Қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафар бо садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси он ҷумҳурӣ Кристиан Вулф мулоқот кунад.
Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон, дар Берлин, оқои Раҳмон ҳамроҳ бо як ҳайати бузурге ба Олмон меояд ва сафари ин ҳайат ба як корхонаи ширкати “Сименс”, ки ба тавлиди таҷҳизоти энержӣ машғул аст, дар назар дошта шудааст.
Имомиддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Олмон дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад, ки шоми сешанбе дар Берлин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанон доир шавад.
Ба ин мулоқот аҳли таъриху ҳунару адаб, намояндагони афғонҳову эрониҳои сокини Олмон, ховаршиносони маъруфи олмонӣ ва ҳам олмонитаборҳое, ки аз Тоҷикистон ба инҷо кӯчидаанд, даъват шудаанд. Сафорат ҷамъи зодагони Тоҷикистон дар Олмонро ҳудуди 40 ҳазор нафар баршумурда мегӯяд, қариб 3 ҳазор тани онҳо дар қайди сафорат мебошанд.
Олмон танҳо дар 10 соли охир ба Тоҷикистон ба маблағи 123 миллион евро кумакҳои иқтисодӣ расондааст. Аз тарҳҳои умдае, ки бо кумаки Берлин дар Тоҷикистон амалӣ мешаванд, якеаш барномаи тармими нерӯгоҳи Норак аст, ки 25 миллион евро ҳазинаашро як бонки Олмон пардохт мекунад.
Олмон, ҳамин тавр, таъмини молии тарҳи тармими чанд бемористони Душанбе, аз ҷумла шифохонаҳои амрози сил ва ёрии таъҷилиро бар ӯҳда гирифтаааст. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон се ширкати муштарак бо Олмон фаъолият доштаанд. Аммо нозирони умур ба сурати умум вазъи равобити Тоҷикистону Олмонро чӣ гуна баҳо медиҳанд ва чӣ манфиатҳоест, ки Олмонро ба дароз кардани дасти ёрӣ ба Душанбе моил мекунад?
Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Олмон аз ангуштшумор кишварҳои ғарбист, ки ба иҷрои тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон кӯмаки амалӣ мерасонад.