Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амиқрафти бӯҳрон дар Юнон


Баъд аз он ки оҷонси рейтингии “Standard & Poor” дараҷаи қарзии давлатии Юнонро поин бурд, бӯҳрони иқтисодии он кишвар боз ҳам амиқтар гашт. Оҷонси мазкур дараҷаи қарзии Португалияро низ чанд зина поин оварда, гуфтааст, ин коҳиш дар натиҷаи сиёсати заифи иқтисодӣ ва андозситонӣ ба амал омадааст. Баъд аз пахши ин баёния бозорҳои саҳҳомии Юнону Португалия сарозер шуданд.

Ҳангоме, ки ширкати рейтингӣ дараҷаи қарзии ягон кишварро поин мебарад, ин маънои онро дорад, ки сармоягузорӣ ба иқтисоди ин кишвар хатарнок аст. Тибқи қоидаҳои баъзе муассисаҳои молӣ онҳо ҳақ надоранд, ки ба иқтисоди чунин кишварҳо сармоягузорӣ кунанд.

Барои баромадан аз бӯҳрон Юнон аз кишварҳои минтақаи гардиши пули евро ва Сандуқи байналмилалии пул 45 миллиард евро дархост намудааст, аммо барои гирифтани ин сармоя ҳукумати Юнон бояд шартҳои муайянро иҷро кунад. Таҳлилгарон бовар надоранд, ки Юнон метавонад иқтисодашро ба шартҳои мазкур мувофиқ кунонад.

Кишварҳои минтақаи евро ва Сандуқи байналмилалии пул омодаанд, то ин сармояро ба Юнон ихтисос диҳанд, аммо бузургтарин сармоягузор - Олмон мунтазир аст, то ҳукумати Юнон дар самти иҷрои тарҳи баромадан аз бӯҳрон қадамҳои устувортар бардорад. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфтааст, то замоне, ки Юнон як тарҳи дарозмуддат пешкаш накунад, ҳукуматаш ҳатто як сент ҳам ҷудо нахоҳад кард.

Вазири молияи Юнон Георг Папаконстантину мегӯяд, то рӯзи 19-уми май кишвараш бояд наздик ба 9 миллиард евро барои пӯшонидани қарзҳое, ки мӯҳлаташон гузаштааст, пардохт кунад.

Комиссионери Иттиҳоди Аврупо дар умури буҷа Янус Левандовский гуфт, тибқи тарҳи буҷаи Аврупо барои соли 2011 Юнон бояд ба ҳайси кумаки минтақавӣ дувуним миллиард евро дарёфт кунад. 700 миллиони дигар ба бахши кишоварзии он кишвар ҷудо хоҳад шуд.

Дар посух ба нигарониҳои Ангела Меркел вазири молияи Юнон гуфт, барои коҳиши касри буҷа ва қарзи миллӣ Юнон чораҳо ва сиёсатҳои иловагии мушаххас рӯи даст хоҳад гирифт. Чораҳои сахтгиронаи ҳукумати Юнон бо мухолифати сахти мардуми кишвар рубару шудааст. Ҳамин тавр, садҳо халабони низомии кишвар бо баҳонаи маризӣ ба кор набаромаданд. Бузургтарин иттиҳодияи касабаи Юнон мехоҳад рӯзи 5-уми май бар муқобили ин чораҳои ҳукумат тазоҳуроти умумӣ ташкил кунад.
XS
SM
MD
LG