Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндаги ва марги Татяна Ивановна


( «Ман дар СССР зистаам»)

Он руз як рузи зимистонии хеле хунук ва хузноваре буд. Часади Татяна Ивановна, мудири пешинаи богчаи мо, охирин бевазани Рус дар махаллаи , на чандон аз шахр дури мо, синаш такрибан 60 соларо, ки барк зада кушта буд, дар хонааш ёфтанд. Вай хостааст симхои баркро ки Инспектори барк аз сабаби насупоридани хакки хизмат бурида буд, худаш аз нав пайваст кунад: барк дар чойхои мо имрузхо хеле киммат шудааст ва на хар кас пули онро сари вакт супорида метавонад.

Одатан, агар шумо пулро сари вакт насупоред Инспектори барк хати хонаи шуморо бо амбури оддие буррида мепартояд. Вале бисёр вакт агар ба Инспектор камтар «муомила кунед-чой пули» дихед , вай шуморо то мохи оянда ором мегузорад. Лекин Татяна Ивановна зани сохибгурур ва рост рафтор ки буд порадихиро напазируфтааст.

Бо вучуди ин хама он шаби замистон хеле сард буд ва зани бечора хостааст худаш симхои буридаро пайваст кунад, шояд барои каме гарм кардани хурок ё кадре гарм кардани хона… Лекин, мутаасифона, вай нозукихои кор бо баркро намедонистааст.

Е эхтимол,( ки медонад?), у худаш… хамин хел хостааст …Дар ин хол ин, албатта, анчоми дахшатноктарине мебуд!

“Чи кори бемаъние, барои барк шуда мурдан”, мегуфт Носир , яке аз хамсояхоямон. “Э -хе, имрузхо хазорон одамон барои энергия, барк мурда истодаанд”. Нафту бензин ин хама барк барин чиз аст”, ба вай чавоб дод Камол, хамсояи дигарамон, -«кишвархо барои нафту газ дар холати чанг мебошанд!»

«Ачибаш хамин, ки хануз кариб 100 сол пеш Ленин Барк ва Электрофикациякунонии СССР-ро барои сохтани Коммунизм мухимтароин чиз медонистааст»
.
“Бале, ба мо Ленини нав ва Революцияи нав лозим аст ”, гуфт хамсояи савум Анвар ва ба мардум суоломезу бо умеди дастгири нигох карда истода. Аммо одамон ин суханони уро чун як шухии ночо кабул карданд…

Падари ман мегуяд, ки дар солхои пеш, замони шурави, богчаи кудакон бо сарварии Татяна Ивановна ба як маркази ахбороти ва кумакрасони монанд буд. Мардуми тахчои ба назди Татяна Ивановна омада аз вай оиди масалахои нафака, кор ва ободонии махаллаашон маслихат мепурсиданд ; шархи таъиноти (рецепти) духтур ва тарзи истифодаи дорухоро мефахмиданд, ки он солхо хамаги ба забони руси навишта мешуданд. Вай хама чизро медонисту мефахмонд ва агар лозим шавад аз номи шумо ба калонхо бо забони руси мактуби дархости ё шикояти хам менавист.

Мардум дар ёд доштанд, ки боре Татяна Ивановна мактубхои зиёде ба чойхои гуногун навишта, баъди дар чанги Афгонистон кушта шудани як фарзанди хонаводае фарзанди дуюми онхоро аз аскари «гардонда» буд. Он рузхо мактубхои бо забони руси навишта шуда таъсири калон доштаанд: ин забон макоми махсус дошта ким чи хел бо Калонхои Кремл алокаманд дониста мешуд.

Баъди бар хам задани Итиходи Шурави хамаи русхои махалаамон ба багайр аз Татяна Ивановна ба Руссия кучида рафтанд. Ба фикрам вай моро хело дуст медошт чуноне, ки мо уро дуст медоштем. Гайр аз ин , вай боз шояд ягон умеде хам дошт, ки рузхои пешин аз нав бармегарданд.

Аммо кор ранги дигар мегирифт: богчаи кудакон хусуси карда шуд- Ким чи хел махфи ва арзон ба як бои навбаромад фурухта шуд. Ин Бойбобо онро нагзакак таъмир карда, хонаи замонавие сохта гирифт, то ки баъд бо нархи кимматтар фурушад.

Хаммаи коргарони богча бошанд, бекор монданд. Акнун бо нобуд шудани сохти шурави макоми забони руси низ паст шуд. Татяна Ивановна наметавонист хатто ба шахр, ки аз мо на онкадар дур аст, барои корёби равад: вай барои корхои сахти одди бекуват буду барои кор дар идорахои давлати забони расмии давлати сохибистиклолро намедонист. Акнун вай танхо бо хичолатмандона ва одатан арзон фурухтани ашёву ачноси хонаву рузгор , мисли мебел, табаку коса ва либос руз мегузаронд…

Холо мо хамаги, бачахо, марду зан ва пиру чавон дар назди Хонаи Татяна Ивановна чамъ шуда будем. Калонтархо ба хона медаромаданду мебаромаданд. Мо медидем ки онхо оиди гуру чуб кардани Татъяна Ивановна машварат мекунанд. Азбаски вай дар махалаамон ягона русе буд, баъди бахсу машварати зиёд хама бо мулои махаллаамон акаи Абдулло рози шуданд, ки пул чамъ карда ба Татяна Ивановна тобути руси фармоиш дихем ва часади уро ба шахр ба Калисои Руси барем то уро мувофики “расму оини аслиаш”ба хок супоранд.

Мулло Абдуллои мо инсони дурандеше мебошад ва мо уро хеле хурмат мекунем ва дуст медорем. Вай ба мо боре накл карда буд , ки Махатма Ганди, яке аз пешвоёни Хиндустон, ба марди хиндие ки ду фарзандашро дар чанг мусулмонхо кушта буданд фармуда будааст то ду ятими дигарро ба фарзанди гирад ва агар онхо, ин ду ятим, мусулмон бошанд, пас онхоро мусулмон тарбия кунад…

Мо хамчунин ба ёд овардем ки Татяна Ивановна дар богча Соли Нави мелоди ва солхои охир Наврузро хам якохангу баробар , хубу шавковар ташкил мекард. Дар иди Навруз вай ба ман хамеша тухфаи хосе таёр мекард: рузи таваллуди ман ба Навруз рост меояд…

Баъди часадро ба шахр бурдан ман ба хона баргаштам ва худро руи курпача партофтаму болиштро ба огуш кашида хеле зор-зор гиристам.

Зиндагии Татяна Ивановна ана хамин хел ба поён расид.

(тахияи Розикиен Саидмаъбуди Максад, нохияи Рудаки)
XS
SM
MD
LG