Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти "чаҳоргона" дар Берлин ноком поён ёфт


Мулоқоти вазирони умури хориҷии Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дар Берлин оид ба мушкили бурунрафт аз бӯҳрони Украина панҷ соат идома кард ва шаби душанбе ноком анҷом ёфт.

Вазири умури хориҷии Олмон Франк-Волтер Штайнмайер рӯзи 18 август гуфтушунидро “хело сангин” арзёбӣ намуд ва изҳори умедворӣ намуд, ки ширкаткунандагон ба андаке пешрафт муваффақ шудааст. Франк-Волтер Штайнмайер гуфт, ки қарор аст вазирони умури хориҷии чаҳор кишвар рӯзи сешанбе дубора ҷамъ шаванд ва баҳсҳо рӯи мавзӯъи аслӣ – оташбас дар шарқи Украина ва ҷилавгирӣ аз хунрезиҳоро идома диҳанд.

Павел Климкин, вазири умури хориҷии Украина, дар робита ба музокирот дар Берлин изҳороте нашр накард, аммо дар Твиттер навишт, ки барои ба натиҷае расидан “боз чандин бор панҷсоатӣ музокира мебояд кард”. Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки Киев дар гуфтушуниди Берлин ба ягон хел гузашт рошӣ нашудааст.

Нахустин музокироти “чаҳоргона” оид ба ҳалли бӯҳрони Украина рӯзи 2 июл баргузор шуда буд ва баъд аз гуфтугӯи дусоата эъломияи муштараке пазируфта шуд, ки дар он ҷонибҳо барои расидан ба сулҳ дар Украина ӯҳдадор шуданд.

XS
SM
MD
LG