Маҳмадраҳим Гадоев зода ва парвардаи Тоҷикистон буда, 50 сол дорад. Ба қавли худаш, соли 1996 ба кишвари Русия ҳамчун муҳоҷир сафар кард ва он ҷо ба унвони профессорӣ ва вазифаҳои баланди масъул расид. Муаллифи беш аз 70 пажӯҳиши илмӣ аст. Дорандаи нишони сарисинагии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Саха (Якутия) «барои хизматҳо дар соҳаи илм» мебошад. Барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, бо ифтихорномаи ҳукумат ва парлумони ҷумҳурии Саха қадршиносӣ шудааст.
Раиси ҷамъияти тоҷикони ҷумҳурии Саха-«Сомониён» ва узви шӯрои Ассамблеяи халқҳои Ҷумҳурии Саха мебошад. Айни ҳол доктори имлҳои физикаву математика, профессор, мудири кафедраи математикаи умумии Донишгоҳи политехникии шаҳри Мирнии Федератсияи Русия. Оиладор, соҳиби 8 фарзанд.
Озодӣ: Аввалан аз шумо мехостам ин суолро кунам, ки чӣ сабаб шуд, ки шумо ҳамчун муҳоҷир ба Русия рафта будед, ба доираи илмии ин кишвари пайвастед ва ба чунин мартабаҳо расидед?
Гадоев: Ман ҳанӯз дар даврони Шўравӣ бо доираҳои илмии Россия ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкорӣ доштам ва дорам. Вале соли 1996 ба Россия чун муҳоҷир кўч бастам ва бо амри тақдир то ҳол дар ин сарзамин кору фаъолият мекунам.
Озодӣ: Муносибат ба илму олимонро дар Тоҷикистон чӣ гуна баҳо медиҳед? Ва ё системаи имрӯзаи илми тоҷик шуморо қонеъ месозад?
Гадоев: Дар Тоҷикистон муносибати ҳукумат ба илм ва олимон беҳбудиро мехоҳад. Ҳоло ҳам шароити лозима барои машғул шудан ба илм қариб, ки вуҷуд надорад. Маоши кормандони илмӣ ҳоло ҳам ба дараҷаи лозима баланд нест. Олимони ҷавон имкони ба хориҷа рафтан, дар конференсияҳои илмӣ иштирок кардан, худро ба аҳли илми ҷаҳонӣ шиносонидан надоранд. Имконияти чопи мақолаҳои илмии худро дар маҷаллаҳои илмии чаҳонӣ низ. Cатҳи донишомӯзии талабаҳои макотиби миёна ба ҳама маълум, ки бисёр нигаронкунанда ҳаст.
Озодӣ: Ба иттилои мо, шумо раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Мирний ҳастед ва ба назари Шумо, ваҳдату якпорчагӣ то кадом андоза миёни тоҷикон дар муқоиса бо дигар миллатҳо вуҷуд дорад?
Гадоев: Саволи душвор, вале ба ҳар ҳол, ҷавоб мусбат ҳаст. Ман бо масъулияти тамом ҳамчун раиси ҷамъияти тоҷикон гуфта метавонем, ки муттаҳидии тоҷикону точикистониён мушоҳида мешавад. Албатта, ҳастанд, тоҷиконе, ки бо мо ҳамкорӣ намекунанд, ҳар кас дар алоҳидагӣ ба кори худ машғул аст. Вале қисми зиёди тоҷикон муттаҳиданд, дар корҳои ҷамъиятӣ, ки дар сатҳи шаҳр ва ё ноҳия мегузарад, иштирок менамоянд. Масалан, дар гузаронидани маъракаҳое, мисли Наврӯз, Соли нав, «рўзи шаҳр» ва ғайраҳо фаъолона иштирок менамоянд. Як чизи дигарро бояд кайд кунам, ки намояндагони на ҳамаи миллатҳое, ки дар ин ҷо кору зиндагӣ мекунанд, ҷамъият доранд ба мисли узбекҳо, арманиҳо ва ғайра.
Озодӣ: Оё созишномаҳо ва дигар сандҳои марбут ба муносиботи ду кишвар, ки баъд аз сафари Путин ба Точикистон сурат гирифт ва коршиносон онро бохти Тоҷикистон унвон карданд. Назари шумо ба ин созишномаҳо ва санадҳо чист?
Гадоев: Ҳар он чизе, ки дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар мегузарад, аз назари мо дур намемонад. Мо ҳамаи он созишномаҳоро меомӯзем, таҳлил менамоем, хулоса мебарорем. Назари ман низ ин аст, ки аз ин созишномаҳо тарафи Тоҷикистон на он қадар бурд кардааст. Ин ҳам дар он ҳолатест, ки онҳо ҳоло дар рўи коғазанд. Шояд, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва дигар мақомоти давлатиро зарур буд, ки барои беҳтар намудани ҳолу аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо дар сатҳи давлатӣ, сохтмони Роғун, лоиҳаҳои инвеститсионӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар масъалаҳ,о талошҳои бештареро ба харҷ медоданд.
Озодӣ: Аз интихоботи Президентӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамин сол баргузор мешавад, чиро интизоред? Оё ба шаффофияти баргузории он бовар доред?
Гадоев: Ба назари ман, то он вақте, ки қонуни интихобот дар Тоҷикистон тағйир нахӯрад, дар бораи шаффофияти ҳар гуна интихобот сухан гуфтан беҳуда аст. Медонам, ки баъзе аз аҳзоби сиёсӣ ва шахсони алоҳидаву баъзе ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ин самт кӯшишҳое карда истодаанд. Вале аз торномаи Радиои Озодӣ хабаре хондам, ки «Тарҳи пешниҳодии аъзои мухолиф рад шуд». Ман инро интизор доштам. Ин аст, ки ман ба мусбат ҳал шудани ин масъала чандон боварӣ надорам.