Хешу таборам рост мегӯянд, айб аз худам гузашт, агар ба гуфтаи онҳо, “одамихубӣ” намекардаму аз аввал ба Ҷаҳонгир ҷавоби рад медодам, ба ин рӯз намеафтодам...
Гап сари он ки чанд сол пеш дар назди хона як пора замини солҳо боз бекорро харидам то он ҷо боғаке бунёд кунам. Соли аввал атрофи боғро маҳкам кардам, чанд ниҳол шинондам ва бо ёрии ҳаққу ҳамсояҳо як хонача ҳам сохтам... Гуфта намешавад-да, агар ягон меҳмон ояд, хонаи алоҳида ҳам барои ӯ роҳати ҷону ҳам барои мо. Мехостам, ки дар як гӯшаякаш гашничу пиёзу шибиту райҳон корам ва аз азоби ҳар рӯз харидани кабудӣ ҳам халос шавам...
Ҷаҳонгир, ки хешаки ким-кадом хеши дурамон аст, чун ҳамеша бесадову бепушт-пушт рӯзе ба пешам омад, ки ман чун Наполеон байни боғи нообод нишаста нақшаи чӣ гуна коштани витаминҳоро мекашидам. Аз Ҷаҳонгир ҳама ҳазар мекунад, марди ҳузарби ҷангара ва чун буққаи зотӣ якрав аст.
-Ҳай худата беҳуда азоб медиҳӣ-да, додар, о мо мурдем, ки ту, як одами интеллигент, худата ба хоку лой олуда мекунӣ.. О, бачаҳо ҳастанд, гап зан, омада ёрдам мекунанд, -гуфт ӯ чашм аз боғу хонаи навсохт наканда...
-Ҳеҷ гап не, акаи Ҷаҳонгир, корам бисёру лекин ягон илоҷ мекунам... Ҳамсояҳо ҳастанд.
-Гӯш кун, як маслиҳат... –баъди чанд лаҳза андеша гуфт Ҷаҳонгир,-Ман писари калониро барои ёрӣ мефиристам, дар як-ду рӯз боғата обод мекунад...
-Лозим не, ака, ман худам...ҳамсояҳо...
-Гап якто!- Ҷаҳонгир ба баҳс нуқта гузошт ва бовиқор аз наздам дур шуд...
Рӯзи дигар воқеан ҳам бо писараш Рустам омад. Аз мошин курпаву курпачаву болишти зиёдеро фуроварданд ва дар хонача ҷой карданд.
-Рустам то обод шудани боғ ҳамин ҷо мемонад,-қатъӣ гуфт Ҷаҳонгир,-фардо-пасфардо занаш ҳам омада ёрдам мекунад... Ин ҷо як боғе бунёд кунем, ки ҳамсояҳо оби даҳанашона дошта натавонад!
Кошки ҳамон рӯз як мошин оварда, курпаву курпачаи писари Ҷаҳонгирро бор карда ақиб мефиристодам. Лекин, рӯи одам гарм-да, хеши дур ҳам бошад, ба ҳар ҳол хеш...
Рустам занашро овард ва дар назди хона барои пӯхтупаз як шипангча сохт. Аз он рӯз роҳи ман ба боғ тақрибан баста шуд. Рустам дар ким-куҷо кор мекард, субҳ мерафту шом меомад... Боғи худат ҳам бошад, чӣ хел ба он ҷо меравӣ, вақте ки марде нест... Рӯзҳои аввал занаш ниҳолҳоро кам-кам об медод ва аммо баъд шояд фикр кард, ки барои як одами бегона шуда ҷон коҳонданаш чӣ лозим...
Як рӯз Ҷаҳонгирро дар бозор дида гилаву ҷингила кардам, ки писараш на фикри обод кардани боғ нест...
-Ғам нахӯр, хеш, Рустам аз саҳар то бегаҳ дар бозор... Хайр, тасаввур кун, ки ӯ дар боғи ту иҷорашин аст...-гуфт Ҷаҳонгир, - Баъд, чӣ бадӣ дорад, боғата аз ҳар касу нокас муҳофизат мекунад... Дар ҳамон ҷо буданаш барои ту бас – қаду қомати Рустама бин, ягон кас ҷуръат намекунад, ки ба ту аз бинӣ боло гап занад...
Аз байн чанд моҳ гузашт ва боз баҳор омад. Хостам, ки дар боғ чанд ниҳоли нав шинонам, аммо зани шаттоҳи иҷорашин дарро баст ва гуфт, ки агар даромаданӣ шавам, дод зада ҳаққу ҳамсояҳо ва милисаро фарёд мекунад...
Косаи сабрам лабрез шуд ва ба хонаи Ҷаҳонгир рафтам.
-Гап ҳамин, акаи Ҷаҳонгир, аз ин баъд ё писарат ҳар моҳ иҷорапулӣ супорад ё аз боғ равад! Агар барои супурдани иҷорапулӣ розӣ шавед, бояд маслиҳат кунем, ки чанд вақти дигар дар боғ мемонад!
-Иҷорапулӣ?- аз қаҳр чашмони кабуди Ҷаҳонгир сурх шуданд, -Ту чӣ хел ҷуръат кардӣ, ки бо ман ин хел гап мезанӣ! Иҷорапулӣ будааст-а... Боғи ту пойгоҳи ман аст. Аслаш ту аз ман қарздорӣ, ин қадар вақт Рустаму занаш боғатро бонӣ карданд, ягон дирам ба онҳо додаӣ? Баъд агар ману Рустам намебудем, ҳамсояҳо кайҳо он пораи замина аз дастат кашида мегирифтанд... Ҳамин Рустам аст, ки ту дар байни он бегонаҳо бо сари баланд гаштаӣ ва касе пишаката пишт намегӯяд...Ина бина, “ба одам некӣ куну гап шунав”-аш ҳамин будааст-да...
Акнун ҳайронам, ки чӣ кор кунам... Медонам, ки худам гунаҳкор. Баъзе ҳамсояҳо мегӯянд, ки боғата фурӯш, кор тамом... аммо, росташ, аз Ҷаҳонгир метарсам... Метарсам, ки бо тиру туфанг омада боғ як сӯ, хонаамро аз дастам кашида нагирад...