Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луқмаи гулӯгиру маргбор


Ин қисса ёдномаест аз аввали солҳои сиюми қарни гузашта, ки тамоми ин роҳи дарози умр маро ҳамсафар аст.

Соли 1932. Духтарчаи тахминан 13 ё 14-сола будам. Мо он солҳо дар ноҳияи Айнӣ мезистем. Модарамон пас аз бемории тӯлоние вафот карду ману ду додар ва падарам танҳо мондем.

Солҳои хеле душвори қаҳтиву гуруснагӣ буд. Мо кайҳо таъми нони гандумиро фаромӯш карда будем. Аз орди ҷаву ҷуворимакка нон дуруст мекардем ва баъзан ҳамон ҳам ёфт намешуд. Хонаводаҳое буданд, ки кунҷора ва решаҳои алафро мехӯрданд. Одамони зиёде аз гуруснагӣ варам кардаву ба ҳалокат мерасиданд.

Пас аз вафоти модарам, ки дар 30-солагӣ гирифтори кадом як беморие шудаву заҳри ятимиро ба мо фазандон чашонид, тамоми корҳои хона ва нигоҳубини кӯдакон ба дӯши мани 13-сола афтод.

Як рӯз ман аз орди ҷав хамир мекардам, ки додари 9-солаам Каримҷон аз берун давида омада бо рангу руйи парида ва лабони парсингбаста гуфт: "Ман хеле гуруснаам, ба ман нон бидеҳ." Ман, ки аз кори хона бисёр хаставу асабонӣ будам, ба сараш бонг зада гуфтам: "Нон нест, рав, бозӣ кун." Додарам ба пушти ман гузашту чашми маро хато карда аз лаби суфра хамиртуруши ҷавинро, ки мисли санг сахту дурушт буд, гирифта ба даҳон бурд ва саросема фурӯ бурданӣ шуд. Ҳамин вақт хамиртурши ҷавин рафта дар гулуи додараки ман дармонд ва додаракам аз ҳавли ҷон дасту по мезад ва чашмонаш сафед шуданду лабонаш каб кабуд гаштанд.

Ман аз тарс «вой, додаракам мемурад,ёрӣ диҳед гӯён доду фарёд бардоштаву бо мушт ба пушташ ҳар қадар задам,нашуд. Вақте ҷони додаракам болои дастонам баромад, хамиртуруши хунолуда аз гулуи вай ба замин афтод. Падарам аз сари замин ва ҳамсояҳо вақте расида омаданд,ки дер шуда буд.

Мо ҷисмаки беҷони додараки гуруснаамро бурда дар паҳлуи қабри модарамон, дар қабристони рӯ ба руи хонаамон ба хок супурдем.

Аз миён солҳои зиёде паси ҳам мегузаштанд. Падарамон низ ба ҷанг рафту дигар барнагашт. Боз рузҳои зиёди сахти ятимиву фақириро дидем, вале ғами додараки гурусна аз дунё рафтаам маро лаҳзае осуда нагузоштааст.

Ман худ ҳоло 92 солаам. Дар тули ин умри дароз ғамҳову шодиҳои афзун дидам,вале ҳар боре ки сари танур рафтам,ё дастурхони пур аз нонро дидам, ва ё дар бозорҳо ғарами нону кулчаҳоро нигоҳ мекунам,
чеҳраи аз гуруснагӣ коҳидаву лабони хушки додаракам ва лаҳзаи хамиртуруши ҷавин дар гулуяш дармондану дар панҷаи марг тапиданҳои ҷонаки абгорашро пеши назар овардаву оби дида мерезам.

Ин хотираҳои барои ман ҷовидонӣ боз бештар дар солҳои аввали 90-ум, вақте ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон сар зад, дар зеҳнам бештар рӯ задаву азиятам медод. Ва як қуввае маро такон медод,ки тамоми мадорамро ҷамъ кунаму бароям ва пеши роҳи ин нофаҳмиҳоро бигирам. Мехостам ҷозибае ё сеҳре дошта бошам,ки пару бол бароварда тамои нуқоти сарзаминамро тай кунаму ба мардуми раҳгумзада қиссаи додараки ҷавонмаргамро, ки дар орзуи як бурда нон ҷон дода буд, ҳикоят кунаму бигӯям, ки ношукр набошанд. То имкон дорад ҳар чӣ зудтар ба ҳам оянд. Чунки ҷанг ба ҷуз харобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ ва маргу беморӣ дигар чизеро дар домон надорад.

Шукронаи худо ки ҷанг ҳам анҷои ёфту боз солҳои сериву пурӣ ва оромиву осоиштагӣ фаро расиданд. Ман ки ҳоло сокини шаҳри Душанбе ва соҳиби чандин набураву абера ҳастам, баъзан сари роҳу назди ахлоттӯдаҳо ғарами нонпораҳоро мебинаму дилам хун мегиряд. Ва ба худ мегӯям,ки чаро мардум ба зудӣ рӯзҳои сахтро фаромуш мекарда бошанд? Қомати ман заминбӯс гаштааст, ҳар бор дар ҳоле ки чеҳраи додаракам Каримҷон пеши дидагони ашкборам пайдост ва мегуяд: «Апаҷон, гуруснаам, ба ман нон бидеҳ», нонрезаҳоро аз замин бардошта ба дидагонам мемолам ва зери лаб мегӯям:

«Қаҳтӣ дудаста чанг ба мо мезанад, ки мо,
Якдаста нони давраи серӣ шикастаем.»


Лолахон Раҳимова, сокини 92-солаи шаҳри Душанбе

Масъули бахш: Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG