Балаҷон Эшонов, сокини Сорбоғ, мегӯяд, Бунёди Оғохон бо як тарҳи 16 ҳазордолларӣ аз дарозои 7 километр ба ин деҳа об овард ва он ҳама азобҳои беобӣ инак пушти сар шуд.
Маҳмадӣ Шарифов, масъули бунёди байналмилалии Оғохон дар минтакаи Рашт, мегӯяд, аз фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон 15 сол пур мешавад. Вай, ки дар ҷамъи як гурӯҳи хабарнигорон тарҳҳои ин созмон дар минтақаи Раштро муаррифӣ мекард, гуфт, дар ин водӣ деҳае нест, ки дар он Бунёди Оғохон лоиҳаҳои худро амалӣ накарда бошад:
«Аз ноҳияи Файзобод то Ҷиргатол мо дар 481 деҳа фаъолият мекунем ва дар ҳар кадом аз ду то се барнома, аз ҷумла бунёди мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, сохтмони каналу роҳҳо, бунёди боғҳо ва амсоли инро амалӣ кардаем».
Нақши бонки Оғохон дар пешрафти соҳибкорӣ дар минтақа
Дар минтақаи Рашт ҳамчунин филиали бонки молиявии хурди Оғохон фаъолият мекунад, ки ҳазорон нафар муштариён аз ин бонк ба хотири тиҷорату соҳибкорӣ қарз гирифтаанд.
Анвар Мирзошарифов, сокини рустои Шул, мегӯяд, ӯ тиҷорати худро дар чанд соли пеш бо гирифтани ҳамагӣ 200 доллари қарз аз Бунёди Оғохон шурӯъ намуда, феълан ҳаҷми тиҷораташ аз сад ҳазор доллар ҳам гузаштааст. Ӯ ҳамчунин аз ҳисоби даромади худ як коргоҳи дузандагиро дар ҳаҷми 90 ҳазор доллар сохтааст, ки дар садади кушодашавӣ қарор дорад.
Ҳамин аст, ки намунаҳои тавлидоти тарҳҳои амалинамудаи Бунёди Оғохон дар водии Рашт дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор шудаанд. Соҳибкор Илҳомиддини Сироҷ мегӯяд, маҳсулоти коргоҳи вашинабарории ӯ дар намоишгоҳи байнулмлилалӣ дар шаҳри Тошканд беҳтарин намунаи тавлидот дар Осиёи Миёна эътироф шудааст. Вай гуфт, фаъолияти худро бо қарзҳои гирифтааш аз Бонки молиявии хурд оғоз карда, дар ҳоли ҳозир тамоми минтақаи Раштро бо вашина ва ё худ мумварақи занбур таъмин мекунад.
Навовариҳои Бунёди Оғохон дар Рашт
Коршиноси маҳаллӣ Рустам Одилов мегӯяд, тайи ин ҳама солҳои фаъолият имкон дошт боз ҳам корҳои бештаре анҷом шавад. Аз назари ӯ, агар бо кумаки ин созмон корхонаҳои хурди тавлидотӣ дар манотиқи кӯҳистон бештар бунёд мешуд, дар таъмини ҷойҳои корӣ, ки аксари мардум ба он ниёз дорад, мусоидат мекард.
Маҳмадӣ Шарифов, масъули бунёди Оғохон дар минтақаи Рашт, мегӯяд, солҳои ахир онҳо барномаҳои омӯзишии зиёдеро рӯи даст гирифтаанд. Ба гунаи мисол нахустин нерӯгоҳи бодӣ дар Тоҷикистон, намунаҳои обдиҳии қатрагӣ, кишти анвои нави зироат, ташкили гармхонаҳо, овардани бузҳои осморӣ аз кишвари ҳамсояи Афғонистон ва ба ин монанд садҳо тарҳҳои дигар навовариҳое маҳсуб мешаванд, ки ин созмон роҳандози кардааст.
Масъулини Бунёди Оғохон дар Рашт гуфтанд, ин созмон дар амалисозии барномаҳои гуногун соли равон дар водии Рашт 550 ҳазор доллар тахсис додааст. Соли гузашта низ барномаҳои Бунёди Оғохон беш аз миллион доларро ташкил медод.