Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши "мудирияти нодуруст"-и чаҳор бонки Тоҷикистон. ВИДЕО


Баъзе аз бонкҳо ҳатто аз пардохти пули интиқолии муҳоҷирон даст кашиданд.
Баъзе аз бонкҳо ҳатто аз пардохти пули интиқолии муҳоҷирон даст кашиданд.

Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти чаҳор бонки кишварро, ки гирифтори мушкилоти молӣ шуданд ва мизоҷонашонро саргардон карданд, мавриди бозҷӯӣ қарор додааст. Чаҳор гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони додситонӣ ва иқтисоддонҳо фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва бонки давлатии “Амонатбонк”-ро шаш моҳ таҳқиқ мекунанд.

Ҳотам Назарзода, як намояндаи Додситонии кулл гуфт, санҷиши “мудирияти нодуруст” ва шеваҳои истифодаи маблағи давлату шаҳрвандон дар ин бонкҳо бар асоси як дастури ҳукуматӣ сурат мегирад.

Бонкҳои Тоҷикистонро ба бозгардони пасандозҳо водор мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

“Аз тарафи прокурори генералӣ дар ин бора фармон ба тасвиб расидааст. Дар мӯҳлати муайян, миқдори муайяни маблағҳои давлатӣ ва ҳам маблағи шаҳрвандон пас гардонида мешаванд. Боварии комил дорем, ки шаҳрвандони мо маблағҳо ва пасандозҳои худро, ки пас аз ин гирифта метавонанд” – гуфт, Ҳотам Назарзода.

Соли гузашта номи "Тоҷиксодиротбонк" бештар сари забон буд.
Соли гузашта номи "Тоҷиксодиротбонк" бештар сари забон буд.

Соли гузашта мушкилоти молии “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” бештар шуд ва онҳо натавонистанд, ба мизоҷон хидмати муносиб расонанд. Ҳазорон мизоҷони ин бонкҳо наметавонистанд, пули худро аз ин бонкҳо бигиранд ва ё маҷбур буданд, сарсону саргардон рӯзҳои дароз мунтазир монанд ва қисме аз пули худро ба даст биёранд. Баъд аз ин ҳама, Бонки миллии Тоҷикистон маҷбур шуд, барои наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Тоҷпромбонк” маъмурияти муваққатӣ таъсис диҳад.

Гову гӯсфандҳоро гарав қабул кардаанд

Масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон аз шарҳи санҷиши “мудирияти нодуруст”-и бонкҳо худдорӣ мекунанд, аммо як манбаи огоҳ аз санҷишҳо гуфт, дар се бонки хусусӣ бештар шеваи қарз додан санҷида мешавад.

Бовар кунед, бонк дару тирезаи хона ва гову дигар чорворо ҳамчун гарав қабул кардааст.

Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо бонкҳо вазъи молии мизоҷон ва тавоноии онҳо дар баргардонидани қарзҳоро дуруст таҳлил накарда ба онҳо қарз додаанд. Дар натиҷа даҳҳо ҳазор аз мизоҷони бонкҳо натавонистанд, суди бонкро бипардозанд, ё қарзи бонкҳоро саривақт баргардонанд ва бонкҳо низ ба мушкилоти молӣ гирифтор шудаанд.

Дар бонкҳои мавриди тафтиш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то замони маълум шудани натиҷаҳои тафтиш дар ин бора сӯҳбат карда наметавонанд. Вале Фирдавс Пулодӣ, иқтисоддони ҷавони тоҷик рӯзи 6 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеан, агар мудирият дар бонкҳо дуруст мебуд, бонкҳо ба бало гирифтор намешуданд. Фирдавс Пӯлодӣ худаш бар асоси тарҳе, шеваи қарздиҳии яке аз бонкҳои кишварро тафтиш кардааст.

“Аксари қарзҳое, ки ин бонкҳо додаанд, дар забони бонкдорӣ қарзҳои беэътимод дониста мешаванд. Гаравҳое, ки ҳангоми додани қарз бонкҳо гирифтаанд, воқеан боэътимоданд. Бовар кунед, бонк дару тирезаи хона ва гову дигар чорворо ҳамчун гарав қабул кардааст. Чорво ҳалок мешавад ва дару тиреза канда мешавад ва ин гарави боэътимод нест. “

Гаравҳои камарзиш ва 350 миллиард доллар қарзи беэътимод

Дигар ин ки ба гуфтаи ӯ, арзиши баъзе аз хонаҳои гарав гирифтаашон назар ба арзиши воқеӣ баланд нишон додаанд ва мутобиқ ба онҳо қарз додаанд.

“Аз тарафи дигар дар деҳот онҳо хонаи масалан 50 ҳазор сомониро ҳамчун 100 ҳазор сомонӣ ба гарав қабул кардаанд. Муштарӣ қарзро насупурдааст ва бонк хонаро гирифтааст, вале онро ҳатто нисфи нарх фурӯхта наметавонад. Чунин ҳолат баргардонии қарзҳоро мушкил кард ва бонкҳоро ба чунин ҳол гирифтор кард.”

То охири соли 2016 қарзҳои беэътимоди тамоми бонкҳо ва муассисаҳои молии қарздиҳии хурд дар Тоҷикистон аз 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ ва ё 350 миллион доллар гузаштааст.

Аз чаҳор бонке, ки додситонӣ фаъолияташонр тафтиш мекунад, “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк”, “Тоҷпромбонк” бо муштариёнаш мушкил доштанд. “Амонатбонк”, ки ҳоло дар қатори ин бонкҳо барои “мудирияти нодуруст” санҷиш мешавад, бонки давлатист ва бештар ба пардохти нафақа ва музди корхонаҳои буҷавӣ машғул аст. Ба фарқ аз бонкҳои хусусӣ дар соли гузашта ин бонк мушкили пардохти маблағ надошт.

Тафтиши дуздӣ дар дохили бонк

Ба қавли як мусоҳиби Радиои Озодӣ дар ин бонк “дуздии маблағҳои давлатӣ” таҳқиқ мешавад, чун дар ду соли гузашта, баъзе аз кормандони бонк беш аз 5 миллион сомониро аз худ кардаанд.

Аз миёни чор бонке, ки дар Тоҷикистон мушкил доштанд, танҳо “Фононбонк” ҳаст, ки мавриди тафтиши додситонӣ қарор нагирфитааст, зеро ба қавли ҳамсӯҳбатони мо фаъолияти ин бонк бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон қаблан тафтиш шудааст.

Баъди авҷ гирифтани мушкилоти чаҳор бонк ва аз бими афзоиши норизоятии мардум, ҳукумати Тоҷикистон охири соли гузашта барои наҷоти ин бонкҳо 3 миллиард сомонӣ баробар ба 500 миллион доллари амрикоӣ кӯмак кард. "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк", ки мардум аз банкоматҳояшон ба сахтӣ пул мегирифтанд, баъди дарёфти кӯмак ҳоло ба фаъолияташон оғоз кардаанд.

XS
SM
MD
LG