Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз мактаби варзишӣ ба толори бадансозӣ


Толори варзишии Толеъ Холназаров
Толори варзишии Толеъ Холназаров

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук нақл мекунем. Инчунин гузорише дорем аз толори варзишии вазнабардори маъруф Толеъ Холназаров.

Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук ё варзишҳои майдонӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, 5 сол инҷониб фаъолият дорад. Дар ин мактаб аъзои дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон ва бузургсолони Тоҷикистон тамрин мекунанд. Ду нафар беҳтарин шогирдони ин мактаб – гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева - шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои майдонӣ, ки аз 15-ум то 23-юми август дар шаҳри Берлини Олмон баргузор мешавад, ҳимоя хоҳанд кард. Дар ин барнома мусоҳибаи хабарнигори мо бо Гулаҳмад Назаров, мудири мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Солҳои ахир дар шаҳри Душанбе шумораи толорҳои варзишии тамрини бадан афзудааст. Мо тасмим гирифтем, озими толори варзишии вазнабардори маъруф Толеъ Холназаров шавем, ки дар маркази пойтахти кишвар ҷойгир аст ва дар он афроди синну соли мухталиф таҳти назари қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг тамрини бадан мекунанд. Аз сӯҳбат бо афроде, ки дар ин толор машқ мекунанд, маълум мешавад, аксари онҳо ба ин ҷо барои бадансозӣ ва барқарор кардани саломатӣ меоянд. Ба назари коршиносон ин толор яке аз беҳтаринҳост. Зеро аксари дастгоҳҳои тамринро Толеъ Холназаров ва шогирдонаш бо фановарии пешрафтаи соҳа сохтаанд, ки имрӯз дар хидмати мардум қарор доранд.

Дар ин барнома, ҳамчунин хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ба шунавандагон пешкаш мешаванд:

Дик Адвокат, сармураббии дастаи футболи «Зенит»-и Санкт-Петербург аз вазифааш барканор шуд. Вай пас аз бохти «Зенит» дар майдони худ аз дастаи «Том» бо ҳисоби 0:2 аз вазифаш истеъфо дод. Дар изҳороти раҳбарияти бошгоҳи футболи «Зенит», аз ҷумла гуфта мешавад, «Зенит» таҳти раҳбарии ин мутахассиси варзидаи ҳуландӣ солҳои ахир ба дастовардҳои чашмрас мушарраф шудааст. Вале баъди он ки Адвокат ба пешниҳоди сармураббии тими мунтахаби Белгия шудан розигӣ дод, натоиҷи «Зенит» хеле бад шуд ва мавқеи кунунии даста дар чемпионати Русия мухлисону раҳбарони бошгоҳро қаноатманд карда наметавонад. Феълан вазифаи сармураббии «Зенит»-ро Анатолий Давидов, мураббии ҳайати ҷавонони даста, бар ӯҳда дорад. Дар ҳамин ҳол намояндагони бошгоҳи футболи «Зенит» бо Роберто Манчинии итолиёвӣ, собиқ мураббии тими «Интер»-и Милан, ки аз тобистони соли 2008 бекор аст, дар бораи даъвати ӯ ба вазифаи сармураббии «Зенит» гуфтушунид доранд ва ба Манчини маоши солонаашро дар ҳаҷми 4 млн евро пешниҳод кардаанд.

Ҳангоми баргузории чемпионати Лаҳистон оид ба парвози кабӯтарҳо ба масофаи дур 30 ҳазор кабӯтарҳои номабар нопадид гаштанд. Аз Лаҳистон 50 ҳазор кабӯтарҳо ба шаҳри Шёнингени Олмон оварда шуданд, ки онҳо мебоист ба масофаи 600 километр парвоз мекарданд, вале ба иллати туфон ва раъду барқ танҳо камтар аз нисфи онҳо – 20 ҳазор ба ватан баргаштанд. Додситонии шаҳри Хожуви Лаҳистон дар ҷануби кишвар ба таҳқиқи ин кор шурӯъ кардааст ва эҳтимол созмондиҳандаи мусобиқоти кабӯтарҳо – Иттиҳодияи кафтарбозони шаҳри Катовитса муҷозот шавад. Соҳибони паррандагони гумшуда ташкилкунандагони мусобиқотро бар он айбдор мекунанд, ки ба иллати ҳавои бад онҳо бояд мусобиқотро лағв мекарданд.
XS
SM
MD
LG