Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ман акнун фаҳмидам, ки модари тоҷик доштаам


шаҳри Днепропетровск
шаҳри Днепропетровск

Номи ман Зафар, 37-сола, сокини шаҳри Днепропетровск. Зафар исми мустаори ман аст. Чаро намехоҳам худро ошкор кунам? Аз ҳолномаам хоҳед фаҳмид.

Қиссаи зиндагии ман ба зиндагии садҳо кӯдакони ятим шабеҳ аст, ки маҳсули хато ва ё пушаймонии волидони худ буда, айёми тифлиашонро дар миёни чаҳор девори сарду дилгири ятимхона мегузаронанд.

Шояд ин ҳолномаи ман барои дигарон ғайриодиву аҷиб набошад, вале ба он хотир мехоҳам сарнавиштамро дар миён гузорам, ҳадди ақал як зани фарзандбезорро сари андеша орад. Ва онҳо дарк дарк кунанд, ки ин тифлакон рӯзе бузург мешаванд, вале ғами танҳоиву ятимӣ мисли захми бедавое дилҳояшонро ранҷ медиҳад ва аз одаму олам дилсардашон месозад.

То чаҳорсолагиам гумон мекардам, ки ятимхона хонаи мост ва холаи Сония, мураббии мо, ки ӯро "оча" гуфта фарёд мекардам, модари ман аст.

Холаи Сония зани миёнсоли фарбеҳ, аммо хеле меҳрубон буд. Ба назарам чунин менамуд, ки ӯ маро аз дигарон дида бештар дӯст медорад. Шояд дигар бачаҳо низ ҳамин хел гумон доштанд, ки баъзан "оча" гуфта холаи Сонияро садо карданҳои ман, бо лату кӯби писаракони ҳамсолам, ки аз ман бақувватар буданд, анҷом меёфт.

Ҳангоми маро муштборон карданашон мегуфтанд, ки "оча" нагӯ! Вай очаи ман аст, очаи ту нест! Барои ман сахттарин лаҳзаҳо ҳамин буд, ки дар рӯзҳои истироҳат ва идҳо баъзе кӯдаконро модар, падар ва ё хешу таборонашон хабаргирӣ меомаданд. Дар харакҳои ҳавлии ятимхона нишаста, суҳбат ё бозӣ мекарданд. Ману дигар ҳамсолонам аз тирезаи ятимхона онҳоро дида, гиря мекардем ва мураббиҳоямон моро ба зӯр аз назди тирезаҳо кашолакунон ба ҳуҷраҳои бозӣ ва ё хоб мебурданд.

Вақте ман ба синни панҷсолагӣ расидам, ёдам ҳаст, ки рӯзе мудир маро худаш либосҳои наву зебо пӯшонида, аз дастам гирифт ва бо меҳрубонӣ ба утоқи кораш бурд. Вай як зану мардро нишон дода ба ман гуфт, ки инҳо падару модари туанд. Онҳо туро гум карда буданд. Чандин вақт кофта, акнун ёфтанд ва мехоҳанд туро бо худ бубаранд.

Ҳамон лаҳза хуб дар ёдам мондааст, ки давида худро ба бағали он зани ҷавону малламӯй партофтам ва бӯйи муаттари атраш, ки хеле гуворо буд, диламро аз шодиву сурур лабрез кард.

Воқеан, ин хаёли тифлонаи ман ба ҳақиқат табдил шуд ва ин зану шаҳвар, ки худ рустабор буданд, мани тоҷикро мисли фарзанди хунии худ дӯст доштанду бо ҳазорон меҳру муҳаббат парвариданд. Ман, ки ягона фарзанди онҳо будам, чизеро аз ман дареғ намедоштанд.

Модари ман ҳисобдор ва падарам муҳандиси сохтмон буд. Хонаи калону зебо ва барҳавое дар маркази Душанбе доштем.

Вақте дар синфи 10-и мактаби миёна мехондам, нооромиҳо дар Тоҷикистон шурӯъ шуданд ва хонаводаи мо роҳи ватани бобоии худ, шаҳри Днепропетровскро пеш гирифтанд.

Баъдтар фаҳмидам, ки сабаби тарк кардани Тоҷикистон танҳо нооромиҳо ва шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ набудааст, балки модари биоологии ман, яъне оне, ки маро зодааст, ба ҷустуҷӯям афтодааст. Ҳамон вақт вай ба ятимхона рафтаву бо гиряву нола илтиҷо кардааст, ки нишонии падару модархонди маро ба ӯ диҳанд. Гӯиё он вақт ҷавон будаасту беақл ва ҳоло мехоҳад маро ёбад ва худаш тарбия кунад.

Ҳоло зану ду фарзанд дорам. Падарам нафақахӯр асту ду соли пеш модарам аз диабет фавтид. Дар ним соле, ки модарам бистарӣ буд, худам нигоҳубинаш мекардам. Дар шаби охирини умраш бо оби дидаи шашқатор сарамро ба оғӯшаш гирифту асрори фарзандхонии маро кушод.

Вай гуфт: "Модарат чандин сол аст, ки туро мекобад ва мехоҳад пайдо кунад.Сабаби асосии кӯч бастанамон аз Душанбе ҳам ҳамин аст. Ту акнун марди комил ҳастӣ, худат медонӣ, ки чӣ кор кунӣ."

Ман суханони модарамро гӯш мекардаму аз дилам ин андешаҳо мегузаштанд:
"Оҳ очаҷон, ту фикр мекунӣ, ки ман он вақт хурд будаму ҳеҷ чиз дар ёдам нест. Афсӯс, ки чунин нест. Ман солҳои ятимӣ, танҳоӣ ва чашминтизориҳоямро дар роҳи модар дар ятимхона хуб дар ёд дорам. Вале боре забон накушодам, ки мабодо туро наранҷонам..."

Риштаи хаёлоти маро садои ҳазини модарам барканд, ки мегуфт: "Агар мехоҳӣ, ӯро ёб" ва як коғазеро ба дастам дод, ки дар он нишонии ятимхона дар шаҳри Душанбе навишта шуда буд. Ва илова кард, "дар ятимхона адреси модаратро медонанд. Маро бубахш писарам!"

Ҳаяҷонзада будам ва чизе қафаси сина ва гулӯямро сахт фишор медод, якбора зимоми гиряро сар дода, сари модарамро ба оғуш гирифта ва гуфтам: "Ман якто модар дорам, ки ин туӣ, фаҳмидӣ, фаҳмидӣ..."

Вақте каме ором шудам, дидам ки чеҳраи зарду заъфаронии модарам, ки муддатҳо аз дарди шадид коҳидаву камранг ба назар мерасид, каме ранг даровард ва аз ҷабинам бӯсиду ба хоб рафт. Субҳи ҳамон шаб модарам дунёро тарк гуфт.

Ман ҳоло ҳамчун муҳандис-дизайнери сохтмон дар зодгоҳи модарам, шаҳри Днепропетровск кор мекунам. Зиндагии хубе ба сар дорам. Намедонам, шояд ягон рӯзе хумори модар боло гираду маро ба ҷустуҷӯи модари фарзандбезоарам андозад.

Шояд ӯро ягон вақте нафрату ранҷишамро фурӯ нишонда тавонам бубахшам, вале бовар надорам, ки тамоми кӯдакони партофташуда ва парвардаи ятимхонаҳо модарони номеҳрубонашонро бахшида тавонанд.
XS
SM
MD
LG