Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст


Дар ду моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 1,7 дар садро ташкил додааст. Ба иттилои вебсайти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар оғози соли ҷорӣ аз ҷумла арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва хизматҳо афзоиш ёфт. Тибқи пешбинӣ, дар соли 2017 Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми таваррумро дар сатҳи 7 дарсад нигаҳ дорад. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 ҳаҷми таваррум дар Тоҷикистон 6,1 дарсадро ташкил дода, нисбат ба пешбинии мақомот 0,9 дарсад камтар будааст. Дар соли гузашта ҳаҷми миёнаи таварруми моҳона 0,5 дарсад будааст. Агар дар моҳи январи соли ҷорӣ 0,6 дарсад ва дар ҳамин моҳи соли гузашта 1,1 дарсад будааст. Аммо дар моҳи феврали имсол ҳаҷми таваррум 1,1 дарсад шудааст.

XS
SM
MD
LG