Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

“Сармаддеҳ”-и Баҳманёр ба хатти форсӣ чоп шуд

Баҳманёр
Баҳманёр

Романи "Сармаддеҳ"-и нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр ба хатти форсӣ нашр шуд. Ин китобро нависанда ва хабарнигори тоҷик Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова) ҳамроҳ бо ҳамсараш Меҳдии Ҷомӣ ба ҳуруфи форсӣ баргардон кардаанд. Ин китоб аз 522 саҳифа иборат буда, ҳоло дар торнамои “Амазон” дастрас аст. Шаҳзодаи Самарқандӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд, ин китоб дар ҷашни 60-солагии Баҳманёр, ки соли гузашта таҷлил гардид, рӯи чоп ояд, аммо тӯл кашид. “Ниҳоят, ин китоб 20 августи соли ҷорӣ интишор шуд,” -- афзуд ӯ. Шаҳзодаи Самарқандӣ мегӯяд, бахши муҳими ин китоб луғатномааш будааст, ки Меҳдии Ҷомӣ таҳия кардааст. “Ӯ вожаҳои тоҷикии ин романро, ки барои форсизабонони дигар номафҳуманд, гирд овард ва онҳо хеле зиёданд,” -- илова кард ӯ.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Боздошти як мард дар Душанбе ба гумони дастдарозӣ ба кӯдаки 5-сола

Акс аз вебсайти пулиси Душанбе
Акс аз вебсайти пулиси Душанбе

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки як марди калонсолро бо гумони дастдарозӣ ба кӯдаки 5-сола дастгир кард. Ба иттилои ин ниҳод, ин сокини 57-солаи пойтахт рӯзи 4-уми октябр "дар ҳолати мастӣ ба кӯдаке, ки машғули бозӣ буд, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст".

Нисбат ба мард бар асоси моддаи "ҳаракати бадахлоқонаи шаҳвонӣ" нисбат ба ноболиғ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ӯ ҳоло дар ҳабси муваққатист. Барои ин амал аз 2 то 5 сол зиндон пешбинӣ шудааст.

Мавқеи марди гумонбар маълум нест.

Cолҳои охир хабарҳо аз озори ҷинсии ноболиғон бештар расонаӣ мешаванд. Бино ба оморе, ки дар гузориши Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки тоҷик оварда шудааст, соли 2024 дар кишвар 88 ҷинояти марбут ба озори ҷинсиву дигар ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ноболиғон сабт шудааст. Дар 41 ҳолат нисбат ба кӯдакон ҳаракатҳои бадахлоқона раво дида шудааст.

Ваколатдор ё Омбудсмени ҳуқуқи кӯдак ҳачунин ба он таъкид кардааст, ки дар як сол 17 наврас мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд. Вай ин вазъро ташвишовар хонд.

Бо таваҷҷӯҳ ба он ки дар чунин ҳолатҳо на ҳама хонаводаҳо зуд ба мақомот шикоят мебаранд ё гоҳе худдорӣ мекунанд, огоҳон бар ин назаранд, ки омори ҷиноятҳои вобаста ба озори ҷинсӣ метавонад аз омори расмӣ бештар бошад.

Пажӯҳиш: Дар аксар ҳолатҳо мардон сабабгори худкушиҳо будаанд

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як таҳқиқи донишмандони тоҷик нишон додааст, аксари онҳое, ки сабаби худкушии навҷавон, зане, духтар ё ҳар каси дигар шудаанд, мардон ҳастанд.

Таҳқиқи тозаи парвандаҳои худкушӣ дар Тоҷикистон нишон додааст, ки тақрибан 75 дарсади онҳое, ки касеро ба худкушӣ расондаанд, мардон мебошанд.

Муаллифони таҳқиқ гуфтаанд, агарчӣ 25 дарсади худкушиҳо бо айби занон ҳам рух дода бошад, аммо онҳо ҳам мисли мардон бо муносибати бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътибори инсон, сабаби қасди ҷони худ кардани касе, масалан, келини хонавода мешудаанд.

Муаллифони мақола Тақдиршоҳ Шарипов, профессор ва доктори улуми ҳуқуқшиносӣ ва Меҳрубон Акбархон, омӯзгори Академияи вазорати корҳои дохилӣ дар як мақолае дар маҷаллаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон навиштаанд, ки бештар аз нисф ва ё 58 дарсади аз онҳое, ки сабаби худкушии фарде шудаанд, ҷойе кор намекардаанд.

Дар Тоҷикистон солҳои ахир сӯиқасд ба худкушӣ ва ё мавридҳои худкушӣ зиёд шудаанд. Тибқи маълумоти Додситонии кулли Тоҷикистон, дар соли 2024 дар кишвар 259 нафар занону духтарон ба худкушӣ ва сӯиқасд ба он, даст задаанд.

Дар гузориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфта шудааст, ки санҷиши ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он нишон медиҳанд, ки дар аксари ҳолатҳо он ба муноқишаҳои ночизи оилавӣ байни зану шавҳар, набуди ҳамдигарфаҳмӣ, сатҳи пасти зиндагӣ, бекорӣ, ва дигар бемориҳо рабт дорад.

Дар Амрико ҳазорҳо муҳоҷир ҳаққи ронандагии мошинҳои боркашро аз даст медиҳанд

Як мошини боркаш дар ИМА
Як мошини боркаш дар ИМА

Шарти нави гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ барои мошинҳои боркаш ё CDL дар Амрико бо эҳтимоли зиёд ҳазорҳо зодаи Осиёи Марказиро аз кор маҳрум хоҳад кард.

Охири моҳи сентябр Вазорати нақлиёти ИМА эълон кард, ки додани санади ронандагӣ барои мошинҳои тиҷоратии боркаш маҳдуд мешавад.

Бар ин асос, танҳо онҳое, ки шаҳрвандии Амрико, “Green Card” ё раводиди корӣ доранд, ҳаққи рондани ин навъи нақлиётро хоҳанд дошт.

То ин вақт муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ вориди Амрико шуда буданд ва танҳо ҳуҷҷати ронандагӣ доштанд, имкони кор дар ширкатҳои боркашониро доштанд.

Садҳо муҳоҷири тоҷик танҳо бо доштани “CDL” дар ширкатҳои боркашонӣ кор мекарданд ва аз онҳо иҷозатномаи корӣ ё “Green Card” талаб намешуд.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷики муқими Амрико дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки аллакай ҳаққи корро аз даст додаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое чарх мезананд, ки дар он дида мешавад, ронандагони мошинҳои боркашро нигаҳ дошта, санадҳояшонро тафтиш мекунанд ва ба боздоштгоҳҳо мебаранд.

Ба иттилои расмӣ, дар Амрико тақрибан 4 миллион ронандагони касбии мошинҳои боркаш фаъолият мекунанд, ки дар миёни онҳо ҳазорҳо муҳоҷир аз Африқову Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Омори расмие дар бораи шумори ронандагони мошинҳои боркаш аз Тоҷикистон вуҷуд надорад, вале фаъолони тоҷик мегӯянд, солҳои ахир онҳо зиёд шуда буданд.

Доналд Трамп пас аз президент шуданаш сиёсати муҳоҷиратро тағйир дод ва маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ кард.

Дар даҳҳо шаҳру аёлати ИМА ҳоло зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ амалиёт анҷом медиҳанд.

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз изҳороти ИА пуштибонӣ кард

Акс аз муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон
Акс аз муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон

“Паймони Миллии Тоҷикистон”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аз мавқеъгирии Иттиҳоди Аврупо истиқбол кардааст.

Рӯзи 17-уми октябр дар Брюссел дар муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мақомоти аврупоӣ аз шароити кори хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ карда, аз Душанбе хоста буданд, ки барои сабти номи дубораи созмонҳои ҷамъияте, ки иҷборан аз кор мондаанд, имкон фароҳам орад.

“Паймони Миллии Тоҷикистон”, созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон дар хабарномае гуфтааст, ки аз Иттиҳоди Аврупо “қадрдонӣ мекунанд”, чун “ба масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занон, зиндониҳои сиёсӣ, озодии баён, фаъолияти рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кардааст”.

Дар баёнияи расмии дафтари Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 21- уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин созмон бо пешниҳоди феҳрасти мушаххаси ҳомиёну вакилони дифоъ ва хабарнигорони зиндонӣ, талаби фаврии раҳоии онҳоро кардааст. Айни замон наздик ба даҳ нафар аз блогерону хабарнигорони тоҷик дар зиндон ба сар мебаранд.

Тоҷикистон барои Қатар коргар меҷӯяд

Бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Бинои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнати Тоҷикистон бо пахши як эълон шаҳрвандони кишварро барои кор ба давлати Қатар даъват кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, ҷойҳои корӣ дар самти хидматрасонӣ ва фурудгоҳу меҳмонхонаҳо пешбинӣ шуда, барои хоҳишмандон донистани забони англисӣ ва арабӣ муҳим аст.

Хадамоти муҳоҷират гуфтааст, музди маош барои кор дар ин вазифаҳо дар Қатар аз 800 доллар, муодили 8000 сомонӣ, оғоз мешавад.

Пули виза ё раводид, билети ҳавопаймо, ҷойи хоб, хӯроки якдафаина, либоси корӣ, корти роҳ ва хидматрасонии тиббӣ аз ҷониби корфармо пардохт мешудааст.

Дар як соли ахир ин бори чандум аст, ки мақомоти тоҷик бо нашри эълон барои Қатар коргар меҷӯянд. Моҳи апрели имсол ҳам Вазорати меҳнат шаҳрвандонро барои кор дар он кишвар даъват карда буд.

Маълум нест, ки то ин дам чӣ теъдод а бо ин даъватҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Қатар рафтаанд ва дар кадом шароит он ҷо фаъолият доштанд.

Мақомоти Тоҷикистон солҳои ахир талош доранд, ба ҷуз Русия, роҳи муҳоҷирони тоҷик ба дигар кишварҳо боз шавад. Аз ҷумла, шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода мешаванд. Вале шумораи онҳо зиёд нест.

Оҷонси омор ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро $7,8 млрд гуфт

Марзи Тоҷикистон ва Узбекистон.
Марзи Тоҷикистон ва Узбекистон.

Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар додааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба беш аз 7,8 миллиард доллар баробар шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз ин ҳаҷм зиёда аз 6 миллиарду 23 миллион доллари он ба воридот рост меояд.

Аммо содироти мол дар тиҷорати хориҷӣ 1,8 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба воридот ба таври қобили мулоҳиза кам аст.

Оҷонсии омор мегӯяд, ҳаҷми додугирифт дар соли равон афзоиш ёфтааст, вале дар бораи фарқияти чашмраси содирот нисбат ба воридот чизе нагуфтааст.

Блоки иқтисодии Тоҷикистон тай солҳои соҳибистиқлолии кишвар натавонистааст тавозуни содироту воридотро баробар созад.

Чунин раванд, ки пойбандии бозори дохилиро ба маҳсулоти беруна бештар кардааст, дар гузашта борҳо мавриди интиқодҳо қарор гирифта буд.

Аз таркиши балони газ дар Душанбе 2 кас ҷароҳат бардоштаанд

Бар асари таркиши зарф ё балони газ дар Душанбе ду нафар осеб дидаанд. Ҳодиса нимарӯзи 21-уми октябр дар кӯчаи Чортут 1 рӯй додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, балони 45-литраи газ дар ҳавлии як сокини 71-солаи шаҳр таркидааст.

Ду ҷавони 23 ва 24-сола, ки дар пайи ин инфиҷор ҷароҳат бардоштанд, дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Дар бораи сабаби сар задани ҳодиса чизе гуфта нашудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Солҳои охир борҳо аз таркиши зарфи газ дар хонаҳои мардум дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва фавту осеб дидани сокинон гузориш шудааст.

Аз ҷумла, соли 2023 дар натиҷаи таркиши зарф ё балони газ дар ҳудуди бозори ноҳияи Панҷи 26 кас, аз ҷумла 6 кӯдак осеб дидаанд.

Дар Душанбе аз соли 2016 сол боз истифода аз зарфи газ дар манзили сокинон манъ аст.

Вазирони дифои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ "таҳдидҳои амниятӣ"-ро баҳс кардаанд

Вазирони мудофиаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷамъ шуданд.
Вазирони мудофиаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон ҷамъ шуданд.

Вазирони мудофиаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Самарқанди Узбекистон “муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ”-ро баррасӣ кардаанд.

Расонаҳои давлатии Узбекистон ва Тоҷикистон навиштаанд, ки мулоқоти рӯзи 20-уми октябр нахустин нишасти панҷ вазир дар масоили “таъмини амният” будааст.

Сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон навиштааст, ки Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон бо чор ҳамтои худ аз Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон “масъалаҳои таъмини амният дар минтақа, тавсеаи ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникӣ байни кишварҳо, инчунин бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ”-ро баррасӣ кардаанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар номае ба вазирони дифои кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфтааст, ки дар шароити таҳдидҳои амниятӣ ниҳодҳои панҷ кишвар бояд ҳамкории ҷиддӣ дошта бошанд. Ӯ гуфтааст, ки ҳамкориҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ “ба сатҳи ҳамкориҳои стратегӣ” расидааст.

Дар хабарномаҳои расмӣ гуфта нашудааст, ки манзур аз “таҳдидҳои амниятӣ” чӣ ҳаст, вале ҳамоиши вазирони қудратии Осиёи Марказӣ дар Самарқанд камсобиқа аст.

Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ борҳо ба иттиҳоди минтақавӣ даъват кардаанд, вале ҳанӯз чунин иттиҳоде шакл нагирифтааст, ҳарчанд ба назар мерасад, ки муносибати ин кишварҳо беҳтар шудааст.

Фавти як зани бордор аз роҳбандӣ ҳангоми сафари Бердимуҳаммедов

Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.
Туркманистон. Акс аз бойгонӣ.

Роҳбандӣ ва манъи ҳаракати мошинҳо ҳангоми сафари президенти Туркманистон ба вилояти Лебап ё Лаби об, сабаби марги як зани ҳомиладор шудааст.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳои худ дар пулис ва хадамоти тандурустӣ навишт, зан натавонистааст сари вақт ба беморхона бирасад ва дар роҳ рӯйи дастони шавҳараш ҷон додааст.

Бино ба гуфтаи як корманди тиббӣ, "ба далели он, ки мошини "Ёрии таъҷилӣ" наомад, шавҳари зан ӯро бо мошини худаш ба беморхона бурдан мехост, аммо дар роҳ банд монд".

15-уми октябр Сардор Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дар маросими гузоштани хишти таҳдоби маҷмааи корхонаи кимиёвӣ ширкат кард. Ба ин муносибат дар шаҳр роҳҳо баста шуданд ва ба гуфтаи бархе аз сокинон, ҳатто ба мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳам иҷозаи ҳаракат намедоданд.

Мақомоти вилояти Лебап ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Маъмулан ҳангоми сафари мансабдорони Туркманистон ба ноҳияҳо чораҳои сахти амниятӣ рӯи даст гирифта мешавад ва роҳҳоро мебанданд. Сокинон пайваста шикоят мекунанд, ин вазъ ба кору зиндагии онҳо мушкил эҷод мекунад.

ИА аз Тоҷикистон хост, вакилони дифоъ ва хабарнигорони зиндониро озод кунад

Иттиҳоди Аврупо аз шароити кори хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронии амиқ карда, аз Душанбе хостааст барои сабти номи дубораи созмонҳои ҷамъияте, ки иҷборан аз кор монданд, имкон фароҳам орад.

Ин ва масъалаҳои дигари вобаста ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, хушунат ва манъи табъиз дар Тоҷикистон, аз мавзӯъҳои калидие буданд, ки рӯзи 17-уми октябр дар Брюссел дар муколамаи 15-уми Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон матраҳ шуданд.

Дар баёнияи расмии дафтари Иттиҳоди Аврупо, ки рӯзи 21 уми октябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин созмон бо пешниҳоди феҳрасти мушаххаси ҳомиёну вакилони дифоъ ва хабарнигорони зиндонӣ, талаби фаврии раҳоии онҳоро кардааст. Айни замон наздик ба даҳ нафар аз блогерону хабарнигорони тоҷик дар зиндон ба сар мебаранд.

Аз соли 2022 ба ин тараф хабарнигорону блогерон Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Хуршед Фозилов аз 7 то ба 7.5 сол, Хушом Ғулом – 8 сол, Далери Эмомалӣ – 10 сол, Улфатхоним Мамадшоева – 20 сол ва Аҳмади Иброҳим 10,5 сол аз озодӣ маҳрум шуданд.

Иттиҳоди Аврупо ҳамзамон аз набуди пешрафт дар масъалаи ҳуқуқи инсон дар Бадахшон нигаронӣ карда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки бо ақалиятҳои помирӣ муколамаи боз ташкил кунад. Дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли 2022 дар Бадахшон, ки боиси кушта шудани эътирозгарон шуд, даҳҳо нафар зодагони ин минтақа боздошт ва ба ҳабсҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.

Дар ин нишаст аз пешрафт дар таҳияи қонунҳо дар бораи ҳуқуқи инсон ҳам ёдрас шуда, таъкид кардаанд, ки муҳим аст, то давлати Тоҷикистон қонунҳоро босамар иҷро кунад.

Назари мақомоти тоҷик дар ин бора маълум нест.

Иттиҳоди Аврупо таъкид кардааст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, равобити иқтисодӣ ва татбиқи бомуваффақияти GSP+ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандон дар Тоҷикистон сахт вобастааст.

Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз раҳбарони иттиҳод хостаанд, дар ивази кӯмаку дастгирии тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳукумат риояти ҳуқуқи инсон ва таҳкими демократияро талаб кунанд.

Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст ва айни замон аз кӯмакрасонҳои аслии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҷонибҳо дар масоили мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, идоракунии марз ва қочоқи маводи мухаддир, инчунин идоракунии об низ, ҳамкориҳо доранд.

Мухолифин ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои охир Иттиҳоди Аврупоро ба "чашмпӯшӣ" ба поймолшавии ҳуқуқи одамону озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа танқид мекунанд.

Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июли соли 2024 ҳам аз вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва блогерони зиндонӣ дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, аз Душанбе хоста буд, ки нақзи ҳуқуқи инсонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳқиқ кунад.

Зилзила Тоҷикистонро ларзонд

Шаби 21 октябр зилзила шаҳри Душанбе ва гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон хабар дод, ки зилзила соати 23:14 ба вақти маҳаллӣ, рух дод.

Ба иттилои манбаъ, маркази зилзила ҳудуди Афғонистон буда, қувваи зилзила дар он 5 дараҷа, дар ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон 3-4 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 2-3 дараҷаро ташкил додааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, заминларза хисорот ва талафони ҷонӣ дар пай надоштааст.

Ҳамзамон марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон маркази ин заминларзаро кӯҳҳои Ҳиндукуш дар Афғонистон ва неруи онро 5,1 дараҷа гуфтанд.

Расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки зилзила бархе аз минтақаҳои ин кишварро низ такон додааст.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

Аз ҷумла, бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрели имсол дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.

Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.

ВКД Тоҷикистон: Султонов зодаи Тоҷикистон нест

Реалное Время батакрор аз забони мақомоти Русия навишт, ки Рифъат Султонов зодаи Тоҷикистон аст.
Реалное Время батакрор аз забони мақомоти Русия навишт, ки Рифъат Султонов зодаи Тоҷикистон аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як раддия ба хабари Радиои Озодӣ мегӯяд, шахсе бо номи хонаводагии Султонов, ки дар Тоҷикистон боздошт ва Русия супурда шудааст, зода ё шаҳрванди Тоҷикистон нест.

Ин ниҳод рӯзи 21 октябр навишт, “Султанов Рафис Рустемович (на Рифъат Султонов), соли таваллудаш 1995, шаҳрванди Федератсияи Россия, сокини шаҳри Қазон буда, зодаи Тоҷикистон нест.”

Вазорат Радиои Озодиро ба он айбдор кардааст, ки гӯё ҳангоми истифода аз гузориши хабаргузории “Реальное время” амдан Султоновро "зодаи Тоҷикистон" номидааст.

«Радиои Озодӣ» ҳамчун сарчашмаи хабари мазкур хабаргузории “Реальное время”-ро нишон додааст, ки дар ин хабаргузорӣ зода ва шаҳрванди куҷо будани гумонбар дарҷ нагардида, баръакс қайд гардидааст, ки Султанов Рафис Рустемович ҳанӯз дар давлати бегона бо нишондоди аввал ба гуноҳи худ иқрор шудааст," навиштааст ВКД Тоҷикистон.

Аммо дар асл ин хабаргузорӣ дар ҳарду матлабаш рӯшану ошкоро Султоновро зодаи Тоҷикистон номида, афзудааст, ки ин гумоанбар "дар ватанаш боздошт шуда, масъалаи истирдодаш ба Русия баррасӣ мешавад". Ҳарчанд хабаргузорӣ ба манбаъҳои худ дар ВКД Русия такия мекунад, худи мақомоти Русия дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани Султонов расман чизе нагуфтаанд. Вале хабар додаанд, ки Султонов рӯзи 14-уми октябр ба Ирина Шевиреваи 34-сола дарафтода ба гарданаш чанд дафъа корд зада, ҳамон шаб ба Тоҷикистон фирор кардааст.

ВКД Русия гуфтааст, ки ин суиқасд фармоишӣ буда, дар таҳия ва иҷрои он ҳафт нафар боздошт шудаанд.

Муовини Доналд Трамп ба Исроил рафт

Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 21-уми октябр вориди Исроил шуд.

Қарор аст Венс бо намояндаи аршади Амрико дар умури Ховари Миёна ва коршиносони низомие вохӯрад, ки ба оташбас дар Навори Ғазза назорат доранд.

Тибқи гузоришҳои расонаҳои исроилӣ, муовини раиси ҷумҳури Амрико 22-юми октябр дар шаҳри Байтулмуқаддас бо роҳбарони Исроил, аз ҷумла нахуствазир Бенямин Нетаняҳу мулоқот мекунад.

Сафари муовини раиси ҷумҳури Амрико ба Исроил дар ҳоле анҷом мешавад, ки нигарониҳо аз шикасти оташбас дар Ғазза зиёд шудааст.

Тавофуқи оташбас дар Ғазза 13-уми октябр дар Миср имзо шуд ва ба ҷанги дусола дар ин минтақа поён дод. Созиши сулҳ миёни Исроил ва “Ҳамос” бо талошҳои чор кишвар ва тарҳи пешниҳодии Доналд Трамп ба даст омад.

Исроил рӯзи якшанбеи 19-уми октябр дар посух ба кушта шудани ду сарбозаш ба чандин макон дар Навори Ғазза ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод. Мақомоти Исроил баъди ин ҳамла гуфтанд, ба тавофуқи оташбас пойбанд мемонанд.

Санаэ Такаити нахустин сарвазири зан дар таърихи Ҷопон шуд

Порлумони Ҷопон рӯзи сешанбе Санаэ Такаитиро нахуствазири ин кишвар интихоб кард. Санаэ Такаити дар таърихи Ҷопон нахустин зан мебошад, ки ба ин мақом мерасад.

Санаэ Такаитии 64-сола, ки ахиран раиси Ҳизби либерал-демократи Ҷопон баргузида шуда буд, аз чанд муддат ба ин тараф гузинаи эҳтимолӣ барои раҳбарии ҳукумат матраҳ буд.

Санаэ Такаити рӯзи 21 октябр пас аз дидор бо императори он кишвар, расман ба кор оғоз кард.

Ӯ рӯзи 20 октябр ваъда дод, ки "иқтисоди Ҷопонро қавитар бисозад ва ин кишварро тавре бозсозӣ кунад, ки битавонад дар баробари насли оянда масъулиятпазир бошад".

Хонум Санаэ Такаити як сиёсатмадори миллигарои муҳофизакор аст ва пештар вазири амнияти иқтисодӣ ва умури дохилӣ будааст.

Ӯ барномаи молии тавсеаталабонае барои чаҳорумин иқтисоди бузурги ҷаҳон дорад.

Трамп: талошҳо барои поёни ҷанг дар Украина давом доранд

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Президенти Амрико Доналд Трамп мегӯяд, талошҳо барои расидан ба тавофуқ миёни Русия ва Украина идома доранд ва агар ин созиш ҳосил нашавад пайомадаш вазнин хоҳад буд.

Трамп 20-уми октябр дар суҳбат ба хабарнигорон гуфт, “мо талош дорем созиш ба даст ояд. Агар ин кор анҷом шавад, олӣ аст. Дар ғайри сурат бисёриҳо баҳои вазнин хоҳанд пардохт”.

Хабарнигорон аз Доналд Трамп пурсиданд, ки чаро Иёлоти Муттаҳида барои ғалабаи низомии Украина талош намекунад. “Ҳама чиз аз он ки шумо тасаввур мекунед, печидатар аст", - посух дод Трамп.

Ҳарфҳои раиси ҷумҳури ИМА дар ҳоле садо медиҳанд, ки Котиби давлатии Амрико Марко Рубио ахиран бо ҳамтои русаш Сергей Лавров телефонӣ гуфтугӯ кард. Гуфта мешавад вазирони корҳои хориҷӣ омодагӣ ба дидори Трамп ва Путинро дар Будапешт баррасӣ кардаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG