Дар чанд ҷумла
Ҳалокати як гурӯҳи коргарон дар Екатеринбург
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Тоҷикистон ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороте ҳамлаи Исроил ба Ҷумҳурии исломии Эронро маҳкум кард.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз ташаннуҷи вазъ дар Ховари Миёна нигаронӣ шудааст.
Тоҷикистон аз ҷонибҳо даъват намудааст, ки қавонину усули муносибатҳои байналмилалиро риоя намоянд.
Субҳи 13 июн Исроил бо беш аз 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба шаҳрҳои гуногуни Эрон, аз ҷумла, Теҳрон, Ҳамадон, Исфаҳон, Шероз, Табрез ва таъсисоти ҳастаии он кишвар, ҳамла кард.
Бар асари ин ҳамлаҳо, шуморе аз фармондеҳони баландпоя, аз ҷумла, раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳ Муҳаммад Ҳоҷизода, бархе дигар фармондеҳон ва шаш донишманди ҳастаӣ, кушта шуданд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки дар ҳамлаҳо дар устони Теҳрон 78 нафар ҷон бохтанд, ки бештари онҳо ғайринизомиён ҳастанд. Ҳашт тани дигар дар ҳамла ба Табрез кушта шудаанд.
Мақомоти Эрон гуфтанд, ки ба ин ҳамлаи Исроил посухи қотеъ медиҳанд.
Исроил мегӯяд, ки ин ҳамлаҳоро ба ҳадафи пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ, роҳандозӣ кардааст. Иддаое, ки Эрон ҳамвора онро рад намудааст.
Пахши барномаҳои Радио Свобода дар маҳвора боздошта шуд

USAGM - Оҷонсии ИМА оид ба расонаҳои ҷаҳонӣ, ки сарпарасти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/РО) мебошад, созишномаро бо хадамоти маҳвораӣ, ки барномаҳои Радио Свобода - Бахши русии РАО/РО-ро нашр мекард, тамдид накард. Бо ҳамин сабаб нашри барномаҳои ин расона дар маҳвораи Eutelsat Hotbird 13G қатъ шуд. Инчунин бо сабаби шароити номусоиди молӣ пахши барномаҳои ин радио дар мавҷҳои миёнаи 1386 килоҳертс хотима ёфтааст. Ҷустуҷӯи идомаи маблағгузорӣ давом дорад.
Айни замон, дастрасӣ ба барномаҳои Радио Свобода тавассути пахши садоии зинда дар сомонаи Svoboda.org, YouTube-канали Радио Свобода Live ва телеграм-канали асосии он дастрас аст.
Дар додгоҳи ҳавзавии федеролии Вашингтон муҳокимаи баҳси маблағгузории РАО/РО идома дорад. Ширкати расонаӣ аз USAGM талаб дорад, ки боқимонда 62 миллион доллар маблағи аз ҷониби Конгресс барои соли 2025 ҷудокардаро бидиҳад.
Раҳбарияти муваққатии USAGM, ки 15 март таъин шуд, додани пулҳои аз ҷониби Конгресси ИМА ба РАО/РО ҷудошударо боздошт. USAGM ин қарорашро бо ихтисори хароҷоти давлатӣ ва мубориза бо харҷҳои беҳудаи пулҳои андозсупорандаҳо рабт медиҳад. Айни замон, дар қарори Додгоҳи федеролӣ гуфта шудааст, ки хароҷоти кунунии радио аз ҷониби Конгресс ва маъмурияти президенти ИМА иҷоза дода шудааст. Кохи Сафед фурсат дошт, ки дар давраи муҳокимаи буҷа онро рад кунад.
РАО/РО мегӯяд, амалҳои USAGM ба фаъолияти ин расона “зарари ҷуброннопазир” мерасонад. Стивен Капус, президенти РАО/РО гуфт, “мо аз додгоҳ интизор дорем, ки ҳимояташро идома медиҳад. Рад кардани додани пули аз ҷониби Конгресс ҷудошуда ғайриконститутсионӣ мебошад”, гуфт ӯ.
ВКД Русия гуфт, ҷинояткории хориҷиҳо 15% афзудааст

ВКД Русия гуфт, ҷиноятҳои аз ҷониби хориҷиҳо содиршуда дар ин кишвар дар чормоҳаи аввали соли 2025 дар қиёс бо соли гузашта 15,3% афзуда, ҳар ҷинояти шашумро аз миёни хориҷиҳо шаҳвандони Тоҷикистон содир кардаанд.
Виталий Яковлев, муовини сардори сарраёсати умури муҳоҷирати ВКД Русия дар як ҳамоише дар шаҳри Ашқобод 12 июн гуфт, “мутаассифона, мо раванди манфии афзоиши шумори ҳодисаҳои ҷиноии содиршаванда аз ҷониби муҳоҷиронро мушоҳида мекунам. Аз ҷумла, шумори ҷиноятҳое, ки аз ҷониби хориҷиҳо содир шудааст, то 15,3% афзудааст.
Ба ифодаи рақам, дар чормоҳаи аввали соли ҷорӣ хориҷиҳо дар Русия 12,5 ҳазор ҷиноят содир кардаанд”, гуфт Яковлев дар конфронсе бо иштироки мақомоти муҳоҷирати кишварҳои Қазоқистон, Русия, Эрон, Узбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон. Яковлев гуфтааст, соли ҷорӣ аксар ҷиноятҳоро шаҳрвандони Узбекистон (35,5% аз шумори умумии ҷиноятҳои миёни хориҷиҳо), Тоҷикистон (16,6%) ва Қирғизистон (11,5%) содир кардаанд. Маълум нест, манзур кадом навъи ҷиноятҳо аст.
Моҳе пеш раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрыкин дар як ҳамоише дар Петербург гуфт, дар миёни муҳоҷирон ҷиноятҳои вобаста ба муомилаи ғайриқонунӣ бо маводи мухаддир ва амалҳои террористӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Тасдиқи дурустии ин изҳорот тавассути манбаъҳои мустақил имкон надорад. Вале дар бисёр ҳолатҳо муҳоҷирон аз мавриди тӯҳмат қарор гирифтанашон аз ҷониби ходимони ҳифзи қонуни Русия ҳам хабар додаанд.
Изҳороти мақомоти ҳифзи қонуни Русия, ки дар як соли охир бахсус зидди муҳоҷирони корӣ бо шеваи бераҳмона амал мекунанд, дар ҳоле садо медиҳад, ки Сергей Шойгу, дабири шӯрои амнияти Русия поёни моҳи апрел гуфт, дар Русия шумори хориҷиҳо зиёд шудааст, вале шумори ҷиноятҳое, ки онҳо содир кардаанд, дар сатҳи пешина, яъне 2% аз омори умумии ҷинояткорӣ дар саросари кишвар боқӣ мемонад.
Шойгу гуфт, соли 2024 дар Русия 6,3 ва соли 2023 дар ин кишвар 5,9 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор доштанд. “Шумори ҷиноятҳои аз ҷониби онҳо содиршуда амалан тағйир наёфтааст ва 38,6 ҳазор ҳолатро ташкил додааст”.
Дар Русия бахусус баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус”, ки дар содир кардани он асосан шаҳрвандони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд, мақомот мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонуниро шиддат бахшиданд. Дар ин кишвар даҳҳо қонуни нави маҳдудкунандаи кор ва ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ қабул шуд. Айни замон, дар матбуоти маҳаллӣ тарғиботи зидди муҳоҷирон ҳамаҷониба идома дорад.
Пас аз ҳамлаи Исроил, Эрон аз музокира бо ИМА даст кашид

Эрон аз музокира дар бораи барномаи ҳастаиш бо ИМА даст кашидааст.
Расонаҳои давлатии ин кишвар хабар додаанд, ки пас аз ҳамлаи Исроил дар шаби гузашта Эрон дигар бо Амрико музокира нахоҳад кард.
Музокираи ғайримустақими Эрону Амрико бояд рӯзи 15-уми июн дар Уммон баргузор мешуд. Дар чанд моҳи ахир мақомоти ду кишвар панҷ бор сари барномаи ҳастаии Эрон музокира карда буданд.
Мақомоти амрикоӣ ҳанӯз тасмими Эронро шарҳ надодаанд, вале таъкид карданд, ки дар ин ҳамла нақш надоранд ва музокиротро идома медиҳанд.
Стив Уиткофф, намояндаи хоси Доналд Трамп, президенти ИМА тасмим дорад бо Аббос Арақчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон вохӯрад.
Шаби 12 ба 13-уми июн Исроил бо 200 ҳавопаймои ҷангӣ ба хоки Эрон ҳамла кард. Дар ин ҳамла чанд фармондеҳи баландмақоми эронӣ кушта шуд. Исроил гуфт, ҳадафаш нобуд кардани барномаи ҳастаии Эрон аст, ки қасд дорад, силоҳӣ атомӣ созад. Эрон борҳо таъкид кардааст, ки қасди сохтани силоҳӣ ҳастаиро надорад ва барномааи ҳастаиаш сулҳомез аст.
Намояндагии муҳоҷирати Тоҷикистон ҳодисаи сӯхтори пурфоҷеа дар Подмосковеро меомӯзад

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ҳайатеро ба макони сӯхтори пурфоҷеа дар вилояти Подмосковеи Русия сафарбар намудааст, ки дар натиҷаи он панҷ фарзанди то 17-солаи оилае ҷон додааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе онҳоро оилаи тоҷикон номидаанд, вале маақомоти расмӣ ҳанӯз дар ин бора ҳеҷ иттилое нашр накардаанд.
Назаралӣ Вализода, сардори шӯъбаи ҳуқуқи ин намояндагӣ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфт, ҳайати намояндагони ин идора барои таҳқиқи хабари сӯхтор дар деҳаи Куровское воқеъ дар минтақаи Орехово-Зуево қарор дорад. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки оё ин хонавода тоҷикон будаанд, гуфт, "корбарӣ мекунем, ки оё вайҳо душаҳрвандӣ доранд ваё фақат шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Ҳар вақте ба дасти мо маълумоти дақиқ расид, нашр мекунем".
Айни замон, бархе тоҷикистониҳои сокини Русия дар шабакаҳо навиштанд, ки дар сӯхтор хонаводаи тоҷикон ҷон додааст.
Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия рӯзи 13 июн хабар дод, ки дар сӯхторе дар як хонаи истиқоматӣ дар вилояти Подмосковеи Русия панҷ кӯдак ҷон додааст. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, кӯдакони фавтид думоҳа, яксола, 9, 11 ва 17-сола буданд. Ҷузъиёти вобаста ба ин хонавода нашр намешавад.
Дар изҳороти ин ниҳод омадааст, ки “вақте мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ ба ҷои сӯхтор расида омаданд, тамоми бинои истиқоматие бо паҳнои 72 метри мураббаъ ба коми оташ рафта буд. То омадани наҷотбахшон як занро бистарӣ карданд.
Мутаассифона, дар ин сӯхтор панҷ ҷасади кӯдакон ошкор шуд”.
Бар асоси арзёбиҳои пешакӣ, дар ин бино низоми огоҳонӣ аз сӯхтор вуҷуд надошт.
Матбуот хабар дод, ки сарраёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Маскав аз рӯи моддаи "Аз беэҳтиётӣ боиси ба марг расонидани ду ва зиёда нафар" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои пешакии ин ниҳод, сӯхтор дар бинои чӯбӣ рух додааст. Назорати тафтиши ин парвандаро дастгоҳи марказии ин ниҳод ба ӯҳда гирифтааст.
Эрон беш аз 100 паҳбод ба Исроил партоб кард

Артиши Исроил 13 июн эълон кард, ки Эрон дар соатҳои гузашта беш аз 100 паҳбод ба тарафи ин кишвар партоб кардааст.
Мақомоти Эрон ҳанӯз дар ин бора хабаре нашр накардаанд. Аммо артиши Эрон гуфтааст, ки дастури амалиёт алайҳи Исроилро дарёфт кардааст.
Артиши Исроил ҳамчунин гуфтааст, ки дар ҳамлаҳои субҳи ҷумъа ба Эрон, 200 ҳавопаймои ҷангии ин кишвар ширкат доштанд ва ҳудуди 100 ҳадафро мавриди ҳамла қарор доданд.
Субҳи 13 июн Исроил ба таври васеъ ба Эрон ҳамла кард.
Ба гуфтаи мақомоти Эрон, дар ин ҳамла чандин фармондеҳи баландпоя, аз ҷумла, раиси кулли Ситоди нерӯҳои мусаллаҳ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон ва чанд донишманди ҳастаӣ, кушта шуданд.
Мақомоти Эрон мегӯянд, ки дар ҳамлаҳои Исроил шуморе аз ғайринизомиён низ кушта ва захмӣ шудаанд.
Пулиси Аҳмадобод гуфт, як мусофири Air India-ро зинда пайдо кардаанд

Пулиси Аҳмадобод дар Ҳиндустон хабар додааст, ки аз 242 сарнишини ҳавопаймои Air India танҳо як нафарро зинда пайдо кардаанд.
Дар миёни сокинони биное, ки ҳавопаймо бархурдааст, қурбониён низ ҳаст, вале ҳанӯз теъдодашон эълон нашудааст.
Пештар Г.С. Малик, сардори Идораи пулиси Аҳмадобод гуфта буд, ки ҳеч нафар аз онҳое, ки савори ҳавопаймо буданд, зинда намондаанд.
Баъдан, ин мақомдор гуфт, ки дастаи наҷот аз зери харобаҳо як нафарро зинда пайдо кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин нафар дар курсии 11А-и ҳавопаймо нишаста будааст.
“Ҳоло ӯ дар беморхона муолиҷа мегирад,”-гуфт ӯ.
Расонаҳо навиштаанд, ки ин нафар Вишваш Кумар Рамеш, шаҳрванди Бритониё будааст.
Ҳавопаймо соати 10:06-и рӯзи 12-уми июн аз фурудгоҳи шаҳри Аҳмадобод боло шуд, вале пас аз чанд сония ба замин сарозер шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баробари ба замин бархурдан ҳавопаймо метаркад.
Рам Моҳан Найду Кинҷарапу, вазири ҳавонавардии Ҳинд гуфтааст, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз сабаби сарозер шудани ҳавопаймо дақиқ нашудааст.
Ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner аз Аҳмадобод бояд ба Лондон парвоз мекард.
Дар дохили он, ба ҷуз 12 нафар халабону хидматрасон, 169 шаҳрванди Ҳинд, 53 шаҳрванди Бритониё, 7 шаҳрванди Португалия ва як шаҳрванди Канада будааст.
Касеро ҳанӯз аз ҳавопаймои Air India зинда наёфтаанд

Расонаҳои Ҳиндустон хабар додаанд, ки аз 242 сарнишини ҳавопаймои Air India ҳанӯҳ касеро зинда пайдо накардаанд. Дар миёни сокинони биное, ки ҳавопаймо бархурдааст, қурбониён низ ҳаст, вале ҳанӯз теъдодашон эълон нашудааст.
Ҳавопаймо соати 10:06-и рӯзи 12-уми июн аз фурудгоҳи шаҳри Аҳмадобод боло шуд, вале пас аз чанд сония ба замин сарозер шуд. Дар наворҳо дида мешавад, ки баробари ба замин бархурдан ҳавопаймо метаркад.
Рам Моҳан Найду Кинҷарапу, вазири ҳавонавардии Ҳинд гуфтааст, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз сабаби сарозер шудани ҳавопаймо дақиқ нашудааст.
Ҳавопаймои навъи Boeing 787-8 Dreamliner аз Аҳмадобод бояд ба Лондон парвоз мекард.
Дар дохили он, ба ҷуз 12 нафар халабону хидматрасон, 169 шаҳрванди Ҳинд, 53 шаҳрванди Бритониё, 7 шаҳрванди Португалия ва як шаҳрванди Канада будааст.
Ҳавопаймои Air India бо 242 сарнишин дар Аҳмадобод сарнагун шуд

Ҳавопаймои ширкати Air India бо 242 мусофир дар шаҳри Аҳмадободи Ҳиндустон ба замин афтода, оташ гирифтааст.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ин ҳавопаймо рӯзи 12-уми июн аз шаҳри Аҳмадобод бояд ба Лондон парвоз мекард, вале дар дохили шаҳр ва болои манзилҳои зист суқут кард.
Ҳанӯз сарнавишти мусофирон ва сарнишинони ҳавопаймо маълум нест. Ба ҷои ҳодиса хадамоти оташнишонӣ сафарбар шудааст.
Air India дар саҳифааш дар Х навиштааст, ки дар зудтарин фурсат ҷузъиёти ҳодисаро нашр мекунанд.
Дар наворҳое, ки расонаҳо аз корбарон нашр кардаанд, дида мешавад, ки баробари ба замин афтодани ҳавопаймо аз маҳалли ҳодиса оташи бузурге ба осмон боло мешавад.
Ҳодиса пас аз чанд дақиқаи боло шудани ҳавопаймо аз фурудгоҳ ба осмон рух додааст.
Аз 242 одами дохили ҳавопаймо, 230 нафар мусофир ва 12 нафар халабону хидматрасон будаанд.
Дафтари СММ гуфтааст, ба беш аз 2000 гирифтори HIV дар Тоҷикистон кумак кардааст

Дафтари рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон гуфтааст, ки дар панҷ соли ахир ба беш аз ду ҳазор гирифтори вируси заъфи масунияти бадан ё ВИЧ/СПИД дар ин кишвар кумак кардааст.
Ин созмон дар гузорише рӯзи 10 июн навишт, 53 дарсаде, ки кумаки Дафтари рушди СММ (UNDP)-ро гирифтаанд, занон будаанд.
Як бахши ёриҳои ин созмон ба мубориза бо поймолшавии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла шахсони олудашуда ба HIV ё ВИЧ будааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки яке аз мушкилоти гирифторони HIV ё ВИЧ ин стигма ё назари манфии шахшуда ба ин гурӯҳи нафарон дар Тоҷикистон аст, ки ба ҳангоми кӯшиши пайдо кардани кор, таҳсил ё ба ҳангоми муроҷиат ба полис рӯбарӯ мешаванд.
Дар Тоҷикистон 15 ҳазору 587 нафар гирифтори HIV ё вируси заъфи масунияти бадан (ВИЧ/СПИД) сабти ном шудааст.
Бори аввал ҳолати олудагии инсон ба ин вирус дар Тоҷикистон 32 сол пеш сабт шудааст.
Ҳунарманди олмонӣ, ки охирин намоишгоҳаш дар Душанбе баргузор шуд, даргузашт

Гюнтер Юккер, муҷассамасози олмоние, ки зоҳиран охирин намоишгоҳи осору сафари охирини эҷодиаш ҳам дар моҳи май дар Душанбе барпо шуда буд, дар синни 95-солагӣ дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон даргузашт.
Сомонаи бахши русии "Мавҷи Олмон" навишт, ки ҳунарманди маъруф рӯзи 10-уми июн дар як беморхона даргузашт.
Юкерро яке аз наққошони барҷастаи давраи баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон дар Олмон меноманд, чун шеваи эҷодаш ҳам аз дигарон фарқ мекард. Ӯ бо истифода аз меху хоку хокистар ва дигар маҳсулот осори худро меофарид.
Зоҳиран охирин намоишгоҳи осори ӯ дар Душанбе барпо шудааст.
Рӯзи 5-уми май дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Арҷгузорӣ ба Ҳофиз" бахшида ба бузургдошти 700-солагии шоири тоҷику форс Ҳофизи Шерозӣ намоиши асарҳои ӯ ифтитоҳ шуда буд. Ин намоишгоҳро қаблан дар шаҳри Шерози Эрон ҳам барпо кардааст.
Аксар асарҳои ӯ бо мех сохта шудаанд.
Юнкерро як наққоши мавзӯъҳои сиёсӣ ҳам меноманд, чун баъди фирораш аз Олмони шӯравӣ ба Олмони федеративӣ дар солҳо 1950-ум тавонист ошкоро мавқеи худро дар бораи ҳаводиси ҷаҳон тавассути эҷод баён кунад. Дар миёни корҳое, ки баъдан анҷом доду барои ифодаи ҳуввияти эҷодии ӯ мусоидат кард, намоишгоҳаш дар мавзӯъҳои садамаи Чернобил ва ҳамлаҳои нажодпарастӣ дар солҳои 1992-уюм будааст.
Боздошти як зан, ки мехост кӯдакашро фурӯшад

Дар вилояти Суғд як занро, ки мехост духтарчаи 4-солаашро бифурӯшад, боздошт кардаанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд гуфт, ин зан сокини 27-солаи деҳоти Овчӣ-Қалъача мехост, ки духтари хурдсолашро бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд бифурӯшад. Зан ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда, аз ҷониби милитсияи шаҳри Хуҷанд боздошт шуд.
Кӯдаке, ки модар талоши фурӯхтанашро дошт, фарзанди дуюм аз издивоҷи дуюмаш будааст.
Дар наворе, ки Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд нашр кард, зани муттаҳам иқрор мешавад, ки "хато будани корашро намедонист ва касе ҳам ӯро огоҳ ва аз роҳаш бознадоштааст".
Аммо дар чӣ шароит сабт шудани навори иқрори зан ва назари пайвандони ӯ ба ҳодиса маълум нест.
Феълан нисбати ӯ барои хариду фурӯши ноболиғон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Хариду фурӯши ноболиғ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Рӯзи 21-уми октябри соли гузашта милитсияи Суғд сокини 26-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҷурми кӯдакфурӯшӣ боздошт карда буд.
Ҳамчунин сентябри ҳамон сол як сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт низ барои талоши фурӯши кӯдаки худ боздошт шуд. Мақомот он замон гуфтанд, ки ин зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ фурӯшад ва ҳангоми гирифтани 5 ҳазор сомонӣ аз ҷониби милитсияи Ашт боздошт гардид.
Эрониён аз сабти номи ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд

Шаҳрвандони Эрон аз сабти номи ҳатмӣ дар Тоҷикистон озод шуданд. Минбаъд шаҳрвандони Эрон метавонанд то 30 рӯз бидуни сабти ном дар Тоҷикистон бимонанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Вазорати корҳои хориҷӣ бо пахши изҳороте гуфт, "дар асоси муомилаи бо мисл", бо қарори ҳукумат аз 29 майи имсол ба қарори қаблии ҳукумат дар бораи қоидаҳои ворид шудан ба кишвар, будубош, баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд ва гузаштани транзитии онҳо тавассути ҳудуди Тоҷикистон, тағйирот ворид шуд.
Бар пояи он, ҳамакнун шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз бақайдгирии ҳатмии шиносномаҳои худ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 30 рӯз аз санаи ворид шудан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардиданд.
Тоҷикистон ва Эрон моҳи феврали имсол раводид барои шаҳрвандони ҳамдигарро бекор карданд. Аммо сафар бидуни виза бо Эрон танҳо аз тариқи роҳи ҳавоӣ миёни ду кишвар имконпазир аст. Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.
Си Ҷинпин бо раҳбарони Осиёи Марказӣ дар Остона вомехӯрад

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон қарор аст рӯзи 16-уми июн мулоқоти раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва президенти Чин Си Ҷинпин барпо шавад.
Дар ин бора рӯзи чоршанбе мақомот дар Қазоқистон хабар доданд. Дар ин сафар раҳбари Чин ҳам дар ҷаласаи муштарак бо ҳамкорони минтақавиаш ва ҳам дар вохӯриҳои дуҷониба бо президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад. Дар ин мулоқот президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд. Ин дуюмин ҳамоиши президентони Осиёи Марказӣ ва Чин дар ду соли ахир мешавад. "Ройтерс" менависад, Чин бо Русия барои нуфуз дар ин минтақае бо 80 миллион аҳолӣ рақобат мекунад. Минтақаи Осиёи Марказӣ дар доираи тарҳи стратегии “Як камарбанд – як роҳ” бо Чин ҳамкориҳои густурдае дар бахши иқтисоду нақлиёту боркашонӣ ҳамкорӣ мекунад.
Русия ва Украина ҷасади сарбозони кушташударо иваз карданд

Украина ва Русия ҷасадҳои сарбозони кушташуда дар майдони ҷангро иваз карданд.
Мақомоти ҳарду кишвар рӯзи 11-уми июн тасдиқ карданд, ки Украина 27 ҷасади сарбози русро ба 1212 ҷасади сарбози украинаӣ иваз кардааст.
Табодули асирон ва ҷасади сарбозони кушташуда дар мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина рӯзи 2-юми июн дар Истамбул ба даст омада буд.
Владимир Мединский, раҳбари ҳайати музокиракунанда аз ҷониби Русия ба расонаҳо гуфтааст, ки рӯзи 12-уми июн сарбозони сахт захмӣ аз ду ҷониб табдил хоҳанд шуд.
Русия беш аз се сол боз барои ишғоли Украина зидди ин кишвар ҷанг мекунад. Талошҳо барои сулҳ ҳанӯз натиҷае надодаанд ва Владимир Путин, президенти Русия низ пешниҳоди оташбаси муваққатро рад кардааст.