Ҳатто бо он ки зиёд аз муносиботи сарди Русия бо Тоҷикистон дар солҳои ахир менависанду мегӯянд, аммо бархӯрди мардум дар масъалаи муҳоҷират мақоли «гушна ба шер» задаастро ба ёд меорад. Дур намеравем. Ҳодисаи «таъқиб»-и муҳоҷирони тоҷик ба дунболи қазияи халабонҳо, собит кард, ки ҳар гуна иқдом, ҳатто он паёмади номатлуб ҳам дошта бошад, мардуми моро аз нияташ - дарёфти як бурида нон бознамедорад.
Омори даҳ соли ахир баёнгари он аст, ки чӣ теъдод аз ҳамватанони мо дар муҳоҷират кушта шуданд, махсусан ҷавонҳое, ки «аз сад гул як гулашон нашукуфта». Аммо ин раванд, бахусус муҳоҷират ба Русия идома дорад ва бовар дорам, ки 90 дарсади мусофирони ҳавопаймо ва қаторҳои самти Русия - муҳоҷиранд. Се моҳи пеш сафаре ба хориҷи кишвар доштам ва он ҳам аз тариқи Маскав сурат гирифт. Дар ҳавопаймое, ки то Маскав парвоз кардем, чанд ҷуфти ҷавони тоза арӯсӣ кардаро дидам.
Бе гуфтугӯ гулдухтарон бо либосхои арусӣ буданд. Гузашта аз ин, чанд модареро низ дидам, ки бо ҳамроҳии кӯдаконашон. Ҳатто яке аз кӯдакон дар даст гаҳвораи кӯчаке дошт ва ҳар гоҳе ба он зочабозӣ мекард. Дар роҳи бозгашт, ба дидори бародарам, ки ӯ ҳам чун лашкари як миллионнафараи тоҷик дар муҳоҷират аст, мушарраф шудам. Лаҳзае нагузашт, чандин нафар аз тоҷикон маро дар ҳуҷраи кӯчаки иҷораи бародарам гирд карданд. Яке омӯзгор, дигаре духтур, саввумӣ муҳандиси барқу мошинолот, чорумӣ иқтисодчӣ, панҷумӣ... ва, албатта, бемаълумот ҳам...
Аз бародарам хоҳиш кардам, баргардад, зеро як сол боз фарзандонаш роҳи ӯро мепоянд. Албатта, қабул кард, аммо гуфт, ҳоло фурсати баргаштан нест. Чун ба таъкидаш хонавода дар иҷора зиндагӣ мекунанд ва бояд аз ин мушкил ҳар чӣ зудтар раҳо шуд.
Дар аксҳо: Зиндагӣ ва кори муҳоҷирон дар Русия
Дуруст аст, ки мардуми тоҷик ба сабаби набуди ҷойи кори муносиб рӯ ба муҳоҷират овардааст, аммо бовар кунед, талоши аксари мардуми муҳоҷир соҳиби манзили зист шудан аст. Мехоҳад пули кофӣ ба даст орад, то соҳиби хона шавад ё қитъаи замине харад ва манзил буёд кунад. Албатта, ҷавонон дар фикри издивоҷ ҳастанд, чун расм шудааст, ки ҷавонони деҳот Русия мераванд ва пул меоранду зан мегиранд.
Аммо бовар кунед, сафари баъдии онҳо ба хотири манзили зист аст. Аз марди деҳотие ҳам шунидам, ки дар ҷамоаташон қитъаи замин ба истилоҳ барои афроди ниёзманд ва камбизоат тақсим мекунад, аммо дар ивази пул, он ҳам ришва. Ба ин хотир ин мард мегуфт, аз он ки писаронам, ки се-чаҳор оила ҳамроҳ бо ман дар як манзил ба сар мебаранд ва омӯзгору духтуру сохтмончӣ ҳастанд, беҳтар аст, то ба Русия раванд ва пул кор кунанду омада замин бихаранд. Чун ба гуфтаи вай чораи дигаре нест. Бо маошашон ҳатто хонаводаашонро таъмин карда наметавонанд...
Аслибегим Манзаршоева
Пас аз сафари хориҷ, хабаре ба дастам расид, ки ҳамсабақам, Аслибегим Манзаршоева, ки аз хабаргузории «Ховар» сар карда, то сухангӯи вазорати тандурустӣ, корманди расонаии ширкати «Здрав плюс» ва дар ин чанд соли ахир дар НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақил кор мекард, ба Русия рафтааст. Бале, маҳз соҳиби хонаи худӣ шудан ӯро ба муҳоҷират бурдааст. Чун медонам, ки ҳамеша дар бораи соҳиби хона шудан ҳарф мезад.
Ҳафтаи пеш пайиҳам ду нафар аз дӯстонро вохӯрдам. Ҳар ду қалам ба дастанд. Яке аз онҳо рӯзноманигор Ҷумъахони Сайидалӣ аст, ки ду соле ҳам дар шӯъбаи маънавиёти ҳукумати шаҳри Душанбе низ кор кардааст. Ҳоло дар нашрияи «Мароми пойтахт» кор мекунад. Медонам, ки Ҷумъахон ҳафт фарзанд дорад ва хонаводааш ҳам дар деҳот ба сар мебаранд. Аммо худаш ҳамроҳи духтараш, ки донишҷӯ аст, дар шаҳр дар хонаи иҷора аст. Ҳангоми сӯҳбат ҳарфи аввалу охираш ин буд, ки бо ин шева, зиндагӣ дар хонаи иҷора барояш сахт аст ва танҳо сафар ба Русия битавонад, ӯро соҳиби манзил кунад...
Шоир ва рӯзноманигор, Робияи Холмирзо низ ба сарнавишти Ҷумъахон рӯ ба рӯст. Чанд соли ахир борҳо хонаи иҷораашро иваз кард ва бо бо ҳамин минвол - пардохти пули зиёде барои иҷораи хона зиндагиаш равон аст. Се фарзанд дорад, аз он ду писар. Писари бузургаш ҳоло дар Русия ва, албатта, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ. Мегӯяд, бехонагӣ мушкили аслиаш аст. Чун маошаш асосан барои пардохти иҷора сарф мешавад. Ба ин хотир ният дорад, то поёни баҳор ва ё аввали тобистон ҳамроҳ бо писари дувумаш Русия равад, шояд аз ин тариқ тавонад зиндагиашро сару сомоне бахшад. Талошҳое ҳам кард, то шаҳрдорӣ барояш хонае бидиҳад, аммо бидуни натиҷа.
Хулоса,
"Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?
Рӯзгор оинаро мӯҳтоҷи хокистар кунад."
Худо накунад, ки рӯзе ҳама соҳибдилону андешмандони тоҷик "рӯ ба Ҳинд" биоранд...
Омори даҳ соли ахир баёнгари он аст, ки чӣ теъдод аз ҳамватанони мо дар муҳоҷират кушта шуданд, махсусан ҷавонҳое, ки «аз сад гул як гулашон нашукуфта». Аммо ин раванд, бахусус муҳоҷират ба Русия идома дорад ва бовар дорам, ки 90 дарсади мусофирони ҳавопаймо ва қаторҳои самти Русия - муҳоҷиранд. Се моҳи пеш сафаре ба хориҷи кишвар доштам ва он ҳам аз тариқи Маскав сурат гирифт. Дар ҳавопаймое, ки то Маскав парвоз кардем, чанд ҷуфти ҷавони тоза арӯсӣ кардаро дидам.
Бе гуфтугӯ гулдухтарон бо либосхои арусӣ буданд. Гузашта аз ин, чанд модареро низ дидам, ки бо ҳамроҳии кӯдаконашон. Ҳатто яке аз кӯдакон дар даст гаҳвораи кӯчаке дошт ва ҳар гоҳе ба он зочабозӣ мекард. Дар роҳи бозгашт, ба дидори бародарам, ки ӯ ҳам чун лашкари як миллионнафараи тоҷик дар муҳоҷират аст, мушарраф шудам. Лаҳзае нагузашт, чандин нафар аз тоҷикон маро дар ҳуҷраи кӯчаки иҷораи бародарам гирд карданд. Яке омӯзгор, дигаре духтур, саввумӣ муҳандиси барқу мошинолот, чорумӣ иқтисодчӣ, панҷумӣ... ва, албатта, бемаълумот ҳам...
Аз бародарам хоҳиш кардам, баргардад, зеро як сол боз фарзандонаш роҳи ӯро мепоянд. Албатта, қабул кард, аммо гуфт, ҳоло фурсати баргаштан нест. Чун ба таъкидаш хонавода дар иҷора зиндагӣ мекунанд ва бояд аз ин мушкил ҳар чӣ зудтар раҳо шуд.
Дар аксҳо: Зиндагӣ ва кори муҳоҷирон дар Русия
Тасвирҳое аз зиндагии муҳоҷирон дар Русия
1/32
Муҳоҷирони тоҷик пас аз кор истироҳат мекунанд...
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
2/32
Тифли навзод дар яке аз бемористонҳои Маскав. Волидони ӯ -- муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон аз ин тифл даст кашидаанд...
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
3/32

4/32
Рейди маъмурони пулис алайҳи муҳоҷирон дар Маскав
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
5/32

6/32

7/32

8/32
Фарзанди муҳоҷирон...
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
9/32
Қисми зиёди муҳоҷирон дуртар аз шаҳри Маскав зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз маъмурони пулиси пойтахт ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳарос доранд...
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
10/32
Зиндагии муҳоҷирон дар Русия...
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
11/32

12/32
Модари танҳои тоҷик дар маркази бӯҳронӣ барои занон, шаҳри Маскав
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
13/32
Як зан бо духтар ва ҷиянаш дар наздикиҳои Маскав
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
14/32
Муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз адои намози Иди Қурбон дар Маскав
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
15/32
Дар метрои пойтахти Русия
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
16/32

17/32

18/32

19/32

20/32

21/32
Муҳоҷири тоҷик дар қатора
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
22/32

23/32
Муҳоҷирони корӣ ғизо омода мекунанд...
Гузориши тасвирии Денис Синяков аз зиндагии муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав
24/32

25/32

26/32

27/32

28/32

29/32

30/32

пешина
баъдӣ