Зоҳиран, ба назар мерасад, заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Иттиҳоди гумрукии Русия, Беларус ва Қазоқистон то рафт қавитар мешаванд ва давлатҳои узв дар тасмими худ босуботанд.
Аммо ба ақидаи иқтисодшиноси қирғизи муқими Женева Чулпон Оразбекова, бо вуҷуди ин талошҳо се кишвар ба самти бунбасте ҳаракат доранд ва гузашта аз ин вақте, ки онҳо Қирғизистону Тоҷикистонро аъзои навбатии ин иттиҳоди мешуморанд, барои ду кишвари кӯчак узвият дар ин иттиҳод мушкилоти ҷиддие эҷод хоҳад кард. Дар робита ба шарҳе, ки ин таҳлигар ба нашр расондааст, вай мавзеъгириии бадбинонаи худро чунин шарҳ дод:
Посух: Ман умуман ба ояндаи ин иттиҳоди гумрукӣ бовар надорам, зеро агар ба даҳ соли озхир нигоҳ кунем, Беларус ва Русия аъзои чунин иттиҳод ва ҳатто иттиҳоди ду давлат буданд. Онҳо мехостанд, муттаҳид шаванд ва кори босамаре дошта бошанд, вале ин орзу амалӣ нашуд. Дар ин муддат Беларус дар нисбати Русия 24 маҳдудияти тиҷоратӣ ва Русия барои молу колои Беларус 15 маҳдудият ҷорӣ карданд. Мушкил дар он аст, ки тарафҳо ихтилофоти сиёсии худро ба иқтисодиёту тиҷорат бор мекунанд. Кафолате нест, ки чунин ҳолат дар байни дигар аъзои иттиҳоди нав ба вуқӯъ намепайвандад. Иллати асосӣ ин аст, ки Русия ташкили ин иттиҳодро ба ҳайси як тарҳи геолполитикӣ баррасӣ мекунад. Худи Русия 17 сол боз талош дорад ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шомил шавад, вале наметавонад ва инро кори дасти Иёлоти Муттаҳида мешуморад. Ҳоло бо ташкили Иттиҳоди гумрукӣ Русия мехоҳад, нуфузи худро нишон диҳад. Ин бозии қудратҳои ҷаҳонист, аммо дар натиҷа кишварҳои хурде мисли Қирғизистону Тоҷикистон зиён мебинанд. Қирғизистон аввалин кишвари Шӯравии пешин аст, ки ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дохил шуд ва ҳоло аз имтиёзҳои он истифода мекунад. Узвияти он дар Иттиҳоди гумрукӣ ин имтиёзҳоро барҳам медиҳад. Вазъи Тоҷикистон каме фарқ мекунад. Зоҳиран, гӯё манфиатҳояш дар Иттиҳоди гумрукист. Дуруст аст, ки зистани Қирғизистону Тоҷикистон бе Русия ва Қазоқистон мушкил аст, аммо беҳтарин ҳолат ин мебуд, ки агар ҳамаи ин кишварҳо узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат мешуданд ва ин як ҳолати идеол буда метавонист.
Пурсиш: Хуб, бубинед, нақшаи Русия низ ҳамин аст, аммо танҳо бо ин тафовут, ки аввал ҳамаи кишварҳо шомили Иттиҳоди гумрукӣ мешаванд ва ин иттиҳод ҳамаро ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ворид менамояд. Магар ҳамин тавр нест?
Посух: Медонед, моҳи октябр, дар Женева мулоқоти ҳамаи ин кишварҳо, Қазоқистон, Беларус, Русия ва намояндагони Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат баргузор шуд. Аммо Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, ҳамаи онҳо намедонанд, чӣ кунанд, зеро низомномаи созмон узвияти коллективона надорад. Ва то ҳанӯз як чунин чизе дар таърихи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат рух надодааст. Сарвазири Олмон, Ангела Меркел изҳори умедворӣ кард, ки ин мушкил вазъи масъала, яъне узвияти кишварҳоро дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ба мушкил рӯбарӯ нахоҳад кард. Ман фикр мекунам, кор хеле мушкилтар хоҳад шуд ва ба камияш 6-7 соли дигар даркор мешавад, то ҳалли мушкил маълум гардад. Ман намефаҳмам, он чӣ ҳалле хоҳад буд. Ба назари ман, ин ғайривоқеист.
Пурсиш: Шумо дар шарҳи худ, ки имрӯз ба нашр расидааст, зиёни эҳтимолӣ ба вазъи Қирғизистонро аз ин ҳолати нав қаламдод кардед. Аммо ҳамчун коршинос дар бораи Тоҷикистон чӣ гуфта метавонед?
Посух: Ба фикри ман, мушкилоти Тоҷикистон ба андозаи Қирғизистон сангин нахоҳад шуд, аммо ба сурати умум нархҳо боло хоҳанд рафт. Ба ду сабаб. Аввалан, таруфаҳои гумрукӣ боло хоҳанд рафт, ки ба нарху наво таъсир хоҳад кард. Дувум, то ҷое ки ман медонам, Тоҷикистон ҳоло аз Чин молу коло мегирад. Моли Чин асосан ба воситаи ду кишвар -- Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ ворид мешавад. Моли арзон аст, ки қудрати мардум ба харидӣ он мерасад. Бо узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ ин роҳҳо баста мешаванд. Тавре медонед, дар кишварҳои мо, Қирғизистону Тоҷикистон иқтисодиёт чандон пешрафта нест ва мардум асосан аз моли арзони чиноӣ истифода мекунанд. Мушкил дар ин аст, ки пас аз узвият дар Иттиҳоди гумрукӣ гузаргоҳи моли чинӣ баста мешавад ва мардум ин канали моли арзонро аз даст медиҳанд.
Пурсиш: Яъне Шумо гуфтан мехоҳед, ки ҷои он молро молу колои Русия, Беларус ва Қазоқистон мегирад?
Посух: Бале, як чунин манфиате дар миён аст. Аз сӯи дигар, агар Қирғизистонро гирем, мардум на танҳо аз моли чиноӣ истифода мекард, балки бо хариду фурӯши он ва ҳатто реэкспорти он ба кишварҳои дигари шӯравии собиқ пуле ба даст меовард. Масалан, ду бозори калонтарини Қирғизистон -- Дурдой ва Қаросӯ махсуси тиҷорати моли Чинанд. Аз замон сар шудани гуфтугӯҳои Иттиҳоди гумрукӣ гардиши мол дар ин бозорҳо ба сурати умум 70 дарсад поён афтод. Агар ин манбаи даромад аз дасти мардум гирифта шавад, бубинед, чӣ қадар мардуми қашшоқ пайдо хоҳад шуд. Мардум ҳайрон мондааст, ки чӣ хоҳад шуд.
Пурсиш: Вале, бубинед, дар замони шӯравӣ моли Русия ва кишварҳои дигари шӯравии пешин барои бозорҳои Тоҷикистону Қирғизистон кофӣ буд ва онҳоро таъмин мекард. Ҳоло иқтисодиёти онҳо дар ҳоли пешравист, чӣ бадӣ хоҳад дошт?
Посух: Медонед, ки чаро моли Чин ин қадар арзон аст. Зеро Чин узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст ва моли худро бино бар муқаррароти он ба бозор мебарорад. Аммо моли Русия ва Қазоқистон ин гуна арзон нахоҳанд буд, онҳо гаронтар хоҳанд буд.