Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Парвандаи ҷиноии Собир Валиев дар Қирғизистон

Собир Валиев
Собир Валиев

Кумтаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноии Собир Валиев, мухолифи фирории тоҷикро дубора оғоз кардааст. Ба иттилои хадамоти матбуотии ин ниҳод, парвандаи мазкур зидди Валиев бар пояи моддаҳои "убури ғайриқонунии марзи давлатӣ" ва "сӯистифода аз мақом"-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шудааст.

14 сентябри соли 2015 ба иллати кофтукоби Валиев тафтиши парвандаи ӯ муваққатан қатъ шудааст. "Аммо 2 октябри соли равон дар натиҷаи бозгашти ҳамсараш Ҷаннат Ҳамзаева ба Қирғизистон ва пеш омадани зарурати тафтиши маҳалли зисти кофтукобшаванда таҳқиқи парванда аз сар гирифта шудааст", – гуфт хадамоти матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон. Манбаъ афзудааст, ахиран бар пояи қарори Додгоҳи Первомайи Бишкек кормандони КДАМ маҳалли зисти Ҳамзаеваро дар пойтахти Қирғизистон кофтукоб кардаанд. Баъди он ҳамсари Валиев барои гузаронидани идомаи тафтишот ба кумита даъват шуд.

Хадамоти матбуотии КДАМ Қирғизистон афзудааст, Ҳамзаеваро пас аз бозпурсӣ дар доираи парвандаи убури ғайриқонунии марз ва ғайриқонунӣ дода шудани шиносномаи қирғизӣ ба Собир Валиев ҷавоб додаанд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Путин ва Раҳмон телефонӣ гуфтугӯ карданд

17 марти соли 2025, Кремл, Русия
17 марти соли 2025, Кремл, Русия

Дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон, рӯзи 29 сентябр раҳбарони ду кишвар телефонӣ сӯҳбат карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, "сарони ду давлат масъалаҳои ҷории рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, оид ба ҷанбаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд".

Ҷузъиёти аз ин беши гуфтугӯҳои телефонии Раҳмон ва Путин нашр намешавад, вале дар хабарнома омадааст, ки раҳбарони ду кишвар ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро баррасӣ намуданд.

Қарор аст рӯзҳои 9-10-уми октябр президенти Русия ба Тоҷикистон сафар кунад. Феълан барномаи ин сафар ё масоили мавриди баррасӣ миёни ду раҳбар нашр намешавад, вале худи Путин гуфтааст, "ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ" дар меҳвари ин дидору гуфтугӯҳо қарор мегирад.

Мулоқоти ду раҳбар дар ҳоле дар назар аст, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия бо фишори бесобиқатарин дар таърихи равобити миёни ду кишвар рӯбарӯ ҳастанд ва тақрибан ҳар ҳафта мақомоти интизомӣ аз боздоштҳои бераҳмову ҳабс ва ихроҷи муҳоҷирон бо баҳонаҳои риояи қонунҳои муҳоҷират гузоришҳо нашр мекунанд.

Думаи давлатии Русия дар якуним соли баъди ҳамлаи маргбор ба толори "Крокус"-и Маскав, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар мебошанд, даҳҳо қонуни маҳдудкунандаи кору ҳузури муҳоҷиронро қабул кардаанд.

Маълум нест то куҷо дар дидорҳо дар Душанбе мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз Путин ва ҳукуматаш беҳбуди вазъи муҳоҷирон ва риояи қонунҳо дар нисбати онҳоро дархост хоҳанд кард, чизе, ки бисёриҳо дар Тоҷикистон интизор доранд.


"Тӯдаи бекорхӯҷаҳои гузаро?" Пешниҳоди маҳрум кардани муҳоҷирон аз нафақаи иҷтимоии Русия

Вакилони Думаи давлатӣ аз ҳизби ЛДПР ё ҳизби либералу демократи Русия ба баррасии маҷлис тарҳи нави қонунеро пешниҳод карданд, ки мегӯяд, муҳоҷирони коргар дар ин кишвар бояд аз гирифтани нафақаи иҷтимоӣ маҳрум шаванд.

“Парламентская газета”, нашрияи расмии Думаи давлатӣ ин хабарро рӯзи 29 сентябр бо такя ба дафтари матбуоти ҳизб нашр кардааст. Гуруҳи ҳизбӣ ба раҳбарии Леонид Слутский, ки ҳамеша бо мавқеи нажодпарастонааш фарқ мекард, гуфтааст, соли гузашта дар Русия 600 ҳазор коргари хориҷӣ қарор дошт ва ин шумори рекордӣ аст. Ҳадди миёнаи нафақаи ин гурӯҳ сеяки маоши онҳоро ташкил медиҳад.

Слутский бо пешниҳоди тарҳи нави қонун гуфтааст, дар пасманзари “мушкилоти демографӣ ва амалиёти вижаи ҳарбӣ” (дар Русия ҷанги зидди Украинаро чунин ном мебаранд) “ҳар як тин ба ҳисоб аст” ва ин ҳам дар ҳолест, ки “муҳоҷирон дар бунёди ин давлат иштирок намекунанд ва бисёр вақт Русияву русҳоро бад мебинанд, аз ин давлат нафақа дарёфт мекунанд”.

Ин сиёсатмадор гуфтааст, “вақте нафахахӯрони мо тини ночиз мегиранд, пиронсолони рус барои додани пули хона ё харидани хӯрок пули кофӣ надоранд! Мо боз бояд тӯдаи бекорхӯҷаҳои гузароро таъмин кунем, ки қисми зиёдаш махсус барои гирифтани кӯмакҳои иҷтимоии ройгон меоянд?”.

Намояндагони ЛДПР пешниҳод карданд, ки нафақаҳои иҷтимоиро ба хориҷиҳову шахсони бешаҳрвандии сокини доимии Русия пардохт накунанд. Ин амали онҳо, ба гуфтаашон, низоми нафақаи Русияро аз «ӯҳдадориҳои беасоси иҷтимоӣ раҳо карда бори буҷадро камтар мекунад».

Ин даъват дар ҳолест, ки дар Русия дар давоми беш аз як соли охир даҳҳо қонуни нави маҳдудкунандаи ҳузур ва ҳуқуқи муҳоҷирон дар ин кишвар қабул шуд. Дар як ташаббуси ахир ҳизби "Русияи одил" пешниҳод намуд, ки вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба ин кишвар манъ шавад. Инчунин, шуруъ аз имсол фарзандони муҳоҷирон танҳо баъди супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба мактабҳо қабул мешаванд.

Вакилони парлумони Русия, ки ҳар сари чанд вақт бо ташаббусҳои нави маҳдудкунандаи муҳоҷирон садо баланд мекунанд, гӯё бо ҳам дар пешниҳоди чораҳои сангину бераҳмонатар дар ҳолати рақобат қарор доранд.

Аз сӯи дигар, ҷанги идомаёбанда алайҳи Украина ба буҷаи давлати Русия ҳам осеби сахт мерасонад ва зоҳиран, бо баҳонаи муҳоҷирон, мақомот дар асл мехоҳанд хароҷоти ҳатмии давлатиро дар баробари сокинон кам кунанд. Ба фарқ аз шаҳрвандони Русия, муҳоҷирон қишри беҳуқуқ ва осебпазиртарин ҳастанд ва дар сурати нагирифтани нафақаи қонунӣ ҳам гумон аст, ки битавонанд дар додгоҳ барои ҳуқуқи худ мубориза баранд.



Як тоҷик дар ҷанги зидди Украина кушта шуд

Як зодаи Тоҷикистон, ки дар сафи нирӯҳои мусаллаҳи Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст, дар вилояти Владимир ба хок супурда шуд. Ба навиштаи маъмурияти шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимир, рӯзи 26 сентябр дар ин шаҳр маросими хоксупории Исломиддин Ҳикматович Раҳматови 23-сола баргузор шуд.

Дар хабари мақомот омадааст, ки Исломиддин Раҳматов соли 2002 дар Тоҷикистон таваллуд шуда баъдан ба Русия кӯчид. Ӯ бо вазорати мудофеаи Русия барои хидмати ҳарбӣ созишнома имзо кард ва дар артиш дар рутбаи снайпер ва разведкачии калон ё сарбози калони иктишофӣ хидмат мекард.

Ҷузъиёти бештар дар бораи марги ин низомӣ нашр намешавад, танҳо дар хабари расмӣ омадааст, ки Исломиддин моҳи августи соли 2025 «ба ҳангоми иҷрои супоришҳое дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ (мақомоти Русия ҷанги зидди Украинаро чунин ном мебаранд) дар қаламрави Украина, ЛНР, ДНР ҷон бохт».

Ба иттилои расмӣ, Раҳматовро дар шаҳри Юрйев-Полскии вилояти Владимир ба хок супурданд. Мақомоти ин шаҳр ё матбуоти дигари маҳаллӣ, ки хабарро бознашр кардааст, ҷузъиёте аз ин беш намедиҳад.

Раҳматов, ба эҳтимоли зиёд, яке аз даҳҳо зодагони Тоҷикистон аст, ки бо қабули шаҳрвандии Русия барои ширкат дар ҷанги зидди Украина сафарбар шудаанд.

Шумори дақиқи тоҷикону тоҷикистониёне, ки аз тарафи Русия дар ин ҷанг иштирок мекунанд, нашр намешавад. Аз ҷумла, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон моҳи август дар як нишасти хабарӣ гуфт, «шумори расмии зодагони Тоҷикистон, ки дар Украина меҷанганд, мавҷуд нест».

Вале ба ҳисоби тарҳи давлатии Зистан мехоҳам"-и Украина, аз оғози соли 2025 беш аз 600 зодаи Тоҷикистон бо артиши Русия қарордод баста, ба ҷанг рафтаанд. Ин тарҳ дар маҷмӯъ номи 930 Тоҷикистониро нашр кард, ки ба ҷанг пайвастаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд. Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, аксарият аз зиндонҳо ва қисме ҳам аз сохтмону бозорҳо ба ҷанг сафарбар шудаанд. Ба ин роҳ онҳоро бо ваъдаи раҳоӣ аз зиндон, пули калон ва ё пешниҳоди шиносномаи русӣ ҷалб мекарданд.


Толибон як шаҳрванди Амрикоро озод карданд

Ҳукумати Толибон дар Афғонистон рӯзи 28-уми сентябр як шаҳрванди дигари Амрикоро озод кардааст. Амир Амириро баъд аз дидори Адам Бёлер, фиристодаи вижаи Амрико дар умури гаравгонҳо раҳо карданд.

Ба гуфтаи давлати Амрико, Амирӣ аз моҳи декабри соли 2024 дар боздошт буд ва бо миёнҷигарии Қатар озод шуд.

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико бо нашри паёме дар шабакаи X (Твиттер) озодии Амириро тасдиқ ва аз Қатар барои кумак дар ин кор миннатдорӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Толибон пештар дар шабакаи X эълом кард, ки "Имороти исломии Афғонистон имрӯз як шаҳрванди Амрикоро бо номи Амир Амирӣ аз зиндон озод кард".

Як манбаи огоҳ ба хабаргузории "Ройтерс" гуфтааст, Амирӣ панҷумин шаҳрванди Амрико аст, ки имсол бо миёнҷигарии Қатар аз сӯи Толибон озод шудааст.

Ноиби Трамп: Русия музокирот бо Украинаро рад кардааст

Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп
Ҷей Ди Венс, муовини раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп

Муовини раисҷумҳури Амрико мегӯяд, дар ҳафтаи ахир Русия музокироти дуҷониба бо Украина ва гуфтугӯи сеҷонибаро бо Амрико рад кардааст.

Ҷей Ди Венс дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News гуфт, "мо тарафдори сулҳ ҳастем, аммо барои ин кор ҳузури ду тараф лозим аст". Венс умедворӣ кардааст, ки Маскав "бедор шуда, воқеиятро қабул мекунад".

Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико аз нияташ барои гузарондани вохӯрии сеҷониба бо роҳбарони Русия ва Украина хабар дода буд. Президенти Русия барои вохӯрӣ бо Владимир Зеленский мувофиқа кардааст, аммо расидан ба тавофуқ дар масъалаи калидиро бо Киев имконнопазир гуфтааст.

Дар ҳамин ҳол маъмурияти Доналд Трамп мавзӯи интиқоли мушакҳои дурпарвози "Томагавк"-ро аз тариқи НАТО баррасӣ дорад. Ба гуфтаи Ҷей Ди Венс, тасмими ниҳоиро раиси ҷумҳур Доналд Трамп мегирад.

Рӯзномаи The Wall Street Journal пештар хабар дода буд, ки Трамп ба фиристодани мушакҳои дурпарвоз ба Украина мухолифат надорад.

Марк Рютте, дабири кулли НАТО эълон кардааст, ки ба эҳтимоли зиёд ҷанг миёни Русия ва Украина аз роҳи музокирот хотима меёбад. Рютте ваъда додааст, ки баъди ҳосил шудани тавофуқ ба Украина кафолати амниятӣ дода мешавад.

Расонаҳо аз кушта шудани як фармондеҳи тоҷикистонии ДОИШ хабар доданд

Акс аз сомонаи "Афғонистон интернешнл"
Акс аз сомонаи "Афғонистон интернешнл"

Расонаҳои покистонӣ аз кушта шудани як фармондеҳи тоҷикистонии ДОИШ дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон хабар додаанд. Аз ӯ Муҳаммад Эҳсонӣ ном бурда шудааст, ки бо исми "Анвар" низ маъруф будааст.

Шабакаи телевизионии Покистон "24News" бо такя ба манобеъи амниятӣ гуфтааст, ки ин фармондеҳи шохаи "Хуросон" - и ДОИШ дар тарҳрезӣ ва иҷрои ҳамлаи маргталабона дар Пешовар дар соли 2022 даст дошт. Дар ин ҳамла 67 нафар кушта шуданд. Хабари кушта шудани Муҳаммад Эҳсониро телевизиони форсизабони "Афғонистон интернешнл" ҳам пахш кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Муҳаммад Эҳсонӣ масъули ҷалб ва омӯзиши бомбгузорони маргталаби тоҷик барои анҷоми ҳамлаҳо дар хоки Покистон будааст. Вокуниши мақомоти Тоҷикистон дар робита ба кушта шудани фармондеҳи тоҷики ДОИШ маълум нест. Номи Муҳаммад Эҳсонӣ қаблан дар расонаҳо пахш нашуда буд ва барои ҳамин дар бораи шахсияташ маълумоте дар даст нест.

Созмони Милали Муттаҳид қаблан дар гузорише гуфта буд, ки ҳудуди ду ҳазор ҷангҷӯи ДОИШ дар Афғонистон ҳузур доранд. Аммо Толибон ин гузоришҳоро "таблиғ" хонда гуфтанд, гуруҳи тундрави ДОИШ дар Афғонистон ҳузур надорад.

Пештар гузоришҳое аз ҳузури Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Муҳаммад Шарифов, маъруф ба Маҳдӣ Арсалон дар Афғонистон нашр шуда буд. Моҳи августи имсол як намояндаи додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, мақомоти қудратии кишвар дар бораи зинда ва дар Афғонистон будани Гулмурод Ҳалимов ва Муҳаммад Шарифов маълумоти дақиқ дар даст надоранд.

Пешниҳоди вакили тоҷик: дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ шавад

Дилноза Аҳмадзода
Дилноза Аҳмадзода

Як вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дастрасии наврасони то 14-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ пурра манъ карда шавад. Вакил ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки наврасони 14-17-сола танҳо бо иҷозаи хаттии волидайн аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода баранд.

Дилноза Аҳмадзода дар мақолае, ки нашрияи расмии "Народная газета" чоп кард, навиштааст, манъи дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоро аз маълумоти зараровар ҳифз мекунад.

Мақолаи Аҳмадзода охири моҳи май нашр шуда, ахиран ба расонаҳо роҳ ёфт. Вакили порлумон пешниҳод кардааст, ки ба қонун дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак тағйирот ворид шуда, дастрасии наврасони то 14-сола ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ шавад. Мақомоти Тоҷикистон ба ин пешниҳод ягон вокуниш накардаанд.

Баъзе коршиносони тоҷик мегӯянд, пурра маҳрум кардани наврасон аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳи ҳал нест.

Таҷрибаи манъ кардани истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасон дар баъзе кишварҳо ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла мақомоти Австралия наврасони аз 16-сола поёнро аз дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ маҳрум мекунанд. Ин қонун аз моҳи декабри имсол ба иҷро медарояд.

Дар Молдова интихоботи порлумонӣ оғоз шуд

Мая Санду баъд аз овоздиҳӣ
Мая Санду баъд аз овоздиҳӣ

Рӯзи 28-уми сентябр дар Молдова интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Нуқтаҳои овоздиҳӣ соати 7 боз шуданд ва қарор аст раъйдиҳандагон то соати 21 мавқеи худро маълум кунанд.

Ин интихобот барои Молдова сарнавиштсоз гуфта мешавад, чун маълум мекунад, ки роҳи ин кишвар барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо идома мекунад ё Молдова ба Русия наздик мешавад.

Дар интихоботи порлумонии Молдова 14 ҳизб ва чор номзади мустақил иштирок доранд. Рақобати асосӣ миёни ҳизби ҳокими "Амал ва ҳамбастагӣ" ва аҳзоби рӯ ба Маскав, аз ҷумла ҳизбҳои сотсиалистӣ ва комунистӣ мегузарад.

Мая Санду, раиси ҷумҳури феълии Молдова субҳи барвақт раъй дод ва аз шаҳрвандон хост, ки дар интихобот фаъолона ширкат карда, аз демократияи кишвар муҳофизат кунанд. "Молдова, хонаи ҳамаи мо дар хатар қарор дорад, имрӯз ҳамаи шумо муҳим ҳастед. Шумо метавонед бо раъйи худ кишварро наҷот диҳед", - гуфт Санду.

Ҳизби "Амал ва ҳамбастагӣ", ки роҳбараш Майя Санду аст, аз соли 2021 аксарияти курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад. Аммо назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳизб мумкин мавқеи худро аз даст диҳад.

Санду дар остонаи интихобот аз мардуми кишвараш хост, ба тарафдорӣ аз неруҳои рӯ ба Аврупо овоз диҳанд, чун Русия маблағи зиёде сарф кардааст то Молдоваро ба сӯи худ кашад. Раиси ҷумҳури Молдова мегӯяд, Русия "миллионҳо доллар сарф карда" талош дорад, ки овози интихобкунандагонро бихарад. Маскав дахолат дар умури дохилии кишварҳои дигарро рад мекунад.

Садҳо гектар замини ҷангалро аз мардум бозпас мегиранд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ садҳо гектар заминро ба ҷангал баргардонанд. Ин заминҳоро солҳо қабл барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мардум дода буданд.

Тоҳир Амиршоҳзода, раиси Муассисаи ҷангали минтақаи Кӯлоб моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, баргардони заминҳо бо дастури раиси ҷумҳур ва додситонии кул анҷом мешавад.

Ба гуфтаи мақомот, барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ дар ҳудуди ҷангал қарори ҳукумати ҷумҳурӣ лозим аст. Ҷангалбонҳо мегӯянд, танҳо он хоҷагиҳое дар заминҳои ҷангал кишту корро давом медиҳанд, ки қарори ҳукуматро дар даст доранд.

"Тибқи қонун ҳамон хоҷагиҳои деҳқониеро эътироф мекунем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо қарор додааст. Агар қарор надошта бошад, он замин дар ихтиёри идораи ҷангал аст", - гуфт Тоҳир Амиршоҳзода.

Видеоро инҷо бинед:

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад назорати ҷангалҳоро бозпас гирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Ҷангалбонҳои минтақаи Кӯлоб дар ихтиёрашон 324 ҳазор гектар замин доранд. Аз ин миқдор 38 ҳазору 66 гектараш ба сокинон мувақатан дода шудааст. Маълум нест, ки чӣ қадар аз заминҳо бояд ба идораи ҷангал баргардонда шавад. То ин вақт додситонии кул қарори 16 хоҷагии деҳқониро бекор ва заминҳоро ба ҷангал баргардонидааст.

Тибқи омори пешниҳодкардаи Раиси Муассисаи ҷангали минтақаи Кӯлоб, дар ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Фархор 3610 гектар заминро дубора ба ихтиёри худ гирифтанд.

Соли 2022 ҳукумат барои васеъ кардани ҷангал барномаи махсус қабул кард. Бар пояи ин барнома, то соли 2040 бояд дар ҷангалҳои Тоҷикистон 2 миллиард дарахт шинонида шавад. Аз ин 860 миллион дарахт ба вилояти Хатлон рост меояд. Мувофиқи ин барнома, ҳамчунин то 30 дарсад чарогоҳҳо дар ҷангал кам карда мешаванд.

Эътилофи 12 кишвар барои кумаки молӣ ба кишвари Фаластин

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар Маҷмааи умумии СММ суханронӣ кард
Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар Маҷмааи умумии СММ суханронӣ кард

Дувоздаҳ кишвар, аз ҷумла Бритониё, Фаронса, Ҷопон, Арабистонӣ Саудӣ ва Испания барои ҳимояти молӣ аз ташкилоти худгардони Фаластин эътилоф ташкил кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Испания дар баёнияе гуфт, эътилоф баъд аз он ташкил шуд, ки ташкилоти худгардони Фаластин "ба буҳрони молии бесобиқа" рубарӯ аст.

Намояндагони Ташкилоти худгардони Фаластин ахиран аз камбуди шадиди пули нақд хабар доданд.

Эътилофи нав бо ҳадафи таъмини молии Ташкилоти худгардони Фаластин воқеъ дар Ромаллоҳ, ҳифзи тавоноии он барои ҳукуматдорӣ, ирсоли хизматрасониҳои зарурӣ ва ҳифзи амният шакл гирифтааст. Намояндагони 12 кишвар гуфтаанд, ҳамаи ин талошҳо "барои суботи минтақа ва ҳифзи роҳи ҳалли ду кишвар зарурӣ ҳастанд".

Дафтари нахуствазири Фаластин эълом кардааст, ки 12 кишвар ваъда додаанд, ки барои ташкилоти худгардон ҳадди ақал 170 миллион доллар кумак мекунанд.

Вазири корҳои хориҷии Арабистон рӯзи 25-уми сентябр эълом кард, ки кишвараш ба ташкилоти худгардони Фаластин 90 миллион доллар медиҳад.

Бар асоси санаде ки соли 1994 дар шаҳри Париж тасвиб шуд, Исроил даромадҳо аз молиёт (андоз)-ро ба намояндагӣ аз ташкилоти худгардони Фаластин ҷамъоварӣ мекунад.

Пас аз оғози ҷанг дар Ғазза, Исроил ирсоли ин даромадҳоро ба Ташкилоти худгардони Фаластин манъ кард. Ташкилоти худгардони Фаластин мегӯяд, ки баъди ин кор хизматрасонӣ дар бахшҳои омӯзишӣ, табобат ба мушкил рубарӯ шуда, сатҳи фақр чанд баробар зиёд шудааст.

Исроил мегӯяд, ки бахше аз ин маблағро барои пардохти пули барқе, ки фаластиниҳо истифода бурдаанд, нигоҳ доштааст.

Додгоҳи Сурия қарори боздошти Башор Асадро содир кард

Додгоҳе дар Сурия ҳукми боздошти Башор Асад, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи ин кишварро содир кард.

Ба гуфтаи додрас, Асад ба куштори барқасдона ва шиканҷа, ки боиси марг шудааст, муттаҳам мешавад.

Қарори додгоҳ ба мақомоти Сурия иҷозат медиҳад, ки барои боздошти Асад ба пулиси байнулмилалии Интерпол муроҷиат кунанд.

Башор Асад моҳи декабри соли 2024 дар пайи ошӯби гуруҳҳои мухолифаш сарнагун шуд ва ба Русия гурехт.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Сурия SANA, Асад ба он муттаҳам мешавад, ки соли 2011 эътирози мардумро дар шаҳри Даръо бераҳмона саркӯб кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ қарори боздошти Башор Асадро қадами муҳим барои барқарории адолат ва муҷозоти шахсоне хонданд, ки ба нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мешаванд.

Дар Мӯъминобод корманди додситонӣ як дучархасаворро пахш кардааст

Намое аз маркази ноҳияи Мӯъминобод.
Намое аз маркази ноҳияи Мӯъминобод.

Бар асари садамаи нақлиётӣ бо иштироки як корманди додситонии Мӯъминобод дар шоми 25 сентябр, як сокини ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар бахши эҳё бистарӣ шудааст.

Ду манбаи ҷудогона аз мақомоти интизомии вилояти Хатлон бе зикри номашон ҳодисаро тасдиқ карданд. Ба гуфтаи манбаъҳои Радиои Озодӣ, яке аз ёварони додситони ноҳия ҳангоми ҳаракат ба самти бинои додситонӣ, Раҳмоналӣ Раҷабовро, ки мотосиклсавор будааст, пахш мекунад.

"Ин одам дар роҳи худаш омада истода будааст, ин корманди прокуратура бо мошинаш тез меояд, дар ҳамон гардиши назди прокуратура ӯро мезанад. Баъди ҳодиса ӯро бемористон бурданд ва ҳоло дар шӯъбаи эҳё бистарист. Даст, по ва бинияш шикастааст. Дирӯз боз ба Кӯлоб бурда, томография карданд ва оварда бистарӣ намуданд",-афзуд манбаи Радиои Озодӣ

Аммо ин манбаъҳо дақиқ нагуфтанд, ки нисбати ин корманди додситонии ноҳия парванда боз шудааст ё на. Танҳо гуфтанд, ки нигоҳубин ва табобати ин нафар зери назари шахси додситони ноҳия қарор дорад.

Раҳмоналӣ Раҷабови 54-сола, сокини деҳаи Душанбечаи ноҳияи Мӯъминобод, ба ҳайси барқчӣ дар корхонаи парандапарварии ҳамин ноҳия кор мекардааст.

Мақомот то кунун дар мавриди ин ҳодиса ба таври расмӣ ибрози назар накардаанд. Назари кормандони додситонӣ, ки манбаъҳо мегӯянд, ҳодиса бо иштироки ӯ сурат гирифтааст, маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон бо иштироки кормандони мақомот садамаҳои нақлиётӣ рух медиҳад.

Ду рӯз пеш аз ин, дар садамае бо иштироки як корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, се нафар кушта ва чор тан захмӣ шуда буд. Ҳодиса дар роҳи деҳаи Кадучии ҷамоати Бобошоҳиён рух дода буд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаро тасдиқ кард, вале ба корманди комиссариати ҳарбӣ будан ё набудани соҳиби мошин ишорае накард.

Дар Тоҷикистон аз тарзи таҳқиқи парвандаҳои ҷиноӣ, ки дар онҳо гумонбарон ваё содиркунандагони ҷиноят кормандони ҳифзи қонун мебошанд, зиёд интиқод мешавад.

Мунаққидон мегӯянд, ки кормандони ҳифзи қонун ваё додгоҳҳо талош мекунанд ҳамкорону ҳамтоёнашонро ба ҷавобгарӣ накашанд ва бо истифода аз имкониятҳо дар қонун, роҳҳои сабуккунандаи ҷазо барои ҳамтоёнашонро татбиқ мекунанд.

Дар Хайбар-Пахтунхоҳ 17 толиби покистонӣ кушта шудаанд

Мақомҳои амниятии Покистон гуфтаанд, ки дар ноҳияи Караки вилояти Хайбар-Пахтунгоҳ ба як маркази Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) ҳамла карда, 17 ҷангҷӯйро куштаанд.

Шаҳбоз Илоҳӣ, аз масъулони пулис дар Карак гуфтааст, ки ин амалиёт рӯзи 26 сентябр анҷом шуд ва афзуд, ки дар ин даргирӣ се афсари пулис низ захмӣ шудаанд.

Ӯ ҷузъиёте бештаре ироа накард, аммо афроди кушташударо "хавориҷ" хонд. Истилоҳе, ки мақомоти покистонӣ ба Толибони он кишвар ба кор мебаранд.

Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса низ нерӯҳои амниятии Покистон дар ноҳияи Дера Исмоилхон ба як маркази ҷангҷӯён ҳамла кардаанд, ки ба гуфтаи мақомҳо, дар натиҷаи он 13 ҷангҷӯи Таҳрики Толибони Покистон дар даргирӣ кушта шуданд.

Таҳрики Толибони Покистон ё ТТП то кунун дар мавриди ин гуфтаҳои мақомоти амнияти Покистон изҳори назар накардаанд.

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини вазири корҳои хориҷии ИМА

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 25 сентябр дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи умумии СММ, бо муовини вазири корҳои хориҷии Амрико Кристофер Ландау мулоқот кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар хабарномае навишт, ки ҷонибҳо дар ҷараёни ин мулоқот густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва амниятиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба иттилои Сафорати Амрико дар Душанбе, Кристофер Ландау аз алоқамандии кишвараш ба сармоягузорӣ дар бахши маъданҳои муҳими Тоҷикистон, хабар додааст.

Манбаъ мегӯяд, ҷониби Амрико ҳамчунин аз таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо "Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи "Давлати исломӣ", қадрдорӣ кардааст.

Чолишҳои амниятӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, аз дигар масоили мавриди гуфтугӯи ин ду дипломати баландояи тоҷик ва амрикоӣ будаанд.

Амрико солҳои зиёд аст, ки ба Тоҷикистон барои тақвияти амният дар марзҳояш ва кумак дар мубориза бо терроризм мадад мекунад.

Шӯрои амният қатъномаи пешниҳодии Чин ва Русия дар бораи Эронро рад кард

Шӯрои Амнияти СММ рӯзи 26 сентябр қатъномаи пешниҳодии Русия ва Чин дар барои шаш моҳ ба таъхир андохтани таҳримҳои байналмилалӣ бар Эронро бо 9 раъйи мухолиф рад кард. Дар раъйгирӣ чаҳор кишвар аз ин қатънома тарафдорӣ ва ду кишвар аз раъй додан худдорӣ карданд.

Қабл аз раъйгирӣ, муовини намояндаи доимии Русия дар СММ, гуфт, ки "Эрон ҳар ончиро лозим буд, барои ҳамроҳӣ бо аврупоиҳо ва амрикоҳо анҷом дод, аммо қудратҳои ғарбӣ ҳеч созише накарданд".

Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, рӯзи 26 сентябр гуфт, ҳатто агар таҳримҳои СММ дубора эҳё шаванд, Эрон аз Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ хориҷ нахоҳад шуд.

Пизишкиён дар ҳошияи Маҷмаи умумии СММ ба хабарнигорон гуфт, Эрон нияти баромадан аз Аҳдномаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаиро надорад ва ҳушдор дод, ки қудратҳои хориҷӣ ба дунболи "баҳонаи сатҳӣ барои ба оташ кашидани минтақа" ҳастанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG