Дар чанд ҷумла
Марде барои табобати ройгон худро "корманд"-и Оҷонсии зидди фасод эълон кард
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон як сокини шаҳри Хуҷандро, ки худро корманди ин оҷонсӣ муаррифӣ карда, аз як ташхисгоҳ талаб кардааст, ки ӯро ройгон ташхис кунанд, вагарна дар корашон мушкил эҷод мекунад, боздошт кардааст.
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Оҷонсии зидди фасод, рӯзи 19-уми октябр намояндаи ташхисгоҳи "Диамед" дар шаҳри Хуҷанд ба оҷонсӣ арз кардааст, ки Раҳим Шарипов ном шахс худро муовини раиси Оҷонсии мубориза бо фасод муаррифӣ карда, талаб намудааст, ки ӯро ройгон аз ташхиси тиббӣ гузаронанд. Вагарна ӯ метавонад бо истифода аз мансабаш, ба кори онҳо “таъсири манфӣ расонад”.
Пас аз арзи ташхисгоҳи "Диамед", Раҳим Шарипов ба идораи Оҷонсии зидди фасод оварда мешавад. Аммо Раҳимов дар идома барои раҳо шудан аз ҷавобгарӣ ба корманди ин оҷонсӣ 1358 сомонӣ пора пешниҳод мекунад. Дар натиҷа Оҷонсии мубориза бо фасод дар нисбати Раҳим Шарипов якбора тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон 320- додани пора ва 247 – қаллобӣ парванда боз кардааст.
Дар Тоҷикистон кормандони ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла масъулони Оҷонсии мубориза бо фасод аз нуфуз ва қудрати зиёд бархӯрдоранд. Аз ин рӯ, ҳолатҳои корманди ин ниҳод муаррифӣ кардани шахсони алоҳида дар гузашта низ ба чашм расида буд, ки бо истифода аз он, одамон мехоҳанд "кори худро буд кунанд".
Ду соли қабл қиссаи як зиндонии муассисаи ислоҳӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа ба матбуот роҳ ёфта буд, ки як зиндонӣ тавассути телефон худро корманди Оҷонсии зидди фасод муаррифӣ карда, ба масъулони чанд идораҳои давлатӣ дастур дода буд, хостаҳояшро иҷро кунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
"Касе лозим аст, ки оромиш орад." Трамп дар бораи раҳбари ояндаи Эрон
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дар мусоҳибааш бо нашрияи Axios гуфт, мехоҳад дар интихоби раҳбари ояндаи Эрон шахсан нақш дошта бошад.
Трамп гуфт, ҷойгузини эҳтимолии оятулло Алии Хоманаӣ, ки рӯзи 28-уми феврал дар амалиёти ҳарбии Амрико ва Исроил кушта шуд, писари ӯ Муҷтабо Хоманаӣ аст, вале ишора кард, ки ӯро дар ин мақом дидан намехоҳад.
"Барои ман писари Хоманаӣ қобили қабул нест. Ба мо оне лозим аст, ки ба Эрон оромишу сулҳ меорад", -- гуфт Доналд Трамп.
Ӯ афзуд, таъйини шахсеро, ки самтгириҳои сиёсии Алии Хоманаиро идома медиҳад, дастгирӣ нахоҳад кард: "Мисле, ки бо Делси (Родригес) дар Венесуэла шуд, ман бояд дар ин таъйинот ҳам иштирок кунам."
Axios айни замон таъкид мекунад, ки вазири дифоъ ё ҷанги Амрико Пит Ҳегсет ва дигар мақомоти амрикоӣ мегӯянд, тағйири режим дар Эрон ҳадафи асосии ин амалиёт нест. Онҳо мегӯянд, вазифаи Вашингтон суст кардани тавонмандиҳои мушакӣ, барномаи ҳастаӣ ва нерӯҳои дарёии Эрон мебошад.
Як рӯз пеш аз ин гуфтугӯҳо нашрияи The New York Times хабар дод, ки дар пайи ҷаласаи Шӯрои хубрагон Муҷтабо Хоманаӣ номзади асосӣ ба мақоми раҳбари нави олии Эрон гардид.
Бархе раҳбарони динӣ хостаанд, субҳи 4-уми март дар бораи таъйин шудани Муҷтабо Хоманаӣ хабари расмӣ нашр кунанд, аммо баъзе дигарон дар ин шӯро ҳушдор додаанд, ки ин хабар ӯро ба як ҳадафи нави Амрико ва Исроил табдил медиҳад.
Муҷтабо Хоманаии 56-сола як сиёсатмадори пурнуфуз буда, солҳои дароз дар сояи падараш қарор дошт.
Дар миёни номзадҳои дигар ба мақоми раҳбари олии Эрон Ҳасан Хумайнӣ, набераи бунёдгузори Ҷумҳурии Исломӣ ҳам номбар мешавад.
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густурда анҷом дод.
Боздошти 7 корманди "Ошадбанк"-и Украина дар Маҷористон
Рӯзи 5-уми март дар Венгрия ё Маҷористон ҳафт корманди "Ошадбанк"-и Украина боздошт шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин бонк ва вазири корҳои хориҷии Украина Андрей Сибига хабар доданд.
Сибига гуфт, кормандон дар ду мошини марбут ба бонк тавассути Австрия ба самти Украина ҳаракат мекарданд ва дар дохили мошин барои таъмини кори маъмулии бонк пули нақд доштанд.
Дар дохили ду мошин дар умум 40 миллилон доллар, 35 миллион евро ва 9 кило тило будааст. Ҷониби Украина мегӯяд, ин бор тибқи талаботи гумруки Аврупо сабт шуда буд.
"Ошадбанк" аз мақомоти Венгрия ё Маҷористон тақозо кард, ки ба зудтарин фурсат кормандону бори боздоштшударо озод ва барои ба ватан баргаштани онҳо шароит фароҳам кунанд. Як манбаи "РБК-Украина" гуфт, ки ин ду мошини бонк дар ҳудуди маркази зиттиреррористии Венгрия қарор доранд.
Вазири корҳои хориҷии Украина гуфт, “дар асл гап дар бораи гаравгонгирӣ ва дуздии пул аз ҷониби Венгрия аст”. Ӯ афзуд, сабаби боздошт ва ҳам вазъи кормандони боздоштшуда маълум нест ва бо онҳо имкони тамос вуҷуд надорад.
Мақомоти Венгрия ҳанӯз хабари боздошти кормандони бонки Украинаро шарҳ надодаанд.
Равобити Киев ва Будапешт баъди он дубора бад шуд, ки Украина идомаи интиқоли нафти русиро тавассути лӯлаи "Дружба" ба Венгрия рад кард. Украина мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Русия ин лӯла осеб дидааст. Будапешт бовар дорад, ки ин кор далели сиёсӣ дорад. Дар посух мақомоти Венгрия додани 90 миллиард евро қарзи Иттиҳоди Аврупоро ба Киев вето карданд.
Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан рӯзи 5-уми март гуфт, Будапешт василаҳои фишорро ба Украина дорад, то интиқоли нафт тавассути лӯлаи "Дружба" аз сар гирифта шавад.
Вай инчунин таъкид кард, ки Будапешт то замони азсаргирии кори лӯлаи нафт транзити борҳои барои Украина хеле муҳимро қатъ мекунад. Орбан дар мусоҳибааш бо радиои Kossuth иқрор шуд, ки ба ӯ таҳдиди президенти Украина Владимир Зеленский хуш наомад, ки гуфт, ӯ метавонад ба ҳарбиёни украинӣ суроғаи шахсеро, ки қарзи онҳоро масдуд кардааст, бидиҳад.
Трамп аз нерӯҳои Эрон хост, силоҳҳои худро ба замин гузоранд
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз низомиён, афсарони полис ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон даъват кард, ки силоҳҳояшонро ба замин гузошта, аз пуштибонии рӯҳониёни ҳоким дар ин кишвар даст кашанд. Дар иваз, ба қавли Трамп, ба онҳо "масунияти комил" аз ҳар гуна ҷазо ваъда мешавад.
"Мо ҳар соат мушаку паҳподҳои Эронро маҳв мекунем. Касе бовар намекард, ки бо чунин суръат аз байн бурдани онҳо имкон дорад... Мо низомиёни нерӯмандтарин дар рӯйи олам дорем. Нерӯи баҳрии Эрон аз байн бурда шуд. Дар се рӯз 24 киштӣ маҳв гашт. Ин миқдори бузург аст. Силоҳи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои ҳавоии онҳо аз байн бурда шудаанд,” – афзуд раисҷумҳури Амрико.
Доналд Трамп ҳамчунин гуфт, аз ҳамлаи гурӯҳҳои курд ба Эрон ҳимоят мекунад. Вай дар суҳбат бо хабаргузории "Рейтерс" гуфт, "фикр мекунам, бисёр хуб аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Ман комилан аз он ҳимоят мекунам". Бо ин ҳол, ӯ дар бораи инки оё Амрико барои ҳамлаи гурӯҳҳои курд мадад кардааст ё не, аз изҳори назар худдорӣ кард.
Дар рӯзҳои охир шуморе аз расонаҳо гузориш додаанд, ки ниманизомиёни курди эронӣ бо Амрико дар бораи инки чӣ гуна метавонанд ҳамлаҳоро алайҳи нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии Исломӣ оғоз кунанд, машварат кардаанд.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, рӯзи 5-уми март гуфт, кишвараш барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии заминӣ омода аст ва афзуд, чунин иқдоме “барои душманони Ҷумҳурии Исломӣ фоҷеабор хоҳад буд”.
Дар ҳоле ки Амрико ва Исроил ба ҳамлаҳои худ алайҳи Эрон идома медиҳанд, Ароқчӣ ба шабакаи хабарии NBC News гуфт, "мо мунтазири онҳо ҳастем" ва афзуд, "мо итминон дорем, ки метавонем бо онҳо муқобила кунем ва ин барояшон як фоҷеаи бузург хоҳад буд".
Дар ҳамин ҳол, нигаронӣ зиёд аст, ки амалиёти зидди Эрон ба низоъ дар Ховари Миёна ва фаротар аз он табдил хоҳад ёфт. Аз оғози амалиёт кишварҳои ҳампаймони Амрико дар Халиҷи Форс бо ҳамлаҳои мушаку паҳподҳои Эрон дучор шуданд.
Рӯзҳои охир мушаку паҳподҳои Эрон ба Исроил, Туркия, Озарбойҷон, Кипр ё Қибрис ва ҳатто Шри Ланка расидаанд. Шри Ланка дар масофаи 3900 километр аз Эрон қарор дорад ва дар онҷо киштии зериобии Амрико як киштии ҷангии Эронро маҳв кард.
Барканории чанд мансабдор дар Мастчоҳ дар пайи шикояти сокинон
Раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва пулиси ноҳияи Мастчоҳ аз мақомҳояшон барканор шудаанд.
Дар бораи сабаби ин тағйир сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми март чизе нагуфта, аммо хабар додааст, ки ба ҷойи онҳо шахсони “кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардиданд”.
Барканории раҳбарони мақомоти қудратӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар ҳолест, ки чанд моҳи охир сокинон аз бадрафтории нозирони роҳ ва дигар кормандони мақомоти интизомӣ шикоят доштанд.
Дар як наворе, ки рӯзи 3-юми март корбарон аз ноҳияи Мастчоҳ фиристоданд, дида мешавад, ки чанд нозири роҳ бо ронандагон кашокаш доранд.
Расман гуфта намешавад, ки тасмими Эмомалӣ Раҳмон барои ин дигаргунӣ то куҷо ба шикояти сокинон пайванд дорад. Ҳамчунин, дар бораи танбеҳ ё ҷазо гирифтани афроди барканоршуда хабаре нашр нашудааст.
Танҳо ишораи сомонаи президент ин аст, ки корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар доираи қонун амал кунад ва вазифаҳои худро “пурра ва софдилона” анҷом диҳад.
Эрон мегӯяд, барои ҳар гуна амалиёти заминӣ омода аст
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 5 март гуфт, ки кишвараш барои ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии заминӣ омода аст ва афзуд, ки чунин иқдоме барои душманони Ҷумҳурии исломӣ "фоҷеабор" хоҳад буд.
Дар ҳоле, ки Амрико ва Исроил ба ҳамлаҳои худ алайҳи Эрон идома медиҳанд, Ароқчӣ ба шабакаи хабарии NBC News гуфт, "мо мунтазири онҳо ҳастем" ва афзуд, "мо итминон дорем, ки метавонем бо онҳо муқобила кунем ва ин барои онҳо як фоҷеаи бузург хоҳад буд".
Чанд соат пеш аз ин изҳороти Аббос Ароқчӣ, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико гуфта буд, ки аз ҳамлаи гурӯҳҳои курд ба Эрон ҳимоят мекунад.
Трамп дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" гуфт, "фикр мекунам бисёр хуб аст, ки онҳо мехоҳанд ин корро анҷом диҳанд. Ман комилан аз он ҳимоят мекунам".
Бо ин ҳол, ӯ дар бораи инки оё Амрико барои ҳамлаи гурӯҳҳои курд кӯмак кардааст ё не, аз изҳори назар худдорӣ кард.
Дар рӯзҳои ахир шуморе аз расонаҳо гузориш додаанд, ки ниманизомиёни курди эронӣ дар рӯзҳои гузашта бо Амрико дар бораи ин, ки чигуна метавонанд ҳамлаҳо алайҳи нерӯҳои амниятии Ҷумҳурии исломиро оғоз кунанд, машварат кардаанд.
Боздошти як зодаи Узбекистон дар Исроил
Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон боздошти як зодаи ин кишварро пас аз нашри як навор дар Исроил шарҳ дода, гуфтааст, қазияро консулгарии ин кишвар таҳти назари худ гирифтааст.
Ба иттилои Вазорат, як муҳоҷири узбекистонӣ ҳангоми баланд шудани бонги хатар ва ҳамлаҳои мушакӣ дар хиёбони Исроил наворе сабт карда, лаҳзаи фирори одамон ба паноҳгоҳҳоро тасвир ва ҳазл кардааст. Аз ин шаҳрванди Узбекистон Н.Х ном бурда шудааст.
Ин наворро бархе аз сокинон ва мақомоти Исроили таҳқиромез хонда, лаҳзаи боздошти ӯро сабту нашр кардаанд.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар бораи навори ҷавони узбекистонӣ, ки дар "ТикТок" ва дигар шабакаҳо паҳн шуда буд, як шаҳрванди Исроил ба пулис шикоят бурдааст.
Консулгарии Узбекистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ин ҷавон дар ҷойи амн қарор дорад. Ин ниҳод аз узбекистониҳо дар Исроил хостааст, қонунгузории ин кишварро риоя кунанд ва дар рафтору гуфтор эҳтиёткор бошанд.
Эълони шумораи ҷонбохтагон дар ҳамла ба Эрон
Гурӯҳи фаъолони ҳуқуқи башар, қароргоҳаш дар Иёлоти Муттаҳида, гуфт, аз оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон (28-уми феврал) беш аз 1100 нафар, аксаран ғайринизомиён, кушта шудаанд. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон шумораи ҷонбохтагонро 1230 нафар ҳисоб кард.
Дар миёни онҳо кӯдакон низ ҳастанд. Ба иттилои мақомоти Эрон, дар як ҳамлаи ҳавоӣ ба мактаби духтарона дар шаҳри Миноб то 165 хонандаву омӯзгор ҷон бохтаанд. Коршиносони Созмони Милал ибрози "нигаронии амиқ" карданд. Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Иёлоти Муттаҳида "қасдан мактабро ҳадаф қарор намедиҳад".
Мақомоти низомии Амрико ва Исроил мегӯянд, амалиёти онҳо марказҳои фармондеҳӣ, пойгоҳҳои мушакӣ ва идораҳои давлатии Эронро ҳадаф қарор додааст. Гурӯҳҳои башардӯстона мегӯянд, ба зиёда аз 100 макони ғайринизомӣ, аз ҷумла бемористонҳо ва иншооти варзишӣ дар Эрон низ ҳамла шуд.
Дар Теҳрон, шаҳре бо тақрибан 9 миллион аҳолӣ, сокинонро тарсу ҳарос фаро гирифтааст. Як бошандаи Теҳрон бо шарти фош нашудани номаш ба бахши форсии Радиои Озодӣ гуфт: "Садои таркишҳо изтироби зиёд меорад, вале ин рӯзҳо ҳатто хомӯшӣ, яъне вақте садои ҷангандаҳо ё таркишҳоро намешунавӣ, тарснок аст. Чун ҳамеша мунтазири як лаҳзаи даҳшатбор мемонӣ, то бубинӣ, ки худат ва дигарон зинда мемонед ё не."
Ба ҷуз аз талафоти инсонӣ, ин низоъ зиндагии ҳаррӯза ва кори мардуму тоҷиронро низ халалдор кардааст. Давлати Эрон содироти хӯрокворӣ ва маҳсулоти кишоварзиро манъ кард.
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густурда анҷом дод.
"Нобудии мушакҳои режими Эрон", "нобудсозии нерӯҳои баҳрии он", "итминон аз инки нерӯҳои мавриди ҳимояти Эрон дигар натавонанд ҷаҳонро бесубот кунанд" ва "итминон аз инки Эрон ҳаргиз натавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад" аз ҳадафҳои амалиёти Амрикову Исроил номбар шудааст.
Алиев ҳамлаи паҳподиро ба Нахҷувон "амали террористӣ" номид
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон гуфт, бар асари партоби ду паҳпод (дрон, ҳавопаймои бесарнишин) аз хоки Эрон дар вилояти худмухтори Нахҷувон ду кас маҷрӯҳ шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, яке аз ин паҳподҳо рӯзи 5-уми март ба бинои фурудгоҳи Нахҷувон зиён расонд ва дигаре дар наздики мактабе дар минтақаи Шакаробод афтод.
Эрон ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Озарбойҷон рад кард.
Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, гуфтааст, Эрон бо ин кораш алайҳи Озарбойҷон “амали террористӣ содир кард”.
Ӯ дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфт, мақомоти Эрон ҳодисаро таҳқиқ кунанд, узр пурсанд ва “шахсонеро, ки ба ин амали террористӣ даст задаанд, ба ҷавобгарӣ кашанд.”
Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ин ҳодисаро маҳкум кард ва аз сафири Эрон дар Боку хост, воқеаро шарҳ диҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ бо нашри баёнияе ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Эронро ба Нахҷувон маҳкум намуд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷуми март дар изҳороте гуфт: “Ҷумҳурии Исломӣ бо эҳтиром ба соҳибихтиёрии ҳамаи кишварҳо, бахусус кишварҳои ҳамсоя ва мусалмонӣ, партоби ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба самти Ҷумҳурии Озарбойҷон рад мекунад."
Озарбойҷон шарики муҳими Исроил ва таъминкунадаи нафт ба ин кишвар буда, солҳо боз дар масоили низомӣ ҳамкорӣ мекунанд. Бисёриҳо Исроилро аз ҷумлаи кишварҳое медонанд, ки дар ҷанги Озарбойҷон бо Арманистон бар сари минтақаи Қаробоғи Кӯҳӣ ба Боку силоҳу муҳимот додааст.
Таниш дар минтақа аз рӯзи 28-уми феврал, пас аз ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд ва ҳоло доманаи он аксар кишварҳои минтақаро фаро гирифтааст.
Нерӯи барқ дар саросари Ироқ қатъ шудааст
Вазорати нерӯи барқи Ироқ аз қатъи пурраи интиқоли барқ дар саросари кишвар хабар дод.
Мақомоти ироқӣ гуфтанд, ба таҳқиқи сабабҳои ин ҳодиса шуруъ кардаанд, вале ҳоло маълум нест, ки хонаҳои мардум кай рӯшан хоҳад шуд.
Хабаргузории расмии Ироқ (INA) бо такя ба мақомоти бахши энержӣ гуфтанд, камбуди интиқоли газ ба нерӯгоҳҳо ва ҳамлаҳои пайдарпай ба хатҳои интиқоли барқ сабаби бебарқӣ дар кишвар шудааст.
Пештар аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Арбил, маркази Курдистони Ироқ хабар дода шуда буд.
Дар ҳамин ҳол артиши Исроил аз ҳамлаи густарда ба як маҷмааи низомӣ дар Теҳрон хабар дод, ки ба навиштаи пойгоҳи Axios дар он "тамоми сохторҳои қудратии Эрон" ҷойгир шуда буданд.
Ба гуфтаи мақомоти низомии Исроил, дар ин амалиёт марказҳои фармондеҳии ҳафт ниҳоди калидӣ, аз ҷумла қароргоҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нерӯҳои басиҷ аз байн бурда шудааст. Шумори кушташудаҳо маълум нест.
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Дар посух Теҳрон ба чанд кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд ва низ Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом дод.
Расонаҳо: ҳукми гумонбарони ҳамла ба "Крокус" 12 март эълон мешавад
Қарор аст, ҳукми гумонбарони ҳамла ба толори "Крокус"-и Маскав рӯзи 12-уми март эълон шавад. Дар ин бора Даниэл Готе, вакили дифои ҷабрдидаҳо рӯзи дуюми март ба хабаргузории русии ТАСС иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, мурофиа дар Додгоҳи шаҳри Маскав хоҳад гузашт ва ҳукми гумонбарон дар ҳузури хабарнигорон ва мардум эълон мешавад.
Мақомоти Русия ҳанӯз дар ин бора расман хабар надодаанд.
Хабаргузориҳои русии РИА Новости ва ТАСС бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки додситонӣ ба 15 гумонзад ҳабси абад талаб кардааст. Ба 4 нафари дигар аз 19 то 22 сол зиндон хоста шудааст.
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи дуюми ҳавзаи ғарбии низомӣ дар Маскав ҷараён дорад. Баъзе аз расонаҳои Русия навиштанд, гумонбарон хоҳони сабук кардани ҷазо шудаанд.
Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва маълум нест, то куҷо ҳуқуқи гумонбаршудагони ҳамла ба "Крокус" риоя мешавад.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум 149 нафар нафар кушта ва 609 кас маҷруҳ шуданд.
Нерӯҳои қудратии Русия ҳангоми боздошти гумонбарон даст ба азияту шиканҷаи бераҳмонаи онҳо заданд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Human Rights Watch гуфтанд, ба эътирофи гумонбарон бовар кардан душвор аст.
Бозгашти беш аз 100 тоҷикистонӣ бо як парвози чартерӣ аз Абузабӣ
Яксаду понздаҳ шаҳрванди Тоҷикистон дар як парвози чартерӣ аз Абузабӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба Радиои Озодӣ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" 5-уми март ба Душанбе расид.
Тибқи ахбори расида, Имороти Муттаҳидаи Араб дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоии худро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз баъзе фурудгоҳҳои ин кишвар ба ватанҳояшон баргарданд.
Як рӯз пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.
Ҳадаф, ба гуфтаи мақомот, овардани тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада мехоҳанд ба ватан баргарданд.
Вазорат таъкид кардааст, ки хоҳишмандони бозгашт бояд барои сабти ном ба намояндагӣ ва консулгариҳои Тоҷикистон дар ин кишварҳо муроҷиат кунанд.
Давоми рӯзҳои охир садҳо зоири тоҷик, ки дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурданд ва парвозҳои онҳо ба таъхир афтода буд, тавассути ширкати "Сомон Эйр" аз масири Ҷидда-Анқара ва Ҷидда-Истанбул ба Тоҷикистон расиданд.
Аз ин пештар ширкати "Сомон Эйр" аз қатъи муваққатии парвозҳои мунтазам ба Теҳрон ва Дубай хабар дода буд.
Бо оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари Миёна банд монданд.
Даҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон то имрӯз бо убури марз бархе аз ин кишварҳо, аз ҷумла Эронро тарк карданд.
Задухӯрди дигарбораи нерӯҳои Покистон ва “Толибон”
Нерӯҳои Покистон ва Афғонистон рӯзи 3-юми март дар нуқтаҳои гуногуни марзи байни ду давлат бо ҳам дигарбора даргир шуданд. Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ҳушдор дод, ки то ҳол 42 сокини осоишта дар ин кишвар дар низои шашрӯза кушта шудаанд.
Пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Покистон ба шаҳрҳои бузурги Афғонистон дар ҳафтаи гузашта, ду кишвар сахттарин даргириҳои худро дар солҳои охир оғоз кардаанд. Ин ҳолат нигарониҳоро дар мавриди як ҷанги тӯлонии дигар дар минтақа, ки бо ҳамлаҳои ИМА ва Исроил ба Эрон низ мувоҷеҳ аст, афзоиш додааст.
Исломобод ҳафтаи гузашта бо мушак ба мавзеъҳои низомии "Толибон" дар Афғонистон ҳамла кард. Иддаои Покистон ин аст, ки "Толибон" ба дастаҳое паноҳ додааст, ки аз хоки Афғонистон ба Покистон ҳамла мекунанд. Ҳукумати "Толибон" кумакро ба ин гуруҳҳо рад мекунад.
Атоуллоҳ Тарор, вазири иттилооти Покистон, рӯзи 3-юми март эълом кард, ки ҳамлаҳои ҳавоии мувафақиятомезе ба пойгоҳи ҳавоии Багром дар шимоли Афғонистон анҷом шудааст. Ин пойгоҳ дар 20 соли ҷанги Афғонистон ҳумчун маркази калидии фармондеҳии Амрико хидмат мекард.
Пулиси Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, ҳамлаи Багром бо истифода аз падофандҳои зиддиҳавоӣ гардонда шуд. Як манбаи баландпояи Покистон гуфтааст, ҳамлаҳои ҳавоӣ то замоне идома хоҳанд кард, ки Афғонистон гурӯҳҳои террористиро халъи силоҳ накунад.
Ин манбаъ гуфт, агар чунин чора андешида нашавад, Покистон метавонад роҳбарияти олии “Толибон”-ро ҳадаф қарор диҳад.
Вазорати дифои Афғонистон рӯзи сешанбе гуфт, ки нерӯҳои “Толибон” як посгоҳи низомии Покистонро дар минтақаи Қандаҳор тасарруф кардаанд. Вазорати иттилооти Покистон аз даргирӣ дар беш аз 20 макон хабар дод.
Манобеи амниятии Покистон гуфтаанд, онҳо як анбори силоҳ дар Ҷалолобод ва як пойгоҳи низомиро дар вилояти Нангарҳор хароб кардаанд. Ҳарду кишвар бидуни пешниҳоди далеле гуфтаанд, ба якдигар осеби бузург расонидаанд.
Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад омори талафоти ду ҷонибро тасдиқ кунад.
Ҳайати кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки бар асоси омори ибтидоӣ аз 26-уми феврал то 2-юми март дар "тирандозии ғайримустақим дар даргириҳои фаромарзӣ" 42 сокини осоишта кушта ва 104 нафар захмӣ шудаанд.
Ҳалокати 1000 кас дар садамаҳои нақлиётии ду соли охир дар Тоҷикистон
Дар ду соли охир беш аз ҳазор кас дар тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ҷон бохта, қариб се ҳазор каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Ин оморро Маҳмадалӣ Ватанзода, вакили Маҷлиси намояндагон, дар матлабе дар рӯзномаи порлумонии “Садои мардум” нашр кард.
Ба навиштаи ӯ, 90 дарсади сокинон дар садамаҳое ҳалок ё захмӣ шудаанд, ки сабабаш риоя накардани суръати ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва риоя накардани қоидаҳои сабқат аст.
Моҳи феврали имсол порлумони Тоҷикистон ҷаримаро барои риоят накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ зиёд кард.
Як сабаби сахттар шудани ҷазо, ба навиштаи Маҳмадалӣ Ватанзода, пешгирӣ аз садамаҳои зиёд дар роҳҳо аст.
Тибқи омори вакил, соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 899 ҳазор мавриди вайронкунии қоидаи ҳаракат дар роҳ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соле пеш 27 ҳазор ҳолат зиёд аст.
Кохи Сафед 4 ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Эронро эълон кард
Кохи Сафед рӯзи 3 март чаҳор ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии доманадори Амрико ба Эронро, ки ҳар якҷоягӣ бо Исроил анҷом медиҳад ва ҳоло вориди панҷумин рӯзи худ шудааст, эълон кард.
Кохи Сафед гомҳои расидан ба ин ҳадафҳоро чунин гуфтааст: "Нобудии мушакҳои режими Эрон", "нобудсозии нерӯҳои баҳрии он", "итминон аз инки нерӯҳои мавриди ҳимояти Эрон дигар натавонанд ҷаҳонро бесубот кунанд" ва "итминон аз ин, ки Эрон ҳаргиз натавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад".
Бо ин ҳол, таҳлилгарон ба суръат ишора карданд, ки "тағйири низом" дар миёни ҳадафҳои эъломшуда вуҷуд надорад.
Амрико ва Исроил рӯзи 28 феврал ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Бо вуруди рӯзи панҷум аз оғози ин ҳамла, даргириҳо байни ду тараф идома дорад.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба чандин кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд ва низ Исроил, ҳамлаҳои густурда анҷом додааст.
Боздошти ду корманди пулис бо иттиҳоми қаллобӣ дар Хатлон
Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ирсоли парвандаи ду пулиси вилояти Хатлон ба додгоҳ хабар додааст.
Ин кормандони пулис ба қаллобӣ муттаҳам мешаванд, аммо назари худашон ба иттиҳом маълум нест.
Оҷонсии зидди фасод 3-юми март дар хабарномае навишт, Саидзода ва Раҳмонзода, ду корманди Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон моҳи июни соли 2025 бо баҳонаи қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ, аз падари як гумонбар 30 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтаанд.
Аммо ба гуфтаи мақомот, ин ду корманди пулис баъди гирифтани маблағ ба фоидаи падари он фарди боздоштшуда ягон кор накардаанд.
Назари ин ду корманди пулис ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест ва рӯшан нест, ки онҳо дар додгоҳ чӣ гуфтаанд.
Алайҳи ин ду корманди пулис бар асоси моддаи 237 қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ ё қаллобӣ ба миқдори калон парванда боз шудааст.
Қонунгузорӣ барои ин иттиҳом то 113 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то 8 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.
Ин бори аввал нест, ки кормандони пулис дар Тоҷикистон барои қаллобӣ ё гирифтани пора дастгир мешаванд.