Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо намояндаҳои ВУХ-и Узбакистон

Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Тошканд, рӯзи 3 феврал бо мақомоти Вазорати умури хориҷии Узбакистон вазъи ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардааст. Сомонаи Вазорати умури хориҷии Узбакистон рӯзи 4 феврал навишт, дар ин нишаст "иҷрои тавофуқоти байни Узбакистону Тоҷикистон баррасӣ шуд, ки охири моҳи декабри соли гузашта дар нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе ба даст омадааст".

Дар ин мулоқот омодагӣ ба музокироти нав низ баррасӣ гардидааст, вале ҷузъиёти аз ин бештар дастрас нест. Маълум нест, ки дар музокироти оянда масъалаи содда кардани виза низ баррасӣ хоҳад шуд ё не. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора иттилоъ надодааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, Утоқи савдо ва саноати Тоҷикистон эълон кардааст, ки намоишгоҳи нахустини маҳсулоти саноатии Узбакистон дар Душанбе охири моҳи марти имсол баргузор хоҳад шуд. Як манбаи Утоқи савдо ва саноат гуфт, дар ин маврид мақомоти ду тараф дар охири моҳи январ ба созиш расидаанд. Баргузории ин намоишгоҳ низ як бахши "ҳосили" нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон дар охири моҳи декабри соли гузашта дар Душанбе гуфта мешавад.

Узбакистону Тоҷикистон аз ҳамсояҳои наздик ва девор ба девор буда, аммо тайи беш аз бист соли гузашта бо якдигар дар масъалаи равуо, марз, хатти парвоз, роҳи оҳану интиқоли барқ ва обу сохтмони нерӯгоҳҳо мушкил доштанд. Баъд аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта зоҳиран муносибати ду ҳамсоя ба марҳилаи нав ворид шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ҳамлаҳои вайронгари Русия бо мушаку дрон ба чанд гӯшаи Украина

Украина, 17-уми феврали 2025
Украина, 17-уми феврали 2025

Русия шаби 16 ба 17-уми феврал ба чанд минтақаи Украина, аз ҷумла вилояти Днепропетровск, бо мушаку ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кардааст.

Мақомоти Украина гуфтанд, ки дар ин ҳодиса ҳашт кас осеб дид.

Ширкати "Укрэнерго" маҷбур шудааст, интиқоли нерӯи барқро ба чанд минтақа қатъ кунад.

Намояндагони ҳукумат дар вилояти Днепропетровск гуфтанд, дар ин минтақаи Украина як зани 64-сола ва се мард захмӣ шуданд. Вазъи яке аз онҳо вазнин будааст.

Ҳамчунин ба сабаби ҳамлаҳои Русия дар Днепропетровск ҳашт бинои баландошёна, корхонаҳои саноатӣ, мактабу фурӯшгоҳҳо ва хати интиқоли барқ зарар дидааст.

Роман Мрачко, раиси маъмурияти Херсон, гуфт, дар пайи ҳамлаҳои Русия ду ноҳия бе барқ монд ва дар як ноҳия дар шабонарӯз ҳамагӣ чор соат об дастрас мешаваду бас.

Ҳалокати 552 кас дар як сол дар роҳҳои Тоҷикистон

Садама дар роҳи Мастчоҳ-Хуҷанд. Рӯзи 24-уми июли 2024
Садама дар роҳи Мастчоҳ-Хуҷанд. Рӯзи 24-уми июли 2024

Садама ё тасодуфҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар соли 2024 сабаби марги 552 кас шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар умум дар ин сол зиёда аз 1200 садама рух дод.

Беш аз 1350 каси дигар маҷруҳ гаштаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, дар нишасти матбуотии 13-уми феврал гуфт, теъдоди садамаҳо ва қурбониён дар муқоиса ба соли 2023 андаке поин аст, вале ҳамоно ташвишовар мемонад.

Суръати баланд, дар ҳолати мастӣ рондани мошин ва беэътиноӣ ба қоидаву қонуни ҳаракат дар роҳҳо сабаби маргумири зиёд гуфта мешавад.

Мошинҳои куҳна, роҳҳои ноҳамвори кӯҳӣ, беэътиноӣ ба дониши ронандагон ҳангоми имтиҳонгирӣ дар мактабҳои ронандагии Тоҷикистон низ дар ин мусибатҳо нақш доштаанд.

Як роҳи нави қочоқи маҳсулотро дар Тоҷикистон ошкор кардаанд

Хуршед Каримзода
Хуршед Каримзода

Қочоқбарон барои ворид кардани молу маҳсулот ба Тоҷикистон роҳҳои навро пеш гирифтаанд.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук Тоҷикистон, рӯзи 12-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбарияш гуфт, ахиран шеваи қочоқи маводи мухаддирро ошкор карданд, ки бесобиқа мебошад.

“Маводро дар даруни сангҳои стеотити коркардшуда, сангҳои табиӣ ҷойгир кардаанд, ки аз санг фарқ намекунед. Ҳар як санги табииро алоҳида-алоҳида бо болға шикаста, баъд мефаҳмед, ки дар дарунаш маводи мухаддир ҷойгир карда шудааст”, - изҳор дошт Каримзода.

Ба гуфтаи ӯ, маводи мухаддирро аз мошине ёфтаанд, ки қарор буд сангҳои коркардшудаи як ширкати чиниро аз Афғонистон ба Чин барад. Вале ин бори мамнуъ дар Тоҷикисон кашф ва мусодира шуд. Каримзода афзуд, ки дар ҳоли ҳозир тафтиши қазия идома дорад ва ҷониби Чинро дар ин бора огаҳ хоҳанд кард.

Хуршед Каримзода мегӯяд, маводи мухаддир дар дохили сангҳо танҳо баъди садама ё тасодуфи мошини борбар дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор шудааст: “Маълум мегардад, ки дар дохили ин бор маводи мухаддир, метаамфетамин дар намуди ҳабҳо ҷойгир шудааст.”

Масъулони Хадамоти гумрук мегӯянд, кашфи воридоти дуздонаи молҳои заргарӣ ба кишвар низ душвортар шудааст. Ба гуфтаи Каримзода, қочоқбарони маснуоти заргарӣ низ аз усули нав истифода мекунанд.

“Як усуле, ки мо ҳамеша пайгирӣ мекунем ин аст, ки тоҷирон дар дохили ҳавопаймо маҳсулоти заргариро ба мусофироне, ки вайро ҳамроҳӣ мекунанд, тақсим менамоянд. Ҳамин ҳолатҳо ҷой доранд ва ошкор кардани он бисёр душвор аст. Зеро, тибқи қонунгузорӣ ҳар нафар ҳуқуқ дорад, ки як миқдори муайяни тиллоро бе расмиёти гумрукӣ ба кишвар ворид намояд," - афзуд ӯ.

Истифодаи қочоқбарон аз роҳу шеваҳои нав дар ҳоле рӯй медиҳад, ки ба иттилои Хадамоти гумрук соли гузашта қариб чоруним ҳазор талоши қонуншиканӣ сабт шудааст. Ин нишондод назар ба соли 2023 қариб ҳазору сад адад зиёдтар мебошад.

Хадамоти гумруки Тоҷикистон 22-юми январи соли 1992 таъсис ёфтаааст. Ба дӯши ин ниҳод ғайр аз ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, танзими фаъолияти иқтисоди берунӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҳамлу нақли ашёи дорои арзиши таърихиву фарҳангӣ гузошта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар як ҷаласа раҳбарони ин ниҳодро ба беамалӣ айбдор кард ва гуфт, ки кормандон миёни худ гузаргоҳҳои марзиро тақсим кардаанду ба таври худ ҳамлу нақли молу колоро назорат мекунанд ва даст ба ришваситонӣ мезананд. Яке аз чунин кормандонро раисҷумҳур бо вуҷуди ҷиноятҳои зиёде, ки номбар кард, ба далели ҷавон буданаш аз ҷазо озод намуд.

Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, “ дар соли гузашта 14 корманди ин ниҳод, аз ҷумла бо гумони сохтакорӣ ва суистифода аз мақом ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст”.

Марко Рубио гуфт, "Ҳамос" бояд решакан карда шавад

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу. Байтулмуқаддас, 16-уми феврали 2025
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу. Байтулмуқаддас, 16-уми феврали 2025

Марко Рубио, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, сафари худро ба Ховари Миёна рӯзи 16-уми феврал аз Исроил оғоз кард.

Ӯ рӯзи якшанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ҳадафҳои ҷангии Исроил дар Ғазза комилан пуштибонӣ мекунад ва афзуд, гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" бояд решакан карда шавад.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

"Ҳамос" наметавонад ҳамчун нерӯи низомӣ ё давлатӣ кор кунад ва то он даме ки ин гурӯҳ ҳамчун як қудрат ҳукмронӣ кунад, сулҳ ғайриимкон хоҳад буд," – афзуд Марко Рубио.

Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба Исроил ҳамла карда, камаш 1200 нафарро кушт ва тақрибан 250 нафарро гаравгон гирифт.

Ин амал сабаби ҳамлаи Исроил аз замину ҳаво ба Ғазза шуд. Дафтари умури башардӯстонаи Созмони Милал мегӯяд, дар ин муддат беш аз 48 ҳазор фаластинӣ кушта ва зиёда аз 111 ҳазор кас захмӣ гаштанд.

Дар ҳоли ҳозир оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос" идома дорад. Рӯзи 15-уми феврал 369 зиндонии фаластинӣ дар ивази раҳоии се гаравгони исроилӣ озод карда шуданд.

Беш аз 50 зодаи Осиёи Марказӣ дар Украина асир шудаанд

Мақомоти Украина гуфтаанд, ки беш аз 50 зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин кишвар асир шудаанд. Онҳо аз тарафи Русия меҷангиданд.

Шумораашон ин гуна будааст: 21 қазоқ; 18 тоҷик; 14 узбек ва 1 қирғиз.

Аксари ин сарбозон ҳамзамон бо шиносномаи кишвари худ шиносномаи Русияро доранд. Аз 21 қазоқистонӣ 6 нафар фақат шаҳрвандии ин кишварро доштаанду бас.

Русия аз соли 2022 бо ваъдаи осон кардани тартиби гирифтани шаҳрвандӣ ба ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги зидди Украина шуруъ кард.

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам дар ин давра ба ҷанг дар Украина бурда шудаанд.

Мақомоти Украина ва лоиҳаҳое, ки ба ҷустуҷӯйи асирон машғуланд, шумори дақиқи зодагони Осиёи Марказиро, ки бар ивази сарбозони украинӣ ба Русия баргардонда шудаанд, ошкор намекунанд.

То кунун хабари нопадид, асир афтодан ва кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ гардидааст. Касоне, ки дар артиши Русия хидмат мекарданд, зиндонӣ буданд, маҷбурӣ ва ё бо шарти осон гирифтани шаҳрвандӣ ба майдони ҷанг дар Украина бурда шудаанд.

Дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон чанд нафар бо гуноҳи ширкат дар ҷанги Русия алайҳи Украина ҷазо гирифтанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳам ба шаҳрвандон ҳушдор дода буданд, ки дар ҷанги Украина ширкат накунанд, вале то кунун касеро ҷазо надодаанд ё ҳадди ақал расонаӣ накардаанд.

Сафари камсобиқаи мансабдорони Амрико ба Беларус

Кристофер Смит. Акс аз соли 2023
Кристофер Смит. Акс аз соли 2023

Се мансабдори баландпояи Амрико барои гуфтушунид дар бораи раҳоии теъдоде аз зиндониёни сиёсӣ дар ивази сабуктар кардани таҳримҳо ба Беларус рафтаанд.

Хабарро нашрияи “The New York Times” рӯзи 15-уми феврал чоп кард.

Ба иттилои манбаъ, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Аврупо Кристофер Смит ва ду мақоми дигар дар Минск буданд.

Онҳо бо раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко ва раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар шартҳои созишро баррасӣ кардаанд.

Замони дақиқи сафари онҳо ва мулоқоташон бо Лукашенко мушаххас нест.

Дар ҳар сурат, ин мулоқоти нахустини Лукашенко дар панҷ соли охир бо мақомоти баландпояи Вазорати корҳои хориҷии Амрико будааст.

Ин гузориш баъди он нашр шуд, ки Кристофер Смит ва котиби давлатии Амрико Марко Рубио рӯзи 13-уми феврал гуфтанд, як шаҳрванди Иёлоти Муттаҳида ва ду маҳбуси сиёсӣ аз зиндонҳои Беларус озод карда шудаанд.

“Онҳоро ба мо супурданд ва мо онҳоро ба воситаи Литва баргардондем," -- гуфт Смит ба телевизиони CNN.

Bloomberg: Трамп ва Путин эҳтимол то охири феврал мулоқот кунанд

Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Доналд Трамп ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Амрико ва Русия, мумкин аст, то охири моҳи феврали имсол дар Арабистони Саудӣ мулоқот кунанд.

Дар ин бора хабаргузории “Bloomberg” бо такя ба манобеаш рӯзи 15-уми феврал иттилоъ дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, намояндагони баландпояи ду кишвар барои омодагӣ ба ин мулоқот ҳафтаи оянда дар Арабистони Саудӣ вомехӯранд. Мавзӯи асосии суҳбат ҷанг дар Украина хоҳад буд.

“Bloomberg” навиштааст, имкони ҳузури намояндагони Украина дар ин мулоқот вуҷуд дорад, аммо Киев ҳанӯз аз ҷузъиёти гуфтушунид огоҳ нест.

Намояндагони Кохи Сафед ва Кремл хабари “Bloomberg”-ро шарҳ надодаанд.

Хабаргузории “Reuters” аз қавли Майкл Маккол, намояндаи Конгресс, навишт, ки ҳайати амрикоӣ ҳафтаи оянда ба Арабистони Саудӣ меравад. Ҳам барои мулоқот бо намояндагони Русия ва Украина ва ҳам барои нақшарезии мулоқоти Доналд Трамп ва Владимир Путин.

Аз марги Алексей Навалний як сол гузашт

Ин сиёсатмадори 47-сола дар зиндон даргузашт
Ин сиёсатмадори 47-сола дар зиндон даргузашт

Ба марги Алексей Навалний, раҳбари мухолифони ҳукумат дар Русия, як сол пур шуд.

Ин сиёсатмадори 47-сола рӯзи 16-уми феврали 2024 дар зиндон даргузашт.

Ӯ дар маҳбасе дар минтақаи дурафтодаи Ямало-Ненетс нигаҳдорӣ мешуд.

Мақомоти Русия марги Алексей Навалнийро табиӣ донистанд.

Ҳамсараш Юлия Навалная ва раҳбарони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ мақомоти Русия ва бахусус президент Владимир Путинро масъули марги Навалний донистанд.

Расонаҳои Эрон аз сафари Қоҳир Расулзода ба Теҳрон навиштанд

Қоҳир Расулзода
Қоҳир Расулзода

Ба гузориши расонаҳои Эрон, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, бо сафари расмӣ ба Теҳрон хоҳад рафт.

Ин сафар бо даъвати Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисҷумҳури Эрон, сурат мегирад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳеч иттилоъ надодааст.

Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон рӯзи 16-уми феврал навишт, ки Расулзода дар Нишасти севуми иқтисодии Хазар ҳамчун меҳмони вижа иштирок хоҳад кард.

Анҷуман рӯзҳои 19 ва 20-уми феврал дар Теҳрон баргузор мешавад. Ширкати сарвазирони Русия, Туркманистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон дар назар аст.

Трамп як ҳайатро барои музокирот ба Арабистони Саудӣ мефиристад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Мақомоти Амрико гуфтанд, ки раисҷумҳур Доналд Трамп дар пайи талошҳо барои поён додани ҷанг дар Украина як ҳайати дипломатиро барои музокирот ба Арабистони Саудӣ мефиристад.

Ба гузориши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, ҳадаф аз сафари ҳайат оғози гуфтушунид бо Украина ва Русия барои хатми ҷанги сесола аст.

Баъзе аз мансабдорон рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои амрикоӣ гуфтаанд, дар ин музокирот Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед ва Стив Уиткофф, намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна ширкат хоҳанд кард.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, Кейт Келлог, намояндаи Доналд Трамп дар умури Украина ва Русия, дар ин ҳайат нест.

Мақомот ҳамчунин таъкид кардаанд, ки нақшаи ширкати намояндагони кишварҳои ҳампаймон низ дар ин музокирот вуҷуд надорад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 12-уми феврал, пас аз як тамоси телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин эълон кард, ки ҳарду барои мулоқот дар Арабистони Саудӣ розӣ шудаанд.

Фиристодаи Трамп гуфт, эҳтимол Аврупо дар музокирот набошад

Кейт Келлогг
Кейт Келлогг

Фиристодаи президенти Амрико Доналд Трамп дар умури Украина ва Русия гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида барои хатми ҷанг дар Украина миёнравӣ кунад, эҳтимол Аврупо дар мизи музокирот ҷой нахоҳад дошт. Ҷанги Русия дар Украина аз моҳи феврали соли 2022 идома дорад.

Кит Келлогг рӯзи 15-уми феврал дар нишасти амниятии Мюнхен гуфт, Вашингтон ният дорад, ки дар ҳафтаҳои оянда ба пешрафти назаррас ноил шавад. "Каме фурсат диҳед. Ман на дар бораи шаш моҳ, балки дар бораи рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда гап мезанам," – афзуд ӯ.

Курт Волкер, фиристодаи Доналд Трамп дар масъалаи Украина дар солҳои 2017-2019, гуфт, изҳороти Келлогг баёнгари он аст, ки "Украина дар сари миз хоҳад буд. Дар мавриди он ки Трамп бо Аврупо чӣ гуна рафтор хоҳад кард, каме номуайянӣ вуҷуд дорад."

Вазири корҳои хориҷии Бритониё дар нишасти Мюнхен гуфт, "Путин ба ҷуз дидани таслимшавии Украина ҳеч майле ба музокирот нишон надодааст."

Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, ҳангоми суханронӣ дар Мюнхен аз кишварҳои аврупоӣ даъват кард, ки артиши муштарак ташкил кунанд. Вай гуфт: "Агар амрикоиҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳузури худро камтар кунанд, албатта, ин хуб нест ва бисёр хатарнок аст."

Пештар аз ин Владимир Зеленский ба муовини раисҷумҳури Амрико гуфт, ки Украина қабл аз ҳар гуна музокирот бо Русия барои поён додан ба ҷанги тақрибан сесола аз Вашингтон "замонатҳои амниятӣ" мехоҳад.

“Зодагони як кишвари Осиёи Марказӣ”. Дар Псков чӣ рух дод?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, аз як ҳамлаи эҳтимолии террористӣ дар вилояти Псков пешгирӣ кард. Ҳодиса рӯзи 13-уми феврал рух додааст.

Ба ривояти мақомоти Русия, “гумонзадҳо нақша доштанд, ки истгоҳи роҳи оҳани Псковро тарконанд, вале ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона карданду кушта шуданд”.

Маъмурони ФСБ ному насаби онҳоро нагуфта, танҳо ишора кардаанд, ки “зодагони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд” ва баъд аз таркондани истгоҳи роҳи оҳан нақшаи фирор ба хориҷаро доштанд.

ФСБ гуфтааст, дар паси тарҳрезии ҳамла “як созмони байнулмилалии террористӣ” истодааст, аммо аз ҳеч гурӯҳе ном набурдааст.

Ин дар ҳолест, ки баъзе аз муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Псков ба Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани се нафар хабар доданд.

Онҳо рӯзи 15-уми феврал гуфтанд, ки кушташудагон дар тарабхонаи як тоҷири бонуфузи тоҷик, зодаи шаҳри Панҷакент, кор мекарданд ва биноан ба нақли Хадамоти федеролии амнияти Русия бовар надоранд.

Ҳодиса ҷомеаи тоҷикони вилояти Пскови Русияро шадидан нигарон кардааст.

Мақомот мегӯянд, сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон бисёр зиёд шудааст

Сармояи зиёди хориҷӣ аз ҷумла барои истихроҷи маъдан ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Сармояи зиёди хориҷӣ аз ҷумла барои истихроҷи маъдан ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта ба кишвар тақрибан 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки ҳаҷми бисёр бузург аст.

Раҳбарони кумитаи давлатии сармоягузорӣ рӯзи 11-уми сентябр дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфтаанд, ки сармоягузории хориҷӣ дар муқоиса ба соли 2023 бештар аз 72 дар сад зиёд шудааст. Ду сол пеш ба иқтисоди Тоҷикистон аз хориҷ бештар аз 2 миллиард доллар сармоя ворид шудааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии "Ховар" гузориш додааст.

Дар ин миён сармояҳои мустақими хориҷӣ асосан аз Чин бештар аз 150 миллион доллар, аз Амрико тақрибан 119 миллион доллар ва сипас аз Бритониёву Русияву Қазоқистон ва кишварҳои дигар будааст. Пули хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар барои коркарди ашё, истихроҷ, бонкдориву тиҷорату сохтмон ворид шудааст.

Тоҷикистон пайваста барои фазои номуносиби сармоягузорӣ, бахусус тамаъҷӯӣ аз ширкатҳову ришвахорӣ ва молиёти зиёд танқид мешавад ва мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ гуфтаанд, ки аз авлавиятҳои корашон имсол беҳтар кардани фазо ва ҷалби сармояи бештари хориҷӣ будааст.

Сафири Саудӣ: "Ҳангоми Ҷоми Ҷаҳонии Футбол ҳам истеъмоли шароб манъ аст"

Зиндагии шабона дар Арабистони Саудӣ, ки нӯшидани ҳаргуна нӯшокии спиртӣ дар он манъ аст.
Зиндагии шабона дар Арабистони Саудӣ, ки нӯшидани ҳаргуна нӯшокии спиртӣ дар он манъ аст.

Холид Бандар ал-Сауд, сафири Арабистони Саудӣ дар Бритониё гуфтааст, ҳангоми баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2034 дар кишвараш мухлисон иҷозаи нӯшидани шароб ва ё ҳар нӯшокии спиртии дигарро нахоҳанд дошт.

Онҳое, ки ба дидани яке аз мусобиқоти сертамошобини дунё мераванд, иҷоза надоранд, дар ҳеч куҷо, аз ҷумла меҳмонхонаву ресторан ва майдонҳои футбол машруботро бинӯшанд. Баръакси Қатар, ки ба сайёҳон иҷоза медиҳад, дар ҷойҳои махсус машрубот бинӯшанд, Арабистони Саудӣ кишварест, ки истеъмоли машруботро комилан манъ кардааст.

Холид Бандар ал-Сауд гуфтааст: “Айни замон мо нӯшидани машруботро иҷоза намедиҳем, чун бе машрубот ҳам шодиву хурсандӣ кардан ҳам мумкин аст.”

Моҳи декабри соли гузашта Арабистони Саудиро бо як қарори баҳсбарангез мизбони Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар соли 2034 интихоб карданд, чун нигарониҳо аз риояти ҳуқуқи инсон дар ин кишвари муҳофизакор зиёд аст.

Дар Чин ақди никоҳ ба ҳадде кам шудааст, ки...

Маҳдудиятҳои пешин сабаб шудааст, ки теъдоди аҳолии ҷавон ва синни издивоҷ кам шавад.
Маҳдудиятҳои пешин сабаб шудааст, ки теъдоди аҳолии ҷавон ва синни издивоҷ кам шавад.

Теъдоди ҷуфтҳое, ки дар Чин соли гузашта ақди никоҳи расмӣ бастаанд, дар муқоиса ба соли 2023 бист дар сад камтар шудааст, ки поинтарин сатҳ аз замони сабти алоҳидаи ин омор дар кишвар будааст.

Дар ин бора нашрияи “Гордиан” бо такя ба омори идораҳои расмии Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар додааст. Соли 2023 дар Чин 7 миллиону 700 ҳазор ақди никоҳи расмӣ бастаанд, вале ин рақам соли гузашта то 6.1 миллион поин омадааст.

Аз соли 1986 то кунун чунин омори поин сабт нашуда будааст. Айни замон соли гузашта 2.6 миллион ҷуфт барои ҷудо шудан ариза додаанд, ки 1.1 дар сад бештар аз соли 2023 аст. Ҷумҳурии Мардумии Чин дуввумин кишвари сераҳолии ҷаҳон аст.

Даҳсолаҳо боз мақомот бо сиёсати сахтгиронае намегузоштанд, ки оилаҳо на бештар аз як фарзанд дошта бошанд ва маҳдудиятҳо сабаби он шудааст, ки мардуми камтаре ба синни издивоҷ расидаанд ва ё ба издивоҷ майл надоранд.

Гузашта аз ин аҳолии Чин пир мешавад, ки ба ояндаи иқтисоди кишвар хатари зиёд дорад. Бо вуҷуди тағйири сиёсат ва ташвиқи мардум ба издивоҷу соҳиби фарзанд шудан, ҷавонони Чин солҳои ахир камтар издивоҷ мекунанд, чун зиндагӣ қимат мешавад ва кор ҳам кам аст.

Вазир гуфт, бозгардонидани тоҷикон аз Сурияву Ироқ масъалаи муҳим аст

Зани тоҷик дар додгоҳи Ироқ. Акс аз бойгонист.
Зани тоҷик дар додгоҳи Ироқ. Акс аз бойгонист.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, бозгардонидани шаҳрвандони кишвар аз гӯшаҳои ҷангзадаи ҷаҳон ва ҳамоиши онҳо ба зиндагии оддӣ як масъалаи муҳим барои ҳукумат ба ҳисоб меравад.

Ӯ рӯзи 11-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, то кунун 381 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Сурияву Ироқ ба кишвар баргардондаанд ва дар вақти мусоид ба ин кор идома медиҳанд.

Сироҷиддини Муҳриддин гуфт: “Мо ният дорем, тамоми он шаҳрвандони худро, ки хоҳиши бозгашт доранд, аз урдӯгоҳҳо ба ватан баргардонем. Баъди онки вазъ дар минтақа ором шавад, комиссияи ҳукуматӣ корро сари ин масъала аз нав оғоз мекунад.”

