Ман ду навбат депутати шаҳрӣ ва ноҳиявӣ будам. Ман ҳоло бемори бистариям ва баъзан хондани сомонаи Озодӣ шуғли беҳтарине гаштааст бароям. Хусусан гӯшаи «Ман дар СССР зистаам» ва «Қиссаҳои Шумо» ҷолибу хонданӣ аст.
Мешавад гуфт, ман яке аз нафароне ҳастам,ки дар баробари бесарусомониҳо ва беқонуниҳои баъди ҷангӣ шаҳрвандӣ, сина сипар кардаам. Худ зарбаҳои шадид хурдам, агарчӣ зинда мондам, вале ин зарбаҳо кори худро карданд ва маро оҳиста - оҳиста ба бистари беморӣ кашонданд ва ҳоло дигар наметавонам баланд шавам ва ҳамроҳи ҳамтоёну дӯстонам ба ҷашнгоҳҳо бираваму шодиву сурур дошта бошам. Ин дар ҳолест,ки барои ман ин рӯз хеле азизу муқаддас аст. Рӯзест, ки мо тоҷиконро ба ҳам оварду сари як хон нишонд. Рӯзест, ки боз мо кинаҳоро аз дил рондему оғӯши бародарӣ ба рӯи ҳамдигар кушодем. Оштӣ шудем ва дасту чашми душманонро аз диёри азизамон дур афкадем. Рӯзест, ки барои расидан ба он ман низ дар қатори дигар ватандорони баномуси худ, лаҳзае ором набудам. Берун аз дарсҳо бе ягон супоришу хоҳиш бо ҷавонон кор мекардем, онҳоро сари андеша даъват мекардем. Бақои кишвар ва сарзаминро болотар аз ҳама хусуматҳову ғаразҳо мегузоштем. Маъниҳои баланду зиндагисози сулҳу ваҳдат ва оштиро ба шогирдон талқин мекардам. Албатта наздик овардани ин сулҳу оштӣ қурбониҳои зиёдеро дар пай дошт барои шахсан ман низ. Ва ман ин қиссаро, ки солҳои дароз дар ниҳонхонаи қалбам нигоҳ доштаам, на ба хотири аз худ гуфтану ситоиш кардан, балки барои он менависам, ки дар ин рӯҳзои ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷавонон, шогирдон бихонанду бидонанд, ки ин роҳи сулҳ барои ҳамаи мо осон набудааст ва бояд қадри ин сулҳу осоишро бидонем.
Тобистони соли 1998 буд. Ману чанде ҳамкорони дигар дар утоқи кории Сироҷиддин Бандаев, донишманди шинохта, ноиби ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ нақшаи кории моҳҳои ояндаро тарҳрезӣ мекардем. Ҳамин вақт дари утоқ бо зарба кушода шуду чанде силоҳбадастон бо сарварии қумандонашон бо номи Мустафо ворид шуданд ва бо дашному таҳқирҳои гушношунид ва силоҳ Бандаевро маҷбур карданд, ки пешниҳоде ба вазири маориф дар бораи ба вазифаи муовини ректор оид ба таълим таъин намудани як ҳамдеҳааш нависад.
Вақте Бандаев рад кард, бо қундоқи автомат ӯро зада афтонданд. Дар ҳоле, ки дигарон аз бало ҳазар гуфта утоқро тарк карданд, ман натвонистам тамошогар бошам ва ба ҳимояи ҳамкорам хестам ва хоҳиш кардам, ки ӯро назананд ва боз чанд ҳарферо барои ба худ овардани он гургсифатон ба забон овардам. Ҳайҳот, ки ин ҳарфҳо санги бархӯрда ба девори сангине буд ва силоҳдоре бо фармони Мустафо бо як зарбаи сахти қундоқи автомат, ки ба сарам бархӯрда буд, маро низ аз по афтонд. Ва дигар ёд надорам чӣ қадар маро зада бошанд.
Ман дар беморхона ба худ омадам, ки зану фарзандонам болои ҷисми нимҷонам фиғон доранд. Албатта, он замонҳои мудҳиши беқонуниҳо ва саргумиҳо паси сар ва гунаҳкорони ин ҳодиса муҷозот шуданд, вале зарбаҳои хурдаи ману Сироҷиддин Бандаев на аз ҷисм рафтанду на аз дил. Дар дил монданд, зеро чунин беқадрӣ нисбати устодону олимон бароямон сахт аламовар буд, аз ҷисм нарафтанд, зеро ҳардуи мо дар пайи он зарбаҳои ҷисмонӣ солҳост, ки шадидан беморем ва ба ҷои давлати пирӣ рондан, илоҷи дардҳои ҷонсӯзамонро аз пизишкон меҷӯем.
Акнун чанд ҷумлае дар бораи айёми наврасву навҷавони худ, ки дар солҳои СССР гузаштааст, мехоҳам ба ин қисса ё ҳолномаи худ илова кунам.
Ман яке аз онҳое ҳастам,ки дар интернат хондаву калон шудаам. Давлату ҳукумат он солҳо ба интернатҳо ва хонаҳои бачаҳо таваҷҷӯҳи хосс зоҳир мекард. Беҳтарин либосу беҳтарин хӯрокро ба мо медоданд. Беҳтарин муаллимон, ки аксарашон таҷрибаву варзида буданд, ба мо дарс медоданд.
