Дар чанд ҷумла
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ иваз шуд

Президенти Тоҷикистон Азамшо Шарифиро сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъин кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 5 ноябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки президент Эмомалӣ Раҳмон сардори раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи иҷроияи президент Азамшо Шарифиро сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ таъин кард. Ӯ дар ин симат Абдулло Юлдошевро иваз мекунад. Абдулло Юлдошев, ки сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва ҳамчунин намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории исломӣ буд, ба далели ба нафақа рафтанаш аз мақом озод шудааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Тоҷикистон тарҳи маркази логистикии худро дар Чобаҳор таҳия мекунад

Душанбе ва Теҳрон ба мувофиқа расиданд, ки соли ҷорӣ тарҳи бунёди маркази логистикии Тоҷикистон дар бандари «Чобаҳор»-и Эрон таҳия мешавад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16 май навишт, ки ин масъала дар ҷаласаи 17-уми Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Эрон дар шаҳри Шероз баррасӣ гардид.
Нақшаву сӯҳбатҳо дар бораи нияти Тоҷикистон барои дастрасӣ ба бандари «Чобаҳор» муддатҳо пеш садо додааст. Ҳамакнун, ба иттилои мақомоти нақлиёти Тоҷикистон, қарор шуд, ки ҷониби Душанбе то поёни моҳи июни имсол лоиҳаи бунёди маркази логистикиро таҳия ва ба ҷониби Эрон ирсол менамояд. Пас аз қабули ин санад ҷониби Эрон давоми як моҳ онро баррасӣ карда, ба Тоҷикистон лоиҳаи шартномаи ҳамкориро бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ ва муайян намудани маблағи дақиқи сармоягузорӣ пешниҳод мекунад, омадааст дар хабари расмӣ.
“Ҳамин тариқ, Тоҷикистон, ки то ҳол ба баҳр баромади мустақим надорад ва мехоҳад иқтисоди худро диверсификатсия кунад, бо таъсиси маркази логистикии худ дар бандари «Чобаҳор», ки дар вилояти Сиистону Балуҷистони Эрон ҷойгир аст, ба зудӣ метавонад дар доираи долони байналмилалии мултимодалии нақлиётии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» ба уқёнуси Ҳинд роҳ ёбад», навиштааст вазорати нақлиёт.
Ҳамзамон ин роҳи Тоҷикистонро ба кишварҳои минтақаи Осиё, Уқёнуси Ором, кишварҳои Халиҷ ва Африқои шарқӣ ҳамвор мекунад.
Ҳайати Вазорати нақлиёти Тоҷикистон таҳти сарварии муовини вазири нақлиёт Шоиста Саидмуродзода дар Эрон қарор дошт. Дар хабар гуфта мешавад, ки бандар 450 гектарро дар бар гирифта, 10 лангаргоҳи фаъол дорад, ки қодиранд киштиҳои боркашониро бо ғунҷоиши 50 ҳазор тонна қабул кунанд.
Ҷаласаи раҳбарони сохторҳои амниятии ИДМ дар Душанбе

Раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки рӯзи 16 май дар Душанбе ҷаласаи навбатие барпо мекунанд, мавзӯи мубориза бо чолишҳои замонавиро дар меҳвари ин баррасиҳо қарор додаанд.
Ба иттилои маркази матбуоти ФСБ-и Русия, “дар ҷараёни ҷаласаи шӯро таваҷҷӯҳи асосӣ ба беҳтар кардани ҳамкориҳои хадамоти вижаи кишварҳои ИДМ ба мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ ва ҷиноятҳои интернетӣ равона мешавад”. Дар хабарнома омадааст, ки раҳбарон тадбирҳои иловагии ташхиси гурӯҳҳои террристию экстремистиро дар қаламрави ҳамдигар баррасӣ мекунанд.
Барои иштирок дар ҷаласаи шӯрои ниҳодҳои амниятӣ ба Душанбе раҳбарони ин сохторҳо аз кишварҳои узви ин созмон, аз ҷумла, Сергей Наришкин, раиси хадамоти ҷосусии Русия, Қамчибек Тошиева, раҳбари КДАМ-и Қирғизистон ва дигар раҳбарон иштирок мекунанд. Субҳи ҷумъа ширкатдорони шӯрои ниҳодҳои амниятии ИДМ-ро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пазируфт.
Дидори Муҳриддин бо комиссари САҲА оид ба масоили аққалиятҳои миллӣ

