Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Падруд”-и Ватслав Ҳавел


Ватслав Ҳавел
Ватслав Ҳавел

Моҳи оянда филми нави собиқ президенти Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел “Падруд” рӯи пардаи синамохонаҳо хоҳад омад.

Ҳавел, собиқ дигарандеш ва пешвои инқилоби махмалии Чехословакия дар соли 1989 ҳамчунин нависанда ва драмнависи маъруф низ мебошад.

Бори аввал ин қисса дар соли 2008-ум дар яке аз театрҳои Ҷумҳурии Чех намоиш дода шуд. Дар он собиқ раҳбари яке аз кишварҳо бояд вазифаашро ба раҳбари тозаинтихоб шуда супорад. Ба ин раҳбари собиқ ҳушдор дода мешавад, ки агар ӯ дар мазҳари ом аз раҳбари нав пуштибонӣ накунад, ӯро аз хонаи боҳашамати давлатӣ берун хоҳанд кард.

Номи раҳбари нав Властик Клейн мебошад. Ҳавел мегӯяд, ки қисса тарҷумаи ҳоли ӯ нест, вале коршиносон бо ишора ба шабоҳати номи вориси тахти Ҳавел, президентии кунунии чех Ватслав Клаус бо Ҳавел мувофиқ нестанд.

Дар як сӯҳбат бо Ҳавел хабарнигори Радиои Озодӣ Грегорӣ Фейфер аз ӯ пурсид: Дар тӯли тахминан бист соле, ки ин асар таҳияву танзим шуд, оё идеяи он тағйир наёфт, фикри шумо дигар нашуд?

Ватслав Ҳавел: “Он идеяе, ки аслан 22 сол пеш ба сарам омада буд, зиёд тағйир наёфтааст. Ман онро бо баъзе унсурҳои таҷрибаи шахсиам ғанӣ гардондам. Масалан, тақсими моликият ба давлативу хусусӣ. Ин як амали ногувор аст, ки ман ҳангоми хатми раёсатҷумҳуриам дар Қасри Прага пушти сар кардам. Ҳамин гуна баъзе унсурҳои хурди ҷроиберо ба идяеи асосӣ шомил кардаам.”

РО: Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки раисҷумҳури Миср бо ҳар роҳу восита кӯшиш дорад, аз барканоршавиаш ҷилавгирӣ кунад. Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Ватслав Ҳавел: “Агар аз таҷрибаи худам гӯям, ба фикрам вақти он расидааст, ки ҷонибҳо бояд ба мувофиқате расида, эътирозҳоро хотима бахшанд. Ҳар рӯзи идомаи эътирозҳо хавфи хушунат, фирори зиндониён ва зӯроварӣ афзоиш меёбад. Хуллас, қатъи эътирозҳо ба нафъи ҳар ду тарафи аст. Режими феълӣ бояд ба гузаштҳои назаррас ҳозир бошад. Ман шахсан фикр мекунам, ки президент Муборак кори зиёдеро ба нафъи Миср ба анҷом расонд ва ҳоло ӯ бояд барк кунад, ки замони рафтанаш ҳам фаро расид.”

РО: Шумо кишварҳои ғарбиро бо он танқид мекунед, ки ба Русия имтиёз медиҳанд. Вале тавре мебинем, баъзе кишварҳои алоҳидаи аврупоӣ, аз ҷумла ҷумҳурии Чех имкон медиҳанд, ки Русия ҳизбҳои сиёсии онҳоро сармоягузорӣ кунад, бо истифода аз заъфи мақомот дар мубориза бо фасод созишҳои хуби иқтисодӣ ба даст орад ва боз ҳам ба фикри онҳо Вашингтон масъули чунин вазъ аст,зеро аз беҳбуди равобит бо Маскав ҷонибдорӣ мекунад?

Ватслав Ҳавел: “Ман фикр мекунам, ки сиёсати хориҷии Русия хеле ҳам бо таҷриба аст. Дар равобит бо онҳо бояд аз эҳимёт кор гирем, зеро Русия имкон дорад, ки кишварҳоро таҳти фишор қарор диҳад. Аз ҳама муҳим ин аст, ки равобити Ғарб бо Русия бозу самимӣ бошад, дар ҳоли баръакс дӯстӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ин маънои онро дорад, ки ҳар нафаре бояд имкон дошта дошад, ки дар вохӯриҳову конфронсҳо ба таври озод масъалаҳоро матраҳ намояд. Набояд мо бо назардошти газу нафт ва ё дигар манфиати иқтисодӣ аз Маскав, аз арзёбии куштори рӯзноманигорон дар Русия, поймолшавии ҳуқуқи башар дар ин кишвар ва ё масъалаи дигар худдорӣ кунем. Ин мушкил бузург аст, вале он дар равобити мамолики ғарбӣ бо кишварҳои араб низ ба чашм мехӯрад. Суол ин аст, ки чӣ гуна миёни манфиатҳои иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқи башар як мувозинате дарёфт шавад. Одатан ҳуқуқи башар фаромӯш мешаваду қимати бузургтаре пардохт мешавад.”
XS
SM
MD
LG