Солҳои ҷавонии ман, ки дар даврони СССР гузаштааст,аз бисёр ҷиҳатҳо бароям хотирмон аст. Масалан мо ҷавонони деҳот танҳо бо ҷидду ҷаҳди худ хондаву соҳиби кор ва обрӯву эътибор шудаем. Ману бародарам Қурбоналӣ аз як деҳаи дури ноҳияи Ҳисор солҳои 60-уми асри гузашта ба Душанбе барои хондан омадем. Вақти зиёди худро дар китобхонаҳо сипарӣ мекадем. Ҳанӯз наврас будем, вале медонистем, ки давлату ҳукумат ба мо барин ҷавонон ниёз ва боварӣ дорад ва фикри асосие, ки дар сари мо буд ҳамеша ҳамин буд, ки мо бояд хуб таҳсил кунем то ин бовариро сазовор бошем.
Он солҳо сару либос чандон зиёд набуд. Хайр, буданд ҳамсолоне, ки аз пайи мӯд медавиданд. Ба актёрону шахсиятҳои маъруф тақлид карда либос мепӯшиданд. Лекин мо онҳоро дида албатта ҳавас мебурдем, лекин ҳаргиз исрор намекардем, ки барои мо падару модар ҳатман бояд чунин либосро муҳайё созанд. Балки кӯшиш мекардем, ки аввал соҳиби маълумот ё касбу коре бошем.
Ман дар оилаи серфарзанд ба дунё омадаам. Оилаи мо зиёӣ буд. Ва он солҳо фарзанди носолеҳ ва ё беодоб доштани як хонаводаи зиёӣ айби калон буд. Ба ҳамин хотир падару модар ва бародарон ба таҳсили ман ва доираи дӯстони ҳамнишинони ман шадидан аҳамият медонанд. Барои аксари ҳамсолони мо пӯшидани сарулибос ва пойафзоли қимату камёфт айб буд, дар сурате, ки ҳанӯз маълумот надошта бошиву ё ягон касбу кореро соҳиб набошӣ. Хушлибос будан дар он солҳо одатан хоси афроди соҳибихтисос буд. Ману ҷавонони ҳамсолу ҳамдеҳаам аслан ба либоспӯшӣ, тарзи оро додани муй ва ҳатто роҳгардии муаллимонамон бо шавқ нигоҳ мекардем. Ва ҳамаи дороӣ, хушлибосӣ ва этибори онҳоро дар миёни мардум, мо ба кордониву ихтисосмандӣ ва хоксориву меҳнатдӯстии онҳо марбут медонистем, на ба писари киву хеши кӣ буданашон.
Вале бештар манбаи омӯзишу баъзан тақлиди ман, як бародархондам бо номи Таваккал буд. Бародархонди ман марди бисёр бофарҳангу боодоб, заковатманду хоксор, инсондӯст ва ба замми ин хеле марди ороставу хулибос буд. Ман дар тӯли дӯстиву бародарии қариб нимасраамон боре ҳам ӯро дар либоси дарзмолонадидаву жӯлида ё риши нотарошида надида будам. Ӯ худ зодаи пойтахт буд ва мо ҷавонони деҳотиро ҳамеша бо як тарзи бисёр бодобонаву наҷиб либоспӯшӣ, муносибат бо атрофиён, нишасту бархост дар маъракаҳо, ҳатто шинос шудан бо духтарону рафтан ба мулоқотро меомӯхт. Агарчӣ маълумоти олӣ надошт, вале ба назари ман як махзани беохири панду андарз, шеъру ғазал ва латифаву хушгӯиҳо буд. Агар дар маъракае бародархонди ман ҳузур медошт, ҳама гӯшу ҳуш шуда ӯро мешуниданд. Гоҳе панд мегуфту гоҳе онқадар механдонд, ки қоҳ-қоҳи ханда ба осмон мепечид. Ношукрӣ нашавад ман аз бародарони ҳамхун ҳам бо ӯ қаринтар будам. Се соли пеш бародархонди ман Таваккал дар пайи сактаи дил аз дунё гузашт ва ҷои ӯ дар дил ва дар канори ман холии холист. Марги ногаҳонии ӯ маро ҳам гирифтори сакта қалбӣ кард. Беҳуда ҳакиме нагуфта будааст, ки «гум кардани волидайн амри тақдир, вале гум кардани дӯст, ханҷари хунрезе бар ҷигар аст.»
Боз ҳам агар биёем ба даврони навҷавониҳои ман, масалан падарам ба ман танҳо баъди бо баҳои аъло хатм кардани мактаб ва бори дуввум барои аъло хатм кардани донишгоҳи техникӣ, сару либоси наву замонавӣ харида дод. Яъне моро чунин тарбият карда буданд, ки бо кору рафтор ва донишу маҳорати худ ҳатто сару либоси наву замонавиро ҳам бояд сазовор бошем. Ин буд, ки мо ба қадри ҳама чиз мерасидем. Ҳамон як ҷуфт шиму куртаро бо эҳтиёт мепӯшидем. Масалан он солҳо агар духтареро хостгорӣ мекарданд, ҳатман ҷониби духтар мепурсид, ки писаратон чӣ маълумот дорад ва ё хизмати ватанро иҷро кардааст ё не?
Як хубии он даврон ва он низом ин буд, ки ягон ҷавони бекорро намедидед. Агар ҳатто аз хизмати ҳарбӣ баргашта бошӣ, танҳо 10 рӯз ба ту фурсат медоданд, ки истироҳат куниву хешу таборатро хабар гирӣ. Баъдан аз ҷониби мақомот намоянда омада мепурсид, ки оё ту кор мекунӣ ё не? Он солҳо мувофиқи маълумот кор кардан ҳатмӣ буд. Ин хел набуд, ки донишгоҳро ҳамчун муаллим хатм куниву рафта ба тиҷорат машғул шавӣ.
Масалан мутахассисони ҷавон дар ҳама ҷо қадр доштанд. Агар ягон мутахасиси ҷавон ба ягон муассиса ба кор мерафт, ҳатман ӯро бо манзили зист ва шароити мувофиқи кору зиндагӣ таъмин мекарданд. Мутахассисони ботаҷриба ӯро зери қанот гирифта кор меомӯхтанд. Аз ҳар ҷиҳат парасторӣ мекарданд. Масалан ҳар роҳбари корхона ҳар моҳ ба мақомоти боло дар бораи чанд мутахассиси ҷавон тарбия карданаш гузориш медод. Касе аз куҷо ва писари кӣ буданат кор надошт. Ҳама кӯшиш ба он равона шуда буд, ки кадрҳои ҷавон, мутахассисони нав тарбият карда ба майдон бароранд, то истеҳсолот пеш равад.
Ман чандин сол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти интизомӣ, раёсати бозрасии автомбилӣ кор кардаам. Сардори баталёни махсуси ГАИ-и шаҳри Душанбе будам. Ҳамеша кӯшиш мекардем, ки дастамон пок бошад. Барои мо аз ҳама муҳим ин буд, ки ягон қонушиканӣ ва ё вайрон кардани ҳаракати роҳ аз ҷониби ронанда ва ё роҳгузарон рух надиҳад. Он солҳо талабот дигар буд. Масалан як ронанда чандин санҷишу имтиҳонҳоро мегузашт то дар сари чамбари мошин нишинад.
Ҳоло мутаассифона дар бораи кормандони ГАИ ҳарфҳои носазо баъзан ба гӯш мерсад, ки мани бознишастаро ҳам норҳинҷор месозад. Бархе аз онҳо бо тамаъкориву порахӯрӣ айбдор мекунанд. Албатта давру замон дигар мешавад. Зиндагӣ дигар мешаваду талабу шароитҳо ва мушкилоти дигарро дар пешорӯи мо мегузорад. Вале ба назари ман агар садҳо бор замона дигар шавад ҳам, ҷои инсофу адолат ва покдоманиву покдастӣ холӣ мемонад ва инсоният ҳамеша ба ин рукнҳои неки инсонӣ ниёзманд мемонад. Чунки дар ҳамин давру замон ҳам онҳоеро мардум дӯст медораду эҳтиром мекунад, ки дасту дили пок ва адлу инсоф дорад. Онеро, ки пора медиҳад, аз пасаш ҳатман мегӯяд, ки илоҳо насибат накунад!
Ман дӯсту ҳамкоре доштам бо номи Мулло Нуров. Ӯро қариб ҳама мешиносад. Вай бо дасту дили пок ва хидмати содиқонааш дар сафҳои мо, боиси ифтихори ҳамаи мо буд. Ман муддате сардори ӯ будам ва аз кору рафтори ӯ ифтихор мекардам. Ҳамин покдастиву покдилӣ буд, ки аз дасти афроди ҷиноятпеша дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба таври фоҷеабор кушта шуд. Ҳоло нишони сарисинагии ба ифтихори ӯ ҳаст, ки ба кормандони бозрасии афтомобилӣ барои хидмати шоён ва муносибати нек бо мардум дода мешавад. Агарчӣ чанд сол аст, ки ӯ дар миёни мо нест, вале ному корномааш зинда аст.
Ман чаро дар лобалои қиссаам, ки як ёдномае аз айёми ҷавонӣ ва даврони СССР буд, аз ду марди неку шарафманд ёдовар шудам? Ба он хотир, ки мехоҳам бигӯям тақдир маро бо чунин афрод ҳамнишину ҳамкор ва дӯст кард, ки барои ин неъмат аз худованд ва аз тақдир сипосгузорам. Агар андаке ман нек ҳастам, ин бо шарофати чунин мардони нек аст, ки зикрашонро дар боло кардам.
Бузургворе гуфтааст: «Ҳамнишини нек атторо монад, агар аз атраш ҳам ба ту надод, аз бӯйи хуши атраш димоғатро муаттар месозад.»
Ва бо ин дуо, ки якояки шумо азизонро низ ҳамнишини мардони нек гардонад, ба қиссаи худ ҳусни анҷом мебахшам. Худо ёратон бод!
Навиштаи Саидвалӣ Зиёвиддинов
Масъул Сафаргул Олимӣ