Пайвандҳои дастрасӣ

Ғайбулло Авзалов: "Мо ҳама одамони Раисем..."


Аввали ҳафтае, ки гузашт, раиси вилояти Хатлон, Ғайбулло Авзалов бо ишора ба интихоботи ояндаи президентӣ солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро ба ёд овард ва ҳушдор дод, ки бархе, ба истилоҳи ӯ, «сафсаттахонҳо» мехоҳанд, боз дар Тоҷикистон ба сари қудрат оянд. Вай, ки дар як вохӯрӣ бо сокинони шаҳри Кӯлоб сӯҳбат мекард, аз кадом шахсе ва ё гурӯҳе ном набурд, вале гуфт, ки "онҳо" дар соли 1992 ҳукуматро гирифта, мардумро «бадбахт карда буданд.»

Ин суханони ҷаноби Авзалов вокунишҳои зиёде ба бор овард ва самти баҳсҳоро ба сӯйи худи ӯ, вазъи вилояти Хатлон ва ҳаводиси солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон гардонд.сарфи назар аз захира ва имкониятҳои бузургаш Хатлон дар давраи раҳбарии ӯ рушди кофӣ надорад ва соҳаҳои иқтисодиву аграрии он дар ҳоли рукуданд. Аз он ҷо ки ҷаноби Афзалов солҳои 1990-ро ёдрас шуд, бархе аз шореҳон навиштанд, дар он давра заводу фабрикаҳо кор мекарданд, водии Вахш пахтаи зиёд медод ва мардум маҷбур набуданд, ки ба Русия ҳиҷрат кунанд. Яке аз шореҳон менависад, ба ҳисобҳои ӯ, муҳоҷирон дар Русия аз ин вилоят назар ба ҳамаи вилояту минтақаҳои Тоҷикистон бештаранд. Хонандаи дигар ба он ишора кард, ки дар он давра ба Ҳукумати Муросои Миллӣ имкони кор дода нашуд, вале дар 20 соли охир ҳукумати феълӣ натавонистааст, вазъро тағйир диҳад.

Иттифоқан, Ғайбулло Авзалов, ки соли 1992 вакили Шӯрои Олӣ буд, ҳамон вақт мавқеи ҳамсон дошт ва дар иҷлосияи 16-уми порлумон дар Хуҷанд аз мунаққидони сарсахти мухолифон буд. Дар ин байн бисёриҳо тағйири ақида карданд ва ба мухолифати сиёсӣ дар кишвар назари мусбат дорад. Акбаршо Искандаров, ки дар он ҷаласаи таърихӣ сарпарастии раиси Шӯрои Олиро бар ӯҳда дошт, имрӯз мегӯяд, воқеаҳои аввали даҳаи 1990 сафҳаи таърихи Тоҷикистони навин аст ва «агар ин ҳаводис таҳлили амиқи илмӣ дошта бошанд, беҳтар аз он аст, ки ҳар рӯз дар бораи он ҳарф зада шавад.» Искандаров ҷонибдори он аст, ки шаффофияти интихоботи президенти кишвар дар моҳи ноябри соли равон таъмин шавад. Ӯ меафзояд, “барои номзадҳои оянда бояд шароит фароҳам овард ва набояд аз онҳо душман тарошид.”

Моҳи май дар ноҳияи Восеъ -- зодгоҳи Авзалов, интихоботи миёндавраии вакили Маҷлиси Намояндагон доир мешавад ва дар он яке аз довталабҳо--фаъоли ҳизби демократи Тоҷикистон Раҷаби Мирзо аст. Аммо сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки суханронии Авзалов дар Кӯлоб ба интихоботии президентии кишвар бахшида шудааст ва паёми ӯ ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рабт дорад. Қамариддин Афзалӣ-раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон ин паёми раҳбари вилоятро мухолиф ба сулҳу оштии Тоҷикистон мешуморад. Аммо Сангалӣ Раҳимов собиқ раиси идораи кишоварзии Хатлон, ки солҳои зиёд бо Авзалов ҳамкорӣ кардааст, раиси вилояти Хатлонро мухолифи раванди сулҳу оштии кишвар намешуморад. Ба қавли Раҳимов "ӯ баъзан ба эҳсосот роҳ медиҳад, вале инсони кордон ва поктинат аст."

Ғайбулло Авзалов факултети байтории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Институти сиёсатшиносии Тошкандро хатм намуда, муддате дар хоҷагиҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоб вазифаи байтор, раҳбари идораи кишоварзӣ, котиби кумитаи ноҳиявии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои масъули муассисаҳои вилояти Хатлонро бар дӯш доштааст. Ӯ вакили Шӯрои Олӣ дар Тоҷикистон шӯравӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар Тоҷикистон соҳибистиқлол интихоб шудааст. Дар охири соли 2006-ум Авзалов ибтидо ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон пешбарӣ ва баъди муддати кӯтоҳе дар ин мансаб тасдиқ шуда, то имрӯз онро бар ӯҳда дорад.

Ғайбулло Авзалов
Ғайбулло Авзалов
Вилояти Хатлон, ки замоне сутунмӯҳраи кишоварзӣ ва ба хусус соҳаи пахтакории Тоҷикистон будааст, ҳоло дар чунин мавқеъ қарор надорад. Дар даврае, ки низоми иқтисодӣ, шеваи хоҷагидорӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ комилан тағйир ёфтаанд, дар ин ҷо мисли замони шӯравӣ ба усули раҳбарии пешина такия мекунанд. Ҳокимият талош мекунад, бахши хусусӣ низ дар итоати он бошад ва навовариҳои иқтисодӣ ба чашм намехӯрад. Дар давоми ду соли охир аз ҳисоби боло бурдани маоши кишоварзон вазъи пахтакорӣ каме беҳбуд ёфтааст ва вилоят нақшаи пахтаро иҷро кард, вале ба қавли собиқ раиси идораи кишоварзии Хатлон Сангалӣ Раҳимов бо он кадрҳое, ки дар Хатлон рӯи кор ҳастанд ва таъину барканоркунии онҳо ба дасти Авзалов нест, наметавон интизории бузург дошт. Вай мегӯяд: "Якумаш ин ки аз ҳамин синнусол дар ҳукумат дигар касе намондааст. Дуюмаш, агар баъзе вақт каме ба эҳсосот роҳ диҳад, боз узр мепурсад, ки ман ҳамин ҷо хато кардам. Кинаву адоватро ба дилаш роҳ намедиҳад."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:59 0:00
Линки мустақим


Ҳамзамон, ҷаноби Раҳимов эътироф мекунад, ки феълан вилоят дар ҳоли рукуди амиқ қарор дошта, ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад. Ӯ мегӯяд, солҳои ҳаштодуми қарни гузашта пахтакорони вилоят ба ҳисоби миёна аз як ҳектар 30 сентнер пахта ҷамъ мекарданд. Ҳозир дар беҳтарин ҳолат аз як ҳектар замин 22 сентнер пахта ҷамъ мекунанд. Ба ақидаи ӯ "раҳбароне, ки ҷавобгӯи шароити бозоргонӣ ва ҷаҳонишавӣ бошанд, дар мансабҳо гузошта нашудаанд."

Дар ҳамин ҳол раиси вилояти Хатлон бо баёнияҳои пусарусадои худ машҳур аст. Ин баёнияҳо сабаб гаштаанд, ки бархе аз сокинони вилоят ӯро мухолифи ашаддии ҷунбишҳои муосири исломӣ арзёбӣ намоянда. Чанде пеш Авзалов муллоҳоро барои мухолифаташон ба ҷашнгири соли нав танқид карда буд. Дар баробари ин Қамаридини Афзалӣ, раҳбари бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, муносибати онҳо бо мақомоти маҳаллӣ ва раиси вилоят мӯътадил аст. Ба қавли ӯ, ахиран ҷаноби Авзалов дар ҷанозаи рӯҳонии маъруф домуллло Муҳаммадӣ ва чанд маросими дигари диниву мазҳабӣ ҳузур дошт. Ҳамчунин бо ташаббуси ӯ ба ҳар оила як нусха Қуръон тақдим шудааст. Воқеан соли гузашта Авзалов дар як мулоқоташ иброз дошт, ки ҳар оилаи тоҷик бояд дар хонааш як нусха сарқонун, як нусха қонун дар бораи танзими маросим ва қонун дар бораи масъулияти падарону модарон дар тарбияи фарзанд ва як нусха Қуръон дошта бошад.

Баъзе аз шореҳон синну соли Авзаловро зикр намуда, ба он ишора мекунанд, ки шояд замони нафақагирии ӯ наздик шуда бошад. Худи Авзалов ҳам дар як сӯҳбаташ хотирнишон кард, ки идомаи кори ҳар фарди солхӯрда ба тасмими раисаш вобаста аст.

Дар ҳамин ҳол раҳбари бахши вилоятии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хатлон Қамариддин Афзалӣ мегӯяд, сину соли раҳбар ва ба вижа Ғайбулло Авзалов муҳим нест, муҳим ба фикри мутобиқати раҳбар ба тақозои замон ва ҷилавгирӣ аз низоъ миёни наслҳо мебошад. Афзалӣ, ки муаллими забону адабиёти русӣ мебошад, китоби “Падарону фарзандон”-и адиби рус Тургеневро мисол оварда, мегӯяд, “ҳоло вазъе ба вуҷуд омадааст, ки падарон мехоҳанд, фарзандонашон мисли онҳо бошанд, вале фарзандон мехоҳанд, ки мустақилона тасмим гиранду падарону модарон садди роҳи пешрафти онҳо нашаванд. Аз ин рӯ, муҳим ин аст, ки раҳбарон садди роҳи пешрафт нагарданд.“

Албатта мухолифат ба ин фикри Тургенев осон нест. Авзалов баъди интихоботи президентии соли 2006-ум ба мансаб пешбарӣ шудааст ва эҳтимол сарнавишти минбаъдаи кори ӯ низ баъди ин маърака муайян шавад. Ин дар ҳоле, ки худи ӯ аллакай маъракаро оғоз кардааст.
XS
SM
MD
LG