Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагии Афғонистон дар Хоруғ дубора фаъол шуд


Намояндагии Афғонистон дар Хоруғ пас аз як моҳи таътили иҷборӣ, фаъолияташро дар Бадахшон аз сар гирифт.

Нисор Аҳмадӣ, кордори сафорат мегӯяд, ки дар рӯзҳои ҷанг ба дафтари намояндагӣ хисорати андаке расидааст, вале қобили мулоҳиза набудааст.

Оқои Аҳмадӣ изҳор дошт: "Масъулини амниятие, ки вазифадори таъмини амнияти дафтари консулгарии Афғонистон буданд, аслан вуҷуд надоштанд, дар се рӯзе, ки ҷангол пеш шуда буд, хисораи қобили мулоҳизае ба бинои консулгарӣ нарасида, ду-се тиреза шишаҳояш майда шуданд."

Дар ҳамин ҳол Ғуломҳошими Саъйӣ, як маъмури вазорати хориҷаи Афғонистон роҳбари нави намояндагии Афғонистон дар Хоруғ таъйин шудааст. Ба гуфтаи кордори намояндагӣ, роҳбари нав ҷойгузини Абдулҳакими Ҳайдарӣ мешавад, ки бинобар хатми маъмурияташ, ба Кобул бармегардад.

Нисор Аҳмадӣ ҳамзамон ширкат доштани шаҳрвандони афғон дар амалиёти Хоруғро рад кард. Вай гуфт: "Чун шароити ҷангӣ буд, дар шароити ҷангӣ на ҳукуматдорони Тоҷикистон ин гапро дақиқ медонистанд ва на ҳукуматдорони Афғонистон. Вале қароре, ки баъдҳо маълум шуд, аз ҷониби Афғонистон касе дар амалиёт ширкат накарда буд, як теъдод шаҳрвандони афғон, ки бидуни паспорт ва бидуни виза дар дохили шаҳр зиндагӣ мекарданд ва кори устоиву техники мошинҳоро ба ӯҳда доштанд, ба фикри ман дар рӯзҳои ҷанг онҳоро дастгир карда буданд. Ва ҳамин гап боиси ин шуд, ки ба расонаҳо бирасад, ки гӯё аз тарафи Афғонситон афроде ба кӯмаки мухолифини давлати Тоҷикистон вориди шаҳри Хоруғ шудаанд. Аммо то ҳанӯз мо гапи расмӣ ва асосиро на аз давлати Тоҷикистон ва на Афғонистон, надорем."

Аммо кордори намояндагӣ ба ин суол, ки чӣ тавр шаҳрвандони афғон метавонистанд ғайриқонунӣ дар шаҳр буду бош дошта бошанд, мақомот амниятӣ ва пулиси Бадахшони Тоҷикистонро муқассир донист.

Қаблан мақомоти Тоҷикситон аз ширкати шаҳрвандони афғон дар муқовимати мусаллаҳона дар Хоруғ ва нобуд сохтани теъдоде аз онҳо аз ҷониби нерӯҳои ҳукуматӣ, сухан гуфтанд.
XS
SM
MD
LG