Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти "Тоҷиказот" 22 апрел ҳал хоҳад шуд


Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон сарнавишти корхонаи «Тоҷиказот»-и миллиардери украинӣ Дмитрий Фирташро рӯзи 22 апрел баррасӣ мекунад. Хайрулло Саидов, писари соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов низ дар ин корхона 5 дарсад саҳм доштааст. Исҳоқ Табаров, вакили мудофеъи хонаводаи Зайд Саидов рӯзи 3 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, «дар феҳрасти корхонаву ширкатҳое, ки ба Зайд Саидов ва наздикони вай тааллуқ доранд ва Оҷонсии зидди корупсия мехоҳад давлатиашон кунад, «Тоҷиказот» охирин аст. Чунки дигар корхонаҳои марбут ба Зайд Саидовро алакай ба моликияти давлатӣ табдил доданд. Имрӯз, 3 апрел корхонаи «Электроника-М», ки дар Зайд Саидов дар ҳудуди он корхонаи шарбату нӯшобаҳои «Табаррук»-ро сохта буд, давлатӣ гардонда шуд.»
Баҳси «Тоҷиказот» бар асоси даъвои Оҷонсии зидди корупсия аст, ки хусусигардонии ин крхона дар соли 2002-ро ғайриқонунӣ шумурда, дубора давлатӣ карданашро таз додгоҳи иқтисодии Хатлон тақозо кардааст. «Тоҷиказот» аз соли 2008 ба сабаби қатъ шудани воридоти гази Узбакистон кор намекард.
Додгоҳи иқтисодии Душанбе як рӯз пеш корхонаи дӯзандагии «Гулистон» дар маркази пойтахтро, ки низ ба Дмитрий Фирташ тааллуқ дошт, давлатӣ кард.
XS
SM
MD
LG