Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳ видеои беҳтарини 2009


Росташ, аввал мехостем 5 видеои беҳтаринро дар ин ҷо ҷой диҳем, вале чун интихоб хеле сахт омад, рӯ ба Даҳгона овардем.

Чӣ гуна муайян мекунем, ки онҳо беҳтарин буданд? Шояд шубҳа кунед, ки мо моли худро ситоиш мекунем, вале агар чунин мебуд, мо метавонистем, ҳамаи видеоҳои худро беҳтарин номем, чун барои ҳар яки онҳо заҳмати ҳамкорон ба харҷ рафтааст. Вале ин даҳгонаро на мо, балки шабакаи ҷаҳонии Гугл-Аналитикс муайян кард. Меъёрҳои ин шабака танҳо шумораи "ангуштзаниҳо"-ест бар рӯйи хатти пайванди ин видеоҳо.

Аммо метавон гуфт, агар ба ин ё он видео 23 000 бор "клик" шудааст, онро ҳамин теъдод аз мардум тамошо кардаанд? Мутаассифона, на. Зеро ҳамон як шахс метавонад, рӯйи як видео даҳҳо бол "клик" кунад, махсусан дар шароити Тоҷикистон, ки видео бо душворӣ боз мешавад ва бояд чандин бор ба он "нохун зад", то комилан омодаи дидан шавад.

Ба ҳар ҳол, шодем, ки ба рӯи видеоҳои мо аз 4-5 то 23 ҳазор бор "клик" шудааст ва ҳатман бештарин шумораи "кликҳо" бесабаб буда наметавонад.

Аз сӯи дигар, суръати интернет дар Тоҷикистон ва камбуди нерӯи барқ якҷо бо дастрасии маҳдуди садҳо ҳазор нафар ба интернет низ нахоҳад гузошт, ки мо беҳтарин видеоҳоро ба таври дақиқ муайян кунем. Инчунин на ҳама одат доранд, ки дар бойгонии видеои мо "сайругашт" кунанд, яъне видеоҳои хуб метавонанд, аз назарҳо пинҳон монда бошанд.

Манзурам ин аст, ки шояд интихоби ин Даҳгона 100% дақиқ нест ва мумкин аст, Шумо бо дидани дубораи онҳо арқому ададҳои Гугл-Аналитиксро тағйир диҳед. Ба ҳар сурат, аз он ҷо ки соли 2009 барои сомонаи мо Соли Видео буд, чун бештарин шумораи наворҳои видеоро нашр кардем (163 адад), дар ҳоле ки соли 2008 ҳамагӣ 11 видео доштем, тасмим гирифтем ин Даҳгонаро ёдовар шавем ва аз Шумо ҳам кӯмак хоҳем, ки дар муайян кардани Даҳгонаи беҳтарин саҳм бигиред. Интизори шарҳу тафсир ва баҳодиҳии Шумоем.

  1. Издивоҷи бармаҳал ва пайомадҳои он
  2. Як рӯз пеш аз рӯза
  3. Роҳ ба сӯи шоу-бизнеси тоҷик
  4. Қатори Душанбе--Маскав
  5. Рӯзӣ аз чарху дучарха
  6. Қиссаҳои талху ширини водии Вахш
  7. Мавригӣ дар Душанбе
  8. Нерӯ ва заъфи истиқлолияти Тоҷикистон
  9. Дар кулбаи фақиронаи як тоҷирзани "Зарнисор"
  10. Муштзани кӯҳпайкари тоҷик
Аммо агар ин видео дар аввалтарҳои сол нашр мешуд, шояд низ бинандаи бештар медошт, зеро аз лиҳози шарҳу вокунишҳо он дар яке аз ҷойҳои аввал қарор дорад. Ин ҳам пайвандаки гузоришест бо номи "Иродаи сахттар аз санг" ва ин ҳам худи видео:

Иродаи сахттар аз санг
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:11 0:00

XS
SM
MD
LG