Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисаҳои Хоруғ ба фаъолияти гузаргоҳи Қулма бетаъсир будааст


Ҳодисаҳои Хоруғ ба гардиши мол тавассути гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистону Чин ва реҷаи фаъолияти он таъсире надоштанд. Муҳиддин Ҷумъаев, сарвари шӯъбаи ташкилии дидбонгоҳи Қулма ба Радиои Озодӣ гуфт, шурӯъ аз рӯзи амалиёти вижаи нерӯҳои амниятӣ дар маркази Бадахшон, то ба ҳол аз ин гузаргоҳ ба миқдори 3 миллион доллари амрикоӣ 2 ҳазор тон маводи ниёзи мардум ворид шудааст. Ба иттилоъи мавсуф, тайи як моҳи ахир тариқи ин гузаргоҳ 121 ҳазор тон мол ба маблағи 21 миллион доллар ворид шудааст. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки дар масири Хоруғ – Қулма ҳудуди 70 мошини боркаш банд мондаанд. Аммо Муҳиддин Ҷумъаев мегӯяд, таҷаммӯъи мошинҳо дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар ин масир кори маъмулӣ аст, зеро дар шароити осоишта низ онҳоро зарур меояд, ки барои иҷрои бархе расмиёт ду рӯз давутоз кунанд. Гузаргоҳи Қулма муҳимтарин нуктаи интиқоли молу коло аз Чин ба Тоҷикистон аст. Гардиши мол миёни ду кишвар, тибқи иттилои расмӣ, пас аз фаъол шудани ин гузаргоҳ то як миллиард доллар расидааст.
XS
SM
MD
LG