Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззат Амон: “Ҳиҷобдорони тоҷик дар Русия озоданд”


Иззат Амон
Иззат Амон

Гуфтугӯ бо раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия пиромуни вазъи муҳоҷирони мусулмон дар ин кишвар.

Бархе аз сокинони Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ахиран ба бунёди масоҷиду мадрасаҳо дар ин кишвар оғоз намудаанд. Онҳо мегӯянд, дар Русия ҳам моҳонаи хуб дарёфт мекунанд ва ҳам ибодаташонро бидуни мушкил ба ҷо меоранд.
Худи ҳамин сол 22 нафар ба хотири он ки бо ҳиҷоб наметавонанд дар Тоҷикистон таҳсил бикунанд, ба Русия рафтанд...


Дар сӯҳбате, ки бо Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия, доштем, аз ӯ пурсидем, ки дар ҳоли ҳозир муносибати мақомоти Русия бо муҳоҷирони мусулмон, аз ҷумла тоҷикон чӣ гуна аст?

Иззат Амон: “Дар Русия гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ вуҷуд доранд, ки назару муносибати онҳо ба дин, аз ҷумла ислом мухталиф аст. Аммо дар асл раёсати кишвари Русия ба ислом ва ҳамин тавр ба мусулмонон назари неку мусбат дорад. Чуноне ки мебинем, тақрибан ҳаштод дарсади имом-хатибону муаззинҳои бисёре аз масоҷиди Русия тоҷикон ҳастанд. Ин раванд дар Русия мисли мӯд шудааст, ки бояд имом-хатибу муаззин тоҷик бошад. Мо ҳатто муфтии тоҷик ҳам дорем.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Вале сокинони одии Русия дар ин маврид чӣ назар доранд?

Иззат Амон: “Як гурӯҳ шҳарвандоне, ки аз фарҳангу адабиёту ислом хабар доранд, назарашон ба дини ислому мусулмонон мусбат аст. Ҳеҷ тарсу ваҳм надоранд. Аммо гурӯҳе, ки шабу рӯз дар назди телевизион менишинанду барномаҳоро дунбол мекунанд, назарашон фарқ мекунад. Зеро васоити ахбори умуми Русия аксаран зери контроли нафароне ҳастанд, ки дар кулл ба ислом назари мусбат надоранд. Ва онҳо як ақидаву идеологияро фароҳам меоваранд, ки назари сокинонро нисбат ба ислом ва пайравони он манфӣ созанд.”

Радиои Озодӣ: Оё худи сокинони Русия низ ба дини ислом гароиш доранд?

Иззат Амон: “Бале, мисоли одии ин мушовири муфтии Русия - Алӣ Вячеслав Полосин шуда метавонад. Вай қаблан масеҳӣ буд ва ҳатто дар Тоҷикистон чандин сол ба таблиғи дини масеҳӣ машғул шудааст. Ҳоло дини исломро қабул кардаст ва яке аз мутафаккирони барҷастаи мусулмон дар Русия мебошад. Умуман, гароиши сокинони Русия ба дини мубини ислом бештар аз аврупоиҳову амрикоиҳо аст, алҳамдуллилоҳ.”

Радиои Озодӣ: Бубинед, барои бунёди як масҷид дар Тоҷикистон хеле бояд талош кард. Аз як сӯ бояд замин ёфт ва аз сӯи дигар ба мақомот бояд фаҳмонд, ки чаро ва чӣ гуна масҷид месозед ва чанд нафар дар он ҷо намоз мегузорад. Муҳоҷирни мусулмон, аз ҷумла тоҷикон дар Русия ҳангоми бунёди масоҷид бештар ба чӣ мушкиле мувоҷеҳ мешаванд?

Иззат Амон: “Мутаассифам аз он чӣ Шумо дар бораи Тоҷикистон мегӯед. Воқеан, хабар дорам, ки боз кардани масҷид чӣ қадар мушкил аст. Вале дар Русия мо кумитаҳое дорем дар назди раисиҷумҳур, ки барои боз кардани марказҳои таҳлиливу динӣ ва масҷидҳо кӯмак мекунанд. Ин кумитаҳо на фишор, балки кӯмак менамоянд.”

Радиои Озодӣ: Муҳоҷирони тоҷик танҳо дар масҷидҳо ҳастанд ва ё ин ки дар мадрасаҳои исломӣ низ фаъолият мекунанд?

Иззат Амон: “Бисёре аз мадрасаҳоро медонем, ки тоҷикон дар раёсати он кор мекунанд. Дар худи Маскав чанд тоҷикро медонам, ки дар Донишгоҳи исломии Русия фаъолият доранд. Дар Русия намегӯянд, ки Шумо тоҷик ҳастед ва набояд ин ҷо бошед. Баръакс, агар дониш дошта бошед, ҳамаи дарҳо ба рӯи Шумо боз аст. Бидуни мушкил кор мекунед.”

Радиои Озодӣ: Дар тӯли як соли охир мақомоти Тоҷикистон наздики 2 ҳазор нафарро аз мадориси динии кишварҳои исломӣ бозпас оварданд. Вале тавре медонем, як гурӯҳи ин донишомӯзон ба Тоҷикистон наомада ё дар Русия ва ё Туркия мондаанд. Оё аз ҳоли донишомӯзони тоҷик, ки ба Русия омадаанд, хабаре доред?

Иззат Амон: “Бале, ҳудудан 100-150 нафар буданд, ки аз Покистону Саудӣ ва Миср ба Русия омаданд ва аз мо низ кӯмак хостанд. Сатҳи илмӣ ва дарсии ин ҷавонон хеле олӣ буд. Мо ба бисёре аз онҳо кӯмак кардем, ки мустақим вориди донишгоҳҳои Русия шуданд. Як раванди дигар, ки мо мушоҳида кардем, ин муҳоҷир шудани хоҳарони ҳиҷобдори тоҷики мо ба Русия аст. Ҳамин сол 22 нафар ба хотири он ки бо ҳиҷоб наметавонанд дар Тоҷикистон таҳсил бикунанд, ба Русия рафтанд. Волидони онҳо аз мо хостанд, то барояшон кӯмак кунем, ки таҳсилашонро дар донишгоҳҳои Русия идома бидиҳанд.”

Радиои Озодӣ: Вале ин духтарони ҳиҷобдори тоҷик дар донишгоҳҳои Русия бо рӯсарӣ мегарданд ё...?

Иззат Амон: “Онҳо сад дар сад бо ҳиҷоб мегарданд. Дар он ҷо касе дунболи ҳиҷоб ва либоси Шумо намегардад. Фақат аз саводи Шумо мепурсанд. Хоҳарони ҳиҷобдори тоҷики мо дар Русия озоданд.”
XS
SM
MD
LG