Пайвандҳои дастрасӣ

Омӯзиши мусиқӣ. Аз ҳавою ҳавас ё фарҳанги баланд?


Наргис Солеҳова, як корманди бонк тавонистааст барои ду фарзандаш шароитеро фароҳам созад, то онҳо баъди дарс, дар мактаби санъати ба номи Муҳиддин Аминзода ба омӯзиши фортепиано машғул шаванд.

Наргис Солеҳова мегӯяд, барои ба ин мактаб шомил кардани духтараш Фарангис чаҳор сол талош кард, аммо дар оғоз масъулони мактаб шубҳа доштанд, ки ин хонаводаи тоҷик барои таҳсили мусиқии фарзанд азми ҷиддӣ дошта бошанд.

Аммо хонум Наргис тавонист устодонро мутақоид созад, зеро фарзанди ӯ даҳ сол боз бо асбоби мусиқӣ ошноӣ доштанд ва мусиқиро аз рӯи адвор иҷро мекарданд. Мактаби мусиқӣ духтараки ҳунармандро пазируфт.

Тағйири арзишҳо дар хонаводаҳои зиёӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:38 0:00
Линки мустақим

Ҳоло се сол аст, ки Фарангис дар мактаби санъат фортепианио меомӯзад. Наргис Солеҳова дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, «Шахс набояд танҳо бо як касб маҳдуд шавад, танҳо як самтро интихоб кунад. Мехоҳам духтарам фарҳанги баланд ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад».

Фарангис Бобоева
Фарангис Бобоева
Аммо Фарангис Бобоева, духтари Наргис Солеҳова, ки дар синфи ҳафтуми гимназияи хусусии «Тоҷикистон» таҳсил мекунад, мегӯяд, «оянда мусиқинавози касбӣ шуданӣ нестам, танҳо барои худам мехоҳам фортепиано омӯзам».

Таваҷҷӯҳи мардум ба дониши мусиқии фарзандон, ки баъди суқути Шӯравӣ тақрибан аз байн рафта буд, солҳои ахир боз рӯ ба афзоиш овард ва ҳоло дидани бачаҳои адвор дар даст ва ё асбоби мусиқӣ дар бағал як амри маъмулӣ шудааст. Масъулони мактаби санъати ба номи Муҳиддин Аминзода мегӯянд, ки онҳо аз иқдоми падару модарон барои ба омӯзиши мусиқӣ ҷалб кардани фарзандонашон истиқбол мекунанд, аммо омӯзиши мусиқӣ танҳо ҳавою ҳавас набуда, балки заҳмат ва масъулият мехоҳад ва ҳам волидон ва ҳам фарзандон бояд барои бо он машғул шудан пурра омода бошанд.

Мария Ҳайдарова, устоди фортепианиои мактаби санъати ба номи Муҳиддин Аминзода гуфт, «баъзе кӯдаконро волидонашон барои он меоранд, ки кӯдакҳо бисёр шавқу ҳавас доранд ва шояд дар оянда ҳунарро пешаи худ кунанд. Аммо бештари падару модарон барои васеъ кардани ҷаҳонбинии фарзандонашон меоранд.»

Елена Тиллоева
Елена Тиллоева
Барои Елена Тиллоева, як устоди дигари ин мактаб он чӣ хуш омадааст, ки бо он ки бештари падару модароне, ки фарзандонашонро ба ин мактаб меоранд, аз олами ҳунар хеле дур ҳастанд, аммо мехоҳанд фарзандашон фаҳму дарки мусиқӣ дошта бошанд ва бархе барои фарзандонашон дар хона асбоби мусиқӣ мехаранд.

Елена Тиллоева афзуд, «як нишонаи оилаи ашрофӣ дар асрҳои пешин он буд, ки фарзандашон ва ба вижа, духтар, ҳатман аз илми мусиқӣ бохабар бошад, чанд забон донад ва аз ӯҳдаи дӯхтану бофтан низ ба хубӣ барояд».

Соҳибназарон бар ин боваранд, ки анъанаи ҷалб кардани фарзандон ба олами мусиқӣ, на танҳо дар хонаводаҳои ашрофи ғарбӣ роиҷ буд, балки дар олами Шарқ низ волидон талош мекарданд фарзандонашон дар баробари омӯзиши илмҳои замонавӣ, ҳатман мусиқиро донанд ва созҳои мусиқиро навохта тавонад.

Шоирон ва уламои барҷастаи тоҷик шурӯъ аз устод Рӯдакӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хайём, Берунӣ донандагони хуби мусиқӣ низ буданд ва дар боби мусиқӣ рисолаҳо таълиф карданд.

Мунира Шаҳидӣ
Мунира Шаҳидӣ
Ин аст ки ба таъкиди фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ, омӯхтани мусиқӣ ҳамеша дар маркази тамаддуни инсонӣ буд: «Мусиқӣ ҳунари нозуку нафис аст, ки агар онро донӣ, таҳлил кардани бисёр чизҳо осонтар мешавад. Абулӣ Сино мусиқиро ҳамеша дар радифи илмҳои дақиқ риёзиёт, физика, химия ҷойгир карда буд. Як каҷфаҳӣ дар олами ислом ҳаст, ки мусиқиро ҷудо мекунанд ва дарк намекунанд, ки ин ба ҳувияти миллӣ таъсири манфӣ дорад. Чӣ қадар барвақттар фарзандонамон аз илми мусиқӣ огоҳ шаванд, ҳамон қадар хуб аст».

Зимнан, дар мактаби санъати ба номи Муҳиддин Аминзода 18 навъи ҳунар, аз ҷумла, навохтани асбобҳои мусиқии пианино, фортепиано, гитор, дойра, рубоб, карнай, рақс, рассомӣ ва ғайраҳо омӯзонида мешавад. Ҳоло дар ин мактаб 486 хонанда фориғ аз соатҳои дарсӣ машғули омӯзиш ҳастанд. Ҳамчунин мактабу маҳфилҳои давлативу хусусии зиёде фаъолият мекунанд, ки ба тарбияи бачаҳо дар самти омӯзишу ҳунару мусиқӣ мусоидат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG