Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақте аз раҳбар то дарбон ҳама хешу таборанд...


Карикатураи Фаррух Аҳроров (Аз бойгонӣ)
Карикатураи Фаррух Аҳроров (Аз бойгонӣ)

Як назарпурсӣ муайян кардааст, ки бахши аъзами сокинони Тоҷикистон мухолифи дар як идора кор кардани хешутаборанд.

Дар назарпурсии созмони ғайридавлатии "Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасод" дар Душанбе, тақрибан 30 фоизи сокинони пойтахт роҳи муҳими мубориза бо фасодро дар ҷилавгирӣ аз фаъолияти хешу таборон дар як идора донистаанд. Алиакбар Абдуллоев, раҳбари ин марказ, мақсади назарпурсиро муайян намудани роҳҳои беҳтарини ҷилавгирӣ аз афзоиши фасод дар Тоҷикистон унвон кард.

Ба қавли ӯ, дар ин пажӯҳиш назари зиёда аз 1 000 сокини Тоҷикистон, асосан зиёиён, хабарнигорон ва ходимони созмонҳои ҷамъиятӣ пурсида шуда, маълум гардид, ки 37 дарсади шаҳрвандон беҳтарин роҳи мубориза бо фасодро тавассути озмун ба кор гирифтани ходимони давлатӣ медонанд. Зиёд кардани маош ва сахт ҷазо додани ришвахоронро 34 фисади шаҳрвандон ҳамчун беҳтарин роҳ пешниҳод намудаанд.

Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, "аслан бо се суол ба сокинон муроҷиат кардем. Ҳоло ин таҳқиқоти аввалини маркази мо буд, пажӯҳишро идома медиҳем ва аз ин ба баъд мо дар нақша дорем, муайян кунем, ки мардуми табақаҳои гунонун нисбат ба фасоди моли чӣ назар доранд."

Як ҷавоне, ки дар ин назархоҳӣ ширкат кардааст, бидуни бурдани ном гуфт, фаъолияти хешони наздик дар идораҳои давлатӣ яке аз сабабҳои асосии афзоиши фасод шудааст. Ӯ гуфт, "бубинед, дар аксар вазорату корхонахои кишвар маҳал ва хешу таборбозӣ ба чашм мерасад. Пас, дар ҳолате ки дар як корхона аз раҳбар то ба дарбон хешони наздиканд, пас, онҳо ҳар коре мехоҳанд мекунанд, касе онҳоро назорат намекунад."

Аммо ҳамсӯҳбати дигари мо, ки худашро Ҷамшед муаррифӣ кард, мегӯяд, дар Тоҷикистон ба фасод натанҳо мақомҳои давлатӣ даст мезананд, балки ин мараз аз ҷониби худи шаҳрвандон ҳам “ҷонибдорӣ” мешавад. "Пеш аз ҳама на нафаре, ки сумро мегирад, балки оне, ки маблағ пешниҳод мекунад, гунаҳкор аст."

Қироншоҳ Шарифзода, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, се шохае ки аз тариқи пурсиш муайян шудааст, исбот мекунад, ки маоши ками ходимони давлатӣ ва фаъолияти хешу табори дар идораҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи омилҳои асосии фасод дар ҷомеа будааст. Ҷаноби Шарифзода пешниҳоди озмун барои ишғоли мақомҳои давлатӣ ҳамчун василаи пешгирӣ аз фасодро низ қобили арзёбӣ медонад: ун мо мебинем, ки эълонҳои зиёд барои қабули кормандон барои кор дар мақомоти болоӣ эълон мешавад, вале боз дар онҷо нафарони ихтисосманд аз озмун намегузаранд. Ин ҷо ҳам муносибати хешу таборӣ мушоҳида мешавад."

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамеша дар радифи фасодзадатарин кишварҳои дунё ном бурда мешавад. Дар соли 2007 дар ин кишвар маҳз ба хотири мубориза бо ин "мараз" як Оҷонси алоҳидаи мубориза бо фасоди молӣ ҳам таъсис доданд, вале ба бовари аҳли назар, беш аз 500 маъмури ин идора дар ин 5 сол бештар машғули “шикор”-и моҳичаҳои хурде, чун омӯзгорону ходимони коммиссариатҳо банд буданд ва ба мансабдорони зинаҳои боло, ки як манбаи асосии густариши фасод шумурда мешаванд, камтар дандон нишон медоданд.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG