Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Даргузашти писари 16-солаи Сурайёи Қосим

Эмомалиҷони Хуршед -- писари ягонаи овозхони маъруф тоҷик Сурайёи Қосим шаби 17 ба 18 апрел дар 16-солагӣ аз дунё даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ҷанозаи Эмомалиҷони Хуршед рӯзи 18 апрел дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад.

Садбарг Қосимова, хоҳари Сурайёи Қосим сешанеби 18 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хоҳарзодааш дар шаҳри Душанбе даргузашт ва ҷасади ӯро шаби гузашта ба Кӯлоб оварданд. Садбарг Қосимова афзуд, ки Эмомалиҷон аз чанд сол ба ин тараф аз бемории саратони хун ранҷ мекашид ва шаби гузашта бемориаш хуруҷ кард ва пас аз чанд соат аз дунё даргузашт.

"Ҳамин шаб яку якбора мазааш гурехт ва тарки ин дунё кард. Шабона ҷасадро мо ба Кӯлоб овардем ва ҷанозааш дар зодгоҳ баргузор мешавад. Ҷиянам бемори саратон буд, ҳарчанд табобат кардем, аммо тақдир ҳамин будааст",-гуфт Садбарг Қосимова.

Сурайёи Қосимова 4 фарзанд -- 3 духтар ва як писар дошт. Ду духтари калонии ӯ, Рӯзимоҳ ва Шабнами Сурайё аз шавҳари аввалаш ва дуи дигар -- Фарзона ва Эмомалиҷони Хуршед аз издивоҷи дувуми ин овозхон маъруф бо Хуршед Рабиев буд. Зимнан, Хуршед Рабиев -- писари раиси собиқи Кумитаи дин Ҳабибулло Рабиев моҳи сентябри соли 2013 даргузашт.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Изҳори ҳамбастагии сафири Амрико бо мардуми Украина

Харков, Украина. Рӯзи 6-уми апрели 2025
Харков, Украина. Рӯзи 6-уми апрели 2025

Дар пайи ҳамлаҳои беисти Русия ба минтақаҳои ғайринизомии Украина, сафири Амрико бо Киев изҳори ҳамбастагӣ кард.

Изҳороти сафир як рӯз баъди он садо дод, ки Владимир Зеленский, президенти Украина, Вашингтонро барои "вокуниши суст" ба ҳамлаҳои маргбори Маскав танқид намуд.

Бридҷет Бринк рӯзи 6-уми апрел дар шабакаи "X" навишт: "Дар рӯзи мотами миллӣ, дар пайи ҳамлаи мушакии Русия ба Кривой Роҳ, ки боис ба кушта шудани 20 кас, аз ҷумла 9 кӯдак шуд, бо мардуми Украина изҳори ҳамбастагӣ мекунем."

"Мо ҳамдардии худро ба хонаводаҳо ва азизони тамоми қурбониён ва маҷруҳон иброз медорем," – афзуд ӯ.

Сафири Амрико дар Украина гуфт, "аз соати шашуними субҳ Киев ва минтақаҳои дигари Украина ҳамчунон зери ҳамлаҳои мушакии Русия қарор доранд. Садои таркишҳои сахт дар пойтахт ва гузоришҳое аз ҳамла дар чандин шаҳр шунида мешавад."

Дар ҳамин ҳол, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, дар вокуниш ба ҳамлаҳои беисти Русия ба минтақаҳои ғайринизомии Украина, хоҳони "чораҳои қотеъ" шуд.

Чойхонаи "Роҳат" дар Киев аз ҳамлаҳои Русия вайрон шудааст

Чойхонаи тоҷикии "Роҳат" дар пойтахти Украина рӯзи 6-уми апрел дар ҳамлаи мушакии Русия қисман вайрон шудааст.

Чанд тоҷики муқими Киев рӯзи 7-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чойхона корношоям шуд ва дарҳояшро ба рӯи муштариён бастанд.

Ба гуфтаи онҳо, чанд мушаки Русия ба атрофи чойхона афтода, тирезаҳои онро шикаст ва дохили биноро хароб кард.

Соҳиби чойхона гуфт, дар фурсати зудтарин дубора кори он оғоз хоҳад шуд. Вай нагуфт, ки аз ин ҳамла чӣ қадар зиён дидааст.

Бори аввал нест, ки ин чойхона зиён мебинад. Моҳи феврал дар чунин ҳамлае чойхонаи "Роҳат" сӯхта буд.

Чойхонаи "Роҳат" бо пешниҳоди таомҳои миллӣ дар маркази Киев як макони маъруф барои тоҷикони муқими Украина ва баъзе аз сокинони маҳаллӣ дониста мешавад. Барои то сад муштарӣ ҷой дорад.

Дар аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки сафорати Тоҷикистон дар Украина низ аксар чорабиниҳои фарҳангияшро дар ҳамин чойхона мегузаронад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чойхонаи "Роҳат"-и Киев бомбаборон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:12 0:00

Кумитаи дин: Мухолифи таъмири масҷиди сӯхта дар Исфара нестем

Масҷиди деҳаи Хушобод дар моҳи феврали имсол оташ гирифт
Масҷиди деҳаи Хушобод дар моҳи феврали имсол оташ гирифт

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба гузориши Радиои Озодӣ дар бораи иҷозаи таъмир надодан ба як масҷиди сӯхта дар Исфара вокуниш кард. Намояндагони Кумита навиштанд, ки барои бозсозии ибодатгоҳ мухолифат надоранд.

Сокинони деҳаи Хушободи Исфара ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки як моҳ пеш масҷиди деҳаашон ба коми оташ рафт, аммо мақомот иҷозат намедиҳанд онро дубора барқарор кунанд.

Вокуниши Кумитаи дин рӯзи 7-уми апрел дастраси Радиои Озодӣ шуд. Дар он омадаст, ки "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин барои бозсозии масҷиди панҷвақтаи деҳаи Хушободи шаҳри Исфара зид нест."

Ин ниҳод гуфтааст, солҳои гузашта чанд масҷид, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Турсунзода сӯхта буданд ва баъд аз гирифтани хулосаи идораи оташнишонӣ барои бозсозии ҳарду ибодатгоҳ иҷозат дода шуд.

“Бинобар ин, дар ҳолати пешниҳод гардидани хулосаҳои зикршуда ва дархости ҳайати муассисон, Кумита барои бозсозии масҷиди панҷвақта дар деҳаи Хушободи шаҳри Исфара низ зид нест,”-омадааст дар посухи Кумитаи дин.

Ба гуфтаи сокинони Хушобод, масҷиди деҳа дар моҳи феврали имсол оташ гирифт. Мардум сабаби ҳодисаро ба ҳам расидани сими барқ мегӯянд. Сокинон бо ирсоли видео ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мардум барои бозсозии масҷид пул ҷамъ кардаанд, аммо мақомот иҷозат намедиҳанд. Дилбар Қурбонова, раиси ҷамоати Хонобод, рӯзи чоруми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, “аввал хулосаи идораи сӯхторнишониро гиранд, баъд ин масъаларо дида мебароем.”

Мақомоти шаҳри Исфара намегӯянд, ки хулосаи санҷиши идораи оташнишонӣ кай мерасад. Дар посухи Кумитаи дин омадааст, соли 2023 баъди сӯхтани масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттути шаҳри Турсунзода, хулосаи идораи оташнишонӣ баъди шаш моҳ расида буд.

Тибқи омор, дар Тоҷикистон беш аз чор ҳазор масҷидро ба рӯйхат гирифтаанд. Як масҷид ба сари ду-дуним ҳазор кас. Аксари онҳо масҷидҳои панҷвақта ҳастанд, вале сокинон ҳар чанд вақт аз душвории сабтином ва ё эҳтимоли баста шудани ибодатгоҳҳо шикоят мекунанд.

Чаро ба таъмири масҷиди сӯхта иҷозат намедиҳанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00


Сабукии дигари ҳукумат ба “Сомон Эйр” дар Тоҷикистон

Tajikistan -- Somon Air company's airplane, 17Oct2019
Tajikistan -- Somon Air company's airplane, 17Oct2019

Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати овардани ду ҳавопаймои ширкати “Сомон -Эйр”-ро ба кишвар дароз кард.

Ҳамчунин ин ширкат аз пардохти боҷи гумрукӣ ва молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда барои ду ҳавопаймо озод шудааст.

Радиои Озодӣ қарори ҳукуматро рӯзи 7-уми апрел дид.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ширкати “Сомон Эйр” ҳақ дорад, ду ҳавопаймои “Боинг 737-800”-ро то 30-юми августи соли 2026 ба кишвар биорад.

Ширкат аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми овардани ҳавопаймоҳо озод аст, вале маблағи умуми он маълум нест.

Дар қарори ҳукумат “воридоти муваққатӣ” навишта шудааст, аммо маълум нест, ки ҳавопаймоҳо барои чанд вақт ба Тоҷикистон оварда мешаванд.

Дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр” пештар хабар дода буд, ки ҳавопаймоҳои “Boeing 737-800” аз ширкати лизингии DAE Capital-и Имороти Муттаҳидаи Араб харида мешаванд.

“Сомон Эйр” ягона ширкати мустақили ҳавопаймоӣ ва дар айни замон ширкати бидуни рақиби ҷиддӣ дар Тоҷикистон аст.

Гуфта мешавад, “Сомон Эйр” ба яке аз наздикони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад ва борҳо барои монополияи бозор танқид шудааст.

Омодабоши артиши Эрон баъд аз ҳушдори президенти Амрико

Акси Доналд Трамп ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Акси Доналд Трамп ва Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Дар пайи таҳдиди раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба бомбаборони Эрон, артиши ин кишвар ба ҳолати омодабоши ҷангӣ гузаштааст.

Хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба мақомоти баландпояи Эрон навишт, дастури омодабоши артиш аз сӯи роҳбари олии ин кишвар Алии Хоманаӣ содир шудааст.

Трамп дар охири моҳи март таҳдид кард, ки агар Вашингтон ва Теҳрон дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ба созиш нарасанд, Иёлоти Муттаҳида ба Эрон ҳамла мекунад.

Ба иттилои манобеи “Рейтерс”, Эрон музокироти мустақимро бо Амрико рад карда, гуфтааст, бо Вашингтон аз тариқи миёнарав музокира мекунад.

Теҳрон мехоҳад Умон миёнарави ин гуфтугӯҳо бошад.

Ба гузориши “Рейтерс”, Эрон ба Ироқ, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар, Туркия ва Баҳрайн нома навишта, ҳушдор додааст, ки ҳаргуна дастгирӣ аз ҳамлаи Амрико ба Эрон ҳамчун “амали душманона” баҳо дода мешавад.

Дар номаи Теҳрон омадааст, ёрӣ ба Амрико дар ҳамла ба Эрон “барои кишварҳо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад овард.”

Доналд Трамп аз замони бозгашт ба Кохи Сафед борҳо гуфтааст, ки музокирот ва даст ёфтан ба созиши ҳастаӣ бо Эронро бар ҳамлаи низомӣ тарҷеҳ медиҳад.

Ҳалокати 880 кас дар садамаҳои таътилоти наврӯзӣ дар Эрон

Дар таътилоти наврӯзии имсол дар Эрон дастикам 880 нафар бар асари садамаҳои автомобилӣ ҷон бохтанд ва беш аз 20 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Масъулини пулиси роҳи ин кишвар рӯзи якшанбе, 6 апрел аз сар задани дастикам як миллион садама дар рухсатиҳои наврӯзӣ, хабар доданд.

Дар ин рӯзҳо рафтуомади воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳҳои Эрон бештар мешавад ва шумори садамаҳо ва маргу мир низ афзоиши чашмгир меёбад.

Дар Афғонистон низ дар чаҳор рӯзи Иди Фитр дастикам 30 нафар дар садамаҳои ҷодаӣ ҷон бохтаанд ва 155 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Раёсати назорати роҳҳои ҳукумати Толибон эълон кардааст, ки ҳадди ақал 80 садама дар Афғонистон сабт шудааст.

Покистон мегӯяд, 8 шахси мусаллаҳ дар марзи Афғонистон кушта шуданд

Артиши Покистон мегӯяд, ки нерӯҳои ин кишвар дар як даргирӣ дар минтақаи қабоилинишин, 8 тан аз мухолифони мусаллаҳро, ки талош доштанд аз тариқи марзи Афғонистон вориди Вазиристони шимолӣ шаванд, куштаанд.

Дафтари матбуоти артиши Покистон рӯзи якшанбе, 6 апрел бо нашри хабарномае гуфт, нерӯҳои амниятии ин кишвар, шоми шанбе пас аз пайгирии як гурӯҳи ёздаҳнафара аз шӯришиёни мусаллаҳ, бо онҳо даргир шуданд, ки дар натиҷа 8 тани онҳоро куштанд ва 3 тани дигарро захмӣ карданд.

Хабарнома мегӯяд, ки Исломобод борҳо аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон хостааст, то марзҳои худро ба таври муносибат муҳофизат кунад ва бо амалӣ кардани ӯҳдадориҳои худ нагузорад, ки хоки Афғонистон алайҳи Покистон истифода шавад.

Ҳукумати Толибон дар мавриди ин изҳороти тозаи артиши Покистон чизе нагуфтааст. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Толибон пеш аз ин дар посух ба иттиҳомоти ба ин монанди Исломобод гуфта буд, ки аз Покистон мехоҳад, то ба ҷойи изҳороти "ғайримасъулона", ба амният ва ҳалли мушкилоти дохилии худ таваҷҷуҳ кунад.

Эътирозҳо алайҳи Доналд Трамп ва Илон Маск дар ИМА

Эътироз алайҳи сиёсатҳои Доналд Трамп. Ню-Йорк 5 апрели соли 2025
Эътироз алайҳи сиёсатҳои Доналд Трамп. Ню-Йорк 5 апрели соли 2025

Садҳо нафар дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва Илон Маск, мудири Департаменти коромадии ҳукумат (DOGE) эътироз карданд. Ин бузургтарин тазоҳурот аз замони интихоби дубораи Трамп ба мақоми президенти ИМА гуфта мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, дар тамоми аёлатҳо беш аз ҳазор намоиши эътирозӣ баргузор шуд. Яке аз тазоҳурот дар наздикии майдони бозии голфи Трамп дар аёлати Флорида гузашт. Ба гузориши “Ройтерс”, наздики 400 нафар дар назди манзили президент дар ин аёлат ҷамъ шуданд.

Созмондиҳандагони тазоҳурот, ки асосан тарафдорони демократҳо мебошанд, гуфтанд, муқобили ғасби қудрат ҳастанд. Муътаризон аз барканории кормандони давлатӣ, бастани ниҳодҳо, коҳиши маблағгузории бахши тандурустӣ ва андозҳои нав норозигӣ карданд.

Дар пайи чунин норозигиҳо, Трамп тариқи шабакаи иҷтимоиаш Truth Social, аз мушкилиҳои вазнин дар шароити ҷанги тиҷоратӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши “Ройтерс”, ҳафтаи равон маҳбубияти Доналд Трамп то 43 дарсад паст шудааст. Ин пастарин нишондод аз замони бозгашти Трамп ба Кохи Сафед аст.

Русия бо мушакҳои баллистикӣ ба Киев ҳамла кардааст

Пайомади ҳамла ба Киев. 6 апрели соли 2025
Пайомади ҳамла ба Киев. 6 апрели соли 2025

Шаби 5 ба 6-уми апрел артиши Русия ба сӯи шаҳри Киев мушакҳои баллистикӣ партоб кард. Ба иттилои Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Украина, дар пайи ин ҳамла як нафар кушта ва 3 каси дигар маҷруҳ шудааст. Ду нафари онҳоро бистарӣ кардаанд.

Виталий Кличко, шаҳрдори Киев гуфт, дар ноҳияи Дарнитскийи Киев ҷасади як нафар пайдо шудааст. Ҷанозаро дар кӯча ва дар наздикии макони афтидани мушак пайдо кардаанд.

Дар се ноҳияи Киев сӯхтор сар зада, чанд мошин зарар дидааст. Шаҳрдори Киев гуфт, бинои як маркази тиҷоратӣ ҳам осеб дид.

Бридҷит Бринк, сафири ИМА дар Киев, дар шабакаи X (Твиттер) навишт, "то соати 6:30-и субҳ, шаҳри Киев ва қисматҳои боқимондаи Украина зери ҳамлаи мушакҳои баллистикии Русия қарор доранд. Дар пойтахт садои таркиши сахт ба гӯш мерасад ва аз дигар шаҳрҳо низ дар бораи ҳамлаи паҳподҳо гузориш мерасад."

Пештар Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз сафири ИМА дар Киев интиқод кард, ки дар баробари ҳамлаи Русия ба шаҳри саноатии Кривой Рог вокуниши ҷиддӣ накард. Рӯзи 4-уми апрел дар ин ҳамла,дастикам 18 нафар кушта шуданд, ки нисфи онҳо кудакон ҳастанд.

Сафири Амрико дар Украина навишт, аз ин ҳодиса ба ваҳшат афтидааст ва маҳз барои пешгирӣ аз ин гуна фоҷиаҳо, “ҷанг бояд қатъ шавад.” Бринк ба Русия ягон ишора накардааст.

Хабарнигори "Медуза" барои ҳамкорӣ бо "созмони номатлуб" ҷарима шуд

Додгоҳе дар Маскав хабарнигори нашрияи "Медуза" Лилия Яппароваро бо иттиҳоми ширкат дар кори "созмони номатлуб", 15 ҳазор рубл ($177) ҷарима кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии додгоҳ ва ҳам нашрияи “Медуза” хабар додааст. Ҳукм 1-уми апрел содир шудааст.

Ҷузъиёти қарори додгоҳ маълум нест ва барои ҳамин рӯшан нест, ки хабарнигорро бар асоси кадом далелҳо ҷазо додаанд.

Додситонии кулли Русия моҳи январи соли 2023, нашрияи "Медуза"-ро ба рӯйхати "созмонҳои номатлуб" ворид кард. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳое, ки ба ин рӯйхат шомил шудаанд, метавонад сабабгори ҷавобгарии ҷиноӣ шавад.

Ба ҳисоби нашрияи "Медуза", танҳо дар соли гузашта додгоҳҳои Русия 81 касро барои ҳамкорӣ бо "созмони номатлуб" ҷарима кардаанд.

Вокуниши Туркия ба созиши марзии се кишвари Осиёи Марказӣ

Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов. Вилояти Суғд, 31-уми марти 2025
Эмомалӣ Раҳмон бо Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов. Вилояти Суғд, 31-уми марти 2025

Туркия аз созиши марзӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Туркия дар изҳороте гуфтааст, "мо итминон дорем, ки ин созишнома ба сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад."

Раҳбарони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон рӯзи 31-уми март созишномаро дар бораи нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар имзо карданд. Маросим дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд.

Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар гузашта бар сари таъйини марз ва убуру мурур аз қаламравҳои якдигар мушкил доштанд. Ин номуайянӣ дар чор соли пеш дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон сабаби задухӯрдҳои мусаллаҳона гашт ва аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузошт.

Имтиёзи ҳукумати Тоҷикистон барои ворид кардани садҳо тонна маҳсулот

Ҳукумати Тоҷикистон воридоти садҳо тонна маҳсулотро ба кишвар, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод кардааст. Радиои Озодӣ 6-уми апрел бо муҳтавои қарори ҳукумат дар ин бора шинос шуд.

Бар асоси ин санад, Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ бе пардохтани боҷи давлатӣ ва танҳо бо супоридани ними андоз аз арзиши иловашуда (НДС) ин маҳсулотҳоро ба кишвар ворид мекунад:

  • 100 ҳазор тонна гандум
  • 2 ҳазор тонна орд
  • 30 ҳазор тонна шакар
  • Ҳазор тонна равғани растанӣ
  • Ҳазор тонна биринҷ
  • 2 ҳазор тонна гушт
  • Ҳазор тонна гӯшти қимаи мурғ
  • 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ
  • 100 ҳазор тонна бензин

Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз додани имтиёз ба Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ, муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ аст. Аммо соҳибкорон ва коршиносони иқтисодӣ, додани имтиёз ба як идораи давлатиро, ки иштирокчии бозор аст, хилофи рақобат медонанд.

