Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороб Янс: Қариб 2 соат "насиҳат"-ам карданд


 Аксҳои Дороб Янс аз сомонаи расмиаш- d-yans.com - гирифта шудаанд.
Аксҳои Дороб Янс аз сомонаи расмиаш- d-yans.com - гирифта шудаанд.

Исми Дороб Доробов, мутахаллис ба Дороб Янс, як овозхони 24-солаи зодаи Хоруғ ҳафтае пеш дар забони расонаҳо уфтод.

Гуфта мешуд, ки пулиси Маскав Дороб Янсро барои иҷрои таронаи “Қарор мак”, ки дар он аз амалиёти моҳи июли соли 2012 зидди гурӯҳҳои худсар дар Хоруғ интиқод мешуд, боздошт кардааст ва ба ӯ 40 000 рубли русӣ ҷарима таҳдид мекунад. Сафорати Тоҷикистон дар Маска иддаои расонаҳо дар бораи бар асоси шикояти як корманди ин сафорат таъқиб шудани Дороб Янсро радд кард ва гуфт, шояд ин як навъ гашти “пиар”-и овозхони ҷавон барои касби маъруфият дар шоу-бизнеси Русия бошад.

Дороб Янс соли 1989 дар Хоруғ ба дунё омада, дар Ӯши Қирғизистон ба воя расидааст ва шаҳрванди ҳамин кишвар аст. Ӯ аз соли 2007 дар Маскав ба сар мебарад. Дороб Янс дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ розӣ шуд, ки ба ин қазия рӯшанӣ андозад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:08 0:00
Линки мустақим


Дороб Янс: “Қазияи боздошт аз ин қарор буд. Дар шабакаи “Одноклассники” як нафар худро ҳамшаҳрии ман аз Помир муаррифӣ кард ва шумораи телефонамро пурсид. Гуфт, ки мехоҳад дар бораи эҷодиёти ман сӯҳбат кунад. Ман шумораамро додам. Баъд дар сӯҳбати телефонӣ мо қарор гузоштем, ки 27 апрел мулоқот кунем. Вале вақте ман омадам, дидам, ки онҳо 4 нафаранд. 3 нафараш худро намояндаи диаспораи тоҷикон муаррифӣ карданд ва чорумаш, ки қавораи славянӣ дошт, гуфт, ки корманди пулис аст. Маро як тараф бурданд ва қариб 2 соат “бозҷӯӣ” карданд, ки чаро ман дар таронаам раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таҳқир мекунам? Чаро мардумро ба табаддулот даъват мекунӣ? Дар поён онҳо ба таҳдид гузаштанд, ки мо метавонем туро барои ин тарона зиндон кунем.”

Озодӣ: Яъне боздошт набуд?


Дороб Янс: “Боздошт буд, бозпурсӣ ҳам карданд. Вале инки кор то ба додгоҳ рафта бошаду маро ҷарима карда бошанд, воқеъият надорад. Таҳдид карданд, ки агар ба ҳарфи онҳо гӯш надиҳам, бори дувум ба таври ҷиддитар ба ман машғул шуда, маро ба додгоҳ ҳам хоҳанд кашид. Ба қавле хеле “насиҳат”-ам карданд, ки ҷавонӣ, фикри ояндаи худатро кун, фикри падару модаратро кун ва ба сиёсат дахолат накун. Баъде ки маро раҳо карданд, ман ба хона баргашта, аз як ҳуқуқдони шиносам машварат пурсидам. Ӯ гуфт, ки як муддат дар мазҳари омм зоҳир нашав. Ва ман ҳам чунин кардам. Вале баъди ду рӯз ба таври ҳайратовар дар Интернет хабаре нашр шуд, ки гӯё маро боздошту ҷарима ва мамнӯъулхуруҷ кардаанд, гӯё 12 май додгоҳи ман доир мешавад. Аз ин ҳама танҳо чанд ҷумлааш ҳақиқат аст.”

Озодӣ: Намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки шояд ин қазия як навъ талоши “пиар”-и овозхони ҷавон барои роҳ ёфтан ба бозори шоу-бизнеси Русия бошад. Шумо чӣ мегӯед?

Дороб Янс:
“Сафорати Тоҷикистон дар ин қазия дахле надорад. Фикр мекунам, номи сафоратро ҳамон нафароне, ки маро “насиҳат” карда буданд, ҳамроҳ кардаанд. Аммо дар мавриди “пиар” гуфтаниам, ки аввалан, “пиар” аз ҳисоби масоили сиёсӣ карда намешавад. Баъдан, ба ман “пиар” ҳам лозим нест. Ман аз пайи шӯҳрат нестам, аз ҳисоби овозхонӣ даромаде ҳам надорам. Ман ин ҳамаро барои худам ва баро шунавандагонам анҷом медиҳам.”

Озодӣ: Пас даромади шумо аз кадом ҳисоб аст, Дороб?

Дороб Янс:
“Ман кор мекунам. Агар ҷое даъват карданд, меравам ва овозхонӣ мекунам. Ба ҷуз ин, ман мусиқӣ месозам, дар ташкили консертҳо кумак мекунам. Даромадам аз ҳамин ҳисоб аст.”

Озодӣ: Репсароёни тоҷик одатан аз дахолат ба масоили доғи сиёсӣ худдорӣ мекунанд, зеро аз паёмадҳояш андеша мекунанд. Аммо шумо бахусус дар таронаи “Қарор мак” хеле густохона ба мавзӯъҳои сиёсӣ “часпидед”. Оё ин дидгоҳи шаҳрвандии шумост ё чӣ?

Дороб Янс:
На, ин дидгоҳи шахсии ман аст ва ман бештар аз масоили иҷтимоӣ мегӯям, то аз мавзӯъҳои сиёсӣ. Ман ончиро ки дар атрофам мебинам, ҳамонро мехонам. Агар чизи мусбате дидам, мусбат мехонам, агар чизи манфие дидам, онро мегӯям. Ва дар ду соли охир ман мебинам, ки байни мардуми тоҷик ва ҳукуматаш мушкилоти зиёд пеш омадааст. Ва ин мояи ташвиши ҳамагон, аз ҷумла ман, шудааст. Таронаи “Қарор мак” низ дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ аст. Ҳарфе аз кадом табаддулот дар он нест ва ин нахустин таронаи ман буд, ки каме бӯи сиёсат дошт. Ман ба сурати умум сиёсатро хуш надорам, чунки аз ғаждияш метарсам. Албатта, репсаро бояд аз мушкилоти иҷтимоӣ бисарояд, на аз ишқу ошиқӣ. Барои ишқу ошиқӣ жанрҳои дигар ҳаст, вале сиёҳпӯстони амрикоӣ репро дар замонаш махсус барои он эҷод карданд, ки фиғони дили худро, эътирози худро ба воситаи реп берун бароранд. Вале бубинед, имрӯз Тоҷикистон мушкилоти хеле бузургтар дорад, ки бояд ҳалл кунад. Вале онҳо ҳамаро як сӯ монда, аз домани ман гирифтаанд.”

Озодӣ: Дороб, шумо дар Тоҷикистон ба дунё омада, дар Қирғизистон ба воя расидед ва дар Маскав кору зиндагӣ мекунед. Ҳоло чӣ эҳсосе нисбат ба ватани худ, Тоҷикистон, дар дил доред?

Дороб Янс:
“Ман нисбат ба Қирғизистону Тоҷикистон эҳсоси яксони муҳаббат ва эҳтиром дорам. Вале ҳамзамон дилам ба Тоҷикистон месӯзад. Дилам месӯзад, ки идораи кишваре бо чунин таърихи кӯҳан дар дасти нафарони нолоиқ уфтодааст. Ин кишвар сахт ба ислоҳот ниёз дорад, вале бӯе аз ислоҳот нест. Ман бисёр орзу мекунам, ки ватани ман ҳам қоматашро рост кунад, пеш биравад ва тоҷикон дар ҳар куҷо битавонанд бо кишвари худ ифтихор кунанд.”

Озодӣ: Ва чӣ нақшаҳое доред дар сар?

Дороб Янс:
“Мехоҳам таҳсил кунам, кори хубе биёбам, хонадор шавам. Яъне мисли ҳама бақия. Аммо дар бораи масоили иҷтимоӣ ҳамчунон тарона хоҳам хонд. Агар мухолифи чунин таронаҳоянд, пас мушкилоти иҷтимоиро аз байн баранд. То замоне ки ин мушкилот ҳаст, таронаҳое ба мисли “Қарор мак” низ хонда мешаванд.”
XS
SM
MD
LG