Рӯзи баргузории интихоботи порлумонии Қирғизистон маълум шуд. Бино бар қарори раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев интихоботи порлумонии ин кишвар рӯзи 4 октябри соли равон барпо мешавад. Маъракаи интихоботӣ бо даъвати ҳизби "Ота-Макон" сар шуд, ки аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон хостааст, ёддошти интихоботи одилона ва шаффофро имзо кунанд. Дар Қирғизистон расман 200 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудааст.