Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Гузоришҳо: Раққа - "пойтахти" ДИИШ аз дасти ҷангиён озод шуд

Нирӯҳое, ки аз ҷониби амрикоиҳо пуштибонӣ мешаванд, мегӯянд, назорати амниятӣ бар шаҳри Раққаро пурра таъмин кардаанд. Ин шаҳри Сурия муддати дароз қароргоҳи ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” буд. Нирӯҳо гуфтанд, ки амалиёти низомӣ дар Раққа анҷом ёфт, вале ҳоло амалиёти поккории пинҳонгоҳҳои ҷангиён идома дорад, ки метавонанд бархе маконҳои минакорӣ кардаанд.

Дар ин бора Талол Селло, сухангӯи Нирӯҳои демократии Сурия рӯзи 17 октябр хабар дод. Вай гуфт, ки дар фурсати наздик изҳороти расмӣ дар бораи пурра озод шудани шаҳр пахш мешавад. Созмони бритониёии Нозирони ҳуқуқи башари Сурия тасдиқ кард, ки воқеан ҳам “Давлати исломӣ” пурра аз Раққа ронда шудааст.

Ин шаҳр давоми чор моҳи охир ба макони муҳорибаҳои шадид табдил шуда буд. Раққа, ки ба забони дигар онро пойтахти ДИИШ мегуфтанд, дар давоми ду соли охир босуръат қаламравҳои зери назари худ даровардааш дар Сурияву Ироқро аз даст медиҳад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Соати нави алмосии Одам Қодиров 40 миллион рубл нарх доштааст

Adam Kadyrov
Adam Kadyrov

Одам Қодиров - писари 17-солаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров соате дорад, ки 40 миллион рубл нарх дошта, ду баробар бештар назар ба даромади расмии солонаи падараш мебошад. Акси ноболиғро, ки дар ҳукумати Чеченистон мақоми раиси хадамоти амнияти Рамазон Қодировро ба ӯҳда дорад, хоҳараш Табарик дар Инстаграм нашр кард.

Ба соати гаронарзиш дар дасти писари Қодиров нашрияи "Верстка" таваҷҷӯҳ кардааст. Хабарнигорон маълум кардаанд, ки соат сохти ширкати амрикоии Jacob & Co ва рақамаш Epic SF24 аст. Соат аз тиллои сафед ва 104 санги алмос сохта шудааст. Дар саросари ҷаҳон 18 дона чунин соат ба фурӯш рафтааст, ки ҳар яки он 497 ҳазор доллар арзиш дорад.

Одам Қодиров соати дигаре ҳам аз ширкати Jacob & Co дорад. Дар рӯзи тӯяш тобистони имсол ин ноболиғ соате дар даст дошт, ки яккаву ягона дар ҷаҳон аст. Ин соат бо беш аз сесад дона алмос оро дода шуда 7 миллион доллар арзиш дорад.

Одам Қодиров на танҳо раиси хадамоти амнияти раиси ҷумҳурии Чеченистон аст, балки инчунин нозири ба истилоҳ донишгоҳи хадамоти таъиноти вижаи шаҳри Гудермес, ду баталйони вазорати дифоъ, тамоми сохторҳои ВКД Чеченистон ва ҳам дабири Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ мебошад. Маълум нест оё ӯ маоши давлатӣ мегирад ва ҳаҷми он чанд аст.

Бино ба эъломияи даромадҳои Рамазон Қодиров барои соли 2021, даромади расмии ӯ 26,5 миллион рублро ташкил додааст.

Исми Одам Қодиров баъди латукӯби Никита Журавел дар як боздоштгоҳи шаҳри Грозний ба ҳамагон маълум шуд. Ин ҷавони рус барои оташ задани китоби Қуръон боздошт ва ба Чеченистон бурда шуд. Писари Қодиров унвони қаҳрамони ҷумҳуриро дорад. Ӯро инчунин дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Тотористон, Қарачаю Черкес, Қабардину Балқор ҳам бо ҷоизаву нишонҳои давлатӣ қадрдонӣ кардаанд.

Дар Белгороди Русия се сокин дар паи ҳамлаи паҳподҳо кушта шуданд

Белгород
Белгород

Дар як шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ дар вилояти Белгороди Русия се сокини маҳаллӣ кушта ва 11 нафар захмӣ шудаанд. Ин маълумотро раиси вилоят Вячеслав Гладков нашр кардааст. Ба иттилои ӯ, дар миёни кушташудаҳо сокини деҳаи Лозовое ва ду зани сокини деҳаи Головчино мебошанд.

Аксар маҷрӯҳшудаҳо сокинони деҳаи Зозули мебошанд, ки, ба таъкиди раиси вилоят, ҳангоми афтодани паҳпод дар дохили як микроавтобус қарор доштанд. Инчунин рӯзи сешанбе дар беморхонаи маҳаллӣ як сокини рӯзи 25 апрел аз ҳамлаи дрон маҷрӯҳшудае ҷон додааст. Вилояти Белгород ҳамсарҳади Украина аст ва пайваста мавриди ҳамлаҳои паҳподҳо қарор мегирад.

Вазорати дифои Русия рӯзи сешанбе дар бораи 87 паҳподи нобудкарда гузориш дод.

Дар ҳамин ҳол, шаби 16 сентябр низомиёни рус минтақаи Запорожйеи Украинаро мавриди ҳамла қарор доданд ва дар натиҷа, шабона як нафар кушта ва 13 кас маҷрӯҳ гардид. Ба иттилои маъмурияти вилоят, дар миёни осебдидаҳо ду ноболиғ ҳам мебошанд. Раиси вилоят Иван Федоров гуфт, ки шабона на камтар аз даҳ ҳамла сурат гирифт. Дар натиҷа, 10 манзили бисёрошёна ва 12 хонаи хусусӣ осеб дидааст.

Артиши Русия инчунин дар ноҳияи Пологовский ҳамла анҷом дод, ки дар паи он як марди 66-сола ҷон дод.

Ҳукми як амрикоӣ барои талоши ҷосусӣ ба манфиати Русия

F-16
F-16

Додгоҳе дар ИМА як корманди собиқи корхонаи саноати ҳарбиро барои кӯшиши ҷосусӣ ба манфиати Русия ҳабс кард. Вазорати адлияи Амрико рӯзи 15 сентябр гуфт, Ҷон Мюррей-Роу бо қарори додгоҳ ба 10,5 соли ҳабс ва 25 ҳазор доллар ҷарима маҳкум мешавад.

Мюрреи 67-сола сокини аёлати Дакотаи Ҷанубӣ буда, давоми чил сол чун муҳандиси санҷишӣ дар чандин корхонаи соҳаи саноати ҳарбии Амрико кор кардааст. Яке аз самтҳои кораш фанновариҳо марбут ба муқовимати радиоэлектронӣ будааст. Ӯ, инчунин, ба маводи махфӣ ва фавқулодда махфӣ ҳам дастрасӣ доштааст.

Тафтиш маълум кардааст, ки моҳи марти соли 2020 Мюррей бо як нафаре дар тамос шудааст, ки ӯро намояндаи ҳукумати Русия гумон кардааст. Ба ӯ гуфтааст, ки ба ҳукумати ИМА садоқат надорад ва мехоҳад ба Русия манфиатовар бошад.

Дар мулоқот бо ин шахс ӯро бо маълумоти махфӣ, аз ҷумла иттило аз соҳаи муқовимати радиоэлектроние, ки силоҳҳои амрикоӣ доранд, таъмин кардааст. Давоми ҳашт моҳ ҳамингуна ин нафарро, ки дар асл ҷосуси Бюрои федеролии тафтишоти ИМА будааст, бо маводи махфӣ таъмин кардааст.

Баъди ин, ӯро як корманди хатарнок барои ширкат номида, аз кор пеш кардаанд. Баъди ҳабс ӯ иқрор шудааст, ки ба як давлати хориҷӣ мехост маълумоти вобаста ба масоили амнияти миллиро бидиҳад.

Шурӯи амалиёти заминии Исроил дар шаҳри Ғазза

16 сентябр. Акс аз мавқеи посгоҳи исроилӣ ва борикаи Ғазза гирифта шудааст
16 сентябр. Акс аз мавқеи посгоҳи исроилӣ ва борикаи Ғазза гирифта шудааст

Артиши Исроил аз шоми душанбе, 15-уми сентябр амалиёти заминии ишғоли шаҳри Ғаззаро шурӯъ кард. Радио Свобода бо такя ба Axios менависад, дар оғоз низомиёни исроилӣ болои Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ ба роҳ монда, баъдан тонкҳо вориди шаҳр шудаанд. Як мақоми баландпояи артиши Исроил ба ин нашрия гуфтааст, ки низомиёни исроилӣ вориди Ғазза шуданд ва базудӣ ба онҳо нирӯҳои иловагӣ ҳамроҳ мешаванд.

Пеш аз оғози амалиёт артиши Исроил аз фаластиниҳо даъват кардааст, ки шаҳрро тарк карда ба қисмати ҷанубии “минтақаҳои башарӣ” бикӯчанд. Хабар дода мешавад, ки Ғаззаро 300 ҳазор кас тарк кардаанд. The Jerusalem Post менависад, ки 700 ҳазор кас дар дохил боқӣ мемонанд.

Ҳуҷум чанд соат баъди мулоқоти котиби давлатии ИМА Марко Рубио бо нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва аъзои баландпояи ҳукумати ӯ шурӯъ шуд. Манбаъҳои Axios гуфтаанд, ки Рубио дар ин мулоқот гуфтааст, ки маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп амалиёти заминиро дастгирӣ мекунад, вале мехоҳад, ки он зуд ба анҷом расад.

Исроил баъди ҳамлаи рӯзи 7 октябри соли 2023-и Ҳамос – гуруҳе, ки онро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ меноманд, дар минтақаи Ғазза амалиёти ҳарбӣ ба роҳ мондааст. Дар он ҳамла 1200 сокини мулкӣ куштаву беш аз 250 нафар гаравгон гирифта ва ба Ғазза бурда шуданд. Исроил гуфт, ки мақсадаш нобуд кардани Ҳамос дар Ғазза мебошад.

Мақомоти Исроил гуфтанд, ки яке аз ҳадафи марказии амалиёти ҳарбии Ғазза озод кардани гаравгонҳо мебошад. Бино ба иттилои ахир, то ҳол 50 нафар, аз ҷумла, сарбози соли 2014 кушташуда дар дасти гаравгонгирҳо боқӣ мемонанд. То ҳол танҳо 20 нафар аз гаравгонҳо зинда гуфта мешаванд. Вазорати беҳдошти Ғазза, ки таҳти назари Ҳамос аст, мегӯяд, аз оғози амалҳои низомӣ дар минтақа тахминан 65 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.


“Истиқлол” дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо “Ал-Наср” бозӣ мекунад

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26 муқобили бошгоҳи футболи «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ, ки дар ҳайати он капитан ё сарвони тими миллии Португалия Криштиану Роналду бозӣ мекунад, анҷом медиҳад.

Ин бозии даври аввал дар гурӯҳи «D» 17-уми сентябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор мегардад. Бозӣ соати 21:15 бо вақти маҳаллӣ (соати 23:15 бо вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ба иттилои маркази матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”, футболбозони Душанбе, ки рӯзи 15-уми сентябр вориди Арабистони Саудӣ шуданд, дар шаҳри Риёз нахустин тамрини худро зери раҳбарии сармураббӣ Игор Черевченко анҷом доданд.

Тибқи нақша 16-уми сентябр даста тамрини худро дар майдони асосии бошгоҳи “Ал-Наср” доир намуда, инчунин намояндагони “Истиқлол” дар ҷаласаи пеш аз бозӣ ва нишасти матбуотӣ иштирок мекунанд.

Рақибони «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» ба ҷуз аз «Ал-Наср»-и Риёз, ки дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, бошгоҳҳои «Ал-Завра»-и Бағдод аз Премйер-лигаи Ироқ ва «Гоа»-и иёлати Гоа аз Супер-лигаи Ҳиндустон мебошанд.

Мусобиқот дар Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.

“Истиқлол” ба минтақаи Ғарб дохил аст. Дастаи ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунад, ки соли оянда дар Лигаи элита ё бартари бошгоҳҳои футболи Осиё иштирок намояд.

Ёдовар мешавем, ду сол пеш "Истиқлол" дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 дар гурӯҳи “Е” бо тими "Ал-Наср" ду бозӣ анҷом дода буд. Душанбегиҳо дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, бозиро дар майдони худ мусовӣ (1:1) карда буданд.

Дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 14 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф роҳ ёфт. “Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт. Ин даста барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан талош кард, вале ба орзуяш нарасид.

“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 7 имтиёз зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол карданд. Ин ду даста низ аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гаштанд.

Тақвими бозиҳои «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои 2-и Осиё-2025/26


Минтақаи Ғарб


Гурӯҳи «D»

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)

«Ал-Завра» (Ироқ)

«Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Гоа» (Ҳиндустон)


Даври 1-ум

17-уми сентябр (чоршанбе)

«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)


Даври 2-юм

1-уми октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Гоа» (Ҳиндустон)


Даври 3-юм

22-юми октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Завра» (Ироқ)


Даври 4-ум

5-уми ноябр (чоршанбе)

«Ал-Завра» (Ироқ) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)


Даври 5-ум

26-уми ноябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)


Даври 6-ум

24-уми декабр (чоршанбе)

«Гоа» (Ҳиндустон) - «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Таркиши балони газ дар Суғд як наврасро маҷруҳ кард

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар пайи таркиши балони газ дар вилояти Суғд, як навраси 13-сола ҷароҳат бардоштааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳодиса субҳи 14-уми сентябр дар ноҳияи Ҷабор Расулов рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бо сабабҳои номаълум дар манзили Меҳроҷ Самадов балони газ кафидааст.

Як бошандаи 13-солаи ин хона ҷароҳат бардоштааст ва ба гуфтаи мақомот, феълан зери назорати пизишкон аст.

Мақомот гуфтаанд, сабаби таркиши газро муайян мекунанд.

Дар Тоҷикистон сокинон барои омода намудани ғизо аз гази моеъ истифода мебаранд.

Таркиши балонҳои газ дар гузашта ҳам рух дода, сабаби ҷароҳат бардоштани сокинон шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаи Исроилро маҳкум кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро маҳкум карда, онро "таҷовуз ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзӣ"- Қатар гуфтааст.

Президенти Тоҷикистон 15-уми сентябр дар нишасти саронии кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Давҳа гуфт, кишвараш "амали таҷовузкоронаро, ки поймолкунии дағалонаву ошкорои ҳуқуқи байналмилалӣ ва усулҳои бунёдии Оинномаи Созмони Милал" мебошад, "қотеона маҳкум" мекунад.

Пеш аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ҳамлаи Исроил ба пойтахти Қатарро маҳкум карда буд.

Нерӯҳои ҳавоии Исроил рӯзи 9 сентябр ба қароргоҳи гурӯҳи "Ҳамос" дар шаҳри Давҳа, пойтахти Қатар ҳамла карданд. Гурӯҳи "Ҳамос" дар баёнияе эълон кард, ки дар ин ҳамла 5 тан аз аъзои ин гурӯҳ, аз ҷумла, писари раҳбари ҳайати музокиракунандаи ин гурӯҳ Халил Ҳайя ва раиси дафтари ӯ, кушта шуданд. Аъзои ҳайати музокиракунандаи "Ҳамос" аз ин ҳамла ҷони солим бадар бурдаанд.

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин ҳамлаи Исроилро маҳкум карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши кишварҳои Созмони ҳамкории исломӣ ҳамчунин аз он нигаронӣ кардааст, "дар тӯли ду соли охир ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди вазъи фоҷеабори инсонӣ дар Навори Ғазза аст ва ҳанӯз ҳам ормонҳои мардуми Фаластин мавзӯи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ боқӣ мондаанд".

Ҷанги навбатӣ миёни фаластиниҳо ва Исроил рӯзи 7 октябри соли 2023 бо ҳамлаи гурӯҳи "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Тибқи оморҳои Исроил, ҳар ин ҳамла "Ҳамос" 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 251 тани дигарро ба гарав бурд.

Бар асоси эълони мақомоти маҳаллии фаластинӣ, аз он замон то кунун беш аз 64 ҳазор нафар, ки аксарашон ғайринизомӣ ҳастанд, дар ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза кушта шудаанд.

Нақши кӯҳи Арарат аз муҳри марзбонони Арманистон бардошта мешавад

 Кӯҳи Арарат дар пасманзари шаҳри Ереван - пойтахти Арманистон
Кӯҳи Арарат дар пасманзари шаҳри Ереван - пойтахти Арманистон

Бо як қарори ҳукумати Арманистон, аз 1 ноябри соли ҷорӣ аз муҳри марзбонони ин кишвар дар бораи убури сарҳади давлатии Арманистон нақши кӯҳи Арарат пок карда мешавад.

Ба ҷои он дар рӯи муҳр навиштаҷоти “Арманистон” ба забонҳои англисӣ ва арманӣ, номи гузаргоҳи марзӣ, санаи убури марз ва ҳам рамзи истгоҳи марзии ҳавоӣ, роҳи оҳан ё гузаргоҳи заминӣ ифода мешавад.

Кӯҳи Арарат рамзи миллии Арманистон буда, он дар рӯи герб ё нишони миллии ин кишвар кашида шудааст, вале аз ҷиҳати ҷуғрофиёӣ ин кӯҳ дар қаламрави Туркия ҷойгир мебошад.

Ин тағйирот иқдоме дар самти оддисозии муносиботи миёни Ереван ва Анкара дониста мешавад, ки дар паи саркӯби арманитаборҳо дар Туркияи Усмонӣ дар соли 1915 ва даъвои Арманистон барои эътирофи наслкушӣ ва ҳам низои Арманистону Озарбойҷон барои Қаробоғи кӯҳӣ бад шудааст.

Сарҳади миёни Арманистону Туркия аз соли 1993 баста буда, вале соли 2022 миёни ду кишвар парвози ҳавопаймоҳо аз сар гирифта шуд ва фиристодаҳои вижа дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ музокиротро барпо кардаанд.

навшуда

Дидори сафири Тоҷикистон бо мақомоти Толибон дар Кунар

Акс аз сомонаи “Афғонистон интернешинал”
Акс аз сомонаи “Афғонистон интернешинал”

Толибон хабар доданд, ки сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Саъдӣ Шарифӣ ба Кунар сафар карда, бо волии ҳукумати Толибон мулоқот кардааст.

Телевизиони “Афғонистон интернешинал” навишт, ки сафир рӯзи 14-уми сентябр кумаки Тоҷикистон ба осебдидагони заминларзаро расондааст.

Ба навиштаи "Афғонистон интернешинал", дипомати тоҷик аз номи президенти Тоҷикистон паёми таслият расонда, гуфтааст, ки кишвараш ба осебдидагони заминларза кумаки изофӣ хоҳад расонд.