Баъди зуҳури ДОИШ ва ишғоли қаламравҳои васеи Ироқу Сурия аз тарафи ҷангҷӯёни он садҳо ҷавони тоҷик ба сафи ин гурӯҳи террористӣ пайваста ва зану фарзандони худро ҳам бо худ ба онҷо бурданд. Теъдоди зиёде аз он ҷангҷӯён куштаву беному нишон шудаанд ва қисмате аз зану фарзандони онҳо ҳанӯз дар урдӯгоҳҳои Сурияву Ироқ мондаанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон одамкушӣ зиёд шудааст

Қатлҳои занҷираӣ дар Конибодом зоҳиран сабаби афзоиши омори қатл дар Тоҷикистон шудааст.
Қатлҳои занҷираӣ дар Конибодом зоҳиран сабаби афзоиши омори қатл дар Тоҷикистон шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтанд, қатлу куштор, яке аз ҷиноятҳои мудҳиш дар кишвар соли 2024 ба таври чашмгир афзоиш ёфтааст.

Дар баёнияи расмӣ, ки вазорати корҳои дохилӣ, ки рӯзи 13-уми феврал нашр кард, омадааст, соли гузашта дар Тоҷикистон 75 мавриди одамкушӣ ва қасди одамкушӣ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2023-ум 18 маврид бештар аст. Соли 2023 дар Тоҷикистон 57 нафарро куштаанд ва ё ба ҷонашон сӯиқасд кардаанд. Соли 2022 дар кишвар 58 мавриди қатл ва сӯиқасд ба ҷони инсон сабт шудааст.

Дар баёнияи вазорати корҳои дохилӣ дар бораи сабабҳои афзоиши якбораи ин ҷинояти сангин чизе нагуфтаанд, аммо зоҳиран қатлҳои пайваста дар шаҳри Конибодом дар соли 2024 сабаби зиёд шудани омори нохушоянд барои ҷомеа ва ҳам дардисарсоз барои мақомоти интизомии Тоҷикистон шудааст. Дар ин сол 23 узви 7 хонаводаро дар Конибодом бераҳмона куштанд ва то кунун таҳқиқи ин ҷиноятҳо идома дорад.

Русия аз Чехия хост, ки Фаридаро истирдод кунад

Фарида Қурбонгалеева
Фарида Қурбонгалеева

Муфаттишон дар шаҳри Қазони Русия ба хонаи волидони Фарида Қурбонгалеева, хабарнигори мустақили муқими Чехия рафтаанд. Русия аз Чехия талаб дорад, ки ӯро ба Маскав истирдод кунанд.

Қурбонгалеева рӯзи 13-уми феврал дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки муфаттишон ба волидонаш дар бораи ӯ саволҳо доданд.

“Мухтасар гӯям, - навишт Фарида, - аз падару модарам пурсиданд, ки чӣ гуна ман ҷинояткори сатҳи олӣ шудаам”. Аз ин пеш ӯ навишт, ки ходимони пулиси Чехия ба дасти ӯ номае супурданд, ки дар он талаби истирдоди ӯ аз Прага ба Маскав карда шудааст.

Қарор аст ин талабро Додгоҳи шаҳри Прага дар ҷаласа муҳокима намояд. Қурбонгалеева гуфт, ки як вакили дифоъ розӣ шуд, аз ҳуқуқи ӯ ройгон дифоъ кунад.

Фарида Қурбонгалееваро моҳи июни соли 2024 додгоҳе дар Русия дар ғайбаш барои нашри хабарҳои “дурӯғин” дар бораи артиш ва даъват ба терроризм ба ҳабс гирифт. Аз ин пеш исми ӯро ба феҳристи “агентҳои хориҷӣ” ва “террористу ифротгароҳо” ворид карданд.

Фарида Қурбонгалеева зодаи шаҳри Қазони Тотористон аст. Баъди солҳо кораш дар телевизиони давлатии Тотористон, дар шабакаи давлатии “Россия-1” барандаи барномаҳои хабарию иттилоотии “Вести” буд.

Баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014 Қурбонгалеева ихтиёран кор дар телевизиони давлатиро тарк карда ба Прага кӯчид ва солҳои 2018-2021 дар телевизиони "Настоящее время" чун барандаи барномаҳои хабарӣ кор кард.

Муовини Трамп аз эҳтимоли тадбирҳои нави фишор ба Русия гуфт

 Муовини президенти ИМА Ҷей Ди Венс
Муовини президенти ИМА Ҷей Ди Венс

Ҷей Ди Венс, муовини президенти ИМА гуфт, агар президенти Русия Владимир Путин барои созиши сулҳ ва замонатҳои давомдор барои Украина розӣ нашавад, Вашингтон метавонад зидди Маскав таҳрим ҷорӣ карда иқдоми низомие ба кор барад.

Нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба мусоҳибаи ихтисосии Венс рӯзи 14 феврал навишт, “василаҳои иқтисодӣ ва ҳам, бешубҳа, василаҳои ҳарбии таъсиргузор ҳам ҳаст, ки аз он ИМА метавонад зидди Путин истифода кунад”.

Ӯ таъкид намуд, ки Вашингтон дар ҳақи истиқлолият ва соҳибихтиёрии Украина андеша мекунад. Айни замон, Венс гуфт, дар робита бо Украина имкони дастёбӣ ба созише ҳам вуҷуд дорад, ки ба гуфтаи ӯ, “бисёриҳоро дар ҳайрат хоҳад гузошт”.

Инчунин муовини президенти Амрико ишора кард, ки Доналд Трамп вобаста ба шеваи музокирот метавонад тарзи бархӯрдашро дигар кунад. Қарор аст рӯзи ҷумъа, 14-уми феврал Ҷей Ди Венс дар Мюнҳен бо президенти Украина Владимир Зеленский дидор ва гуфтугӯ кунад.

Рӯзи 12 феврал Трамп гуфт, ки бо президентони Русия ва Украина телефонӣ суҳбат кард ва ба зердастонаш дастур дод, ки барои шурӯи музокирот ба хотири хатми ҷанг дар Украина омода шаванд.

Даҳҳо мансабдор бо гумони дуздии 120 млн сомонии сарбозони тоҷик ҷавобгар шудаанд

Бинои Вазорати дифоъи Тоҷикистон
Бинои Вазорати дифоъи Тоҷикистон

Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон парвандаи 78 нафар мансабдорро барои тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии Вазорати дифои кишвар ба додгоҳ фиристодааст.

Пештар ин ниҳод гуфта буд, ки барои ин ҷиноят 52 масъули Вазорати дифоъ ва дигар идораҳои муҳими давлатӣ боздошт шуда, тафтиши қисме аз парвандаҳо идома дорад. Оҷонсӣ дар бораи шахсияти боздоштшудаҳо чизе нагуфт. Мавқеи онҳо ё вакилони мудофеяшон низ ба иттиҳомот маълум нест.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии мубориз бо фасод рӯзи 14-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, “аз зарари расонидашуда тахминан 107,8 миллион сомонияш ба буҷети давлат барқарор карда шуд, вобаста ба 14,8 миллион сомонӣ барои барқарар кардани зарар аризаи даъвоӣ ба судҳо пешниҳод гардид.”

“Дар инҷо 43 нафар аз ҳисоби кормандони Вазорати мудофиа, 3 нафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 2 нафар аз Вазорати молия боз аз дигар вазорату сохторҳои дигар ҳам дар ҳамин парвандаи ҷиноятӣ ҳамиштирок буданд,”--афзуд ӯ.

Оҷонсии мубориза бо фасод хабари дуздиву аз худ кардани даҳҳо миллион сомонӣ аз Вазорати дифоъро моҳи феврали соли гузшта тасдиқ карда буд.

Пулеро, ки бояд барои либосу хӯроку нигоҳубини сарбозон ва барои муҳофизати амнияти кишвар сарф мешуд, ба гуфтаи мақомот, бо мусоидати чанде аз масъулон тасарруф шудааст. Дилрабо Самадова, мудири созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин амал ба вазъу шароити қисмҳои ҳарбӣ таъсири манфӣ гузошта, дар ниҳоят ҷабри онро сарбозон мекашанд.

Созмони Шаффофияти Байнулмилал (Transparency International ) дар гузориши як соли пешаш гуфта буд, ки фасод дар Тоҷикистон расм шудааст. Ин созмон, ки меъёри фасод дар кишварҳои ҷаҳонро баҳогузорӣ мекунад, Тоҷикистонро як кишвари фасодзадатарини дунё номидааст.

Додгоҳи олӣ парвандаи ҳамла ба муфтиро шарҳ дод

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми се муттаҳам барои ҳамла ба муфтии кишварро шарҳ дод.

Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммадрофеъ Иззатуллозода, фарде, ки ба раиси Шӯрои уламо ҳамла кард, ба 26 сол зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳ ин ҷавонро дар терроризм, тайёрӣ ва ба ҷиноят ва одамкушӣ гунаҳкор кардааст. Назари Иззатуллозода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.

Рӯшан нест, ки онҳо аз болои қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд ё не. Гуфта мешавад, ҷавони ҳамлагар 21-сола ва сокини шаҳри Норак аст.

Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ, Муҳаммадҷон Шодихонов, гумонбари дигар бо иттиҳомҳои терроризм ва шарикӣ дар ҷиноят ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст.

Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, Шодихонов ҳарчанд дар тарҳрезии ҳамла ба Сайидмукаррам Абдулқодирзода даст дошт, аммо дар лаҳзаи ҳамла ба муфтӣ дар ҷойи ҳодиса набуд.

Дар Додгоҳи олӣ гуфтанд, гумонбари севвум Қиёмиддин Файзуллоев барои хабар надодан дар бораи ин ҷиноят, 2 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Рӯзи 11-уми сентябри соли гузашта дар дохили Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ва дар байни намозгузорон ба муфтии Тоҷикистон бо корд дарафтода, пешонии ӯро захмӣ карда буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон ҳодисаро “авбошӣ” номид, вале баъдан худи муфтӣ онро кори дасти “гурӯҳҳои ифротӣ” хонд.

Ин ҳодиса вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.

Ҳамла ба Абдулқодирзода замоне рух дод, ки шарҳу паёмҳои ситезаҷӯёнаи зидди ӯ, махсусан пас аз ҳимояташ аз фишори мақомот ба ҳиҷоби исломӣ, ба авҷ расида буд.

Абдулқодирзода 61 сол дорад ва 14 соли охир раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст.

Ӯ дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран ҷамъиятӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.

Мухолифон ӯ ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намуда буданд.

Кумитаи андоз номи қарздорони калонро эълон кард

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон.

Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати калонтарин қарздорҳо аз молиётро эълон кард.

Нусратулло Давлатзода, раиси ин ниҳод 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт, аз ҳама зиёд Шабакаҳои тақсимоти барқ аз молиёт қарздор аст ва вомаш ба 177 миллион сомонӣ расидааст. Баъд аз Шабакаҳои тақсимоти барқ, калонтарин қарздорҳо аз андоз ин корхонаҳо будаанд:

Корхонаҳои зертобеи Оҷонсии беҳдошти замин 81 миллион сомонӣ,

Корхонаҳои зертобеи Идораи манзилию комунналӣ 32,6 миллион сомонӣ,

Неругоҳи "Сангтӯда-1" 26 миллион сомонӣ,

Кони Яғноб 11 миллион сомонӣ,

ҶСП “Алюминсохтмон” 9,9 миллион сомонӣ.

Раиси Кумитаи андоз мегӯяд, ин корхонаҳо дар умум аз молиёт қариб 400 миллион сомонӣ қарздор ҳастанд. Ин маблағ 52 дарсади маблағи умумии бақияи қарзи андозро ташкил медиҳад.

“Ин соҳаҳо мушкилоти худро доранд, мо корбарӣ мекунем,”-афзуд раиси Кумитаи андоз.

Ба ҷуз “Сангтӯда-1”, ки моли Русия аст, дигар қарздорони калон аз молиёт, корхонаҳои давлатӣ ҳастанд.

Шеваи идоракунии корхонаҳои давлатӣ ва бо зарар кор кардану қарздор шудани онҳо, пештар танқидҳоеро ба миён оварда буд.

Боздошти як паноҳҷӯи афғон бо гумони захмӣ кардани 28 кас дар Мюнхен

Мюнхен, 13-уми феврали 2025
Мюнхен, 13-уми феврали 2025

Пулиси Олмон гуфт, бар асари ҳамлаи як мошин ба издиҳоми мардум дар шаҳри Мюнхен камаш 28 тан, аз ҷумла кӯдакон, захмӣ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 13-уми феврал рух дод.

Гумонзад як паноҳҷӯйи 24-солаи афғонистонӣ будааст.

Хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" навишт, ки ӯ боздошт шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки рӯзи 14-уми феврал "Нишасти амниятии Мюнхен" баргузор хоҳад шуд.

Дар нишаст намояндагони чанд кишвар, аз ҷумла Ҷей Ди Вэнс, муовини раисҷумҳури Амрико ва Владимир Зеленский, президенти Украина, ширкат хоҳанд кард.

Кушта шудани 1455 тоҷикистонӣ дар ҷанги се кишвар

Сурия
Сурия

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар ҷанги Ироқ, Сурия ва Афғонистон 1455 шаҳрванди кишвар кушта шудаанд.

Рамазон Раҳимзода ин оморро рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ эълон кард.

Вай гуфт, дар умум, 2566 зодаи Тоҷикистон дар ҷангҳои Ховари Миёна ва Афғонистон ширкат кардаанд, вале соли дақиқеро ба забон наовард.

Ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Ироқу Сурия аз замони зуҳури ДОИШ ё гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” дар соли 2014 сар шудааст.

Тоҷикистон дар панҷ соли охир наздик ба чорсад зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Сурияву Ироқ ба ватан баргардонд ва ҳанӯз ҳам теъдоди дигаре дар паноҳгоҳи “Ал Ҳавл”-и Сурия мондаанд.

Кушта шудани 1455 тоҷикистонӣ дар ҷанги се кишвар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Вазири тоҷик аз баёнияҳои муҳоҷирситезона дар Русия изҳори нигаронӣ кард

Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров
Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, баёнияҳои муҳоҷирситезонаи теъдоде аз вакилон ва сиёсатмадорони рус мояи нигаронӣ аст ва боиси изтироб дар ҷомеаи Тоҷикистон мешавад.

Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 13-уми феврал дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои русаш Сергей Лавров амалиёти мақомоти интизомии Русияро ба зидди муҳоҷирони тоҷик низ танқид кард.

"Амалиёт ба зидди муҳоҷирон гоҳо бо шеваҳои сахте сурат мегиранд. Мо чорабиниҳои мақомоти Русияро барои ба чаҳорчӯбаи қонунӣ ворид кардани муҳоҷират зери суол намебарем, вале ин чорабиниҳо набояд сабаби изтироб дар ҷомеа ва фазои иттилоотӣ бишаванд," – гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав.

Бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия бахусус баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар моҳи март бисёр зиёд шуд. Баъди ҳамин ҳодиса аз Русия бештар аз 17 ҳазор муҳоҷири тоҷикро ихроҷ карданд.

Матбуоти Русия ва гоҳе сиёсатмадорони он муҳоҷирони корӣ ва аз ҷумла муҳоҷирони тоҷикро сабаби тамоми бадбахтиҳои кишварашон меноманд.

Бино ба омори расмӣ, танҳо дар нимаи соли 2024 аз Тоҷикистон тақрибан 393 ҳазор нафар барои кор ба хориҷ ва аксаран ба Русия рафтаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG