Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бадахшон телефонҳои мобилӣ фаъол шуданд


Шаҳри Хоруғ
Шаҳри Хоруғ
Сар аз субҳи рӯзи шанбе телефонҳои мобилӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ба кор даромадаанд. Субҳи 24-уми июл бо шурӯи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ бар зидди силоҳбадастони бадахшонӣ хадамоти телефонҳои мобилӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Мурғоб ва Ишкошим қатъ шуда буд. Баъди чанде дар ноҳияи Рӯшон, Ишкошим ва Мурғоб хадамоти телефонҳои мобилӣ барқарор шуда буд, аммо дар Хоруғу Шуғнон телефонҳо ҳамоно хомӯш буданд. Ба қавли хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ мардум эҳёи хадамоти телефонҳои мобилиро ҳамчун нишонаи эҳёи субот қабул кардаанд.
XS
SM
MD
LG