Умеда Ҳоҷиматова, менеҷери ин тарҳ, гуфт, аз соли 2000-ум ба ин ҷониб худравҳо дар роҳҳои пойтахт ба суръат афзоиш ёфта, аммо сифати хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ бинобар нокифоя будани сармоя паст шудааст. Ӯ афзуд, "ҳисоб шудааст, ки 87 дарсади партоби газҳои гулхонаӣ дар Душанбе ба мошинҳо рост меояд. Бинобар ин, мақсад аз амалисозии ин лоиҳа кам кардани партоби газҳои гулхонаӣ дар пойтахт ва баланд бардоштани сифати хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятист."
Хонум Ҳоҷиматова мегӯяд, қарор аст, дар ояндаи наздик сифати хадамоти троллейбусҳоро ҳамчун нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза беҳтар кунанд: "Дар назар аст, як маркази диспетчерии троллейбусҳоро бо компютеру дигар таҷҳизот муҷаҳҳаз кунем. Инчунин, кондукторону ронандагон аз тренингҳои махсуси муошират бо мусофирон ва қоидаҳои рондани нақлиёти ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд ва дар ҳар як тролейбус “GPRS-роҳнамо” насб карда мешавад."
Абдулхайр Алиев, роҳбари КВД “Троллейбус”-и Душанбе, дар сӯҳбат ба мо гуфт, дар доираи ин лоиҳаи Барномаи Рушди СММ 1 миллиону 273 ҳазор доллар ихтисос дода мешавад: “Дар кӯчаи Рӯдакӣ як хатти махсус кашида хоҳад шуд, ки ба ин масир танҳо нақлиёти ҷамъиятӣ ҳаракат хоҳад кард. Дигар намуди нақлиёте, ки ҳоло дар ин ҷо ист кардаву барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ монеа мешаванд, роҳ дода намешавад.”
Аммо троллейбус бо вуҷуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ бехатар буданаш, мунтақидони зиёд дорад. Бархе аз шаҳрвандоне, ки бо мо дар мавриди ин навъи нақлиёт сӯҳбат карданд, нисабти дигар нақлиёт оҳиста ҳаракат кардан ва тез-тез бинобар хомӯш шудани барқ аз ҳаракат бозмондани троллейбусро аз камбудиҳои ин намуди нақлиёт унвон карданд.
Муҳсиддин Раҳмонов, як мусофири ҷавон, троллейбусро нақлиёти барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дастрас хонд, вале дар айни ҳол гуфт, бояд хатти барқ ва худи троллейбусҳо таъмир ва хубтар нигаҳбонӣ шаванд: “Бисёр вақт шохҳои троллейбус аз хатташ мебарояд ва кондукторҳо бо ресмон давида, онро ба ҷояш мегузоранд ва ин ҳолатҳои садамавиро ба миён меорад. Масалан, дар Маскав будам ва боре ҳам надидаам, ки шохи троллейбус аз хатташ берун барояд."
Дар ҳамин ҳол, ворид шудани таксиҳои арзони хусусӣ ба кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон ба даромади троллейбусҳои таърихӣ зарбаи сахт зад. Бинобар ин, мардуме, ки вақташонро сарфа мекунанд, нишастан ба троллейбусро кори беҳуда медонанд.