Ман ҳоло қариб ба 70 даромадам, вале баъзе одатҳое, ки аз итернат гирифтаам, фаромӯш намекунам. Ҳарчанд ҳоло зиндагӣ на ҳамеша тахту ҳамвор аст, мушкили моливу иқтисодӣ ҳамеша моро дунимбол дорад, вале ман як одате дорам, ки хӯроки шабмондаро ҳаргиз хӯрда наметатвонам. Чунки ба мо дар инртернат 3 вақт хӯроки гарм ва серғизо медоданд. Маслан, аз як ҳалво чандин намудашро барои мо меоварданд. Сиру панир, равғани маска ва ҳасибҳои гуногуни хушмазза, медоданд,ки ҳанӯзам таъмашон аз даҳонам нарафтааст. Палтое, ки дар итернат ба ман дода буданд, бо хушдӯхтиву шинамӣ ҳатто се соли донишҷӯӣ ҳам маро аз сардиҳои зимистон ҳифз карда буд.
Мо агарчӣ хурд будем, вале эҳсос мекардем, ки то чӣ андоза давлату ҳукумат аз мо ҷавонони бепарастор, ки дар инртернатҳо таҳсил мекардем, умедҳои бузург дорад. Мо вақте даҳсоларо хатм кардем, маъмурияти интернат моро то донишгоҳҳо роҳбаладӣ кард. Ва чандин имтиёзҳое низ ҳукумат дар ихтиёри мо гузошта буд, ки роҳи моро дар оянда барои гирифтани ихтисос ва ҳаёти мустақилона ҳамвор сохт.
Ман риштаи химия ва биологияи Донишгоҳро хатм карда беш аз 40 сол дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ба ҷавонон ин фанро омӯзондам. 10 сол декани факултаи кимиё будам. Панҷ соли охир, то бистарӣ шуданам дар Вазорати маорифи кишвар кор кардам. Муаллифи 187 рисола ва корҳои илмӣ оид ба кимиё ва кимиёи органикӣ ҳастам. Китобҳои дарсии синфои 8, 10, 11 зери таҳрир ва тозакориҳои банда нашр шудаанд.
Мутаассифона, солҳои охир вазъи зандагӣ номи бархе ҳамтоёни маро бо ришваву фассод доғдор кард. Солҳои баъди ҷангӣ мушкили иқтисодӣ аз бари ман низ бетаъсир убур накард. Вале ман боре ҳам ба касбу кор ва номи баланди омӯзгор хиёнат накардам. Ҳаргиз чашми тамаъ ҷониби шогирдон надоштам. Як рӯзу як лаҳза аз кор дур набудам. Ёд надорам, ва шояд шогирдонам низ ёд надошта бошанд, ки дақиқае онҳоро интизор карда бошам ва ё бе ягон сабаб ба ҳузури шогирдон нарасида бошам.
Бо ин гуфтаниам, ки чуноне ман дар тӯли зиндагиам мушоҳида кардаам, аксари ҳамсолону ҳамсабақони ман, ки тарбияи он давронро гирифтаанд, одамони поквиҷдону покдилу покдастанд. Зеро барои мо ҷавонони он айём, манзурам СССР аст, чунин хислатҳои номатлуб, ба монанди дуруғгӯӣ, ҳаққимардумхӯрӣ, тамаъҷӯиву тамалуқкорӣ, бекорхӯҷагиву танбалӣ ва ё чуноне ҳоло ба назар мерасад, лафзи носазову дашному ҳақорат, бегонаи бегона буд.
Чизи дигереро мехоҳам зикр кунам, пошхӯрии СССР чанде аз нақшаҳои муҳими маро ба ҳам зад. Ман ки ният доштам доктарантураро дар Маскав хатм карда рисолаи илмии худро дар он шаҳр ҳимоя кунам, дар нимароҳ монд. Тамоми ашёву таҷҳизоти лабараторияҳои донишгоҳ дар қатори дигар дороиҳои СССР ба яғмо рафтанд. Масалан системаи тозакунии ҳаво дар лабараторияҳо, ки бо маблағҳои калон насб шуда буданд, дуздида шуданд, ки тайи 20 соли истиқлолият бино ба набуди маблағ барқарор карда нашудаанд. Ана ҳамин ҷиз ҳам сабаби дигари бистрӣ шуданӣ ман гашт. Яъне аз бӯю ғуборри газҳои зарарноки кимиёӣ, ки ман ҳангоми таҷрибаҳо фурӯ мебурдам, ба шушҳоям осеби сахт расониданд. Ин аз як сӯ ва аз сӯи дигар лату кӯби ситлоҳдорон маро шадидан аз по фиканд.
Ман дар тӯли ин муддате, ки беморӣ мекашам, як маъниро хуб дарк кардам, ки барои одамӣ дар ин умри гузаранда танҳо нек будану пок зистан мондагор будаасту халос. Боқӣ ҳамааш гузаранда будааст.
Шояд ҳамин дасту дили пок ва садоқат ба касбу кор будааст, ки аз тамоми гӯшаву канори кишвар шогирдон ба аёдати ман меоянд ва ба ман эҳтиром қоиланд. Арзи сипос ба вазири маорифи кишварам, ба Абдуҷаббор Раҳмононов дорам, ки борҳо ба сарвақтам расидаву кӯмакҳои молӣ кардааст. Пас чӣ сон бовар кунам, ба ҳарфи ёвагӯе, ки мегӯянд, «Ҳоло замона ҳамин хел аст. Ҳамаи муаллимон пора мегиранд ва зиндагиашон шоҳона мегузарад». Бале мегузарад, вале рӯзи ҳисоб, вақте туву виждонат дар танҳои рӯ ба рӯ ҳам қарор мегиред, посухи амал чӣ хоҳад буд?
Бо истифода аз фурсат тамоми ҳамтоён, шогирдон ва аҳли зиёи кишварро бо солгарди Рӯзи ваҳдат ва оштии миллӣ сидқан муборакбод мегуям.
Абдуалим Ҳайдаров, номзади улуми кимиё, бознишаста.
(Масъули бахш Сафаргул Олимӣ)