Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пиряхи Федченко об мешавад?


Донишмандону кӯҳнавардоне, ки ҳамасола барои фатҳи қуллаҳои Исмоили Сомонӣ, Корженевский ва Масквина ба қаламрави ноҳияи Ҷиргатол меомаданд, аз обшавиии босуръати пиряхҳои кӯҳистони минтақаи шарқи кишвар ва пайдоиши рахна дар болои онҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.

Аз ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол, ки дар 300-километрии шарқи пойтахти кишвар қарор дорад, наздиктарин роҳ ба қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва пиряхҳои Федченкову Турамис мегузарад.

Далер Сафаров, сардабири рӯзномаи «Қаротегин» - нашрияи мақомоти маҳалии Ҷиргатол, мегӯяд, зимни дидору мулоқоте, ки бо олимону кӯҳнавардони донишгоҳи геологии шаҳри Маскав дар Чиргатол доштаанд, онхо гуфтаанд, гармшавии табиати кӯҳистон дар мисоли обшавии пиряхҳои кӯҳӣ мушоҳида мешавад.

Ин дар холест, ки се соли пеш лагжиши як пирях дар Ҷиргатол маҷрои рӯдхонаи Муксуро баста буд ва хисороти зиёде дар канори соҳилҳои Сурхоб бар ҷой гузошт. Бар асари ин ҳодиса аз ҷумла пули мошингузари шоҳроҳи Душанбе-Ҷиргатол, воқеъ дар ноҳияи Тоҷикободро хароб шуда буд.

Ва дар ҳамин ҳол омӯзгор Сафар Боев, ки солиёни зиёд дар мавзӯи рӯдхонаҳои кӯҳӣ тадқиқоти илмӣ бурдааст, мегӯяд, гармшавии ҳавои саёра ва таъсири он ба табиати кӯҳистон бештар ба партофти газҳои гулхонаӣ дар ҷахон бастагӣ дорад. Вай гуфт, обҳои ширини рӯдхонаву чашмаҳо ҳама аз пиряхҳо сарчашма гирифта, дарёҳо дар тобистон маҳз аз обшавии пиряхҳо сероб мешаванд.

Аммо ба эътикоди Дорухоҷаи Маҷнунзод, сардори идораи ташхиси давлатии экологӣ дар минтақаи Рашт, ба далели бебарқиҳо ва гаронии қимати ангишт тай ду даҳсолаи ахир буриши аз ҳад зиёди ҷангалзорҳо аз сӯи мардуми маҳаллӣ дар ин водӣ ба камшавии оби чашмаҳои кӯҳӣ ва афзоиши офатҳои табиӣ боис шудааст.

Мақомоти маҳалии ноҳияи Ҷиргатол аз кӯҳнавардону саёҳони хориҷӣ хоҳиш кардаанд, ки ҳангоми фатҳи қуллаҳо ва таҳқиқи пиряхҳо қоидаҳои лозимаи экологиро дар мавриди партовҳо риоят намоянд. Зеро гуфта мешавад, партовҳое, ки баъди сафари кӯҳнавардон он ҷо мемондааст, ба пиряхҳову муҳити атроф пайомадҳои нохуби экологиро дар пай доштааст.

Далер Сафаров, муҳаррири нашрияи мақомоти маҳалии Ҷиргатол, мегӯяд, ҳар як гурӯҳ муввазаф шудааст, то партовҳои худро ба ҳангоми бозгашт бо худ биёранд. Ҳамзамон болои қуллаву пиряхҳо гулхан афрухтан қатъиян манъ ва барои чунин амал ҷарима муқаррар шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти Ҷиргатол, ҳамасола беш аз 200 нафар саёҳону кӯҳнавардон аз кишварҳои гуногуни дунё аз тариқи Ҷиргатол баландтарин куллаҳои Точикистонро фатҳ мекардаанд.
XS
SM
MD
LG