Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Дар Тоҷикистон "маргталабон" боздошт шудаанд?

Бино ба гузоришҳо, маъмурони амниятии Тоҷикистон тайи чаҳор моҳи гузашта дар қаламрави кишвар 75 нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ боздошт кардаанд. Дар баёнияе, ки Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон аз ҷумла ба Радиои Озодӣ фиристодааст, гуфта мешавад, ду афсари Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 27 апрел дар мулоқот бо донишҷӯён аз хатароти тундгароӣ ва терроризм сӯҳбат карда ва гуфтаанд:“Дар муддати 4 моҳи соли равон 75 нафар аъзои созмонҳои террористӣ боздошт гардиданд, ки дар миёни онҳо худкушон низ ҳастанд.” Аммо маълум нест, ин афрод узви кадом созмон ҳастанд ва дар куҷо боздошт шуданд. Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки “то ин муддат бештар аз 500 нафар пайрави Ҳизб-ут-Таҳрир дар Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд." Афсарони тоҷик дар мулоқот бо донишҷӯён ҳушдор додаанд, ки фирефтаи созмонҳои ифротгаро, мисли Ҳизб-ут-Таҳрир, ҷараёни Салафия, Ҷамоати Таблиғ, Ҷамоати Ансоруллоҳ, Ҳаракати Исломии Узбакистон, Толибон ва Ал-Қоида нашаванд, ки “зери ниқоби дини ислом ҳадафҳои ношоистаро амалӣ мекунанд.” Дар Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мулоқоти кормандони кумита бо донишҷӯёнро таъйид карданд, вале шарҳи омори мазкур худдорӣ варзиданд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

EBRD стратегияи панҷсолааш барои Тоҷикистонро қабул кард

Даромадгоҳи қароргоҳи EBRD дар Лондон
Даромадгоҳи қароргоҳи EBRD дар Лондон

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) рӯзи 3 октябр гуфт, ки барномаи стратегии панҷсола барои Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Ҳадафҳои стратегӣ барои тақвияти рақобатпазирӣ дар соҳаи хусусӣ ва мудирият равона меҳавад. Дар миёни бартариятҳои дигар сармоягузорӣ ба энержии боэътидол, нақлиёт ва зерсохторҳои шаҳрдорӣ мебошад.

Сомонаи бонк навишт, стратегияи нав марҳилаи панҷсолаи то соли 2030-ро дар бар мегирад ва ӯҳдадориҳои ин бонкро барои дастгирии тағйирот дар иқтисоди Тоҷикистон аз роҳи дастрасии фарогир ҳамроҳ бо сармоягузории молӣ ва сиёсати муколамаву ёрии фанниро дар бар мегирад.

Кори асосии ин барнома бо ширкатҳои тиҷоратии сатҳи миёна ва хурд вобаста хоҳад буд. Дар соҳаи энержӣ рушди энергияи "сабз" дар авлавият қарор мегирад.

Пешбиниҳои бонк ин аст, ки дар соли 2025 иқтисоди Тоҷикистон 7% ва соли 2026 - 5,7 дарсад рушд хоҳад кард.

Ҳаҷми ёриҳои молии бонк ба буҷаи Тоҷикистон дар доираи стратегияи панҷсола ошкор намешавад, вале бонк таъкид кардааст, ки то имрӯз дар ҳаҷми 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон аз роҳи татбиқи 185 пружа сармоягузорӣ кардааст.

Таҳдиди як деҳқон бо силоҳ барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии гандум 

Дар Узбекистон як афсари пулис барои иҷро накардани нақшаи ҷамъоварии ҳосили гандум, бо силоҳ ба деҳқоне таҳдид кард.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар яке аз рустоҳои вилояти Фарғона рух дода, навори лаҳзаи таҳдид ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Нерӯҳои амниятӣ бо фармони раҳбари ҳукумати маҳаллӣ шабона ба хонаи деҳқон даромада, ӯро ба он айбдор карданд, ки нақшаи ҷамъоварии ҳосили ғалларо иҷро накардааст.

Баҳс ба ҷанҷол печид ва дар навор дида мешавад, ки яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ соҳибхонаро бо силоҳ таҳдид ва талош мекунад, ки ӯро ба берун барад.

Фарзандони деҳқон илтиҷо мекунанд, ки падари беморашонро набаранд. Ин навор дар шабакаҳо сару садои зиёд ба по кард.

Корбарони аз он изҳори ҳайрат кардаанд, ки чаро деҳқонро барои ҷамъоварии ҳосили заҳмати худаш таҳдид мекунанд.

Мақомот ба ин ҳодиса вокуниш накардаанд.

Ҳамла дар назди канисаи яҳудиҳо дар Бритониё чор захмӣ бар ҷой гузошт

Манчестер, ходимони полис дар ҷои ҳодиса қарор доранд
Манчестер, ходимони полис дар ҷои ҳодиса қарор доранд

Кир Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, аз ҳамлае, ки имрӯз дар назди канисаи яҳудиён дар шаҳри Манчестер рух дод, ваҳшатзада шудааст ва, ба гуфтааш, ин ки ин ҳамла дар рӯзи ҷашни барои яҳудиҳо муқаддаси Ём Киппур рух дод, “боз ҳам даҳшатноктар аст”. Полиси Бритониё гуфт, ки ҳамлагар савори мошине ба сӯи раҳгузарон ҳаракат карда баъдан аз мошин фаромада бо корд ба онҳо ҳамла кард. Полис ҳамлагарро бо тири туфанг ба қатл расонид.

Каниса дар шаҳри шимолуғарби Инглистон дар шаҳри Манчестер ҷойгир аст. Иди Ём Киппур (Рӯзи қиёмат) барои яҳудиён бисёр муҳим ва муқаддас буда, аз рӯи анъанаи динӣ, ба каниса рафтани ҳамаи онҳо зарур мебошад.

Кир Стармер ҷаласаи Кумитаи амнияти ҳукуматро даъват намуд ва худаш ҳам аз Копенҳаген, ки он ҷо ҷаласаи раҳбарони кишварҳои аврупоӣ барпо мешавад, дубора ба Лондон бархоҳад гашт.



Дар Тоҷикистон кормандони тиб зидди зуком эм карда мешаванд

>Дар Тоҷикистон барои ҳимояти кормандони тибб аз гирифторӣ ба зукоми мавсимӣ ва ҳам пешгирӣ аз эҳтимолияти сар задани пандемия дар оянда 33 ҳазор адад ваксина ворид шудааст.


Созмони ҷаҳонии беҳдошти вобаста ба СММ, ки дар таъмини ҳамшриву табибони тоҷик бо ин мавод мусоидат кардааст, мегӯяд, қарор аст соли оянда 100 ҳазор адад ваксина ба Тоҷикистон фиристода шавад.

Кормандони тиб дар сафи аввали мубориза бо бемориҳо қарор доранд ва ҳимояти саломатии онҳо дар авлавияти барномаи пешгирӣ аз зукоми мавсимӣ аст, мегӯяд ин идораи СММ.



Омбудсмен дар маҳбаси Ваҳдат бо зиндониёни хориҷӣ мулоқот кардааст 

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ё Омбудсмени тоҷик барои шиносоӣ бо вазъи маҳбусон, ба зиндони Ваҳдат рафта, бо маҳбусони хориҷӣ дар алоҳидагӣ сӯҳбат кардааст.

Дафтари матбуоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар додааст, ки Умед Бобозода рӯзи 24 сентябр барои ошноӣ бо шароити нигаҳдории зиндониён ва риояи ҳуқуқи онҳо, аз муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, боздид кардааст.

Вай дар ин зиндон бо маҳбусон аз Қирғизистон, Афғонистон ва Русия мулоқот кардааст. Дар хабарнома омадааст, ки бархе аз ин маҳбусон аз Омбудсмени тоҷик хостаанд, онҳоро ба кишварҳояшон истирдод кунанд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон шароити нигоҳдории маҳкумшудагонро хуб ва мутобиқ ба қонунҳои кишвару санадҳои байналмилалӣ хондааст.

Қаноатмандии Омбудсмен аз вазъи маҳбусон дар ҳолест, ки ин мавзӯъ борҳо мавриди нигаронӣ ва интиқоди созмонҳои ҳуқуқӣ ва коршиносон қарор гирифта буд.

Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи апрели соли 2024 "аз ҳад зиёд будани зиндониҳоро дар маҳбасҳои Тоҷикистон" мушкили ҷиддӣ номида буд.

Бино ба ин гузориш, баъзе аз зиндониҳо ҳангоми беморӣ аз дастрасии саривақтӣ ба ёрии тиббӣ маҳруманд.

Омбудсмен дар гузориши солонаи худ, ки соле пеш нашр шуда буд, гуфт, 350 зиндонӣ мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ва беш аз 100 нафар бемори сил доранд, ӯ инро як "душворӣ" дар зиндонҳои кишвар номида буд.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон зиёда аз 15 ҳазор маҳбус адои ҷазо мекунанд.

Ихроҷи 26 муҳоҷир аз Русия дар пайи ширкат дар консерти як овозхони узбек

Дар Красноярски Русия 26 муҳоҷир, аз ҷумла зодаҳои Тоҷикистонро ихроҷ карданд.

Инҳо ҳамон муҳоҷироне буданд, ки барои тафреҳу шодӣ ба консерти овозхони узбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев рафта буданд ва дар толори он аз сӯйи пулиси рус мавриди тафтиш қарор гирифтанд.

Бино ба навиштаи "Московский Комсомолетс", дар миёни афроди аз Русия рондашуда, зодаҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Арманистон будаанд. Бо қарори додгоҳ ҳамаи онҳо барои 5 сол аз вуруд ба Русия манъ шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳафтае пеш дар толоре дар Русия нерӯҳои пулис ё "ОМОН"-и Русия вориди маҳфиле бо ширкати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шуда, ба тафтиши онҳо шурӯъ карданд.

Пулис дар хабарномааш гуфт, ки дар ин маросим 620 нафар ширкат дошт ва дар натиҷаи ин рейд даҳҳо нафарро боздошту бозпурсӣ шуданд.

Консулгарии Узбекистон дар Красноярск дар вокуниш талаб кард, ки ба ин амали пулиси рус баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Ҷабборов хост, тарҳи қонун дар бораи эҳёи ҳукми қатл таҳия шавад

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур додааст, ки тарҳи ислоҳи қонун дар бораи баргардонидани ҳукми қатл таҳия шавад.

Аскат Алагозов, сухангӯи президенти Қирғизистон рӯзи якуми октябр гуфт, гап асосан сари онҳое меравад, ки ба ҷинояти озори ҷинсии кӯдакон ва ё куштори занон, даст мезананд.

Ин тасмими раисҷумҳури Қирғизистон дар пасманзари қатли як духтари 17-сола гирифта шуд. Ҳодиса дар вилояти Иссикул рух дода, дар ин кишвар сару садои зиёде ба по кардааст.

Айсуулу рӯзи 27-уми сентябр нопадид шуд ва пас аз чанд рӯз ҷасади ӯро аз дараи Бум пайдо карданд. Бо гумони куштори ӯ як сокини 41-солаи Бишкек боздошт шудааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, мард Айсуулуро ба мошинаш шинонда, ба боғе мебараду таҷовуз ва қатл мекунад.

Содир Ҷабборов ин қазияро зери назорати шахсии худ гирифтааст.

Қирғизистон соли 2007 ҳукми эъдомро манъ кард. Пешниҳодҳо дар бораи дубора баргардонидани он дар ин кишвар чанд сол боз садо медиҳанд.

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, то тасдиқи буҷаи нав корашро тағйир медиҳад

Парчами Амрико ва Тоҷикистон
Парчами Амрико ва Тоҷикистон

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон эълон кард, ки бо вуҷуди тасдиқ нашудани буҷаи нав ва қатъи маблағгузории ниҳодҳои давлатӣ дар Амрико то ҳади имкон додани раводид (виза) ба хориҷиён ва шиноснома ба шаҳрвандони ин кишварро идома медиҳад.

Ҳукумати Амрико пас аз ба созиш нарасидани ҷумҳурихоҳон ва демократҳо бар сари будҷаи молии нав, аз рӯзи чаҳоршанбе, 1 октябр, таътил шуд.

Зимнан, сафорат аз рӯзи 1-уми октябр дар хабарномааш гуфтааст, ки то тасдиқи буҷаи нав саҳифаҳои сафорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нав намешаванд ва танҳо иттилооти фаврии марбут ба амният ва бехатарӣ нашр хоҳад шуд.

Дар Амрико бо сабаби тасдиқ нашудани буҷаи нав ва қатъи маблағгузорӣ тақрибан 750 ҳазор корманди ҳукумати федеролӣ ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудааст.

Ҳукумати Амрико охирин бор дар солҳои 2018 ва 2019 дар давраи аввали президентии Трамп, бинобар ихтилоф бар сари сиёсатҳои муҳоҷиратӣ, ба муддати 35 рӯз таътил шуда буд.

Трамп гуфт, Путин ва Зеленский бояд рӯ ба рӯ гап зананд

Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Доналд Трамп, президенти ИМА бори дигар таъкид кард, ки барои хатми ҷанг дар Украина суҳбати рӯ ба рӯи Владимир Путин ва Владимир Зеленский зарур медонад.

Ӯ гуфт, ки танҳо “бо нишон додани тавоноӣ” ба натиҷа расидан мумкин аст.

Трамп зимни суханронӣ дар назди ҳайати фармондеҳии олии артиши ИМА дар пойгоҳи Куантико изҳор дошт, ки дастур додааст, "як ё ду киштии зериобӣ" дар наздикии соҳилҳои Русия ҷойгир карда шаванд. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки Вашингтон захираи ҳастаии худро навсозӣ мекунад.

"Мо умед дорем, ки ҳеҷ гоҳ ба истифодаи он маҷбур намешавем," — гуфт ӯ.

Раҳбари Амрико Русияро "паланги коғазӣ" номид ва гуфт, аз Путин ноумед шудааст. Ӯ гуфт, фикр мекард, ки Путин зуд ба сулҳ розӣ мешавад, вале ӯ ин корро накард. Трамп майли бештари Русия ба ҷангро сабаби тақвияти чораҳои низомии Амрико дар наздикии марзҳои Русия донист.

Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол Трамп дар посух ба изҳороти президенти собиқи Русия Дмитрий Медведев дар бораи имкони ҷанги Русия ва ИМА, дастур дода буд, ки ду киштии зериобӣ дар "минтақаҳои мувофиқ" ҷойгир карда шаванд.

Дар охири моҳи июл Медведев дар шабакаи иҷтимоии X ба Трамп муроҷиат карда, изҳор дошт, ки шартгузориҳои ӯ ба Русия "роҳ ба сӯи ҷанг" мебарад.

Ҷанги Русия дар Украина беш аз се сол боз идома дорад. Дар ин ҷанг даҳҳо ҳазор нафар аз ду тараф кушта шуда, миллионҳо украинӣ овора шуданд. Таҷовузи Русия ба Украинаро аксари созмону давлатҳо маҳкум карда, алайҳи ин кишвар таҳрим ҷорӣ кардаанд.

Мухолифати Миронов ба додани сабукиҳо ба фарзандони мактабхони муҳоҷирон

Сергей Миронов.
Сергей Миронов.

Сергей Миронов, вакили рус, ки бо муҳоҷирбадбинияш ном баровардааст, ба пешниҳодҳо дар бораи сабук кардани қоидаҳои қабули фарзандони муҳоҷирон ба мактаб мухолифат кардааст.

Вай дар сафҳаи "Телеграм"-и худ навиштааст, вақте аксари фарзандони муҳоҷирон натавонистанд имтиҳони забони русиро супоранд, ба вакилони Дума пешниҳодҳо расид, ки тартиби супурдани имтиҳон барои кӯдаконро бозбинӣ ва осонтар кунад.

Аммо Сергей Миронов, мегӯяд, ин як баҳонае барои роҳ ёфтани кӯдакони ноомодаи муҳоҷирон ба мактабҳои Русия хоҳад буд. Вай таъкид кардааст, ки вазифаи мактаб мутобиқ кардани ин кӯдакон бо ҷомеа нест, балки фақат омӯзиш додан ва тарбияи кӯдак аст. Ба гуфтаи вакили рус, агар волидон аз ӯҳдаи ин кор набароянд, кӯдакон бояд ба хонаҳои худ баргардонида шавад.

Моҳи апрели соли равон дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки бар асоси он кӯдакони муҳоҷирон танҳо пас аз супурдани имтиҳони забони русӣ ба мактаб қабул мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Русия моҳи сенябр 87 дарсади кӯдакони муҳоҷирон аз ин имтиҳон нагузаштанд.

Оғози маъракаи ваксинзании духтарон барои пешгирӣ аз саратон

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сар аз имрӯз, якуми октябр дар Тоҷикистон маъракаи ваксинзанӣ зидди навъҳои хатарноки вируси папилома оғоз шуд. Вирусе, ки ба гуфтаи табибон дар 80 дарсади ҳолатҳо занонро гирифтори саратони гарданаи бачадон мекунад.

Бино ба иттилои Маркази Ҷумҳуриявии имуннопрафилактикӣ, духтарони аз 10 то 14-сола бо иҷозаи волидон дар мактабҳои миёна ва ё дармонгоҳҳо ройгон эм карда мешаванд. Қарор аст 520 ҳазор духтарони наврас дар кишвар бо ваксинаи Гардасил эм карда шаванд.

Масъулини мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз чанд рӯз ба ин сӯ волидонро ба гирифтани ваксина даъват доранд. Бархе аз падару модарон аллакай ба ин даъватҳо посухи рад додаанд.

Аз волидоне, ки намехоҳанд духтаронашон эм карда шаванд, хоста шудааст, ин посухи худро хаттӣ ба раҳбарияти мактабҳо пешниҳод кунанд.

Мақомоти вазорати тандурустӣ таъкид мекунанд, ки ин ваксина ягон зарару паёмаде надорад ва метавонад духтаронро аз гирифторӣ ба чанд омоси бадсифати дигар ҳифз кунад.

Пулиси Русия ба ҷойи хоби муҳоҷирон даромада, 80 касро боздошт кард

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Маскав нерӯҳои амниятӣ дар хостел ё маҳалли хоби муҳоҷирон шабона рейд гузаронидаанд. Дар амалиёти навбатӣ Кумитаи тафтишотӣ, ОМОН ё нерӯҳои пулисро ҷалб кардааст.

Навори амалиёти шабона дар ҷойи хоби муҳоҷиронро рӯзи 29-уми сентябр "Росгвардия" нашр кардааст. Нерӯҳои амниятӣ бо ниқоб ва дастчӯби оҳанин ё "дубинка" вориди ҳуҷраҳое шуданд, ки муҳоҷирон он ҷо хоб буданд. Дар навор дида мешавад, ки бошандагони хостелро берун бароварданд.

Бино ба иттилои Кумитаи тафтишотӣ зимни ин санҷиш ҳудуди 1000 шаҳрванди хориҷиро тафтиш карда, 80 нафар барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират боздошт шудаанд.

30 нафарро барои дар қайди ҳарбӣ гузоштан ба комиссариатҳои ҳарбӣ фиристодаанд.

Филми Шаҳроми Мокрӣ аз номи Тоҷикистон ба ҷоизаи “Оскар” пешбарӣ шуд

Саҳнае аз филми “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”
Саҳнае аз филми “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”

Филми коргардони эронӣ Шаҳроми Мокрӣ “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷоизаи бонуфузи синамоии “Оскар” пешбарӣ шуд. Дар ин бора рӯзи 29 сентябр чандин расонаи байналмилалӣ, аз ҷумла https://www.hollywoodreporter.com/ хабар додааст.

Ба навиштаи ин расона, драмаи детективии дар Тоҷикистон наворгиришуда “се қиссаи аз ҳам ҷудоро бозгӯ мекунад, ки дар як моҷарои асроромезе ба ҳам мепайванданд”. Ин филм аз номи Тоҷикистон ба қазовати озмуни синамогарни амрикоӣ фиристода шудааст. То имрӯз ин филм ҷоизаи Vision Asian Award-ро дар ҷашнвораи байналмилали Пусан бурда, инчунин қарор аст дар ҷашнвораҳои синамоии Лондон ва Чикаго ба намоиш гузошта шавад.

Қиссаи филм чунин аст, ки вақти наворгирии филме силоҳсозе дарк мекунад, ки аслиҳа сохта не, ҳақиқӣ аст. Як ҳунарпеша омада талаб мекунад, ки ба ӯ нақше бидиҳанд. Ва як қурбонии садамаи нақлиётӣ шабҳа мекунад, ки шояд ҳодисаи бо ӯ рухдода як кори махсус ташкилшуда аст. Дар ниҳоят ин се моҷарои гуногун дар як пайванди асроромезе ба ҳам мепечанд.

“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми чоруми калонҳаҷми Мокрӣ аст. Филмҳои гузаштаи ӯ “Моҳӣ ва гурба” (2013), «Ҳуҷум» (2017), «Ҷинояти бедиққат» (2020) дар ҷашнвораҳои мухталифи ҷаҳонӣ намоиш дода шудаанд. Филми охиран барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Чикаго шудааст.



Сухангӯи Тоқаев аз мулоқоти президентони Қазоқистон ва ИМА акс нашр кард

Мулоқоти президентони ИМА ва Қазоқистон Доналд Трамп ва Қосимҷомарт Тоқаев дар Ню Йорк. Сана ва шароити бардошта шудани ин акс нашр намешавад
Мулоқоти президентони ИМА ва Қазоқистон Доналд Трамп ва Қосимҷомарт Тоқаев дар Ню Йорк. Сана ва шароити бардошта шудани ин акс нашр намешавад

Як ёвар ва ҳам сухангӯи президенти Қазоқистон Руслан Желдибой дар саҳифаи Телеграмаш акси Қосимҷомарт Тоқаевро бо президенти ИМА Доналд Трамп нашр кард. Ӯ рӯзи 29 сентябр ду акс нашр кард: дар яке Трампу Тоқаев ба ҳам даст медиҳанд ва дар дуюмаш аз тарафи дасти рости президентон ҳамсари президенти Амрико Мелания Трамп қарор дорад.

Маълум нест ин аксҳо кай бардошта шудааст ва чаро танҳо баъди чор рӯзи бозгашти Тоқаев аз ҷаласаи Маҷмаи кулли СММ нашр шуданд, чун эҳтимолан дар ҳамон рӯзҳои дар Ню Йорк будани Тоқаев гирифта шудаанд. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон ишора кардаанд, ки ранги гарданбанди Трамп сурх аст ва ҳангоми суханрониаш аз минбари СММ гарданбанди кабуд дошт.

Эҳтимолан мулоқоти Трампу Тоқаев ҳангоми гаштугузор дар бинои СММ сурат гирифт, чун ҳеҷ хабаре дар бораи вохӯрии ду президент дар ҳошияи Маҷмаи кулл нашр нашудааст. Рӯзи 22 сентябр ду раҳбар телефонӣ бо ҳам гуфтугӯ кардаанд.

Трамп дар Ню Йорк як мулоқоти шахсӣ бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дошт ва ӯ ягона раҳбари як кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо раҳбари Амрико сӯҳбати ҳузурӣ анҷом додааст. Дар остонаи мубоҳисаҳои сатҳи олӣ дар СММ Қазоқистон ва Узбекистон бо ширкатҳои ИМА ба маблағи 12 миллиард доллар созишномаҳо барои хариди локомотив ва ҳавопаймоҳои ширкати “Боинг” имзо карданд.

Дар хабарҳои расмӣ аз Қазоқистон баъди бозгашти Тоқаев аз Ню Йорк дар бораи аз вазифа барканор шудани вазири корҳои хориҷӣ Мурат Нуртлеу ва сафири Қазоқистон дар ИМА Ержан Ошиқбоев хабар дода шуд. Дафтари президенти Қазоқистон сабаби ин барканориҳоро нашр накард.


Боздоштҳо дар робита бо заҳролудшавии 1900 тифли кӯдакистон дар Узбекистон

Дар Узбекистон аз рӯи парвандаи заҳролудшавии 1900 тифли кӯдакистон дар ҳафтаи гузашта ҳафт нафар боздошт шудааст. Радиои Озодлик менависад, ки дар ин бора аз сохторҳои ҳифзи қонун хабардор шудааст. Дар миёни боздоштшудаҳо масъулони се ширкати хӯроктаъминкунӣ ва корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мебошанд, ки бо таъмини хӯроквории кӯдакистонҳо машғул будааст.

Gazeta.Uz аз номи Кумитаи санитариюи эпидемиологӣ ва сиҳҳатии оммавии Узбекистон Нурмат Отабеков навишт, ки хӯроки кӯдакистонҳое, ки дар он заҳролудшавии оммавии тифлон сабт шудааст, аз тарафи се ширкати беруна харидорӣ мешуд. “Ҳарсе ширкат маҳсулоти ширӣ ва кефири равғанаш 3,2-дарсадиро аз ширкате дар ноҳияи Оққӯрғон дастрас мекард. Ин ширкат дар ноҳияи Учтеппаи Тошканд сабт шуда, истеҳсолоташ дар Оққӯрғон ба роҳ монда шудааст”. Отабеков гуфт, ки манзур ширкати Shark Milk Product аст, вале тафтишот идома дорад.

Ба иттилое, ки Радиои Озодлик дастрас намуд, ширкати Shark Milk Product ба Омонов Фазлиддин Фарҳодович, писари собиқ ҳокими ноҳияи Оққӯрғон тааллуқ дорад. Ба навиштаи ин манбаъ, ҳодисаи мисли ин бо маҳсулоти ширкати Shark Milk Product чор сол пеш ҳам рӯй додааст. Он замон додситонии кулл гуфт, ки парвандаи ҷиноӣ боз мешавад, вале натиҷаҳои таҳқиқотро расонаӣ накард.

Ҳолатҳои заҳролудшавӣ аз хӯрок дар бадани 1900 кӯдак мушоҳида шуда 900 тифл ба беморхона интиқол ёфтанд. Ҳамаи онҳо аз ҳарорати баланд, дилбеҳузурӣ ва дарди шикам шикоят мекунанд.

Ҳодисаи заҳролудшавии оммавӣ ҳафтаи гузашта рух дод ва кӯдаконро ба беморхонаҳои панҷ ноҳия интиқол доданд.

Дар шабакаҳо сабтҳое аз баъзе беморхонаҳо роҳ ёфт ва дар яке аз онҳо як ҳамшираи шафқат мегӯяд, ки беморон чунон зиёданд, ки дасти ёрӣ намерасад.

Омбудсмени кӯдак дар Узбекистон гуфт, ки раёсати тафтишоти ВКД дар вилояти Тошканд рӯзи 25 сентябр аз рӯи моддаи «вайрон кардани қонунҳои санитарӣ ваё мубориза бо эпидемияҳо» парванда боз кардааст.



Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG