Дар чанд ҷумла
Эътирозгарон: "Буҳрон бе зӯргӯӣ ҳал шавад"

Мақомоти Арманистон бо мухолифоне, ки чаҳор пулисро гаравгон гирифтаанд, гуфтугӯро идома медиҳад. Дар майдони Озодии Ереван фаъолони ҷамъиятӣ гирд омада, талаб доранд, ки зидди мухолифон аз силоҳ истифода нашавад.
Гуруҳи фаъолони мухолифи "Порлумони созмондиҳанда" чаҳор корманди пулисро гаравгон гирифта, талаб доранд, ки роҳбарашон Жирайр Сефилиян аз зиндон раҳо шавад. Вай бо айби нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ боздош шудааст. Аммо ҷонибдоронаш мегӯянд, вай маҳбуси сиёсӣ аст.
Тавре бахши армании Радиои Озодӣ хабар медиҳад, эътирозгарон ба ҷуз талаби аввал, ҳамчунин тақозо доранд, ки ҳамаи мухолифони дар ду рӯзи охир боздоштшуда озод гарданд ва нисбати кормандони пулисе, ки рӯзи душанбе аз зӯр кор гирифтаанд, таҳқиқи хизматӣ анҷом дода шавад.
Муовини сардори пулиси Арманистон Унан Погосян ба эътирозгарон ваъда дод, ки боздоштшудаҳо раҳо мегарданд ва таҳқиқи хизматӣ низ анҷом хоҳад шуд. Вай гуфт, гуфтугӯ бо мухолифон идома хоҳад кард.
Ҳангоми ҳамлаи мусаллаҳона дар бинои пулиси Ереван 17 июл як корманди пулис кушта ва чаҳор тани дигар маҷруҳ шуд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Як чеҳраи миллигаро барандаи интихоботи президентии Лаҳистон шуд

Комиссияи интихоботи Лаҳистон субҳи 2 июн аз поёни шумориши орои марҳилаи дувуми интихоботи президентӣ дар ин кишвар хабар дод ва Карол Навроский, таърихшиноси миллигароро баранда эълон кард.
Бар асоси омори ин комиссия, Карол Навроский 50,97 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард ва Рафал Тшасковский, шаҳрдори Варшава ва тарафдори Иттиҳоди Аврупо, бо касби 49,11 дарсади оро, аз ӯ шикаст хӯрд.
Нашри натиҷаҳо дар тӯли шаб ҳикоят аз рақобати шона ба шонаи ин ду номзад дошт ва раъйпурсӣ дар оғоз Тшасковский ва сипас Навроскийро пешсаф эълон кард.
Навроскийи 42-сола ва Тшасковскийи 52-сола дар суханрониҳои худ дар миёни тарафдоронашон дар шаби гузашта, бовар доштанд, ки барандаи интихобот хоҳанд буд.
Даври дувуми интихоботи президентӣ дар Лаҳистон 1 июн баргузор шуд.
Ин интихобот бо ҳассосиятҳои зиёде пайгирӣ шуд ва натиҷаи он метавонад паёмадҳои муҳиме барои нақши ин кишвар дар Аврупо дошта бошад.
Лаҳистон узви Иттиҳоди Аврупо ва НАТО аст ва пуштибон асосии Украина, ҳамсояи худ, дар ҷанги Русия алайҳи ин кишвар будааст.
Ғазза. Ҳалокати беш аз 30 тан дар ҳамлаи Исроил ба як маркази тақсими ғизо

Мақомҳои фаластинӣ дар Ғазза гуфтаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои нави Исроил дар Рафаҳ, дастикам 31 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Масъулини бахши тандурустӣ гуфтанд, ки сарбозони исроилӣ рӯзи якшанбе ба сӯи касоне, ки барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстона саф кашида буданд, тирандозӣ карданд.
Ниҳоде бо номи "Бунёди башардӯстонаи Ғазза" дар Рафаҳ, дар ҳоли тақсими кӯмакҳо ба мардум аст.
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълон кардааст, ки тимҳои ин ниҳод ҷасадҳои дастикам 23 нафарро аз маҳал интиқол доданд.
Артиши Исроил гуфтааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳо дар бораи ҳамла ба фаластиниҳо дар наздикии яке аз марказҳои тақсими кӯмакҳо аст.
Аммо дар мавриди ин, ки оё талафот бар асари тирандозии нерӯҳои исроилӣ буда ё на, ибрози бехабарӣ кардааст.
"Бунёди башардӯстонаи Ғазза", қароргоҳаш дар Амрико, гузоришҳо дар бораи талафоти инсонӣ дар наздикии маркази тақсими кӯмакҳо дар Рафаҳро рад карда, гурӯҳи "Ҳамос"-ро ба пешниҳоди маълумоти "сохта", муттаҳам кардааст.
Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.
Аврупо мегӯяд, ки ба таърифаҳои Трамп посухи монанд медиҳад

Комиссияи Аврупо мегӯяд, ки ин иттиҳодия омодаи рӯи даст гирифтани чораҳои монанд дар баробари афзоиши таърифа ё боҷҳо аз сӯи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аст.
Трамп рӯзи 30 май таърифаҳо бар вориди фӯлод ва алюминиюми аврупоиро аз 25 дарсад ба 50 дарсад афзоиш дод.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як масъули Комиссияи Аврупо, ки номашро зикр накардааст, хабар медиҳад, ки агар музокирот ба натиҷа нарасад, ин иттиҳодия таърифаҳо бар маҳсулоти амрикоиро аз 14 июн афзоиш хоҳад дод.
Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, вазъияти кунунӣ заминаеро барои як ҷанги тиҷории эҳтимолӣ байни ду иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ -- Амрико ва Аврупо, ҳамвор кардааст.
Ҳафт кушта ва даҳҳо захмӣ дар садамаи қатори мусофирбарӣ дар Русия

Мақомҳои Русия мегӯянд, ки бар асари фурӯ рехтани як пул бар рӯи як қатори мусофирбарӣ, ҳафт нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Ҳодиса шаби 31 май соати 22:44 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.
Ба гуфтаи мақомоти роҳи оҳани Русия, қатораи мусофирбар, ки аз Маскав ба самти Климов ҳаракат мекард, дар вилояти Брянск ба садама дучор шуд.
Губернатори Брянск Александр Богомаз гуфт, ки дар баробари кушташудагон дар ин ҳодиса, дастикам 69 мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Вай дар Telegram навишт, ҳамаи хадамоти изтирорӣ ва масъулон дар ҷои ҳодиса кор мекунанд ва афзуд, ки ҳодиса соати 22:44 дар ноҳияи Вигоничский, тақрибан 100 километр дуртар аз марзи Украина, рух додааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, дар миёни ҷонбохтагон ронандаи тепловоз низ будааст.
Тибқи гузоришҳо, таҳқиқот дар бораи сабабҳои ин ҳодиса оғоз шуда ва дигар мусофирони ин қатор ҳам ба як маҳали зисти муваққат интиқол дода шуданд.
Толибон мегӯянд, Тоҷикистон наздик ба 50 паноҳандаи афғонро ихроҷ кардааст

Мақомоти ҳукумати Толибон аз ихроҷи даҳҳо муҳоҷири афғон аз Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир, хабар доданд. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол мавзуъро шарҳ надодааст. Манбаъҳои наздик ба муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон, хабари ихроҷи ин паноҳандагонро тасдиқ карданд.
Вазорати муҳоҷирони ҳукумати Толибон рӯзи 31 май дар хабарномае эълон кард, ки 49 муҳоҷири афғон рӯзҳои 28-29 май "ба сабабҳои номаълум", аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Ба гуфтаи ин вазорати таҳти назорати Толибон, ин муҳоҷирон ду рӯз пеш аз тариқи Бандари Шерхон дар вилояти Кундуз, ба кишварашон бозгардонида шуданд. Бандари Шерхон бо Панҷи Поёни вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Толибон гуфтаанд, ки 36 тан аз ин афрод корти иқомати Тоҷикистон ва 12 тани дигар гузарнома ва виза доштаанд. Вазорати муҳоҷирати ҳукумати Толибон таъкид кардааст, ки сабаби ихроҷи ин афрод "номаълум" аст.
Мақомоти ҳукумати Тоҷикистон то кунун дар ин бора чизе нагуфтаанд ва масъаларо шарҳ надодаанд.
Як манбаи наздик ба муҳоҷирони афғон дар Душанбе бо тасдиқи хабари ихроҷи муҳоҷирони афғон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта ҳам боздошти паноҳандагони афғонистонӣ идома доштааст, вале маълум нест, ки оё касе аз дастгиршудаҳоро ихроҷ кардаанд ё не.
Ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ин низ даҳҳо муҳоҷири афғонро аз ин кишвар берун карда буд. Аз ҷумла, дар охирҳои моҳи апрел ҳудуди 50 тан аз муҳоҷирони афғон тайи амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боздошт ва ба кишварашон баргардонида шуданд.
Он замон шуморе аз муҳоҷирони афғон нигаронӣ карданд, ки Тоҷикистон теъдоде аз онҳоро, ки дар Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, низ сабт буданд, аз ин кишвар берун кардааст.
Онҳо бо нигаронӣ аз ин вазъият, аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки бинобар ҳолати феълӣ ва вазъи бади ҳуқуқи башар дар Афғонистон, тасмимҳои худ роҷеъ ба ихроҷи паноҳандагони афғонро бозбинӣ кунанд.
Ҳазорон паноҳҷӯи афғон аз чанд даҳсола ба ин тараф, ба вижа пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд.
Ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаон, танҳо дар моҳи декабри соли 2024-ум 80 афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба ватанашон фиристода шуданд. Ба иттилои ин ниҳод, бисёре аз ин афрод, санад ва корти паноҳандагӣ доштанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора на омор ва на шарҳе намедиҳанд. Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандаҳо борҳо аз ихроҷи гурезаҳои афғонистонӣ нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ин корро бас кунанд.
"Раҳбари Толибони Покистон дар як ҳамла захмӣ шудааст"

Муфтӣ Нурвалӣ Маҳсуд, раҳбари Толибони Покистон, дар як ҳамла захмӣ шудааст.
Манбаъҳои покистонӣ мегӯянд, як фарди ношинос, ки савори дучарха буд, дар Афғонистон бо партоби бомбаи дастӣ, ба Муфтӣ Нур Валӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳоло ӯ дар бемористон бистарӣ аст.
Ин манбаъҳо дар бораи замон ва макони дақиқи ин ҳамла чизе нагуфтаанд.
Муфтӣ Нурвалӣ Маҳсуд дар соли 2018 пас аз кушта шудани раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Мулло Фазлуллоҳ, раҳбарии ин гурӯҳро ба дӯш гирифт.
Таҳти раҳбарии Муфтӣ Нурвалӣ Маҳсуд, Таҳрики Толибони Покистон масъулияти чандин ҳамлаҳои террористии маргборро дар саросари Покистон ба ӯҳда гирифтааст.
Ҳалокати 5 нафар дар як садамаи нақлиётӣ дар Суғд

Бар асари бархӯрди ду мошини сабукрав дар ноҳияи Ҷаббори Расулови вилояти Суғд, панҷ нафар ҷон бохта, 4 тани дигар захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 29 май рух додааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ронандаи мошини "Опел-Комбо" ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Гулхонаи ин ноҳия ба тарафи муқобили роҳ баромада, ба худрави "Опел-Зафира" бархӯрдааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа ҳар ду худрав оташ гирифта, ронанда ва се мусофири худрави "Опел-Зафира" ва ҳамчунин як мусофири "Опел-Комбо" дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтанд.
Манбаъ афзуд, ки ронандаи худрави "Опел-Комбо" ва се мусофири "Опел-Зафира" бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода шуданд.
Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Тақрибан ҳар рӯз дар роҳҳои Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ сокинон захмӣ ва ҳалок мешаванд.
Аз ҷумла, рӯзи 26-уми май дар пайи ба ҷарӣ сарозер шудани як мошин дар ноҳияи Варзоб, ду кас ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҳафтаи гузашта як мошин дар ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Ду нафар аз мусофирон наҷот ёфтанд ва се нафар ҳанӯз нопадид ҳастанд.
Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба ғарби Сурия

Исроил шоми 30 май барои аввалин бор пас аз ҳудуди як моҳ, минтақаҳоеро дар ғарби Сурия ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоӣ қарор дод.
Ба навиштаи хабаргузории расмии Сурия, дар пайи ин ҳамлаҳо як ғайринизомӣ кушта ва се нафари дигар захмӣ шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ки Исроил ба се маҳал дар вилояти Лозиқия ва ҳамчунин атрофи бандари Тартус, ҳамла кард.
Артиши Исроил низ дар баёнияе эълон кард, ки "анборҳои дорои мушакҳоро, ки таҳдиде барои Исроил буданд", дар минтақаи Лозиқия ҳадаф қарор дод.
Артиши Исроил таъкид кардааст, ки ба амалиёти худ "барои ҳифзи озодии амал дар минтақа ба ҳадафи анҷом додани маъмурияташ", идома хоҳад дод ва "барои аз байн бурдани ҳар гуна таҳдид", иқдом хоҳад кард.
Дидбони ҳуқуқи башари Сурия қароргоҳаш дар Сурия, низ гузориш дод, ки дар ин ҳамлаҳо "пойгоҳҳои низомӣ дар атрофи Тартус ва Лозиқия", ҳадаф қарор гирифтанд.
Исроил дар солҳои гузашта борҳо минтақаҳоеро дар Сурия ҳадаф қарор додааст ва ба навиштаи хабаргузории "Рейтерз", бахшҳои зиёде аз зерсохтҳои низомии ин кишварро нобуд кардааст. Ин ҳамлаҳо аз оғози ҷанги Исроил дар Ғазза шиддат ёфт, аммо аз аввали апрели имсол мутаваққиф шуда буд.
Чанд ҳафта пеш Сурия аз музокироти ғайримустақим бо Исроил барои коҳиши танишҳо хабар дод.
Сурия ва Исроил аз соли 1948 дар ҷанг будаанд ва дар соли 1967 баландиҳои Ҷулон ба тасарруфи Исроил даромад.
Исроил аз замони сарнагунии ҳукумати Башор Асар дар 7 декабри соли 2024 то кунун садҳо ҳамла ба ин кишвар анҷом додааст.
Мулоқоти Раҳмон бо Мелонӣ ва ширкат дар ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Итолиё”

Шоми 30 май дар шаҳри Остона ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии президент Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Ҳамоиши якуми “Осиёи Марказӣ ва Итолиё” бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелони мулоқот намуданд. Сомонаи президенти Тоҷикистон навишт, ки як сол баъди мулоқоти ин ду раҳбар дар Рум, ин навбат ҷараёни иҷрои барномаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шудааст.
Апрели соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари расмӣ ба Рум бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ ҳафт санади ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва сайёҳиро имзо карданд.
Рӯзи 30 май дар Остона Раҳмон ва Мелонӣ аз ҷумла “ба масоили ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд” зоҳир карданд. Дар миён дигар мавзӯъҳо - истихроҷ ва коркарди маъданҳои фоиданок, коркарди амиқи пахта ва содироти маҳсулоти тайёр, ҷалби сармоя ва воридоти технология ҳамчун дурнамои ҳамкориҳои байни ду тараф зикр шуд.
“Тавсеаи робитаҳо дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва варзиш, маориф, ҷудо кардани бурсияҳои донишҷӯӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин, кушодани филиалҳои мактабҳои таҳсилоти олии Италия дар кишвари мо аз мавзуъоти муҳими суҳбат буд”, гуфта шудааст дар иттилоияи матбуотӣ.
Дар паи ин ҳамоиши аввалини сарони кишварҳои “Осиёи Марказӣ ва Итолиё” ба кор оғоз кард. Дар ин ҷаласа инчунин президентони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ мекунанд.
Пеш аз шурӯи нишаст муовини вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Роман Василенко ба ТАСС гуфтааст, дар ин ҷаласа таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили рушди тиҷорат, сармоягузорӣ, металлҳои гаронбаҳо ва инчунин мубориза бо тундгароӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ равона мешавад.
Ба як мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Итолиё дар Рум ду ҳафта пеш аз ҳамоиши Остона, Ҷамолиддин Убайдулло, сафири Тоҷикистон ба имкониятиҳои фаннии Тоҷикистон таъкид карда гуфтааст, ки дар сурати сармоягузории Итолиё мешавад барои “рушди соҳаҳои мисли гидроэнергетика, металлургия, маъдан, саноати хурокворй ва туризм дар Тоҷикистон ҳамкориҳои муваффақе ба роҳ монд”. Ӯ гуфтааст, ҳамоиши Остона метавонанад барои эҷоди шарикии қавӣ мусоидат кунад.
Феълан маълум нест, то куҷо ҳамкориҳои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо Итолиё расидагӣ ба масоили доғи мисли ҳуқуқи башар ва озодии баёнро дар бар мегирад.
Ҳамаи кишварҳои минтақа бо нишондодҳои бад дар ин бахш маъруфанд ва раҳбарони минтақаро барои саркӯби озодиҳо ва зиндонӣ кардани мухолифону мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.
Боздошти корманди истихбороти ҳарбии ИМА барои кӯшиши ҷосусӣ барои як "давлати дӯст"

Дар ИМА як корманди ғайринизомии идораи истихбороти ҳарбӣ ҳангоми талоши ба дасти намояндаи давлати хориҷӣ додани маълумоти махфӣ боздошт шуд. Ин шахс давоми се рӯз аз ҷои кораш маълумоти комилан махфиро дуздида онро ба дасти як маъмури Бюрои федеролии тафтишоти ИМА, ки худро гӯё намояндаи истихбороти давлати хориҷӣ муаррифӣ кардааст, вогузор мекард.
Дар иттилоияи вазорати адлияи ИМА омадааст, Нэйтан Вилас Латчи 28-сола дар идораи истихборот аз соли 2019 ҳамчун як мутахассиси фанноварҳои компютерӣ кор мекард ва ба санадҳои комилан махфӣ дастрасӣ дошт. Моҳи марти соли 2025 ФБР иттилое дастрас кард, ки яке аз кормандони ин идора мехоҳад маълумотеро ба намояндаи «як давлати дӯст» бидиҳад.
Дар як номаи беимзо гумонбар гуфтааст, ки «бо арзишҳои Кохи Сафед розӣ нест ва онҳоро намеписандад», аз ин рӯ «омода аст маълумоти махфӣ»-ро берун барорад. Дар ихтиёри ӯ аз ҷумла, гузоришҳои идораҳои ҷосусӣ ва маълумоти аввалияи истихборотӣ қарор доштааст.
ФБР бо ӯ дар тамос шудааст. Дар маводи додгоҳӣ гуфта мешавад, ки Латч давоми се рӯз маълумоти махфиро ба дафтарчае навишта баъдан онро дар як махфигоҳ дар ҳудуи боғе пинҳон кардааст. Латч гуфтааст, ки ин намунаи корест, ки ӯ ба ҷо оварда метавонад ва дар сурати ҳамкории бештар, ӯ иттилои фаровони дигареро ҳам бар ивази шаҳрвандӣ пешкаш хоҳад кард. Гумонбар гуфтааст, ки бовар надорад, ки «вазъ дар дарозмуддат беҳтар шавад».
Беш аз 400 ҳазор нафар дар Русия дархости хидмат дар артишро кардааст

Соли 2024 беш аз 407 ҳазор нафар бо вазорати дифои Русия қарордод бастаанд. Нашрияи "Важные истории" менависад, ки чунин оморро дар паи таҳлили хароҷоти буҷаи федеролии Русия дар соли гузашта ба даст овардаанд.
Дар матлаби ин нашрия омадааст, ки 407,2 ҳазор нафар соли 2024 барои хидмат дар артиш қарордод имзо карданд. Сабабаш ин ки, менависад нашрия, августи соли 2024 президенти Русия Владимир Путин пардохти маблағ барои хидмат дар артишро аз 195 ҳазор рубл ба 400 ҳазор рубл афзоиш дод.
Ҳисоб шудааст, ки дар чормоҳаи охири соли 2024 рӯзона ба ҳисоби миёна 1700 нафар қарордод имзо мекард. Ин 1,3 баробар камтар назар ба соле аз он пеш будааст. Баҳори соли 2025 дубора омор поин омада, рӯзе ба ҳисоби миёна 1000 нафар барои хидмат дар артиш изҳори омодагӣ кардааст.
Боздошти кормандони "Клооп" аз ҷониби идораи амнияти Қирғизистон

Сардабири нашрияи «Клооп» Анна Капушенко гуфт, ки рӯзи 29 май дар хонаи корманди ин нашрия Абдил Айтпайтегин (Торобаев) мақомоти амниятии Қирғизистон кофтукоб анҷом дода, худи ӯро ба Сарраёсати амнияти миллӣ дар шаҳри Бишкек интиқол доданд. Сабаби боздошти ӯ гуфта намешавад.
Худи ҳамон рӯз Симбат Боймирзоева, собиқ мудири ин нашрия, ки ба гуфтаи ҳамкоронаш, мақола наменавишт, ҳамчунин ба идораи амният бурда шуд. Хешовандонаш гуфтанд, ки баъди он ки хонаи ӯ кофтукоб шуд, ӯро ба дафтари КДАМ интиқол доданд. Субҳи 30 май хабарнигорон огоҳ шуданд, ки шаби дери гузашта Айтпайтегинро ҷавоб дода, Боймирзоева ҳанӯз ҳам дар дохили бинои амният қарор дорад.
Аз ин пеш дар изҳороти фейсбукиаш Доирбек Орунбеков, мудири сиёсати иттилооти маъмурияти президент гуфт, ки хабарнигорони боздоштшудаи «Клооп»-ро рӯзноманигори таҳқиқгар Болот Темиров маблағгзуорӣ мекунад. Худи Темиров инро рад кард ва гуфт, ки «ҳеҷ тамосе бо онҳо надорад ва ҳатто аксарашонро шахсан намешиносад». Ӯ гуфт, ки ба касе супориш ва вазифае надодааст ва дар таҳқиқоти журналистиаш мустақилона пеш меравад.
Ҳанӯз хабарнигорони бозпурсишудаву вакилони дифои онҳо изҳороти Орунбековро шарҳ надодаанд ва худи КДАМ ҳам дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.
Рӯзи 28 май дигар хабарнигорони нашрияи «Клооп» - Айдай Эркебаева, Зиёгул Болотқизӣ, инчунин корманди собиқ Зара Содиқалиева ба идораи шаҳрии амният бурда шуданд. Наворбардори ин расона Александр Александров ва собиқ корманди идора Ҷоомарт Давлатов ба мӯҳлати 48 соат боздошт шуданд.
Рӯзи 9 феврали соли гузашта додгоҳе дар Бишкек қарори аз байн бурдани бунёди ҷамъиятии «Клооп Медиа»-ро содир кард. Ин қарор дар паи шикояти додситонии Бишкек гирифта шуд, ки гуфт, «Клооп» «бисёр вақт маълумоти манфӣ ва танқидкунандаи сиёсати давлат»-ро нашр мекунад.
Сомонаи ин нашрия дар Қирғизистон масдуд шудааст.
Кумитаи байналмилалии дифоъ аз журналистон қарори бастани як расонаи мустақилро ҳамчун «доғи сиёҳе дар таърихи Қирғизистон» маҳкум кард.
Раҳмон барои ширкат дар ҳамоиши Итолиё ва Осиёи Марказӣ ба Остона рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар нахустин ҷаласаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё ба шаҳри Остона - пойтахти Қазоқистон парвоз кард. Дар ин сафар ӯро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар мақомот ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин бора сомонаи президенти Тоҷикистон нисфирӯзии 30 май хабар дод.
Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Итолиё нахустин нишаст дар чунин чаҳорчӯб хоҳад буд, ки дар он ҳамкориҳои иқтисодию сиёсии миёни кишварҳои минтақа ва Итолиё баррасӣ мешавад.
Қарор аст дар ин ҳамоиш инчунин президентони Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон – Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, Шавкат Мирзиёев ва Сардор Бердимуҳаммадов бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ кунанд.
Ба иттилои хабаргузории итолиёии Agenza Nova, вазири корҳои хориҷии Итолиё Антонио Таянӣ дар остонаи ин сафар дар мулоқоте бо сафирони Осиёи Марказӣ дар Рум гуфтааст, ки ҳадаф тақвияти ҳамкориҳо дар масоили мисли энержӣ, иртиботот, зерсохторҳо, мудирияти захираҳо об мебошад.
Дар ин мулоқот, ки ду ҳафта пеш барпо шудааст, Ҷамолиддин Убайдулло, сафири Тоҷикистон дар Рум ба имкониятиҳои фаннии Тоҷикистон таъкид карда гуфтааст, ки дар сурати сармоягузории Итолиё мешавад барои “рушди соҳаҳои мисли гидроэнергетика, металлургия, маъдан, саноати хурокворй ва туризм дар Тоҷикистон ҳамкориҳои муваффақе ба роҳ монд”. Ӯ гуфтааст, ҳамоиши Остона метавонанад барои эҷоди шарикии қавӣ мусоидат кунад.
Ҷузъиёти аз ин беш феълан нашр намешавад, ҳамчунон ки феълан маълум нест, то куҷо хоҳиши пешбурди ҳамкориҳои бештар расидагӣ ба масоили доғи мисли ҳуқуқи башар ва озодии баёнро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ мекунад.
Ҳамаи кишварҳои минтақа бо нишондодҳои бад дар ин бахш маъруфанд ва раҳбарони минтақаро барои саркӯби озодиҳо ва зиндонӣ кардани мухолифону мунаққидони ҳукумат, аз ҷумла дар Тоҷикистон интиқод мекунанд.
Апрели соли 2024 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сафари расмӣ ба Рум бо нахуствазири Итолиё Ҷорҷиа Мелонӣ дидору гуфтугӯ ва ҳафт санади ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва сайёҳиро имзо карданд.
Як миллиард кӯдак дар ҷаҳон таъсири тағйирёбии иқлимро эҳсос мекунад - раҳбари ЮНИСЕФ

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) мегӯяд, тақрибан як миллиард кӯдак дар саросари ҷаҳон зери таъсири буҳрони тағйирёбии иқлим қарор доранд.
Хонум Рассел 30-юми май зимни Ҳамоиши пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо дар Душанбе гуфт, кӯдакон пеш аз ҳама таъсири тағйирёбии иқлимро ҳис мекунанд.
Намояндаи ЮНИСЕФ даъват кард, ки дар вақти амалӣ кардани барномаҳои муқобила бо тағйирёбии иқлим, бояд кӯдакон дар маркази диққат бошанд. Ӯ гуфт, бояд “ба ниёзҳои асосии кӯдакон диққат диҳем ва хизматрасонии калидӣ, ба монанди таъмини об ва таҳсил барои онҳо бояд таъмин гардад.
Кӯшиш кунем, ки ҳифзи иҷтимоии кӯдакон ва модарон ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқуллода таъмин шавад. Кӯдакони мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунанд, ки аз мо ба онҳо мегузарад. Биёед онҳоро дастгирӣ кунем”, - афзуд директори иҷроияи ЮНИСЕФ.
Рассел яке аз ширкатдорони конфронси Душанбе аст, ки то 31 май идома мекунад.
Шаҳбоз Шариф дар Душанбе: ҳаёти миллионҳо нафар набояд гаравгони муомилаҳои сиёсӣ бошад

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон зимни ҳамоише дар Душанбе аз тасмими Ҳинд барои яктарафа тарк кардани паймони рӯди Синд изҳори нигаронӣ кард. Шариф гуфт, ин кори Деҳлӣ ғайриқобили қабул аст, “чун ҳаёти миллионҳо нафар набояд гаравгони муомилаҳои сиёсӣ бошад.”
Охири моҳи апрели имсол баъди ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Кашмири зери назорати Ҳиндустон, Деҳлӣ аз паймони рӯди Синд берун шуд. Ба гузориши расонаҳои маҳалии Покистон, 80 дарсади бахши кишоварзӣ ва энергетикии Покистон аз оби дарёи Ҳинд таъмин мешаванд.
Мақомоти Ҳинд Покистонро дар пуштибонӣ аз терроризм дар минтақаи баҳсноки Кашмир айбдор кард. Исломобод ҳамагуна даст доштан дар ин ҳодисаро рад карда, таҳқиқи байнулмилалиро талаб кардааст.
Рӯзи 22-юми апрел дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Кашмир, 25 сайёҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҳинд кушта шуданд. Ин ҳодиса таниши миёни Деҳлӣ ва Исломободро зиёд кард ва ду тараф оғози моҳи май ба мавзеъҳои ҳамдигар ҳамла карданд.