Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сохтмони Роғун тағйире наафтодааст


Дар шароите, ки мухолифатҳо ба бунёди нерӯгоҳи Роғун идома дорад ва Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар СММ онро "таҳдиди марговар ба вазъи экологии минтақа" номид, бархе аз расонаҳо аз таъхири сохтмони Роғун хабар доданд. Аммо мақомот мегӯянд, тағйире дар ин сохтмон пеш наомадааст.

Бархе аз хабаргузориҳо гуфтаанд, ба иллати идомаи бозрасии фаннӣ аз тарафи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, нақшаи бастани маҷрои рӯди Вахш зимистони имсол ба вуқӯъ нахоҳад пайваст. Ин таҳқиқ, ки 20-уми апрели соли равон сар шудааст, қарор аст, 18 моҳ давом кунад ва тайи ин муддат танҳо корҳои бозсозию омодагӣ ҷараён гирифта, иҷрои тарҳи асосии сохтмон номумкин аст.

Барои дарёфти иттилои дасти аввал ва рӯшан кардани воқеияти ҳол мо бо раиси дафтари матбуоти Ҷамъияти саҳҳомии бози "Нерӯгоҳи Роғун", Саидқул Қурбонов мусоҳиб шудем, ки гуфт, ҷаҳбаи кор дар сохтмон коҳиш наёфта, ҳоло дар он зиёда аз 7 ҳазор коргар кор мекунад ва харҷи корҳо моҳона то 45 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Мусоҳиба бо Сайидқул Қурбоновро ин ҷо бишнавед:

XS
SM
MD
LG