Axios: Нахуствазири Исроил ба ИМА сафар мекунад

Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу
Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу

Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қарор аст рӯзи душанбеи 7-уми апрел ба Вашингтон сафар кунад. Дар ин бора нашрияи Axios бо такя ба манобеаш хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, дар сурати анҷоми ин сафар, Нетаняҳу аввалин роҳбари хориҷӣ мешавад, ки шахсан бо Доналд Трамп вохӯрда, барои бекор кардани таърифаҳо талош мекунад.

Ҳафтаи гузашта Иёлоти Муттаҳида барои воридоти мол аз аксар кишварҳои ҷаҳон таърифа (тариф, тарофа) ҷорӣ кард. Ин таърифаҳо барои молҳое, ки аз Исроил вориди Амрико мешаванд 17 дарсад муқаррар шудааст. Пештар Тел-Авив ваъда дода буд, ки ҳамаи таърифаҳоро барои молҳо ИМА бекор мекунад.

Дар назар аст, ки Трамп ва Нетаняҳу ҳамчунин музокироти ба бунбаст расидаи оташбас дар Ғазза ва мавзӯи Эронро баррасӣ кунанд.

Раиси вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ аз пулис хост, афғонҳоро ихроҷ накунанд

Алӣ Амин Гандопур, раиси аёлати Хайбар-Пахтунхоҳи Покистон мегӯяд, ба пулис ва низомиён дар ин минтақа дастур додааст, ки паноҳҷӯёни афғонро ихроҷ накунанд.

Ин мақоми покистонӣ рӯзи 4 апрел дар нишасти хабарӣ гуфт, "паноҳҷӯёни афғонро аз ин аёлат ҳеҷ касе бо зӯр ихроҷ намекунад. Ин як паёми рӯшан аст. Паёми рӯшани ман ба пулис ва низомиёни аёлат ин аст, ки ҳеҷ касеро ихроҷ накунед. Зеро бо вазъияте, ки дар онҷо вуҷуд дорад, ҳукумати Толибонро онҳоро қабул надорад. Барои онҳо шароити будубош фароҳам нест. Барои хӯрдан ва нӯшидан чизе надоранд. Ихроҷи онҳо сиёсати мо ва дар дастури кори мо нест ва намегузорем чунин шавад".

Ҳукумати Покистон дар моҳи январи соли ҷорӣ эълон кард, ки дорандагони корти шаҳрвандии Афғонистон бояд то 31 март ин кишварро довталабона тарк кунанд ва дар ғайри он, бо зӯр ихроҷ хоҳанд шуд.

Ҳукумати Покистон аз аввали моҳи апрел раванди боздошти ихроҷи муҳоҷирони афғонро дар бахшҳои гуногуни Покистон сахттар кард ва даҳҳо тан аз ин муҳоҷиронро, ки дар Исломобод ва Равилпиндӣ боздошт шуда буданд, аз тариқи гузаргоҳи "Турхам" ба Афғонистон ихроҷ кард.

Бархе аз масъулини умури муҳоҷират дар "Турхам" ба хабарнигорони покистонӣ гуфтаанд, ки ин муҳоҷирон шомили дорандагони корти муҳоҷират бо номи "АСС" ва муҳоҷирони беҳуҷҷат будаанд.

Ба тахмини Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR), якуним миллион муҳоҷири афғон дар Покистон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин шумор ҳудуди 800 ҳазор дорандагони корти "ACC" мебошанд.

Шумори талафоти зилзилаи Мянмар аз 3300 нафар гузашт

Myanmar Earthquake
Myanmar Earthquake

Расонаҳои давлатии Мянмар 5 апрел гузориш доданд, ки шумори қурбониёни зилзилаи ахир дар ин кишвар ба беш аз 3300 нафар расид.

Ба гузориши ин расонаҳо, ҳудуди 4500 нафар захмӣ ва 220 тани дигар ҳанӯз нопадид ҳастанд.

Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки ба Мянмар кӯмак кунанд. Ба тахмини СММ, мумкин аст беш аз се миллион нафар аз ин зилзима осеб дида бошанд.

Зилзилаи 7,7-дараҷаӣ рӯзи ҷумъаи 27-уми март Мянмарро такон дод.

Шумори зиёде аз мардуми ин кишвар ҳанӯз бе сарпаноҳ ҳастанд ва ё ҳам аз тарси эҳтимоли фурӯ рехтани биноҳо, дар берун аз хонаҳои худ ба сар мебаранд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG