Дар чанд ҷумла
Барқи тоҷик 256 миллион сомонӣ андоз насупурдааст

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Роҳи Душанбе-Хуҷандро барои мусобиқаи Асҳаб Тамаев бастанд

Рӯзи 19-уми октябр мақомот барои гузарондани мусобиқаи мошинронии Асҳаб Тамаев, як блогери чечентабор як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқро бастанд.
Хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли ширкати IRS навиштааст, беш аз 5 километр роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди "Кӯли Душанбе" барои мусобиқаи мошинронии Асҳаб Тамаев баста шуд. Навори ин мусобиқа ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дида мешавад, ки одамони зиёде ҷамъ шудаанд.
Чанд корбари шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, шоми 19-уми октябр беш аз як соат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд дармонданд.
Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон қаблан чандин нафарро барои ташкили пойга ё мусобиқаи мошинронӣ боздошту ҷарима кардаанд, маълум нест, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна мусобиқа бо ҳузури Тамаев чист?
Ҳамчунин наворҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки дар он дида мешавад, дар вақти намоиши мошинронии Асҳаб Тамаев дар як майдон курсиҳои барои мухлисон омодашуда чаппа шуда, чанд нафар аз баландӣ ба замин меафтанд. Маълум нест, ки дар ин ҳодиса чанд кас зарар дидааст.
Асҳаб Тамаев блогери шинохтаи чечентабор аст, ки қаблан низ дар чанд кишвари Осиёи Марказӣ ва Русия сабқатҳои мошинронӣ ташкил кардааст.
Шарҳи расмӣ дар бораи оташ гирифтани як коргоҳ дар Душанбе

Мақомоти Тоҷикистон сӯхтор дар як корхонаи наздик ба Фурудгоҳи Душанберо шарҳ доданд.
Шоми 19-уми октябр дуди сиёҳе аз наздикии фурудгоҳ ба фазо печид ва баъзе сокинони пойтахтро нигарон кард. Хадамоти сӯхторнишонӣ дар шарҳи расмии ҳодиса гуфт, сӯхтор соати 16:11 дар коргоҳи истеҳсоли пластикаи ширкати "Созмон" дар кӯчаи Аҳмади Дониш рух додааст.
Ба қавли манбаъ, ба ҷойи ҳодиса 11 мошини сӯхторнишонӣ ва 3 нақлиёти обкаш сафарбар шуда, оташ соати 17:44 хомӯш карда шуд.
Мақомот сабабҳои сар задани сӯхтор дар ин коргоҳро нагуфтанд ва ҳаҷми зарар ҳам маълум нест.
Солона бар асари сар задани сӯхтор ба шаҳрвандон ва корхонаҳои кишвар миллионҳо сомонӣ зарар мерасад.
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи халқии Тоҷикистон

Кароматуллоҳи Мирзо, нависандаи халқии Тоҷикистон шоми 19-уми октябр дар 83 – солагӣ даргузашт.
Ҳамкоронаш дар Фейсбук ин хабарро нашр карда, аммо дар бора сабабҳои марги Кароматуллоҳи Мирзо чизе нагуфтаанд.
Ба гуфтаи наздиконаш, маросими видоъ бо нависанда дар зодгоҳаш деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ баргузор мешавад.
Кароматуллоҳи Мирзо барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ буд ва асарҳои зиёде иншо кардааст.
Маъруфтарин осори ӯ китобҳои "Дар орзуи падар" ва "Марги бегуноҳ" аст, ки аз рӯи ҳардуи онҳо филм таҳия шудааст.
"На бар подшоҳ". Эътирози мухолифони Трамп дар 50 аёлат

Мухолифон ва афроди норозӣ аз сиёсатҳои Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар 50 аёлати ИМА бо шиори "на ба подшоҳ" ба хиёбонҳо омаданд. Ҷумҳурихоҳон ин эътирозҳоро "намоиши нафрат аз Амрико" хонданд.
Хабаргузориҳои байнулмилалӣ рӯзи шанбеи 18-уми октябр шумораи муътаризонро ҳудуди ҳафт миллион нафар эълом карданд. Муътаризон аз Ню-Йорк то Лос-Анҷелес ва ҳатто дар наздикии маҳалли иқомати Трамп дар аёлати Флоридо ҷамъ шуданд.
Мақомоти аёлати Ню-Йорк шумораи ширкаткунандагон дар тазоҳуротро "беш аз 100 ҳазор нафар" ва дар Вашингтон "8 то 10 ҳазор нафар" гуфтанд. Ҳамла ба расонаҳо, мухолифони сиёсӣ ва муҳоҷирони беҳуҷҷат аз ҷумлаи интиқодҳое буд, ки аз сӯи муътаризон садо дод.
Вокуниши Трамп
Доналд Трамп мисли ҳамеша вокуниши тунде нишон дод ва чанд видеои омодашуда бо ҳуши маснуиро дар шабакаи иҷтимоии худ Truth Social пахш кард, ки ӯро дар нақши як подшоҳ нишон медод.
Дар яке аз ин наворҳо Трамп бо тоҷ бар сар ҷангандаеро идора мекунад, зоҳиран маводи нопокро бар сари муътаризон мерезад.
Ҳампаймонҳои сиёсии Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ низ муътаризонро барои ин корашон танқид карданд.
Тазоҳуроти мухолифони Доналд Трамп дар ҳоле баргузор шуд, ки давлати федероли Амрико ба далели тасвиб нашудани будҷаи Иёлоти Муттаҳида аз кор мондааст. Талошҳо барои эҷоди тафоҳум миёни ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар ин бора ҳанӯз ба натиҷае нарасидааст.
Толибон ва Покистон созиши оташбас имзо карданд

Ҳукумати Толибон мегӯяд, ҳайатҳои Афғонистон ва Покистон дар Қатар бар сари оташбаси комил ва маънодор ба тавофуқ расиданд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар шабакаи X аз талошҳои Қатар ва Туркия барои миёнҷигӣ дар ин гуфтугӯ сипосгузорӣ кард.
Муҷоҳид навишт, Афғонистон ва Покистон санадеро имзо карданд, ки бар асоси он ду кишвар ба эҳтироми тарафайн ва робитаи неки ҳамсоягӣ таъкид кардаанд.
Дар музокираи Қатар, раёсати ҳайатҳои ду кишварро вазирони дифоъ ба уҳда доштанд.
Забеҳулло Муҷоҳид гуфтааст, ду тараф тавофуқ карданд, ки ҳеч гуна иқдоми душманона алайҳи якдигар анҷом надиҳанд ва аз гуруҳҳои мухолифи ҳукумати Покистон ҳимоят накунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Қатар низ субҳи 19-уми октябр эълон кард, ки ҳайатҳои Афғонистон ва Покистон рӯзи шанбе барои оташбаси фаврӣ тавофуқ карданд.
Таниш миёни Покистон ва Афғонистон пас аз он боло гирифт, ки нерӯҳои покистонӣ рузи 9-уми октябр бо ҳадафи нобуд кардани аъзои баландпояи толибони Покистон ба Кобул ҳамлаи ҳавои анҷом доданд.
Баъди ин чанд рӯз неруҳои марзбонии Толибон ва Покистон бо ҳам даргир шуданд. Ду тараф аз даҳҳо кушта хабар доданд.
Як дипломати пешини Русия дар Амрико зиндонӣ шуд

Додгоҳе дар Амрико як дипломати пешини Шӯравӣ ва Русияро ба дуюним соли зиндон ва пардохти 100 доллар ҷарима маҳкум кард.
Серей Шестаков ба додани маълумоти бардуруғ дар парвандаи собиқ маъмури ФБР Чарлз Макгонигал ва тоҷири рус Олег Дерипаска гунаҳкор шудааст ва иҷрои ҷазои аз моҳи феврали соли 2026 оғоз мешавад.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишотии Амрико, Сергей Шестаков соли 2013 шаҳрвандии Амрикоро гирифта ва ба ҳайси тарҷумони расмӣ дар додгоҳҳои Амрико кор мекард. Шестаков медонист, ки додани маълумоти бардуруғ ба маъмурони Бюрои федеролии таҳқиқотии ИМА (ФБР) ҷиноят аст.
Чарлз Макгонигал, собиқ маъмури ФБР ва Сергей Шестаков ба он гунаҳкор шудаанд, ки барои кумак дар давр задани таҳримҳо ба Олег Дерипаска, сарватманди русиягӣ кумак кардаанд. Таҳримҳо алайҳи Дерипаска соли 2018 ҷорӣ шуда буд.
Соли 2023 додгоҳ Макгонигалро дар доираи парванда ба чор солу ду моҳ зиндон маҳкум карда буд.
Сергей Шестаков моҳи июни имсол ба гуноҳаш иқрор шуд ва баъди он айбномаи ӯро бекор карданд.
Исроил эълон кард, ки гузаргоҳи Рафаҳ баста мемонад

Дафтари нахуствазири Исроил рӯзи шанбеи 18-уми октябр эълом кард, ки гузаргоҳи марзии Рафаҳ миёни Навори Ғазза ва Миср то иттилои баъдӣ баста хоҳад монд.
Дар баёнияи дафтари Бенямин Нетаняҳу омадааст, "бозкушоии гузаргоҳ баъди амали "Ҳамос" дар бозгардонии ҷасади гаравгонҳои фавтида дар доираи созиши ҳосилшуда мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт".
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Сафорати Фаластин дар Миср 18-уми октябр эълом карда буд, ки гузаргоҳи Рафаҳ рӯзи душанбеи 20-уми октябр кушода мешавад.
Ба гуфтаи Сафорат, ин гузаргоҳ ба фаластиниҳои муқими Миср иҷозаи бозгашт ба Ғаззаро хоҳад дод. Дар баёнияи ишора нашудааст ки оё кумакҳои башардӯстона низ иҷозаи убур аз ин гузаргоҳро хоҳад дошт ё на.
Аз замони тавофуқи оташбас дар Ғазза, ки 13-уми октябр бо миёнҷигии Амрико, Миср ва Қатар ҳосил шуд, рӯзона ба ҳисоби миёна 560 тонна маводи ғизоӣ вориди Ғазза шудааст. Барномаҳои ҷаҳонии ғизо эълом кардааст, ки ин кумакҳо камтар аз талаботи мавриди ниёз дар минтақа аст.
Гузаргоҳи Рафаҳ моҳи майи соли 2024 пас аз онки неруҳои исроилӣ назорати шимоли Ғаззаро ба даст гирифтанд, барои убури кумакҳо баста шуд. Ин гузаргоҳ соли 2025 дар ҷараёни як оташбаси кутоҳмуддат ба таври муваққат бозкушоӣ шуда буд.
Духтарони футболбози тоҷик ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ наёфтанд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-17) зери раҳбарии сармураббӣ Фарҳодҷон Холбеков дар сеюмин бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола аз тими Сурия бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Ин бозии даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “А” шоми ҷумъаи 17-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид. Голи ягонаро ҳамлагари суриягиҳо Нивин Боддур дар дақиқаи 47-ум ба самар расонд.
Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи “А” дастаи мунтахаби Филиппин (U-17) бар тими Малайзия (U-17) бо ҳисоби 4:0 пирӯз гардид.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «А» дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Филиппин, Малайзия ва Сурия барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 мубориза бурданд. Ҳамаи бозиҳои марҳилаи интихобӣ аз 13-ум то 17-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17) қаблан дар ду бозиаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 аз тимҳои Малайзия ва Филиппин бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрда буд.
Баъди натиҷагирии даври сеюми мусобиқот дар гурӯҳи “А” Филиппин бо 9 имтиёз ғолиб шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола роҳхат гирифт.
Малайзия бо 6 имтиёз ҷойи дуюм, Сурия бо 3 имтиёз ҷойи сеюм ва Тоҷикистон бидуни имтиёз ҷойи чорумро ишғол карданд. Ҳарсе даста аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқот маҳрум шуданд.
Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
13-уми октябр (душанбе)
Филиппин – Сурия – 5:0
Малайзия – Тоҷикистон – 2:0
Дври 2-юм
15-уми октябр (чоршанбе)
Сурия – Малайзия – 0:1
Тоҷикистон – Филиппин – 0:2
Даври 3-юм
17-уми октябр (ҷумъа)
Филиппин – Малайзия – 4:0
Тоҷикистон – Сурия – 0:1
Мавқеи астаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”
Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т/Т И
1 Филиппин 3 3 0 0 11-0 9
2 Малайзия 3 2 0 1 3-4 6
3 Сурия 3 1 0 2 1-6 3
4 Тоҷикистон 3 0 0 3 0-5 0
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 миёни духтарони то 17-сола 27 даста ширкат варзид. Бар асоси қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ ташкил шуда буд: се гурӯҳ аз чаҳор даста ва панҷ гурӯҳ аз седастаӣ иборат буданд.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ – Филиппин (гурӯҳи “А”), Лубнон (гурӯҳи “В”), Мянмар (гурӯҳи “С”), Ветнам (гурӯҳи “D”), Австралия (гурӯҳи “Е”), Тайланд (гурӯҳи “F”), Ҳиндустон (гурӯҳи “G”), Тайпейи Чин (гурӯҳи “Н”) - ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё миёни духтарони то 17-сола, ки аз 30-юми апрел то 17-уми майи соли 2026-ум дар Чин доир мегардад, роҳ ёфтанд.
"Бо пули роҳрӯбӣ скутер харидам, ки харҷ кам шавад, аммо он ҳам манъ шуд"

Қарори манъи истифодаи скутер ё дучархаҳои барқӣ то соли 2030 дар Душанбе, соҳибони ин навъи нақлиётро нигарон кардааст. Онҳо таъкид мекунанд, ки скутерҳо ба муҳити зист зарар надорад ва дар шароити тамбашавии зиёду камбуди нақлиёти мусофирбар дар пойтахт корашонро осон карда буд.
Мақомот мегӯянд, ин тасмим барои кам кардани тасодуф дар роҳҳо муҳим буд.
Моҳсафар, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, чанд моҳ пеш бо пули роҳрубии худ барои писараш скутери барқӣ харид. Мехост харҷи оилааш барои роҳкиро кам шавад. Писари 27 солаи ин зан бо дучарха ва бе ягон харҷи зиёдатӣ ба Душанбе равуо мекард “Бачаи ман англисӣ мехонад, роҳамон дароз аст, маблағи зиёд надорем, ки ҳар рӯз ба ӯ пул диҳам, то рафта биёяд. Инро харидам, ки аз дасти норасӣ, ҳаминро ҳай карда раваду ягон камбудиро буд кунад. Масалан вақте дору даркор аст ё бозор бояд равад, зарур аст ин.” – мегӯяд, Моҳсафар Сафарова.
Чандест писари Моҳсафар наметавонад бо скутер ба шаҳр ворид шавад. Ба ӯ гуфтаанд, бидуни қайди давлатӣ ва рақами махсус аз он истифода набарад. Мегӯяд, ҳанӯз онро ба қайд нагирифта буданд, ки истифодааш пурра манъ шуд.
Моҳсафар Сафарова афзуд: “Гуфтанд, дигар намемонанд, намедонам ҳоли зиндагии мо чӣ мешавад.”
Истифодаи "скутер" ва "самокат"-и барқӣ дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди шаҳри Душанбе то 5 соли оянда манъ шуд. Сабаб ҳам танзими фаъолияти бенизоми онҳо, коҳиши садамаҳо ва пешгирии халал ба ҳаракати мошинҳову пиёдагардон гуфта шудааст. Ин қарор шумори дучархаҳои барқиро дар роҳҳои пойтахт ангуштшумор ва харидори онро ҳам кам кардааст.
Абдуқаҳор Розиқов, соҳибкори бозори Корвон дар сӯҳбат бо мо гуфт, чанд рӯз боз касе ба суроғи скутерҳо намеояд: “Савдо чанд рӯз шуд нест. 20 дона оварда будем, яктояшро фурухтем ин қадараш мондагӣ аст. Харидор буд якта нимта мефурӯхтем, се чор рӯз шуд савдо нест. На харидор аст на ҳичӣ. Кадоме бинад? мегӯяд, манъ шудааст, намегирем.”
Аз ин пеш мақомот соҳибони скутерҳоро маҷбур карданд, ки нақлиёти худро аз қайд гузаронанд ва рақами давлатӣ бигиранд. Зоҳиран ин қарор натавонист ҳаракати скутерҳоро дар шаҳр ба назм орад. Тасмими манъи ҳаракати скутерҳо дар роҳу пиёдаравҳои шаҳр пас аз он гирифта шуд, ки ба иттилои мақомот садамаҳои маргбор бо ширкати чунин навъи нақлиёт зиёд шуд. Мақомот мегӯянд, аз аввали сол бо скутеру самокатҳо 26 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа, 3 нафар ҷон бохта, 24 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Фақат дар як ҳафтаи аввали моҳи октябр мақомот аз марги ду ронандаи скутерҳои барқӣ хабар доданд.
Коршинсон мегӯянд, роҳҳои кишвар барои ҳаракати ин навъи нақлиёт мувофиқ нестанд ва мақомотро зарур аст, то аввал барои ин шароит фароҳам оварда баъдан иҷоза диҳанд.
Абдурақиб Қодиров, коршиноси масоили роҳу нақлиёт гуфт: “Ҳанӯз масалан ба баъзе асноди ҳуқуқӣ, хусусан қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бояд баъзе мушаххасот ворид шавад, ки ҳамин скутерҳо чӣ намуд нақлиёт ҳастанд. Аз нигоҳи меъёрҳои техникӣ. Бояд мушаххас шавад, ки роҳи ҳаракати онҳо куҷост. Роҳи пиёдагард, автомобилгар ё роҳи махсус? Ин самти масъала ҳал нашудааст. Соҳибони ин намуди воситаҳои нақлиёт синну соли гуногун доранд, ҳатто талабаҳои мактаб ҳам ҳастанд.Ҳатто дар дохили боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ҳам истифода мекунанд.”
Таҳлилгар мегӯяд, скутерҳои барқӣ зуд суръат мегиранду, на ҳамеша имкони сари вақт боздоштани онҳ мавҷуд аст. Касе, ки қобилияти вокуниши сареъ надорад, метавонад ба хатар рӯ ба рӯ шавад.
Шафқат Аҳмадов, ки чанд сол боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба фурӯшу иҷораи скутерҳо машғул буд, мегӯяд, беҳтар буд, истифодаи ин навъи нақлиётро фақат барои афроди то 18 сола манъ мекарданд.
“Кори бисёр одамонро осон мекард, баъзеҳо барои мағоза рафтан истифода мебурданд. Ҳастанд онҳое, ки хонаҳояшон аз мағоза дур аст. Скутерҳои калон барои мардум дар хоҷагии деҳқонӣ кӯмаки беандоза мерасонад. Баъзеҳо ба кор мераванд.”- Шафқат Аҳмадов, скутерфурӯш
Манъи истифодаи скутерҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинон, аз танбашавӣ дар роҳҳо ва камбуди нақлиёту гаронии роҳкиро шикоят мекунанд. Чанде аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, хуб аст, агар қарори пурра манъ кардани ин навъи нақлиёт бознигарӣ шавад.
ИМА ба Украина мушакҳои "Томаҳавк" намедиҳад

ИМА ба Украина мушакҳои болдори “Томаҳавк” намедиҳад. Дар ин бора Владимир Зеленский, президенти Русия баъди мулоқот бо Доналд Трамп хабар дод.
Ба гуфтаи вай гуфтугӯҳо дар ин бора идома хоҳад кард. Сабаби рад шудани ин пешниҳод ба он рабт дода шудааст, ки Вашингтон намехоҳад, то ҷанг вусъат ёбад.
Зеленский дар мулоқот, дар Кохи Сафед гуфт, барои музокира бо Владимир Путин ва қатъи ҷанг омодааст. Вай бо президенти Амрико масъалаи замонати амниятиеро, ки Украина мехоҳад, матраҳ кард. Гуфтугӯи Зеленский ва Трамп беш аз ду соат идома кард. Пас аз ин, Трамп дар саҳифаи иҷтимоии Truth навишт: “Дидор бо президенти Украина, Владимир Зеленский бисёр ҷолиб ва гарм буд, вале ман ба ӯ ҳам мисли президент Путин гуфтам, ки вақти хатми куштору ба созиш расидан аст. Ба қадри кофӣ хун рехт, тамоми марзҳо бо хун кашида шуданд. Бигзор ҳарду ҷониб худро пирӯз эълон кунанд, бигзор инро таърих хулоса кунад. Ҳар ҳафта, ҳазорҳо нафар кушта мешаванд. Бас аст! Бо сулҳ ба хонаҳои худ баргарданд.”
Зеленский ҳам гуфт, бо Трамп мувофиқ аст ва ҳар ду ҷониб бояд бас кунанд. “Вале мо дарк мекунем, ки гап сари Путин аст, ин ҷангро мо оғоз накардем.” Президенти Украина таъкид кардааст, ки ба ҳамагуна музокироте, ки барои кишвараш сулҳ меорад, омода аст.
Аммо дар мавриди додани мушакҳои дурпарвоз ба Украина, Владимир Зеленский дар сӯҳбат бо телевизиони NBC гуфтааст, дар ҳар сурат умедро барои дарёфти “Томаҳавк”-и Амрикоӣ аз даст нахоҳад дод. “Ин хуб аст, ки президент Трамп “не” нагуфт, вале имрӯз “Ҳа” ҳам нагуфт.”
Аз ин пеш гуфта мешуд, Зеленский зимни дидору гуфтугӯяш бо Трамп рӯзи 17 - октябр аз президенти Амрико аз ҷумла мушакҳои дурпарвози "Томаҳавк" дархост менамояд.
Путин ҳушдор додааст, ки додани мушакҳои "Томаҳавк" ба Украина барои раванди сулҳ кумаке намекунад ва баръакс метавонад, равобити Вашингтону Маскавро сард намояд.
Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA боз ду зина боло шуд

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина боло шуд ва бо 1220, 21 имтиёз дар байни 211 тими миллӣ дар ҷойи 102-юм қарор дорад.
Дар ин феҳрист мунтахаби Испания, қаҳрамони феълии Аврупо, бо 1880,76 имтиёз мисли пешин дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Аргентина, қаҳрамони феълии ҷаҳон, як зина боло рафт ва бо 1872,43 имтиёз ҷойи дуюмро соҳиб шудааст. Мунтахаби Фаронса, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон, як зина поин шуд ва бо 1862,71 имтиёз дар мақоми сеюм аст.
Инчунин ба даҳгонаи беҳтаринҳо тимҳои миллии Англия, Португалия, Нидерланд, Бразилия, Белгия, Италия ва Олмон дохиланд.
Аз байни тимҳои миллии кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар феҳристи FIFA Украина (27-ум, 1555,36 имтиёз), Русия (30-юм, 1530,95 имтиёз) ва Узбекистон (55-ум, 1452,34 имтиёз) ба даст овардаанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ аз Беларус (103-юм), Арманистон (104-ум), Қирғизистон (105-ум), Қазоқистон (115-ум), Озарбойҷон (123-юм), Эстония (130-юм), Латвия (139-ум), Туркманистон (142-юм), Литва (146-ум) ва Молдова (156-ум) пеш буда, пас аз Украина (27-ум), Русия (30-юм), Узбекистон (55-ум) ва Гурҷистон (70-ум) ҷойгир шудааст.
Тоҷикистон дар байни тимҳои миллие, ки ба Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) шомиланд, ҷойи 17-умро азони худ кардааст. Дар Осиё Ҷопон дар мақоми аввал (дар ҷаҳон 19-ум), Эрон дар мақоми дуюм (дар ҷаҳон 21-ум) ва Кореяи Ҷанубӣ дар мақоми сеюм (дар ҷаҳон 22-юм) мебошанд.
Рейтинги навбатии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) 21-уми ноябр нашр хоҳад шуд.
Феҳристи FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 99-ум ва натиҷаи пасттаринаш ҷойи 180-ум мебошад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи октябр дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар ду бозӣ бар тими Молдив (2:0 ва 3:0) пирӯз шуд.
Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Филиппин, Молдив ва Тимори Шарқӣ мебошанд.
Баъди натиҷагирии бозиҳои даври чоруми мусобиқот дар гурӯҳи “А” дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон 10-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷойи аввал ва Тоҷикистон дар ҷойи дуюм қарор доранд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чорум мебошанд.
Дар даври панҷуми мусобиқот - 18-уми ноябр - Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ ва Молдив бо дастаи меҳмон – Филиппин - бозӣ хоҳанд кард.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Ҳар як даста дар гурӯҳ шаш бозӣ – се рақобат дар майдони худ ва се бозӣ дар меҳмонӣ - анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027-ум дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Дар Душанбе мавсими гармидиҳӣ сар мешавад

Шурӯъ аз имрӯз, 18 - уми октябр дар Душанбе мавсими гармкунии хонаҳо тавассути шаабакаҳои гармидиҳӣ оғоз мешавад. Дар ин бора нашрияи расмии “Паёми Душанбе” рӯзи 16 - уми октябр хабар дод.
Мақомот аз сокинон хостаанд, барои бехатарӣ ва кори беҳтари бухорӣ ё батареяҳои гармидиҳӣ дар пойтахт, таҷҳизоти гармидиҳии хонаҳои худро бисанҷанд ва барои қабули гармидиҳӣ омода бошанд.
Хабаргзоории “Азия плюс” бо истинод ба масъулини “шабакаҳои гармидиҳии Душанбе” гуфта буд, ки имсол дар шаҳри Душанбе 100 иншооти дигар ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ин манбаъ зимистони имсол сокинони 79 бино дар ноҳияи Фирдавсӣ 31 иншоот дар ноҳияи Сино ва 21 бино дар ноҳияи Исмоилӣ Сомонӣ бори аввал ба низоми гармидиҳӣ пайваст мешаванд. Солҳои гузашта сокинон аксаран аз кори шабакаҳои гармидиҳӣ ва нокофӣ буданӣ гармӣ дар хонаҳояшон шикоят мекарданд.
Ахиран Вазорати молия иттилоъ дод, ки бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои навсозӣ кардани низоми гармидиҳӣ дар Душанбе, 6 миллион евро медиҳад. Дар ин бора рӯзи 6- уми октябр созишнома имзо шудааст.
Дар шаҳри Душанбе ду маркази барқу гармидиҳӣ кор мекунанд, ки якеаш аз сӯи ширкати чинии "ТВЕА" сохта шудааст.
Сафарбӣ Давлатова бо ҷоизаи байналмилалии ҷангалбонҳои ҷаҳон қадрдонӣ шуд

Як зани ҷангалбон аз Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи маъруфи байналмилалӣ шудааст. Ҷоизаи мазкур таҳти унвони International Ranger Award 2025 охири ҳафтаи гузашта дар доираи Конгресси ҷаҳонии ҳифзи табиат дар Абу-Забӣ ба Сафарбӣ Давлатова тақдим шудааст.
Ин зани ҷангалбон ҳамчун нозири ҳифзи ҷангали мамнуъгоҳи "Даштиҷум" фаъолият мекунад.
Ӯ ҳамарӯза беш аз 16 километр минтақаҳои кӯҳистонро посбонӣ менамояд, то ҳаракати ҳайвоноти ваҳшӣ назорат ва аз буридани ғайриқонунии дарахтон ҷилавгирӣ шавад.
Ҳамчунин Сафарбӣ минтақаи парвариши ниҳолҳои нокро, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, идора намуда, зиёда аз 6000 ниҳол парвариш мекунад.
Садамаи муҳоҷирон дар Амур. Як нафар ҳалок шуда, 14 кас осеб дидаанд

Кумитаи тафтишотии вилояти Амур дар пайи як тасодуфи нақлиётӣ дар ноҳияи Свободненский бо иштироки муҳоҷирон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Субҳи баравақти 16-уми октябр дар наздикии деҳаи Уст-Пера як автобуси ҳомили 48 коргар ба мошини сабукрав бархӯрдааст. Дар натиҷа 1 нафар ҳалок ва 14 каси дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Хабаргузории ТАСС ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Амур навиштааст, мусофирони автобус, коргарон аз Туркия, Тоҷикистон ва Узбекистон будаанд. Ҳамаи онҳо дар ширкати туркии Yamata кор мекардаанд.
Сонеҳа баъди он ба вуқуъ пайвастааст, ки автобус ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Пас аз бархурд ба мошини сабукрав автобус аз роҳ берун ва чаппа шудааст. Сабабҳои сар задани садамаи нақлиётӣ ва омилони он таҳқиқ мешаванд. Додситонии вилоят ин қазияро зери назорат гирифтааст.
Валентина Бескодарова, ёвари калони прокурори вилояти Амур гуфтааст: "Прокуратураи шаҳрӣ санҷишро оғоз кардааст, ки дар натиҷаи он иҷрои қонунҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва риояи ҳифзи меҳнат баҳогузорӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани қонуншиканӣ аз ҷониби додситонӣ чораандешӣ мешаванд".
Феълан яке аз маҷрӯҳони тасодуфи роҳ дар ҳолати вазнин дар шӯъбаи эҳё қарор дорад. Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишотии Русия дар бораи тафтиши ҳолатҳои садама гузориш талаб кардааст. Тасодуфҳои нақлиётӣ ё ҳама гуна ҳодисаҳои дигар бо ширкати муҳоҷирон ҳамеша вокуниши ин кумита ва раҳбари онро ба миён меоранд.
Дар Қирғизистон ҷаримабандии занони ниқобпӯш шуруъ шуд

Дар ҷануби Қирғизистон пулис 28 занро барои пӯшидани ниқоб ҷарима кардааст.
Ба гуфтаи ВКД-и Қирғизистон, амалиёти бо номи "Экстремист" дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳри Ӯш барпо шудааст.
Маблағи ҷарима 20 ҳазор сом - муодили 220 долларро ташкил додааст. Дар Қирғизистон аз моҳи январи соли ҷорӣ пӯшидани либосеро, ки барои шиносоӣ намудани шахс имкон намедиҳад, манъ карданд.
Мақомот тасмимро ба чораҳои амниятӣ рабт додаанд. Идораи динии мусулмонони кишвар аз ин иқдом пуштибонӣ кардааст.
Муфтиёт қайд намуд, ки ниқоб барои занони мусулмон либоси ҳатмӣ нест. Чунин рейдҳо пештар низ дар шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод гузаронида шуда буданд.
Аммо дар аввал ин рейдҳо танҳо бо огоҳӣ маҳдуд мешуданд. Пӯшидани ниқоб на танҳо дар Қирғизистон, балки дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам манъ аст, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ки занон ҳақ надоранд, бо ҳиҷоб ба муассисаҳои давлатӣ ва ё донишгоҳ ворид шаванд.
Гуфтугӯ