Дар Душанбе рӯзи 15 май мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Комиссари олии САҲА оид ба масоили аққалиятҳои миллӣ Кристоф Камп баргузор шуд. Дар ин бора сомонаи ВКХ Тоҷикистон хабар додааст. Дар иттилоия мухтасаре, ки нашр шудааст, танҳо гуфта мешавад, ки “ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар доираи ченаки инсонии САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд”.
Оҷонсии “Авеста” дар тафсилоти ин хабар навиштааст, ки дар ҷараёни мулоқот ба мавзӯи таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои аққалиятҳои миллӣ, ризоияти байниқавмӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир шудааст. Ҷузъиёти гуфтугӯҳо нашр намешавад, вале баъди соли 2021 созмонҳои байналмилалии шарики Тоҷикистон, мисли СММ ва САҲА аз поймолшавии ҳуқуқи сокинони ВМКБ ҷиддан изҳори нигаронӣ мекунанд.
Солҳои 2021 ва 2022 дар ин минтақа эътирозҳои сокинон аз қонуншиканиҳои бархе ходимони ҳифзи қонун бо шеваи пурхушунат саркӯб шуд, 34 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ гардиданд, дар пай дар мурофиаҳои баставу ношаффоф даҳҳо тани дигар ба ҳукмҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд.
Тоҷикистон барои поймол кардани ҳуқуқи помириҳо, ки мардуми шиамазҳаби асосан сокини ВМКБ мебошанд, интиқод мекунанд, вале мақомот дар Душанбе ин танқидҳоро қабул надоранд.
Тибқи гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) аз январи соли 2025 мақомот дар Тоҷикистон таҳқиқи бетарафонаи саркӯби эътирозгаронро дар солҳои 2021 ва 2022 дар ВМКБ ба роҳ намонданд ва аъзои ҷомеаи помириҳо ҳанӯз аз таъқибу фишори зиёд шикоят доранд.
Аксёнов пешниҳод кард, ки вуруди хонаводаҳои муҳоҷирон манъ шавад

Сергей Аксёнов, роҳбари аз сӯи Маскав таъйиншудаи Қрим пешниҳод кардааст, ки вуруди хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ ба Русия манъ карда шавад.
Ба гуфтаи Аксёнов, сиёсати муҳоҷират дар Русия бояд пурзӯр карда шуда, муҳоҷирати меҳнатӣ низ аз ҷониби давлат таҳти назорати шадид қарор дода шавад.
Тавре Аксёнов дар канали "Телеграм"-и худ хабар додааст, вай ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешинҳод оиди ин масъала ба Думаи давлатӣ, омода дорад.
"Пешниҳод ба манъи овардани хонаводаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия ва аз байн бурдани имкони дарёфти шаҳрвандии Русия бо раводиди корӣ марбут аст. Муҳоҷирон бояд омада кор кунанд ва баъдан ба ватан баргарданд",- навиштааст ӯ.
Дар як соли охир Думаи давлатии Русия 34 тарҳу қонунеро қабул кард, ки дар вуруд, иқомат ва кори муҳоҷирон дар ин кишвар маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ намуд ва онҳоро ҳарчи бештар ба як қишри беҳуқуқ ва осебпазир табдил додааст.
Дар Қазоқистон барои маҷбур кардан ба издивоҷ ҷазо медиҳанд

Дар Қазоқистон мехоҳанд барои маҷбур кардан ба издивоҷ, ҷазои ҷиноӣ ҷорӣ кунанд. Дар ин бора ба Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Мурат Абенов, як вакили Маҷлиси Қазоқистон хабар дод.
Ӯ гуфт, пешниҳод мешавад, ки барои содир кардани чунин ҷиноят ҳадди аксар 7 соли ҳабс ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи Абенов, ҳоло дар парлумон мизони ҷазо ҳам барои арӯсрабоӣ ва ҳам барои маҷбур кардан ба издивоҷ баррасӣ мешавад ва ин намуд ҷиноятҳо аз ҷаримабандӣ то ҳабси воқеиро пешбинӣ хоҳанд кард.
Ин вакили маҷлис гуфт, ки дар давоми се соли гузашта ба сохторҳои ҳифзи қонуни Қазоқистон 214 аризаи шикоятӣ дар заминаи рабудани занон бо мақсади ба ақди никоҳи худ даровардани мардон ворид шудааст, вале аз ин ҳамаи шикоятҳо танҳо даҳ ададаш то ба додгоҳ расидааст.
Дигар парвандаҳоро бо сабаби "набуди ҷиноят" бастаанд, ҳарчанд ҷабрдидаҳо собит кардаанд, ки онҳоро берун аз хоҳишашон рабуда, нисбаташон зӯр истифода шудааст.
Ҳоло қонунгузории Қазоқистон ҳолатҳои дуздии занонро бо мақсади арӯсӣ аз рӯи моддаи "одамрабоӣ" баррасӣ мекунанд.
Оғози сафари зоирони тоҷик барои адои ҳаҷ

Сар аз имрӯз, 16 май, аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ парвоз мекунанд.
Аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки 165 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Ҷидда раҳсипор мешаванд.
Имсол барои адои маносики ҳаҷ Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кард. Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шудаааст.
Ба иттилои мақомот дар панҷ соли ахир шумораи зоирон аз Тоҷикистон се баробар зиёд шудааст.
Назарҳо ба адои ҳаҷ, ки яке аз панҷ рукни дини Ислом ҳисоб мешавад, дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон набудааст.
Як гуруҳ ба ин назаранд, ки бо даст додани имконият, бояд ин фаризаи диниро иҷро кард, вале гурӯҳи дигар пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаҷ, аз ҷумла ҳаҷҳои такрорӣ, бояд дар дохили кишвар ҷойеро обод кард.
Муҳоҷире дар Русия се тифлро аз оташ наҷот дод

Муҳоҷире дар шаҳри Екатеренбурги Русия се кӯдаки хурдсолро аз манзили оташгирифта наҷот додааст. Ҳодиса рӯзи 14-уми май дар бинои панҷошёнаи деҳаи Новоберезовский ва замоне рух дод, ки Саид Шарипови 32-сола ба дорухона мерафт.
Муҳоҷир ба хабарнигорон нақл кардааст, ки садои гиряи кӯдаконро аз хонаи оташгирифта дар табақаи аввал шунида ба кӯмаки онҳо шитофтааст. Кӯдакон дар хона танҳо будаанд.
Сокинон Саидро барои ин ҷасораташ қаҳрамон ном мебаранд, аммо ӯ мегӯяд, танҳо вазифаи инсониашро иҷро кардааст, зеро худаш ҳам соҳиби як фарзанд аст. Саид 16 сол инҷониб дар Екатеренбург чун ронандаи таксӣ кор мекардаст. Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон барои наҷоти дигарон ҷони худро дар хатар мегузоранд ва бархе дар чунин ҳодисаҳо ҷон додаанд.
Аммо матбуоти Русия ки бо муҳоҷирситезӣ маъруф аст, ингуна хабарҳоро камтар инъикос мекунад. Шаҳрвандӣ ва дигар ҷузъиёти вобаста ба ҳуввияти Шарипов нашр намешавад.
Трамп гуфт, омода аст 16 май ба Истанбул биравад

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, дар сурати пешрафт дар музокироти миёни Русия ва Украина, ӯ метавонад рӯзи 16 май ба Истанбул биравад. Дар ин бора хабаргузории AFP иттило додааст.
Трамп, аз ҷумла, гуфт, «Медонед, агар чизе шавад, ман рӯзи ҷумъа рафта метавонистам (ба Истанбул)». Трамп дар шарҳи ба музокирот нарафтани Путин гуфт, раҳбари Русия барои он ба Истанбул нарафт, ки Трамп он ҷо ҳозир нашудааст.
“Агар ман наравам, вай чаро он ҷо равад? Фикр накунам, ки агар ман наравам, Путин биравад”, гуфт Трамп.
Трамп ин ҳарфҳоро рӯзи 15 май баён кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки бо вуҷуди нақшаҳои бисёр зиёдаш дар сафар ба минтақа, «ба хотири наҷоти ҷони инсонҳо» омода аст ба Истамбул сафар кунад. Трамп дар Ховари Миёна бо мақомоти кишварҳои минтақа мулоқот мекунад ва қарор аст сафари ӯ 15 май бо боздид аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба анҷом бирасад.
Рӯзи 15 май дар Туркия бояд мулоқоти мустақими ҳайатҳои ҳукуматии Русия ва Украина баргузор шавад. Путин шаби 14 май феҳристи аъзои ҳукуматашро барои сафар ба Истанбул тасдиқ кард ва ёвари президент Владимир Мединскийро раҳбари ин ҳайат таъин намуд.
Худи Путин, зоҳиран ба ин мулоқот намеравад. Аз ҷониби ИМА дар музокироти Истамбул котиби давлатӣ Марко Рубио ва фиристодаи вижаи президент Стив Уиткофф иштирок мекунанд.
Дар Қазоқистон мехоҳанд барои дуздии занон бо мақсади никоҳ то 7 сол ҳабс ҷорӣ кунанд

Дар Қазоқистон мехоҳанд барои маҷбур кардан ба издивоҷ ҷазои ҷиноӣ ҷорӣ кунанд. Дар ин бора ба Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Мурат Абенов, як вакили Маҷлиси Қазоқистон хабар дод. Ӯ гуфт, пешниҳод мешавад, ки барои содир кардани чунин ҷиноят ҳадди аксар 7 соли ҳабс ҷорӣ шавад. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар парлумон мизони ҷазо ҳам барои арӯсрабоӣ ва ҳам барои маҷбур кардан ба издивоҷ баррасӣ мешавад ва ин намуд ҷиноятҳо аз ҷаримабандӣ то ҳабси воқеиро пешбинӣ хоҳанд кард.
Ин вакили маҷлис гуфт, ки дар давоми се соли гузашта ба сохторҳои ҳифзи қонуни Қазоқистон 214 аризаи шикоятӣ дар заминаи рабоиши занон бо мақсади ба ақди нигоҳи худ даровардани мардон ворид шудааст, вале аз ин ҳамаи шикоятҳо танҳо даҳ ададаш то ба додгоҳ расидааст. Дигар парвандаҳоро бо сабаби “набуди ҷиноят” бастаанд, ҳарчанд ҷабрдидаҳо собит кардаанд, ки онҳоро берун аз хоҳишашон рабуда, нисбаташон зӯр истифода шудааст.
Ҳоло қонунгузории Қазоқистон ҳолатҳои дуздии занонро бо мақсади арӯсӣ аз рӯи моддаи “Одамрабоӣ” баррасӣ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки омори воқеии ҳолатҳои дуздии занон бо мақсади ба никоҳ даровардани онҳо метавонад хеле зиёд бошад, чунки на ҳама ҷабрдидаҳо аз ин ҳодисаҳо ба сохторҳои ҳифзи қонун шикоят мекунанд.
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол

Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол аз 19-ум то 25-уми май дар саросари Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои оммавӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол 22-юми май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни устураҳои футболи Тоҷикистону Русия доир мегардад.
Ба ҳайати дастаи собиқадорони тоҷик бозигароне, ки дар рушди футболи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, шомил хоҳанд шуд.
Дар ҳайати мунтахаби устураҳои Русия футболбозони маъруф, ба мисли Ринат Дасаев, Егор Титов, Дмитрий Аленичев, Валерий Шмаров, Сергей Киряков ва дигарон иштирок хоҳанд кард.
Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони баргузории бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2025 байни қаҳрамони кишвар – «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон – «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мегардад. Бозӣ 25-уми май дар Рӯзи ҷаҳонии футбол баргузор мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи “Истиқлол”-и Душанбе, 19-уми май дар қароргоҳи даста воқеъ дар дараи Алмосии Ҳисор ҷашнвораи футбол бо барномаҳои рангини варзишию фарҳангӣ доир хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, FIFA (Федератсияи байнулмилалии футбол) эълон намуд, ки рӯзҳои 21–25-уми май чорабиниҳои Ҳафтаи ҷаҳонии футбол ба таври густарда барпо мегардад.
Ҳафтаи мазкур ба хотири Рӯзи ҷаҳонии футбол (25-уми май) бахшида мешавад, ки он тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст.
Футбол яке аз намудҳои маъмултарини варзиш дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва Англия ватани он ҳисобида мешавад, ки аввалин мусобиқаи расмӣ соли 1872 дар қаламрави ин кишвар баргузор шудааст.
Аз он замон то инҷониб 22 мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол сурат гирифтааст, ки охиринаш соли 2022 дар Қатар доир гаштааст.
Ҳоло футбол на танҳо бозӣ, балки як тиҷорати бузурги варзишӣ низ мебошад. Футболбозони маъруфи ҷаҳон маоши калон мегиранд.
Федератсияи байнулмилалии футбол (FIFA) нақшаҳоеро эълон кардааст, ки мувофиқи он то соли 2026-ум шаст дар сади аҳолии ҷаҳон ба футбол машғул хоҳанд шуд.
FIFA ният дорад, ки барои рушди ин бозӣ чор миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.
Футбол дар Тоҷикистон аз солҳои 20-уми қарни гузашта роҳандозӣ шудааст. Соли 1937 аввалин мусобиқаи қаҳрамонии кишвар баргузор шуда буд.
“Динамо”-и Сталинобод (ҳозира Душанбе) аввалин дастаест, ки ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст. Ин даста, ҳамчунин, аввалин барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад. Соли 1992 Федератсияи миллии футболи Тоҷикистон таъсис ёфта, соли 1994 ба узвияти AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ва FIFA пазируфта шудааст. Аз соли 1992 дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мусобиқаи қаҳрамонии кишвар барпо мегардад. Аввалин қаҳрамони Тоҷикистон дар замони истиқлолият дастаи “Помир”-и Душанбе мебошад.
Дастовардҳои бузурги футболи тоҷик дар тули беш аз 50 сол ба "Помир" марбут аст, вале ин дастаи машҳур, ки аз байн рафтааст, боиси нигаронии ҳазорҳо мухлисонаш гардидааст.
Дар замони истиқлолият бошад, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 13 бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шудааст, муваффақтарин аст.
Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар доир гардид, иштирок карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар Тоҷикистон занон низ ба футбол машғуланд. Дастаҳои мунтахаби футболи духтарон ва тими миллии занонаи Тоҷикистон ҳамасола дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ва қаҳрамонии CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) ширкат меварзанд.
Дар Тоҷикистон барномаи давлатии рушди ин навъи олимпии варзиш дар кишвар қабул шудааст.
Ба ин тартиб, футбол ҳамчун варзиши рақами як дар Тоҷикистон бозии дӯстдоштаи ҳазорҳо кӯдакону наврасон ва ҷавонону бузургсолон гаштааст.
"Ҷанги Русия дар Украина барои Осиёи Марказӣ ҳолати хатарноке эҷод кардааст"

Нигаронӣ аз амиқрафти тамоюлҳои диктотурӣ ва нуфузи афзояндаи Русияву Чин дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ва ба вижа Тоҷикистон, ҳарчи бештар зарурати роҳандозӣ шудани ислоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст.
Ин андешаро мухолифон ва фаъолони сиёсию мадании кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷараёни конфронси байналмилалии “Тавсеаи таҷовузи Русия алайҳи Украина дар қаламрави Осиёи Марказӣ: Чолишҳои Қафқозу кишварҳои Балтика ва ҳам Иттиҳоди Аврупо” баён карданд. Ин ҳамоиш рӯзи 13 май дар шаҳри Вилнюс баргузор шуд.
Дар кори он даҳҳо намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Шарофиддин Гадоев, раиси Ҷунбиши ислоҳот ва рушд ва дигар фаъолони тоҷикистонӣ иштирок карданд.
Дар изҳороти муштараки ширкатдорон, аз ҷумла, гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон дар натиҷаи ба ҳам омадани чанд омил, як ҳолати “наздик ба таркиш” ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумла, “бетағйир мондани қудрат ва адами комили масъулиятпазирӣ дар шароити диктатураи як шахсият; идомаи созиши миёни Русияву Чин дар заминаи истиқлолияти ин кишвар; то рафт амиқтар шудани шикофи байни наслҳои ҷавону калонсоли раҳбарикунанда дар Оиёи Марказӣ; ҳаракат ба самти низоми адлияи ҷазодиҳанда, фасоди беназорат ва фишори афзоянда ба озодиҳои инфиродӣ ва динӣ” чун мушкилоти ҷиддӣ номбар шудаанд.
Муаллифони изҳорот мегӯянд, дар натиҷаи “саркӯбҳои сартосарии режими Эмомалӣ Раҳмон” мардуми зиёд ва ҳам нирӯи корӣ кишварро тарк карда эҳсоси норизоият ва тундгарошавии ҷавонон боло мегирад. “Тавсеаи хатари террристӣ, аз ҷумла, аз гурӯҳҳои вобаста ба Шабакаи Хуросони ДОИШ, ки қисми зиёди онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд”, ба қавли фаъолон, на танҳо ба эътидоли дохилии ин кишвар, балки кулли минтақа таҳдид мекунад.
Нишасти Вилнюс бо кӯмаки Бунёди дифоъ аз демократия дар Осиёи Марказӣ бо иштироки намояндагони ҷомеаҳои маданӣ, созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон, ҳаракатҳои сиёсӣ ва коршиносони соҳаи сиёсат ва амнияти минтақаӣ баргузор гардид.
Ҳаштоду як дарсади фарзандони муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ роҳ наёфтанд

Танҳо 19 дарсади кӯдакони муҳоҷирон дар Русия иҷозаи супоридани имтиҳони забони русиро доштанд ва боқимонда 81 дарсади онҳое, ки ҳуҷҷат супориданд, бинобар пурра набудани ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, маълумоти бардурӯғ дар ҳуҷҷат ё набудани ҷойҳои холӣ дар мактаб, рад шуданд.
Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маорифи Русия гуфт, дар маҷмӯъ наздики 2 ҳазор кӯдак барои имтиҳони забони русӣ муроҷиат кардаанд ва танҳо 335 нафар барои санҷиш иҷозат дода шуданд.
Санҷиши донистани забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон дар Русия, ки мехоҳанд таҳсилро дар мактабҳои русӣ идома диҳанд, аз 1 апрели соли 2025 ҳатмӣ шуд.
Бар асоси он, фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳо пазируфта намешаванд.
Пештар Думаи давлатии Русия бо нашри натиҷаҳои як таҳлил гуфта буд, 41 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар ин кишвар бо забони русӣ мушкил доранд.
Муҳоҷирони зиёд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, қаблан шикоят карда буданд, ки дархости онҳо барои қабули фарзандонашон ба мактабҳои Русия рад мешавад.
Духтари блогерро дар пахши зиндаи TikTok ба қатл расониданд

Дар кишвари Мексика як духтари блогере, ки бо нашри мавод дар бораи зебоиву ороиш маъруф буд, ҳангоми пахши навбатии зинда тавассути шабакаи TikTok аз тири туфанг ба қатл расониданд. Дар ин бора оҷонсии Рейтерс хабар додааст. Дар Мексика, ки мизони хеле баланди кушторҳо бар пояи ҷинсият дорад, ин ҳодиса бисёриҳоро ваҳшатзада кард. Валерия Маркез 23 сол дошт ва полис рӯзи сешанбе гуфт, таҳқиқи қазияи куштори ӯро бар пояи хушунати ҷинсӣ ба роҳ мондааст.
Маркезро рӯзи 13 май дар маҳалли кораш - як ороишгоҳе дар шаҳри Запопани Мексика марде ба қатл расонид, ки вақти суханрониаш дар TikTok вориди ин муассиса шуд. Исми қотил нашр намешавад ва маълум нест, ки ӯ боздошт шудааст ё на ва сабаби ин ҳодиса чӣ мебошад.
Маркез чанд лаҳза пеш аз қатлаш пахши зиндаи видеоиро дар TikTok шурӯъ кард. Садои ӯ, ки мегуфт, “Онҳо омаданд”, дар навори зинда пахш шуд ва баъди ин садои марде ба гӯш расид, ки гуфт, “Ҳей, Вале?”. Маркез гуфт, “Бале?” ва ин лаҳза садои пахши зиндаро хомӯш кард. Лаҳзае баъд ӯ аз зарби тири туфанг кушта шуд. Пораи чеҳраи марде, ки баъди ин телефони Маркезро ба даст гирифт, дар навори зинда дида шудааст.
Маркез дар Инстаграм ва TikTok 200 ҳазор пайрав дошт. Лаҳзаҳое пеш аз фоҷеа ӯ гуфт, ки касе ба ороишгоҳ омада ба ӯ “тӯҳфаи гароне” тақдим кардааст. Маркез ошуфтаҳол менамуд ва гуфт, ки ӯ интизори бозгашти касе набуд.
Мексика, Парагвай, Уругвай ва Боливия дар қаламрави Амрикои Лотин ва Карриб бо омори бисёр баланди кушторҳои занон фарқ мекунанд. СММ гуфтааст, дар ин кишварҳо аз ҳар 100 ҳазор зан дар соли 2023 тибқи омори тахминӣ 1,3 нафарашонро куштаанд.
Путин нарафт. Дар Истанбул нахустин музокираи мустақими Украина ва Русия барпо мешавад

Ҳайати Русияро дар Истанбул дар музокирот бо Украина рӯзи 15 май Владимир Мединский - ёвари президент Владимир Путин раҳбарӣ мекунад. Ҳамин мақомдор ҳам раҳбарии гурӯҳи музокиротии Русияро дар соли 2022 ба ӯҳда дошт.
Ба ҳайати Русия инчунин муовини вазири корҳои хориҷӣ Михаил Галузин, фармондеҳи раёсати ситоди кулли Русия Игор Костюков, муовини вазири мудофеа Александр Фомин шомил шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремлин дар як иттилоияе хабар дод.
Аз ин пеш президенти Украина Владимир Зеленский талаб карда буд, ки дар музокироти мустақими нахустини ҳайатҳо баъди беш аз се соли ҷанг президент Путин ҳозир шавад. Ӯ гуфт, дар сурати ғайр, музокира барпо намешавад, вале баъдтар мавқеашро нармтар кард.
Рӯзи 14 май хабаре нашр шуд, ки мегӯяд, котиби давлатии ИМА Марко Рубио, ки қарор буд рӯзи чоршанбе дар Истамбул мешуд, рӯзи ҷумъа ба Туркия меравад.
Ширкати масъулони "Брешно"-и Афғонистон дар ҷаласаҳои CASA-1000 дар Душанбе

Рӯзи 15 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 барпо мешавад ва дар кори он ҳайатҳо аз кишварҳои узви ин тарҳ аз Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора сомонаи вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Қабл аз он, рӯзҳои 13 ва 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳҳои кории кишварҳои иҷрокунандаи тарҳи CASA-1000 ва шарикони рушд баргузор мешавад. Ба навиштаи манбаъ, ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода шурӯъ шуд. Ҳадафи он омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии тарҳи энергетикӣ аст.
Ба навиштаи сомонаи Ariana News, ҳайати Афғонистонро дар нишасти Душанбе Абдулборӣ Умар, раҳбари ширкати энержии “Брешно” намояндагӣ мекунад. Ин манбаъ навишт, дар баробари намояндагони Афғонистон ва Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои Қирғизистон, Покистон, масъулони Бонки исломии рушд ва дигар сохторҳои молӣ дар ҷаласаи Душанбе ҷамъ омадаанд.
CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад. Ҳукумати Толибон, ки расман эътироф нашудааст, баҳори соли 2024 созишномаи CASA-1000-ро имзо намуд ва иҷрои ин тарҳ, ки бо сабаби ноамниҳо дар Афғонистон ба таъхир афтода буд, аз сар гирифта шуд.
Мақомоти тоҷик навиштанд, меҳмонҳоро бо зеристгоҳои 1300 мегаваттӣ дар мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Кӯшониён ва Неругоҳи барқи обии «Норак» ошно мекунанд.