Ҳукумати Тоҷикистон омода аст дар панҷ соли оянда рушди солонаи иқтисоди ин кишварро дар сатҳи 7-8 дарсад нигоҳ дорад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 20 июн дар конфронси СММ оид ба рушди устувор дар Бразилия изҳор дошт. Оқои Раҳмон гуфт, барои таъмини рушди собиту устувор Тоҷикистон ҳамаи захираҳо ва имконоти мавҷударо ба кор мебарад. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ҷумҳур ба матбуот хабар додааст.