Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Зилзилаи шадид Осиёи Миёнаро таккон дод

Зилзилаи шадид кишварҳои Осиёи Миёнаро таккон додааст, аммо то ҳол дар бораи талафот ё харобиҳо гузориш нашудааст. Кумитаи назорати геологӣ дар Вазорати маорифи Қазоқистон рӯзи 27 июн гуфт, ин зилзила дар наздикии марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбакистон рух дода, шиддаташ ба 5,3 дараҷаи ҷадвали Рихтер баробар будааст.

Дар Қазоқистон сокинони шаҳрҳои Алмаато, Чимкент ва Тароз ин зилзиларо эҳсос кардаанд. Оҷонсии Қазоқистон гуфтааст, ки баъд аз ин зилзила даҳҳо бори дигар лаппиши замин эҳсос шудааст.

Ин зилзила дар ҳоле рух додааст, ки як рӯз пеш дар ҷануби Қирғизистон зилзилае бо шиддати 6,7 дараҷа рух дода буд. Маркази омӯзиши геологии Амрико гуфтааст, маркази зилзилаи рӯзи 26 июн дар 122-километрии шаҳри Ӯш, дар наздикии марз бо Тоҷикистон, будааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Ислоҳталаб ва тағйирпазир нест." Нишасти мухолифони "Толибон"

Нишасти мухолифони "Толибон" дар Вена. Акс аз бойгонӣ
Нишасти мухолифони "Толибон" дар Вена. Акс аз бойгонӣ

Мухолифони сиёсӣ ва низомии ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон рӯзи 14-уми апрел дар як нишаст ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи ин режим таъкид карданд.

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, гурӯҳи "Толибон"-ро ба "зулм ва террор" муттаҳам кард ва афзуд, ки ҳеч ҳукумат бе пуштибонии мардум бақо надорад.

Вай иддао кард, ки ирода ва хоҳиши мардум барои мубориза бо ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Нишаст дар пайванд ба дувумин солгарди куштори ҳафт нерӯи зидди "Толибон" ба таври маҷозӣ ё интернетӣ баргузор шуд.

Ёсин Зиё, раҳбари Ҷабҳаи озодӣ, гуфт, "Толибон" як гурӯҳи ислоҳталаб ва тағйирпазир нест ва ягона роҳи ҳал "сарнагун кардани ин гурӯҳ аст".

Зиё ин ҳарфҳоро дар вокуниш ба баста шудани дафтари Ҳизби исломӣ дар вилояти Кундуз баён дошта, Гулбуддин Ҳикматёр, раҳбари ин ҳизбро даъват кард, ба ҷабҳаи зидди "Толибон" бипайвандад.

Ҳукумати "Толибон" то ҳол дар бораи ин иддао изҳори назар накардааст.

Ҳамла ба Курск: Як зан кушта ва нуҳ нафар захмӣ шудаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия рӯзи 15-уми апрел иддао карданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини украинӣ дар шаҳри Курск як зани 85-сола кушта ва 9 нафар захмӣ шудаанд.

Раиси вилояти Курск дар Телеграм навишт, ки "шаҳри Курск дар шабонарӯзи гузашта мавриди ҳамлаи густурдаи душман қарор гирифт."

"Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин чанд хонаи бисёрошёна оташ гирифт," – гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Курск Сергей Котляров дар Телеграм.

Ӯ афзуд, сокинон ба бинои мактаб кӯчонда шуданд.

Маъмурияти минтақа мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишин ба гаражи мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" низ зарба зад ва ба 11 мошин зарар расонд.

Ба навиштаи саҳифаҳои Baza ва SHOT дар Телеграм, ки аксаран аз манобеи амниятӣ ва интизомии Русия иттилоъ пахш мекунанд, зиёд аз 20 таркиш Курскро такон додааст.

Як ҷунбиши мухолиф хоҳони ҳукумати муваққати Тоҷикистон дар хориҷ шуд

Кохи Миллат, Душанбе
Кохи Миллат, Душанбе

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, хоҳони "Муколамаи умумимиллӣ" ва "таъсиси ҳукумати муваққат дар табъид" шудааст.

Ин созмони воқеъ дар Амстердам рӯзи 15-уми апрел дар изҳороте гуфт, "Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони шадиди сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва башарӣ қарор дорад, ки сабаби он ғасби қудрат аз ҷониби оилаи президент Эмомалӣ Раҳмон ва наздикони ӯ мебошад."

Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накардаанд, аммо дар гузашта чунин танқидҳоро рад карда буданд.

Ҷунбиши ислоҳот ва рушд гуфтааст, давоми сӣ соли охир "асосҳои сохтори конститутсионӣ дар кишвар аз байн рафта, ниҳодҳои демократӣ нобуд ва мухолифони сиёсӣ несту ҷомеаи шаҳрвандӣ саркӯб шуданд."

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

"Дар чунин шароит, мо бар онем, ки фаро расидани лаҳзаи таърихӣ барои Муколамаи умумимиллӣ равандест саривақтӣ, фарогир ва ошкоро, ки дар он бояд садои ҳамаи нерӯҳои озод ва масъули ҷомеаи тоҷик шунида шавад," – гуфт Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд.

Аз соли 2015 то кунун ҳазорҳо нафар бо далелҳои гуногун, аз ҷумла таъқиб барои мавқеи сиёсӣ, аз Тоҷикистон дар Аврупо паноҳанда шуданд.

Намояндагони мухолифон чандин созмон ташкил кардаанд, аммо ин аз мавридҳои камшуморест, ки барои таъсиси ҳукумати Тоҷикистон дар табъид пешниҳод садо медиҳад.

Ҳукумати дар табъид дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Яман амал мекунад. Аксар қисматҳои Яман (шаҳри Санъо) дар ихтиёри шӯришиёни ҳусӣ аст ва барои ҳамин ҳукумати ба расмият шинохтаи Яман хориҷ аз ин кишвар фаъолият мекунад.

Ду ноболиғ дар Тоҷикобод ғарқ шудаанд

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ду писари 4 ва 6-сола дар ноҳияи Тоҷикобод ғарқ шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҳодиса 14-уми апрел рух додааст.

Ба қавли манбаъ, ин ду писар берун аз назорати волидайн дар дарёи Шӯрак оббозӣ карда, ҷонашонро аз даст доданд. Ҷасади ҳарду ноболиғро пайдо карда ба наздиконаш супоридаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз волидайн дархост кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Ғарқ шудани ду ноболиғ дар ҳолест, ки минтақаи Рашт рӯзи 13-уми апрел шоҳиди заминларзаи сахте шуд. Дар пайи ин ҳодиса як писари 3-сола зери девор монда ба ҳалокат расид ва даҳҳо манзил дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод осеб дид.

NYT: Ёриҳои Департаменти давлатӣ барои кишварҳои фақир шояд бас шавад

Маъмурияти Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки буҷаи Департаменти давлатии Амрико 50 дарсад кам карда шавад. Дар ин бора нашрияи "Ню Йорк Таймз" хабар додааст.

Ба қавли ин расона, тибқи санадҳо буҷаи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико аз 54 миллиард ба 28 миллиард доллар коҳиш дода мешавад. Ин кор ба қавли расона, метавонад ба маблағузории ИМА ба Созмони Милал ва НАТО таъсири ҷиддӣ расонад.

"Ню Йорк Таймз" менависад, Амрико метавонад маблағгузорӣ ба амалиётҳои сулҳҷӯёна, барномаҳои фарҳангӣ ва омӯзиширо, ки аз тарафи Департамент анҷом мешуданд, пурра қатъ кунад. Инчунин мумкин аст, нисфи маблағ барои хариди ёриҳои башардӯстона ва лоиҳаҳо барои таъмини дору ва ваксина барои кишварҳои қашшоқ низ қатъ шавад.

Пешниҳоди Кохи Сафед дар бораи буҷа бояд аз сӯи Конгресс тасдиқ шавад. Дар миёни қонунгузорони Амрико кам нестанд нафароне, ки мухолифи кам кардани барномаҳои ҷаҳонӣ ҳастанд.

Вакил гуфт, гумонзадҳои ҳамла ба "Крокус" солим дониста шудаанд

Чор гумонзади асосии ҳамла ба "Крокус"
Чор гумонзади асосии ҳамла ба "Крокус"

Гумонзадҳои ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар вилояти Маскав аз лиҳози равонӣ солим дониста шудаанд.

Дар ин бора Олег Власов, вакили дифои Далерҷон Мирзоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва яке аз гумонбарон, рӯзи 14-уми апрел ба хабаргузории расмии "РИА Новости" иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи вакил, ташхис маълум кардааст, ки гумонбарон амалҳои худро дар ҷараёни ҳамла ба "Крокус" дарк менамуданд.

Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор, намояндаи "Гурӯҳи 24", як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, "маълум нест, ки ташхис дақиқан кай анҷом дода шудааст. Дувум, аз замони ҳамла беш аз як сол мегузарад."

Ҳамла ба толори консертии "Крокус" рӯзи 22-юми марти соли 2024 рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан захмӣ шуданд.

Мақомоти қудратии Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ёрӣ дар ҳамла боздошт карданд, вале то кунун баъзе шубҳаву суолҳо боқӣ мондааст.

Ҳодисаи “Крокус”, ки муҳоҷирони тоҷик дар марказаш қарор гирифтанд, ба кору зиндагӣ ва нақшаву нияти даҳҳо ҳазор кас дар Тоҷикистон ва Русия таъсир гузошт. Ҳарчанд муносибати дағал, санҷишҳои пайиҳам, маъракаи зидди муҳоҷирон дар Русия ва боздошту ихроҷи онҳо то моҳи марти соли 2024 низ ҷой дошт, баъди он бештар шуд.

Паёми ҳамдардии сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Рашт, 13-уми апрели 2025
Рашт, 13-уми апрели 2025

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба осебдидагон дар заминларза дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод изҳори ҳамдардӣ кардааст.

Паёми сафорат рӯзи 14-уми апрел дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук нашр шуд.

"Мо ба барқарории ҳар чӣ зудтари минтақаҳои осебдида умедвор ҳастем," -- гуфта шудааст дар нома.

Дар заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ду ноҳияи минтақаи Рашт 94 хона пурра ва даҳҳо манзили дигар қисман вайрон шудаанд.

Як навраси сесола дар зери девор монда, ҷон бохт.


Дастури мақомоти Узбекистон баъд аз шикояти зоирони тоҷик

Макка
Макка

Мақомоти Узбекистон хоҳони тафтиши ширкатҳое шудаанд, ки шаҳрвандонро барои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ мебаранд.

Онҳо ба шаҳрвандон низ ҳушдор додаанд, ки аз хадамоти ширкатҳои бе иҷозатнома истифода накунанд, вагарна аз роҳи сафар ба Каъба пас гардонда мешаванд.

То кунун ҳазорон тоҷикистонӣ ба воситаи ширкатҳои Узбекистон ба ҳаҷи умра рафтаанд.

Рӯзи 7-уми апрел як гурӯҳ аз онҳо даъво карданд, ки фиреб хӯрдаанд. Ба гуфтаи онҳо, ширкати “Ахи Тур” аз Узбекистон барои 14 рӯз онҳоро барои адои ҳаҷи умра бурд, аммо бо гузашти 20 рӯз ба ватан пас намеорад.

Мақомоти Узбекистон ба ин назаранд, ки аксар шаҳрвандонро ширкатҳое ба ҳаҷ мебаранд, ки чунин иҷозатнома надоранд. Пештар дар Узбекистон чанд ширкатро барои ташкили сафарбарии ғайриқонунӣ ба ҳаҷи умра ҷарима баста буданд.

Ширкатҳои Узбекистон бо нархи то 1440 доллар шаҳрвандонро ба ҳаҷи умра мебаранд.

Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон бо дарназардошти арзонӣ аз Тошканд ба Саудӣ парвоз мекунанд. Ширкатҳои тоҷикистонӣ ин корро бо нархи аз якуним то дуним ҳазор доллар анҷом медиҳанд.

Қирғизистон дар бораи боздошти муҳоҷирон аз Русия шарҳ хостааст

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 14-уми апрел сафири Русия дар Бишкек Сергей Вакуновро фаро хонда, дар робита ба боздошти бераҳмонаи муҳоҷирон ёддошт ё худ нота тақдим кардааст.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, Алмос Имонғозиев, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, бо дипломати рус қазияи боздошти дастҷамъии муҳоҷирони қирғизистонӣ дар як ҳаммоми Маскавро баррасӣ намуда, шарҳи онро талаб кардааст.

Ҳодиса 10-уми апрел ба вуқӯъ пайваста, дар он ниҳодҳои қудратии Русия бидуни кадом зарурате бо истифода аз зӯр муҳоҷиронро боздошту тафтиш карданд.

Вазорат тақозо кардааст, ки ҳуқуқи шаҳвандони Қирғизистон дар Русия ҳифз гардад, то коршарикии стратегии ду кишвар аз ин гуна ҳодиса халалдор нашавад.

"Ваҳшатбор". Марги даҳҳо кас дар ҳамлаи мушакии Русия ба як шаҳри Украина

Раҳбарони Украина, Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид ҳамлаи мушакии Русияро ба шаҳри Сумии Украина маҳкум карданд.

Дар ин ҳодиса дар рӯзи 13-уми апрел 34 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шуд. Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина хабар дод, ки 117 нафари дигар бо шумули 15 кӯдак захмӣ гаштанд.

Урсула фон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо, ҳамлаи Русияро ба шаҳри Сумии Украина “поймоли дағалонаи қонунҳои байнулмилалӣ” номид ва хоҳони “чораҳои қатъӣ барои риояи созиши оташбас” шуд.

Сухангӯйи Антонио Гутерриш гуфт, ки дабири кулли Созмони Милал аз ҳамлаи Русия “амиқан нигарон шудааст”. Вай афзуд, ин “намунаи вайронгари ҳамлаҳои монанд ба шаҳру ноҳияҳои Украина аст, ки дар ҳафтаҳои охир идома дорад.”

Доналд Трамп, президенти Амрико, гуфт, ҳамлаи Русия ба Суми “як чизи даҳшатнок” буд. “Ба ман гуфтанд, ки онҳо хато кардаанд. Ман фикр мекунам, ин як чизи даҳшатнок аст. Ба ин назарам, ки ҷанг дар кул як чизи даҳшатнок аст,” – гуфт ӯ, аммо дақиқ шарҳ надод, ки манзураш аз “хато кардаанд” чӣ буд.

Маскав аз оғози ҷанги васеъмиқёс иддаоро дар мавриди ҳамлаи барқасдона ба ҷои кору зисти сокинон дар Украина рад кардааст. Агарчӣ борҳо ҳамлаи Маскав ба бемористону мактаб, зерсохти энержӣ ва биноҳои истиқоматӣ сабт шудааст.

Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ҳодисаи рӯзи якшанберо “ҳамлаи даҳшатбори мушакии Русия” хонд. Фиристодаи вижаи Трамп дар умури Украина Кит Келлогг гуфт, “ҳамлаи нерӯҳои Русия ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар Сумӣ ҳама гуна хати одобро гузашт.”

Фридрих Мертс, садри аъзами нави Олмон, раисҷумҳури Русия Владимир Путинро ба содир кардани “ҷинояти ҷангии барқасдона ва ҳисобшуда” гунаҳкор кард. “Ин посухи Путин ба онҳоест, ки бо ӯ дар бораи оташбас гап мезананд,” -- гуфт Мертс.

Сарони Бритониё, Фаронса ва Итолиё низ ҳамларо маҳкум карданд.

Вазири корҳои дохилии Украина Иҳор Клименко гуфт, пулис дастрасиро ба ҷойи ҳамла маҳдуд кардааст, то маъмурони наҷот ба кори худ идома диҳанд. Вай афзуд, барои ҳамоҳангсозии амалиёти имдод ва расондани ёрӣ ба осебдидагон як марказ таъсис шудааст. Дар ҷойи ҳодиса равоншиносони хадамоти фавқулода ва пулис низ кор мекунанд.

Алёна Ятсина, хабарнигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, аз ҷойи ҳодиса гуфт, “ҳамла дар ҷойи бисёр серодам – дар маркази шаҳр ва дар замоне рух додааст, ки бисёре аз украиниҳо дар остонаи иди муқаддас ба калисо мерафтанд.”

Кирило Буданов, раиси Идораи истихбороти низомии Украина, ин ҳамларо “ҷинояти дигари ҷангии Русия” номида, дар Телеграм навишт, ки Русия ду мушаки дурпарвози Искандар-М/КН-23-ро аз вилоятҳои Воронеж ва Курск ба Сумӣ сар додааст. “Вазифаи якҷояи мост, ки ҳеч ҷинояткори низомӣ беҷазо намонад,” – гуфт ӯ.

Андрей Ермак, раиси дастгоҳи президенти Украина Владимир Зеленский иддао кард, ки Русия дар мушакҳо бомбаҳои кассетӣ гузоштааст. Ба гузориши хабаргузории “Рейтерс”, ӯ гуфтааст, “русҳо ин корро мекунанд, то мардуми бештареро бикушанд.”

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина гуфт: “Танҳо нокасон чунин рафтор карда метавонанд. Ҷони инсонҳоро мегиранд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ мекунам.”

Созмони Милали Муттаҳид дар охири моҳи март гузориш дод, ки аз оғози соли 2025 дар даргириҳо дар Украина камаш 413 ғайринизомӣ кушта шуданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар се моҳи аввали имсол дар Украина бар асари ҳамлаҳои Русия беш аз 2000 нафар захмӣ гаштанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024-ум 30 дарсад бештар будааст.

Сабти як заминларзаи дигар дар ҳудуди Тоҷикистон

Пайомади зилзила дар минтақаи Рашт. 13-уми апрели 2025
Пайомади зилзила дар минтақаи Рашт. 13-уми апрели 2025

Як заминларзаи дигар субҳи 14-уми апрел баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистонро такон дод.

Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳо гуфт, маркази заминларза 18-километрии шарқи ноҳияи Рашт (156-километрии шимолу шарқи Душанбе) будааст.

Тибқи итилои манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 дараҷа ва дар минтақаи Рашт 3 дараҷаро ташкил дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, "дар натиҷаи ин заминларза талафот сабт нашудааст".

Дар заминларзаи як рӯз пеш (13-уми апрел) як кӯдаки сесола ҷон бохта, садҳо хона осеб дидаанд.


Исломобод аз Эрон хост, омилони қатли 8 покистониро боздошт кунад

Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон

Дафтари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи 13-уми апрел кушта шудани ҳашт коргари покистонӣ дар Эронро маҳкум кард ва аз Теҳрон хост, омилони ин ҳодисаро боздошт кунад ва ҷазо диҳад.

Тибқи маълумоте, ки Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ нашр кард, шахсони мусаллаҳ рӯзи 13-уми апрел вориди як корхона дар шаҳри Маҳристон дар вилояти Сиистон ва Балучистон шуданд ва дасту пои коргарони покистониро, ки хоб буданд, бастанд ва сипас онҳоро тирборон карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ин ҳамларо "террористӣ" хонд ва эълон кард, ки Теҳрон аз "ҳеч иқдоме барои шиносоии омилон ва пуштибонҳои ин ҷиноят ва иҷрои адолат дар мавриди онҳо, кӯтоҳӣ нахоҳад кард".

Ба иттилои Радиои Фардо, гурӯҳи "Артиши озодибахши Балучистон", ки як гурӯҳи ҷудоиталаби покистонӣ аст, ва ҳамчунин "Ҷайш ал-Адл" масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтаанд.

"Артиши озодибахши Балучистон" аз сӯи Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Бритониё ва ҳукумати Покистон ҳамчун гурӯҳи террористӣ шинохта шудааст.

навшуда

Дар ҳамлаи Русия ба Сумии Украина зиёда аз 30 нафар кас кушта шуд

Оқибати ҳамлаи Русия ба шаҳри Суми. 13-уми апрели соли 2025
Оқибати ҳамлаи Русия ба шаҳри Суми. 13-уми апрели соли 2025

Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Сумии Украина рӯзи 13-уми апрел дастикам 34 кас, аз ҷумла ду кӯдак кушта шудаанд.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина иттилоъ дод, ки дар ин ҳамла 117 кас, аз ҷумла 15 кӯдак захмӣ гаштанд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар изҳороте гуфт, мушакҳои русӣ ба бинои истиқоматӣ ва мактабу таваққуфгоҳи мошинҳо бархӯрдааст.

Баъзе аз расонаҳои украинӣ навиштанд, ки мушаки русӣ рӯзи 13-уми апрел ба як троллейбус дар маркази шаҳри Суми зад.

Дар наворҳое, ки телеграм-каналҳои украинӣ аз ҷойи ҳодиса пахш кардаанд, дида мешавад, ки дар яке аз ноҳияҳои шаҳри Суми сӯхтори калон сар задааст.

Раисҷумҳури Украина дар бораи ин ҳамла гуфтааст, “танҳо нокасон чунин рафтор карда метавонанд. Ҷони инсонҳоро мегиранд. Ба наздикони қурбониён ҳамдардӣ мекунам. Феълан амалиёти наҷот идома дорад, ҳамаи ниҳодҳои дахлдор кор мекунанд. Вокуниши ҷиддии ҷаҳонӣ лозим аст. Иёлоти Муттаҳида, Аврупо, ҳама дар ҷаҳон, касе мехоҳад, ки ин ҷангу куштор хотима ёбад."

Рейтерс: 200 шаҳрванди Чин шомили артиши Русия шудаанд

Афсарони Чин бо пуштибонии Пекин шеваи ҷанги неруҳои Русияро дар минтақаи алоҳида меомӯзанд. Дар ин бора хабаргузории “Рейтерс” бо такя ба ду мақомдори амрикоӣ ва собиқ корманди истихбороти яке аз кишварҳои ғарбӣ гузориш додааст.

Ба қавли манбаъ, ҳудуди 200 шаҳрванди Чин ба артиши Русия шомил шудаанд. Онҳо зархарид буданд ва бевосита бо Чин дар тамос будаанд.

Мақомдорони амрикоӣ ба “Рейтерс” гуфтаанд, омода набудани артиши Чин ба амалиёти низомии Русия таъсир намерасонад.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи 8-уми апрел гуфт, ду шаҳрванди Чинро, ки аз тарафи Русия дар минтақаи Донетск меҷангиданд, ба асорат гирифтанд. Ӯ аз ҳампаймонҳои Киев хост, ба ин масъала вокуниш нишон диҳанд ва аз Пекин шарҳ бихоҳанд.

Мақомдорони Чин эълон карданд, ки низомиёни худро ба Украина нафиристодаанд.

Трамп гуфт, музокирот бо Эрон хуб пеш меравад

Доналд Трамп соате пас аз поёни музокироти Эрон ва Амрико дар бораи барномаи ҳастаии Теҳрон гуфт, "фикр мекунам, ки гуфтугӯҳо хуб пеш мераванд."

Раиси ҷумҳури Амрико 13-уми апрел бидуни овардани ҷузъиёти мушаххас ба хабарнигорон гуфт, “то замоне, ки кор ба анҷом нарасидаааст, ҳеч чиз муҳим нест. Бинобар ин дӯст надорам дар борааш суҳбат кунам. Аммо хуб пеш меравад.”

Музокироти Стив Уиткофф, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико ва Аббос Ароқчӣ, вазири хориҷи Эрон рӯзи шанбеи 12-уми апрел дар пойтахти Уммон баргузор шуд. Мақомҳои ду кишвар онро мусбат ва созанда тавсиф карданд. Ду тараф ҳамчунин гуфтаанд ки даври баъдии ин музокирот шанбеи оянда баргузор хоҳад шуд.

Ин нахустин музокироти мақомҳои эронӣ ва амрикоӣ дар маъмурияти дуввуми Доналд Трамп аст.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG