артиши Исроил рӯзи панҷшанбе озодии гаравгонҳоро тасдиқ кард. Телавив дар иваз 110 фаластиниро аз зиндонҳо раҳо хоҳад кард.
Аз замони созиши оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи “Ҳамос” дар Навори Ғазза (17-уми январ) ин мавриди севуми табодули гаравгонҳо ва зиндониён аст.
"Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 дар ҳамлае ба Исроил беш аз 1200 касро кушт ва зиёда аз 200 нафарро ба гарав гирифт.
Дар ҳамлаҳои Исроил ҳудуди 47 ҳазор фаластинӣ кушта ва даҳҳо ҳазори дигар захмӣ шуданд.
Ҷанги ду тараф понздаҳ моҳ давом кард.
Марде, ки нусхаи Қуръонро дар Шветсия сӯзонда буд, кушта шудааст
Салвон Момика, паноҳандаи 38-солаи ироқӣ дар Шветсия, ки нусхае аз Қуръонро дар шаҳри Стокҳолм оташ зада буд, рӯзи 29-уми январ бо зарби тир кушта шудааст.
Ҳодиса чанд соат пеш аз эълони ҳукми Додгоҳ дар мавриди сӯзондани Қуръон, китоби муқаддаси мусалмонон, рух дод.
Пулиси Шветсия рӯзи 30-юми январ панҷ касро дар робита ба қазия дастгир кард.
Момика рӯзи 28-уми июни соли 2023, замоне ки мусалмонон аз Иди Қурбон таҷлил мекарданд, як нусха аз Қуръонро дар назди масҷид дар Стокҳолм сӯзонд.
Навори ин лаҳза дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва сабаби вокунишҳои зиёд шуд.
Арабистони Саудӣ, Ироқ, Эрон, Марокаш ва кишварҳои дигари мусалмонӣ ба зидди ин ҳодиса изҳорот доданд.
Садҳо тан дар моҳи июли соли 2023 ба сафорати Шветсия дар Бағдод ҳуҷум карда, бахше аз онро оташ заданд.
Ҳодисаи Вашингтон. Баъзе аз ҷасадҳоро аз об берун оварданд
Як ҳавопаймои ширкати “American Airlines” ба чархболи Блек Ҳоуки артиши Амрико дар наздикии фурудгоҳи ба номи Роналд Рейган дар Вашингтон бархӯрда, ба рӯдхонаи Потомак афтодааст. Ҳодиса шаби 29-уми январ рӯй дод.
Дар дохили ҳавопаймо 64 кас буд. Гузорише дар бораи зинда мондани касе аз мусофирон дар даст нест. То кунун ҷасади 28 қурбониро аз об берун кашидаанд.
Пулис гуфт, маъмурони чанд ниҳод дар амалиёти ҷустуҷӯву наҷот дар рӯдхона ширкат доранд.
Ҳавопаймо бо 60 мусофир аз Вишитаи аёлати Канзас ба Вашингтон парвоз мекард ва дар чархбол се сарбози амрикоӣ будаанд.
Сабабҳои суқути ҳавопаймо маълум нест. Бино ба гузоришҳо, дар ҳавопаймо 14 варзишгари рақси рӯйи ях будаанд ва аз ҷумла ду мураббияшон аз Русия, ки соли 1994 қаҳрамони ҷаҳон шудаанд.
Евгения Шишкова ва Вадим Наумов солҳои охир дар Амрико кор мекарданд ва писари онҳо узви тими миллии Иёлоти Муттаҳида будааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, “ба назар мерасад, ки мумкин буд, аз ин фалокат пешгирӣ шавад.
Пит Ҳегсет, вазири дифои тозатаъйини Амрико гуфтааст, вазорат бе ягон таъхир ба таҳқиқи сабабҳои фалокат бо чархболи низомӣ оғоз мекунад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Ҳамлаи Русия сабаби марги 6 кас дар Сумии Украина шуд
Бар асари ҳамлаҳои Русия дар вилояти Сумии Украина шаш кас кушта шудааст.
Мақомот гуфтанд, ҳамла шаби 30-юми январ сурат гирифта, як ҳавопаймои бесарнишин ба бинои баландошёна бархӯрд.
Нуҳ тани дигар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола, маҷруҳ гаштаанд.
Президенти Украина ҳамлаи Русияро ба Суми “фоҷиаи ваҳшатбор” ва ҷиноят номид.
Владимир Зеленский аз муттаҳидони Украина даъват кард, ки фишорро ба Русия кам накунанд.
Русия ҳамла ба сокинони одиро борҳо рад кардааст, вале мақомоти Украина бо далел нишон додаанд, ки артиши ин кишвар ғайринизомиёнро низ ҳадаф мегирад.
Ҳукумати нави Сурия аз Маскав хостааст, Башор Асадро бидиҳад
Намояндагони ҳукумати нави Сурия бори аввал бо мақомдорони Русия вохӯрда, масъалаи “ҷуброн” ва “ислоҳи хатоҳои гузашта”-ро бардоштаанд.
Дар ин бора расонаҳои Сурия, ҳамчунин, бунгоҳи хабарии Bloomberg гузориш доданд.
Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба манобеаш дар ҳукумати Сурия навишт, Аҳмад Шаръ, роҳбари нави Сурия, аз Маскав талаб кардааст, ки Башор Асадро ба Димишқ таслим кунанд.
Асад дар моҳи декабри соли 2024 баъди суқути ҳукуматаш ба Русия фирор кард ва Маскав ба ӯ ва оилааш паноҳандагӣ дод.
Дар иттилоияи мақомоти Сурия омадааст, дар ҷараёни гуфтугӯ бо намояндагони Русия “пардохти ҷуброн ва барқарор кардани харобаҳо ва бо ин роҳ бозгардонии боварии мардуми сурӣ ба Маскав таъкид шуд.”
Ҳайати Русияро дар гуфтугӯ бо ҳукумати нави Сурия Михаил Богданов, муовини вазири корҳои хориҷии Русия, роҳбарӣ кард. Александр Лаврентев, фиристодаи вижаи президенти Русия дар масъалаи Сурия ҳам ба Димишқ рафта буд.
Расонаҳо акси дастфишории Богдановро бо Аҳмад Шаръ, роҳбари феълии Сурия нашр карданд. Русия яке аз муттаҳидони асосии Башор Асад буд ва дар замони ҷанги дохилии Сурия аз ӯ ҳимоят мекард.
Муҳаммад Наимов бо варзишгаре аз Австралия рақобат мекунад
Муҳаммад Наимов, варзишгари маъруфи тоҷик, рӯзи 1-уми феврал дар мусобиқаи навбатии ташкилоти UFC дар Арабистони Саудӣ баромад мекунад.
Наимов давоми 15 дақиқа бо варзишгар Каан Офли аз Австралия рақобат хоҳад кард.
Ин рақобати панҷуми Муҳаммад Наимов дар ташкилоти UFC аст.
Ӯ то ин дам дар ин ташкилоти маъруф дар муҳорибаҳои омехта чор муҳориба гузаронда, дар сетои он пирӯз шуда, дар якеаш шикаст хӯрдааст.
Муҳаммад Наимови 31-сола яке аз чор варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки дар ташкилоти амрикоии UFC баромад мекунад.
Наимов дар суҳбатҳояш қабл аз рақобат гуфт, ба муҳорибаи навбатиаш зидди Каан Офли омодагии хуб дидааст. Ин варзишгари тоҷик дар корномаи варзишиаш дар муҳорибаҳои омехта 11 ғалаба ва 3 бохт дорад.
Эрон виза бо Тоҷикистонро бекор кард
Расонаҳои Эрон гузориш доданд, ки ин кишвар раводид бо Тоҷикистонро аз рӯзи 3-юми феврали имсол бекор мекунад.
Ба гузориши хабаргузории давлат ИРНА, қарори Шӯрои вазирони Эрон дар бораи бекор кардани раводид бо Тоҷикистон ба муддати то 30 рӯз тасвиб шудааст. Ба қавли манбаъ, сафари бидуни раводид танҳо аз тариқи роҳҳои ҳавоӣ имконпазир аст.
Пештар шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон метавонистанд танҳо аз тариқи хатсайри Душанбе-Теҳрон бидуни раводид ё виза сафар кунанд. Барои сафар ба дигар шаҳрҳои Эрон, раводид талаб мешуд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи бекор шудани низоми раводид бо Эрон расман хабар надодаанд. Ҳарчанд раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16-уми январ ва дар ҷараёни сафари ҳамтои эрониаш Масъуд Пизишкиён ба Душанбе гуфта буд, тарафдори аз байн бурдани раводид бо Эрон аст.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид бори авввал дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.
Вазир: Сохтмони роҳи Дарвоз-Ванҷ то Рӯшон имсол ба анҷом мерасад
Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, сохтмони қисмати роҳи Дарвоз-Ванҷ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшонро як сол пеш ба анҷом мерасонанд.
Вазир Азим Иброҳим рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, тибқи лоиҳа, ин қисмати роҳ бояд соли 2026 супурда мешуд, аммо талош доранд сохтмон моҳи июни имсол тамом шавад.
Вазири нақлиёт афзуд, корҳои саҳроӣ барои навсозии 296 км дигари роҳ аз Рӯшон ба баъд тамом шуда, дар ҷустуҷӯи сармоягузор ҳастанд.
Бунёду навсозии қитъаи «Дарвоз –Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон» (93 км) сентябри соли 2022 оғоз гардид. Чин барои ин тарҳ ба Тоҷикистон 203.9 млн. доллар маблағи бебозгашт дод.
Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими байнулмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст.
Солона дар ин ҷода даҳҳо ҳодисаҳои нохуш рух медиҳад ва як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.
Як блогерро барои таҳқири Нилуфар Сотиболдиева ҷазо додаанд
Як блогерро дар Узбекистон барои таҳқири барандаи телевизион, Нилуфар Сотиболдиева, ҷазо додаанд.
Расонаҳо номи блогерро зикр накарда, вале гуфтаанд, ки ӯ 38-сола ва зодаи вилояти Навоии Узбекистон аст.
Ӯ журналистро танқид кардааст, ки духтарашро нодуруст тарбия мекунад. Додгоҳ блогерро гунаҳкор донист.
Нилуфар Сотиболдиева моҳи марти соли 2024 навори рақс бо духтарашро аз соҳили баҳр дар Тайланд дар Инстагарам нашр кард.
Корбарон дар зери навори ӯ шарҳҳои зиёде навиштанд. Яке аз онҳо блогери 38-сола аз вилояти Навоии Узбекистон буд.
Блогерро дар моҳи августи соли гузашта бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Дар мурофиае, ки бо даъвои Нилуфар Сотиболдиева баргузор шуд, ӯ аз муассисаи ислоҳӣ онлайнӣ ширкат кард.
Блогер дар мурофиа гуфт, ки ҳамеша орзуи доштани духтарро дошт ва вақте рақси журналист бо духтарашро дид, фикр кард, ин зан фарзандашро бо роҳи нодуруст мебарад ва эҳсосӣ шуд.
Ӯ гуфт, пушаймон шудааст ва аз журналист маъзарат хост. Нилуфар Сотиболдиев ӯро набахшид ва гуфт, ин бояд ба дигарон дарс шавад, ки аз навиштани шарҳҳои таҳқиромез худдорӣ кунанд.
Нилуфар Сотиболдиева гуфт: "Ман гунаҳкорам, ки ту орзуи доштани духтарро дорӣ? Чаро ба ман навиштӣ? Ман ба ту муроҷиат кардам, кумаку маслиҳат пурсидам? Гуфтӣ, духтар азоб дорад? Ман оилаи худро дорам, ту оилаи худро. Чӣ ҳақ дорӣ, ки ба ман дарс медиҳӣ, ки чӣ кор кунам? Ин беэҳтиромӣ аст, медонед?"
Сотиболдиева гуфтааст, то охир талош кард, ки блогер ҷазо гирад ва ин ба онҳое, ки шарҳҳои таҳқиромез менависанд, дарс шавад.
Додгоҳ блогерро гунаҳкор эълон кард ва ба як сол кори ислоҳӣ бо ситонидани даҳ дарсади маошаш ба фоидаи давлат маҳкум кард.
Раисони чанд ноҳияро дар Тоҷикистон нав карданд
Раисони панҷ ноҳияро дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе нав карданд.
Бо фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 29-уми январ, Бахтиёр Шарифӣ дигар раиси ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон нест. Ӯро муовини аввали шаҳрдори Душанбе гузоштанд. Бахтиёр Шарифӣ дар гузашта дар мансаби муовини аввали вазири саноат кор кардааст.
Икромиддин Вализода, ки то ин дам раиси ноҳияи Кӯшониён буд, раёсати ҳукуматро дар ноҳияи Ёвон бар дӯш гирифт. Ҷойи холимондаи ӯро ба Маҳмадшариф Холзода доданд.
Тибқи фармонҳои нав, Умед Гуреззода раиси ноҳияи Сино ва Дилшод Сафарзода раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъйин гардиданд.
Маҳмуд Амирзода раиси нави ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон шудааст.
Аз оғози моҳи январ дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ ҷараён дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамвора аз таъйини "кадрҳои ҷавону болаёқат" ситоиш мекунад. Баъзе аз намояндагони мухолифон мегӯянд, ин таъйинот на аз нигоҳи шоистасолорӣ, балки бештар бар асоси хидмату садоқат ба режим сурат мегирад.
"Таъйиноти кадрие, ки солҳои дароз дар ҳукумати Тоҷикистон мушоҳида мекунем, бештар монанди намоишҳои театрӣ ҳастанд, на ислоҳоти воқеӣ," -- гуфта буд Бахтиёр Сафаров, сардори ширкати "Central Asia Consulting” дар Вашингтон, дар суҳбати пешинааш бо Радиои Озодӣ.
Раиси "Тоҷик Эйр" аз поёни баҳси даҳсола бо ширкати литвонӣ хабар дод
Раиси ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, баҳси даҳсола бо ширкати литвонии “Скайроуд лизинг” тамом шуд.
Парвиз Шодмонзода рӯзи 29-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, бар асоси қарори додгоҳ, қарзи онҳо дар назди “Скайроуд лизинг” ба 36,6 миллион доллар расида буд, ва бар асоси созиш ҳамагӣ 2 миллион доллар пардохт мекунаду бас.
Назари ширкати литвонӣ дар ин бора ҳанӯз дастрас нест.
Мудири “Тоҷик Эйр" мегӯяд, аллакай 500 ҳазор долларро ба ҳисоби "Скайроуд лизинг" гузарондаанд ва қарор аст 1,5 миллион доллари дигарро пардохт кунанд.
Баъди пардохти ин маблағ, ба гуфтаи Парвиз Шодмонзода, ду ҳавопаймои ширкати “Скайроуд лизинг”, ки дар фурудгоҳи Душанбе ҳастанд, моли “Тоҷик Эйр” хоҳанд шуд. Ҳарчанд мудири “Тоҷик Эйр” мегӯяд, ҳарду ин ҳавопаймо аз кор мондаанд ва бояд таъмир шаванд.
Баҳси "Тоҷик Эйр" ва ширкати “Скайроуд Лизинг” аз соли 2013 идома дорад. "Скайроуд Лизинг" даъво дорад, ки коршарики тоҷикаш бояд 20 миллион доллар бипардозад. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" ин даъворо қабул надоштанд.
Пештар Додгоҳи арбитражии шаҳри Вилнюс "Тоҷик Эйр"-ро ба пардохти ин миқдор маблағ вазифадор карда буд. Додгоҳи иқтисодии Душанбе аввал даъворо рад кард, аммо дертар Додгоҳи олии иқтисодӣ қарори Додгоҳи ҳаками Вилнюсро пазируфт.
Дар пайи баҳс бо "Скайроуд лизинг", як ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"-ро дар фурудгоҳи Внуковои Маскав ҳабс карданд. Мудири "Тоҷик Эйр" рӯзи 29-уми январ гуфт, баъди созиш бо "Скайроуд лизинг" ҳавопаймои худро аз фурудгоҳи Внуково оварда, барои таъмир ба Узбекистон мефиристанд.
Парвиз Шодмонзода афзуд, ба ҷуз ширкати литвонӣ, "Тоҷик Эйр" аз дигар ширкатҳо низ қарздор аст, аммо "он қадар бисёр нест." Шодмонзода афзуд, баҳс бо ширкати литвонӣ яке аз мушкилиҳои асосии "Тоҷик Эйр" буд.
Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 парвоз намекунанд. Ин ширкат аз тирамоҳи соли 2024 парвозҳои маҳаллиро аз Душанбе ба Хоруғ, Панҷакент ва Кӯлоб оғоз кард.
Мудири "Тоҷик Эйр" афзуд талош доранд, парвозҳои байнулмилалиро низ аз сар гиранд, аммо замони дақиқро ба забон наовард.
"Cухан дар бораи оғози бунёди метро дар Душанбе ҳанӯз барвақт аст"
Азими Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гузориши баъзе аз расонаҳоро дар мавриди оғози бунёди метро дар шаҳри Душанбе нодуруст хонд.
Ӯ рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, намедонад “ҳадафи ин хабарҳо чист”, вале “моҳияти масъаларо дарк накарда ҳар чизе менависанд”.
"Дар бисёре аз расонаҳо менависанд, ки сохтмон шуруъ мешавад. Сохтмони чунин иншоот осон нест. Инро бояд ҳаматарафа омӯхт, баъд кор сар мешавад. Ин оғози кор аст,” -- афзуд ӯ.
Азими Иброҳим гуфт, дар ҳақиқат, давлат ҳадафи бунёди метроро дар Душанбе дорад, вале ҳанӯз кор дар сатҳи марҳилаи омӯзишӣ ҳаст: "Моҳи март-апрели имсол корҳои имконсанҷии фанниву иқтисодӣ тамом мешавад. Ин маълум мекунад, ки имконияти сохтан ҳаст ё не. Баъди ин асосноккунии фанниву иқтисодӣ оғоз мешавад, худи сохтмон не."
Агар натиҷаи имконсанҷиҳо мусбат шавад, ба гуфтаи вазири нақлиёт, нақшаи бунёди се роҳи метро дар назар аст:
- аз Сирки давлатӣ то поёни бозори "Корвон", яъне то дарвозаи вилояти Хатлон;
- аз Сирки давлатӣ то Чорбоғ;
- аз Сирки давлатӣ то дарвозаи шарқии Душанбе (маҳаллаи ДОК).
Тоҷикистон зарурати сохтмони метроро ба афзоиши аҳолии Душанбе ва меҳмонони он марбут дониста, онро яке аз чораҳои пешгиранда аз роҳбандон ё танбашавӣ дар кӯчаҳои пойтахт медонад.
Бо ин ҳадаф соли 2022 бо ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум дар мавриди омӯзиши имконияти сохтмони роҳи оҳани шаҳрӣ ва метрои сабук дар Душанбе имзо кардааст.
Як ҳавопаймо дар Куриёи Ҷанубӣ оташ гирифтааст
Як ҳавопаймои "Airbus A321" ҳангоми омодагӣ ба парвоз дар фурудгоҳи Куриёи Ҷанубӣ оташ гирифтааст.
Ҳодиса шаби 28-уми январ рух дод.
Ҳавопаймо бояд ба тарафи Ҳонконг мерафт.
Хабаргузории Фаронса навишт, 169 мусофир ва ҳафт сарнишинро аз ҳавопаймо берун оварданд. Як кас ба бемористон бурда шудааст.
Гузоришҳо баёнгари онанд, ки сӯхтор дар дохили ҳавопаймо сар задааст.
Як моҳ пеш ҳавопаймои "Airbus"-и ширкати Jeju Airlines ҳангоми фуруд омадани изтирорӣ аз хати нишаст берун шуд.
Аз 181 мусофир ва сарнишин ҳамагӣ ду нафар наҷот ёфтанд.
“Бас кунед.” Талаби Созмони Милал аз мақомоти Тоҷикистон
Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хостааст, ин корро бас кунад.
Намояндагони Комиссариат ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтаанд, танҳо дар моҳи декабри соли 2024 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шуданд.
Ба иттилои Созмони Милал, аксар ихроҷшудаҳо санади гурезагӣ доштанд.
Намояндагони Комиссариати олии Созмони Милал гуфтаанд, маҷбуран ба кишвараш бозпас фиристодани шахсе, ки зери хатари шиканҷа қарор дорад, “мухолифи қонун дар бораи гурезаҳои Тоҷикистон аст.”
Дар як моҳи охир бори дуюм аст, ки Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезаҳо аз ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз Тоҷикистон нигаронӣ мекунад.
Ин ниҳоди зертобеи СММ аввали моҳи декабри соли гузашта низ аз Тоҷикистон хоста буд, ба уҳдадориҳои байнулмилалии худ барои муҳофизат аз касоне, ки аз озор ва азият фирор кардаанд, пойбанд бимонад.
Мақомоти Тоҷикистон ба талабҳои Созмони Милал ва ҳамин тавр ихроҷи гурезаҳои афғонистонӣ расман вокуниш намекунанд. Ихроҷҳои бе шарҳи паноҳҷӯён ба Афғонистон нигаронии ҷиддии онҳоро ба миён овардааст.
Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ мегӯянд, аз тарси ихроҷ аз хона намебароянд. Тибқи иттилои охири Созмони Милал, дар Тоҷикистон ҳудуди 9 ҳазор паноҳҷӯйи афғонистонӣ ба сар мебаранд.
Ширкатҳои мухобиротӣ 4 млрд сомонӣ даромад гирифтаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, соли 2024 барои хубтар кардани суръати алоқа ва интернет дар кишвар 798 истгоҳҳои нави базавӣ насб карда шудааст.
Хадамот нагуфтааст, ки истгоҳҳои нав ба кадом ширкатҳои мухобиротӣ тааллуқ доранд.
Дар гузориши Хадамоти алоқа омадааст, барои дастрасӣ ба интернети баландсуръат инчунин зиёда аз 300 километр хатти нахи нурӣ кашидаанд.
Шикоятҳо аз паст будани сифати алоқа ва интернет қариб ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо медиҳад ва мақомоту ширкатҳо на ҳамаи ин танқидҳоро қабул доранд.
Ба гузориши Хадамоти алоқа, соли 2024 ширкатҳои мухобиротӣ дар кишвар 4,3 миллиард сомонӣ ё тақрибан 400 миллион доллар даромад гирифтаанд. Ин назар ба як соли пеш қариб як миллиард сомонӣ ё 11,3 дарсад бештар будааст.
Бахши алоқаи Тоҷикистон борҳо мавриди интиқоди раиси ҷумҳур ва сокинони оддӣ қарор гирифтааст.
"Толибон" як баста асбоби мусиқӣ ва садҳо кило мӯйи занонро сӯзондаанд
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари "Толибон" дар Афғонистон як баста асбоби мусиқӣ ва садҳо кило мӯйи занонро оташ задааст.
Ин ниҳод рӯзи 28-уми январ дар баёнияе гуфт, ки асбобҳои мусиқӣ ва мӯйи занонро аз як минтақаи Кобул ҷамъ овард.
Баъд аз расидан ба қудрат дар соли 2021, "Толибон" мусиқиро манъ карданд, чун ба қавли онҳо ғайриисломист.
Намояндагони ин гурӯҳи тундрав дари толорҳои ороиширо барои занон низ бастанд.
Пештар шикастану сӯзондани асбобҳои мусиқӣ дар Афғонистон сабт шуда буд. Бори аввал аст, ки намояндагони "Толибон" дар бораи сӯзондани мӯйи занон хабар медиҳанд.
"Ба онҳо дар ҷойи дигар хона месозем." Изҳороти нави Ҷабборов дар бораи марз
Мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳангоми нишонагузории сарҳад эҳтимол баъзе аз шаҳрвандони худро мекӯчонанд. Дар ин бора президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) дар мусоҳиба бо хабаргузории давлатии "Кабар" иттилоъ дод.
Ҷабборов дар шарҳи созиши ҳосилшуда бо Тоҷикистон гуфтааст, "мо деҳаҳои наздимарзие дорем, ки мисли тахтаи шоҳмот ҷойгир шудаанд ва хонаҳои мардум дар дохили ҳамдигар қарор доранд."
"Агар дар тарафи мо хонаҳое бошанд, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ доранд, пас, ҷониби Тоҷикистон сокинонро мекӯчонад. Агар хонаи шаҳрвандони мо дар тарафи онҳо бошад, мо онҳоро кӯч медиҳем. Ба онҳо дар ҷойи дигар хона месозем," -- афзуд Содир Ҷабборов (Жапаров).
Ба гуфтаи раисҷумҳури Қирғизистон, агар кӯчондани сокинони минтақаҳои марзӣ анҷом нашавад, муҳофизати сарҳад мушкил хоҳад шуд.
"Мо тақрибан ҳазор километр хати марз дорем. Дар бисёре аз минтақаҳо қитъаҳои баҳсбарангез буданд. Дар баъзе ҳолат ин қитъаҳо баробар тақсим шуданд," -- гуфт раисҷумҳури Қирғизистон.
Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дар ин замина дастрас нест.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 хабар доданд, ки марзнигориро ба поён расонданд. Қадами баъдӣ имзои ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ дар бораи хати марзи муштарак мебошад. Содир Ҷабборов дар мусоҳибааш гуфтааст, феълан раванди ҳуҷҷатнигорӣ идома дорад.
Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст. Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, низ ҷузъиёте надоданд.