Матбуоти расмӣ дар Тоҷикистон ин хабарро нашр накардааст.

Зилзилаи шашдараҷаии рӯзи 31 август дар вилоятҳои шарқии Афғонистон, аз ҷумла, Кунар, Нангарҳор ва Лағмон наздик ба ду ҳазор нафарро кушта ва ҳазорон нафарро маҷрӯҳу бехона кард.

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ба осебдидагони ин заминларза дар сад мошини боркаш маводи озуқа фиристодаанд.

Додситони кулл Игор Краснов раиси Додгоҳи олии Русия мешавад

Игор Краснов
Игор Краснов

Коллегияи олии додрасҳои Русия номзадии Игор Краснов, додситони кулли Русияро ба мақоми раиси Додгоҳи олии ин кишвар дастгирӣ кард. Акнун бояд номзадии ӯро Шӯрои Федератсия қабул кунад. Раиси Додгоҳи олии Русия бо пешбарии президент ба мӯҳлати шаш сол таъин мешавад.

Раиси пешини Додгоҳи олии Русия Ирина Подносова соли гузашта, баъди як соли ишғоли ин мақом даргузашт. Красновро шахси мавриди назари Путин меноманд.

Ӯ 50 сол дошта, аз соли 2006 дар Додситонии кулл ва Кумитаи тафтишот кор мекунад. Дар миёни парвандаҳое, ки зери назари ӯ таҳқиқ шудаанд, сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс, куштори Борис Немтсов ва хабарнигор Анастасия Бабурова мебошанд.

Краснов соли 2020 додситони кулл таъин шуд ва дар давраи ӯ чандин парвандаи зидди мухолифон, аз ҷумла раҳбари Бунёди зидди коррупсия Алексей Навалний боз шудааст.

Низоми адлияи Русияро барои ҳукмҳои ноодилонаву фармоишӣ ва олудагиаш ба фасод бисёр интиқод мекунанд.

Арзиши пасти пахта деҳқони тоҷикро дилсард кардааст

Дар Тоҷикистон то 11 сентябр дар ҳаҷми беш аз 85 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба солҳои пеш камтар мебошад. Ба мавзӯи чиниши маҳсулоти аз назари давлат стратегии кишоварзӣ хабаргузории давлатии “Ховар” таваҷҷӯҳ карда гуфтааст, ки "арзиши пасти харидории пахта” сабаби асосии иҷро нашудани нақша ва коҳиши ҳаҷми ҳосил мебошад.

Манбаъ менависад, “солҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши майдони кишт ва ҷамъоварии пахта ба қайд гирифта шудааст. Агар соли 2022 зиёда аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, пас соли 2024 ҳамагӣ 254 ҳазор тонна пахта ҷамъ карда шудааст”.

Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Зикриёхон Ҳайдаров гуфтааст, ки мушкили асосии пахтакорони тоҷик норасоии техникаи муосири пахтағундор ва кам будани нархи хариди пахта мебошад.

Ин мушкилро чанде пеш бархе кишоварзони тоҷик ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баён карда буданд. Масалан, як кишоварзе аз ноҳияи Ҳамадонӣ оғози моҳи сентябр бо нашри навори видеоие аз майдони кишташ гуфт, як килограмм пахта имсол “6-6,5 сомонӣ пешниҳод мешавад ва ин хароҷоти деҳқонро намепӯшонад”. Ин ҳам дар ҳолест, ки кишоварзон дар дигар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон имсол аз маҷбурӣ кишт кардани пахта шикоят карданд.

Мунаққидон мегӯянд, Тоҷикистон, ки дар даврони иқтисоди нақшавиву дастурии шӯравӣ соле аз як миллион тонна ҳам бештар пахта истеҳсол мекард, дар даврони истиқлолият натавонист мушкили соҳаро пурра ҳал кунад ва кишоварзи пахтакор як қишри ноозоду дастнигар боқӣ мемонад.

Айни замон назорат бар соҳаи фурӯши пахта дар кишвар аз ҷониби ширкатҳои наздик ба ҳукумат монополия шуда, даромади аслӣ аз фурӯши “тилло”-и сафедро онҳо ба даст меоранд. Кишоварзон ҳамасола аз дастурӣ будани кишти пахта ва кам будани даромади он, боло будани нархи дорувории кишоварзӣ, хушксолӣ ва дигар мушкилот шикоят карда инро чун далели дилгарм набудани худ ба соҳаи пахтакорӣ меноманд.

Узбекистон базудӣ ба шаҳрвандони Русия ҳақи вуруд бо ID-кортро фароҳам мекунад

Узбекистон мехоҳад барои шаҳрвандони Русия ҳақи вуруд ба ин кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-корт иҷоза диҳад. Дар Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ба нашрияи “Известия” гуфтаанд, ки Тошканд ва Маскав имкони ба шаҳрвандони Русия додани иҷозаи вуруд ба Узбекистон бо шиносномаи дохилиро баррасӣ доранд.

Ҳоло шаҳрвандон Русия ба Узбекистон бо шиносномаҳои хориҷӣ равуо мекунанд. Узбекистон аввал шуда ба шаҳрвандони Қирғизистон иҷоза дод, ки бо шиносномаҳои дохилӣ ба ин кишвар сафар кунанд. Аз соли 2023 сокинони Узбекистону Қирғизистон ба кишварҳои ҳамдигар бо ID-корт сафар мекунанд.

Соли гузашта Узбекистон тасмим дошт бо Тоҷикистон ҳам тартиби сафар бо корти дохилиро ба роҳ монад. Моҳи майи имсол хабар дода шуд, ки Узбекистон имкони вуруди шаҳрвандони Русия, Қазоқистона Озарбойҷонро барои 30 рӯз бо шинохсномаи дохилӣ ё ID-корт баррасӣ дорад.

Умеди Ҷаҳон, овозхони эронӣ даргузашт

Умеди Ҷаҳон, як овозхони попи эронӣ дар 43-солагӣ даргузашт. Ин сароянда, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводори зиёд дошт, пас аз як консерт дар шаҳри Бами Эрон дучори сактаи қалб шудааст.

Бино ба эълони мудири кулли фарҳанг ва иршоди шаҳри Кирмони Эрон, Умеди Ҷаҳон пас аз иштирок дар ҷашни “Хурмои Бам”, замоне, ки мехост ба мошин нишинад, "дучори исти қалб шуда ва рӯзи шанбе, 13-уми сентябр даргузаштааст".

Умеди Ҷаҳон дар соли 1982 дар шаҳри Ободони Эрон таваллуд шудааст. Вай фарзанди Маҳмуди Ҷаҳон аст, ки ӯ ҳам як сарояндаи шинохта дар Эрон буд.

Сурудҳои Умеди Ҷаҳон дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёд дорад. Ин сароянда ба Тоҷикистон мунтазам рафтуомад дошт ва як муддат инҷо кору зиндагӣ кардааст.

«Регар-Тадаз» бори ҳаштум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

Акс аз телевизион
Акс аз телевизион

Бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар бозии ниҳоӣ дастаи «Эсхата»-и Хуҷандро бо ҳисоби 5:0 шикаст дод, бори ҳаштум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 14-уми сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури наздики 14 ҳазор тамошобин доир гардид.

Дар нимаи аввали бозӣ футболбозони шаҳри Турсунзода ба дарвозаи “Эсхата” ду гол заданд. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев дар дақиқаи 7-ум ва Самандар Қодиров дар дақиқаи 21-ум ба самар расонданд.

Се голи дигарро регариҳо дар нимаи дуюми дидор ба дарвозаи хуҷандиҳо ворид карданд. Шуҳрат Элмуродов ду гол (86, 90+21) ва капитан ё сарвони “Регар-ТадАЗ” Нозим Бобоҷонов як гол (90+7) заданд.

“Эсхата” бори аввал дар финали Ҷоми Тоҷикистон рақобат кард. “Регар-ТадАЗ” бошад, бори 16-ум дар бозии ниҳоии ин мусобиқот иштирок намуда, дар ҳаштоаш пирӯз шудааст. Аз ҷумла ду соли ахир пайиҳам регариҳо барандаи Ҷоми Тоҷикистон мешаванд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ нахуст гурӯҳи доварони бозии ниҳоӣ бо сарварии довари FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе мукофотонида шуданд.

Сипас ба бозигари беҳтарини бозии ниҳоӣ Шервонӣ Мабатшоев, нимҳимоятгари “Регар-ТадАЗ”, ҷоиза тақдим гардид.

Ба дастаи “Эсхата” (сармураббиаш Шуҳратҷон Умаров) медалҳои нуқра ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Дастаи “Регар-ТадАЗ” (сармураббиаш Алишер Тухтаев) бо Ҷоми Тоҷикистон, медалҳои тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Мусобиқот барои Ҷоми Тоҷикистон бори 35-ум сурат гирифт. Ҷоми миллиро аз ҳама бештар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе (10 бор) ва “Регар-ТадАЗ” (8 бор) ба даст овардаанд.

Соли гузашта дастаи “Регар-ТадАЗ” дар бозии ниҳоӣ тими “Хуҷанд”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода буд.


Ҷоми Тоҷикистон-2025

Финал

«Регар-ТадАЗ» - «Эсхата» – 5:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 7 (1:0). Самандар Қодиров, 21 (2:0). Шуҳрат Элмуродов, 86 (3:0). Шуҳрат Элмуродов, 90+1 (4:0). Нозим Бобоҷонов, 90+7 (5:0).

Аз майдон хориҷ шуд: Бахтиёр Зарипов («Эсхата»), 90+1 – корти дуюми зард.

Беҳтарин бозигари дидор: Шервонӣ Матабшоев («Регар-ТадАЗ»).

14-уми сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 13 850 тамошобин.


НАТОИҶИ ҲАМАИ БОЗИҲОИ НИҲОИИ ҶОМИ ТОҶИКИСТОН (1992-2025):

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналти – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «ҲИМА» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «ҲИМА (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналти – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 6:5

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 4:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:2

2022 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 2:2. Аз рӯи пеналти – 5:4

2023 – «Равшан» (Кӯлоб) - «Истиқлол» (Душанбе) –– 1:1. Аз рӯи пеналти – 2:4

2024 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) –– 2:1

2025 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Эсхата» (Хуҷанд) –– 5:0

Аз оғози сол дар Русия 62 созмонро "нохушоянд" эълон карданд

27385719
27385719

Додситонии кулли Русия аз оғози соли 2025 фаъолияти 62 созмони хориҷӣ ва байналмилалиро номатлуб эътироф кардааст.

Дар ин бора Алексей Жафяров, муовини сардори Раёсати назорати риояи қонунгузорӣ оид ба амният хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин созмонҳо ба талоши ноором кардани вазъ дар Русия, дахолат ба равандҳои интихоботӣ ва бадном кардани сиёсати давлат даст доранд. Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” ҳам ба ин феҳраст шомил шудааст. Жафяров гуфтааст, ин созмон барои фаъолияти пайвастаи зиддирусиягии худ ва паҳн кардани хабарҳо дар бораи нақзи озодии баён дар кишвар созмони номатлуб дониста шудааст.

Ба иттилои Жафяров, аз оғози сол дар Русия барио ҳамкорӣ бо “Созмонҳои номатлуб” 130 парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Барои фаъолият дар “созмонҳои нохушоянд” дар Русия ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст. То охири соли 2024 дар ин кишвар 200 созмон мамнӯъ ё номатлуб эълон шуда буд.


Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG