Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи дастовардҳои варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур нақл мекунем.
Дар Олимпиадаи наврасон, ки дар Сингапур 14-уми август шурӯъ шуд, ҳудуди 3600 варзишгар аз рӯи 29 намуд қувваозмоӣ мекунанд. Синни ширкаткунандагони Бозиҳо вобаста ба навъи варзиш аз 14 то 18-сола мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳо раисиҷумҳури Сингапур Селлапан Раманатан, бозиҳоро кушода эълон кард.
Жак Рогге, президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ, зимни суханрониаш дар ин маросим гуфт: «Мо саҳифаи нави таърихро боз мекунем. Аз ин лаҳза варзишгарони наврас аз тамоми ҷаҳон соҳиби Олимпиадаи худ шуданд».
Сипас дар саҳнаи «Марина-бей»-и шаҳри Сингапур, ки маросими кушоиши Бозиҳо доир шуд, парчами олимпӣ барафрохта, оташи олимпӣ фурӯзон гардид. Маросими кушоиши бозиҳо бо ширкати 7 ҳазор ҳунарпеша хеле рангину шавқангез сурат гирифт.
Дар ин маросим ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 13 нафар иштирок намуд. Гуштигир Баҳодур Қодиров парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон буд.
Нахустин медали Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур Шукрона Шарифова ба даст овард. Ин варзишгардухтари 15-солаи тоҷик дар сабқати таэквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм соҳиби медали биринҷӣ гардид. Шукрона дар қувваозмоии аввали худ бар рақибаш Ли Заои, аз Чин, пирӯз шуда, ба нимфинал баромад. Вале Шукрона дар даври ниманиҳоӣ аз Ирина Ромолдановаи укроинӣ мағлуб гашт ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Хабарнигори радиои Озодӣ тавассути телефон бо Шукрона Шарифова ва мураббиаш Ҷамшед Абдуҷабборов, ки дар ҳамин ҳол дар Шаҳраки олимпии Сингапур ба сар мебаранд, ҳамсӯҳбат шуд. Мусоҳиба ба шунавандагони маҷалла пешкаш мешавад.
Баҳодур Қодиров, варзишгари дигари тоҷик, дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур дар сабқати гуштии озод медали нуқра ба даст овард, ки ин медали дуввуми Тоҷикистон дар ин бозиҳо ба шумор меравад.
Паҳлавони 16-солаи тоҷик дар рақобатҳо дар вазни то 63 килограмм нахуст бар Муҳаммад Боудраи алҷазоирӣ бо ҳисоби 4:0 дастболо шуд. Баъдан Амадеус Перейраро, аз Гвинея-Бисау, бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард. Баҳодур бар рақиби севумаш Квинтон Мурфий, гуштигири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.
Ба ин тартиб Баҳодур Қодиров дар гурӯҳи «В» мақоми аввалро касб карда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз гуштигири Русия Азаматбӣ Пшнатлов, ғолиби гурӯҳи «В», бо ҳисоби 0:4 мағлуб шуд ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Баҳодур Қодиров ва устодаш Абдурозиқ Олимов, мураббии варзидаи гуштии озод, пешкаши шунавандагон мешавад.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Шаҳраки олимпии Сингапур ба сар мебарад. Мо бо Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, намояндаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, сӯҳбати телефонӣ анҷом додем.
Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.