Пайвандҳои дастрасӣ

Таърихи пантуркизм аз назари Муҳаммадҷон Шакурӣ


августи соли 2011
августи соли 2011

Дар Душанбе таҳқиқоти тозае бо номи “Пантуркизм ва сарнавишти мардуми тоҷик” аз чоп баромад.

Дар ин бора муаллифи китоб Муҳаммадҷон Шакурӣ ба Радиои Озодӣ хабар дода гуфт, ин пажӯҳиш дар бораи ҳаводиси пас аз соли 1920-уми қарни гузашта дар Бухоро баҳс мекунад. Вай ин китобро барои таърихшиносон ва ҳам доираи васеи сокинони Тоҷикистон муҳим дониста гуфт, ки "дар китоб далелҳои мӯътамад дар бораи пантуркизм истифода шудааст".

- Дар ин китоб гап дар бораи инқилоб дар Бухоро ҳам меравад. Инқилоби Бухоро инқилоб набуд, балки таҷовуз буд. Болшевикон Бухороро гирифтанду ба дасти пантуркистон супурданд. Пантуркистҳо ҳокими Бухоро шуданд ва мактабҳоро ба узбакӣ гардонданд, кори идораҳоро ба забони узбакӣ ба роҳ монданд. Масалан, дар идорае агар ба забони тоҷикӣ ҳарф зананд, панҷ сӯм ҷарима меситониданд. Факт овардам, нишон додам, дар он ҷое, ки як замон 95 фоизи аҳолӣ тоҷик буд, якбора 95 фоизи аҳолӣ узбак шуд, - мегӯяд муаллиф.

Ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ, дар рӯзҳои ахир ҳамчунин як китоби соядастҳо бо
Устод Шакурӣ бо ҳамсарашон
Устод Шакурӣ бо ҳамсарашон
кӯшиши ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ ба табъ расидааст. Ҳамон тавре устод гуфт, дар ин китоб танҳо соядастҳо гирдоварӣ шуда, вале аз чопи хотираву аксҳои зиёде худдорӣ шудааст. "Зеро ин кор аз як сӯ машаққати зиёд ва аз сӯи дигар маблағи бештар талаб мекард",-афзуд ӯ.

Ин хабарҳо дар ҳоле ба мо мерасанд, ки устод Шакурӣ тақрибан моҳе пештар аз муолиҷаву дармон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе баргашт. Вай гуфт, ҳанӯз ҳам муолиҷааш идома дорад ва табобату дармони ӯро бемористони Ибни Синои шаҳри Теҳрон бар ӯҳда гирифтааст. Устод Шакурӣ дар идомаи сӯҳаташ аз табибони эронӣ изҳори сипос кард ва гуфт, ҳамаи ташхису табобати ӯ бидуни пардохти маблағе сурат мегирад.

Академик Шакурӣ, ки 87 сол дорад, мегӯяд, қабл аз сафараш ба Эрон аз бемории гурда ранҷ мекашид ва ҳоло беҳоливу бемадории пойҳояш ӯро азият медиҳанд.

Муҳаммадҷон Шакурӣ аз донишмандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки соли 1925-ум дар хонаводаи Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945-ум хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи "Тоҷикистони Сурх" оғоз бахшидааст.

Муҳаммадҷон Шакурии хурдсол бо падараш Шарифҷон Махдуми Садри Зиё
Муҳаммадҷон Шакурии хурдсол бо падараш Шарифҷон Махдуми Садри Зиё
Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардаст. Ӯ тӯли ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла "Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", "Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист", "Хуросон аст ин ҷо", "Садри Бухоро", "Равшангари бузург", "Фитнаи инқилоб дар Бухоро" мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.

Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989-ум аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду доктори улуми таърих ва филологияанд, ки дар Маскав ва Лондон кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.
XS
SM
MD
LG