Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Торнамои "Азия-Плюс" боз дастнорас шуд


Масъулони сомонаи «Азия Плюс» мегӯянд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дубора аз ҳамаи ширкатҳои интернетрасон қатъи дастрасӣ ба сайти news.tj аз 1 августро атақозо кардааст. Зебо Тоҷибоева, сардабири ин сомона ба Радиои Озодӣ гуфт, агар рӯзи 24 июл шеваи инъикоси рӯйдодҳои Бадахшон баҳонаи маҳдуд кардани дастрасӣ ба сайти онҳо буд, ин бор Хадамоти алоқа далели тасмимашро шарҳ надодааст.
Дар 10 рӯзи охир танҳо сомонаи «Азия – плюс» ду дафъа маҳдуд шуда, дастрасӣ ба чандин сомонаи дигар, аз ҷумла ББС, «Озодагон», Tojnews ва ҳатто ба Youtube дар Тоҷикистон паиҳам масдуд шуд, ки дар матбот ба буҳрони Хоруғ ва шеваи инъикоси он ҳаводис рабти мустақимаш медиҳанд.
XS
SM
MD
LG